Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Изҳори миннатдорӣ ба Пешвои сулҳовар

Аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ, бо камоли эҳтиром ва сарфарозӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён менамоянд, ки бо дастур ва роҳнамоии хирадмандонаи ин марди Худо, дар ноҳияи Айнӣ якчанд иншоотҳои ҳаётан муҳим, аз он ҷумла мактаб-интернати наву замонавии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и деҳаи Анзоб, бо фароҳам овардани тамоми шароити зарурии таълиму тарбия, хобгоҳ ва дигар иморатҳои ёрирасон, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15-и деҳаи Зеробод дар ноҳияи Айнӣ, майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, Маҷмааи калони варзишӣ дорои 6- ҳазор ҷойи нишаст, коргоҳи дӯзандагӣ, фермаи чорвопарварӣ, корхонаи парандапарвариро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Пешвои миллат! – шодиву нишоти ҷавонони ноҳияро ҳадду канор нест. Зеро, бо ҳидоятҳои падаронаи Шумо! – ноҳияи Айнӣ сол аз сол гул-гулшукуфон шуда, фазои ҳамдилӣ дар байни сокинон танинандоз гардида истодааст. Зебогии гулҳои ороишӣ, парафшонии Парчами миллӣ, ба талаботи замон бунёд ёфтани биноҳои таълимӣ ва варзишгоҳ, муҳаббати Ватандории ҳар яки моро дучанд намуда, моро ба шукргузорӣ ва дӯст доштани ҳар як пораи хоки Ватан-Модар ҳидоят менамояд.

Созандагони Ватан-и ноҳия, ба Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, барои чунин ғамхориву меҳрубонӣ, заҳмату пофишорӣ, хирадмандӣ ва инсондӯстӣ, ки боиси сарбаландиву фараҳмандии мардум шуданд, арзи сипос гуфта, бароятон сиҳатии комил ва саодатмандӣ хоҳонем ва Шуморо бовар мекунонем, ки барои пойдории Истиқлолият ва зиндагии шоистаи мардум саҳми назарраси мегузорем.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Конференсияи XXVI ​ ғайринавбатии КИ ҲХДТ ​ ДАР шаҳри Гулистон

​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ Бо садо додани суруди миллӣ ​ Конференсияи XXVI ​ ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон таърихи 04 августи соли равон дар толори кохи “Истиқлол” оғоз ёфта, дар он панҷ масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар кори Конференсия муовини​ Раиси​ КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, муовини раиси шаҳри Гулистон Оқилзода Ғайрат Аҳмад ва вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ширкат​ варзиданд.​

​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ Муслимахон ​ Ҷамолиён, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон дар кори Конференсия иброз дошт, ки тибқи талаботи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ” номзадҳои ҳизб ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон пешбарӣ гардидаанд. Мавсуф, дар идомаи суханронӣ,​ аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди пешбарии вакилон аз ҳисоби занону ҷавонони фаъол тазаккур дода, зикр дошт, ки бо назардошти дониш, малака, маҳорати ташкилотчигӣ ва мавқеъ доштан дар ҷомеа 5 нафар номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони​ шаҳр пешниҳод карда мешаванд.

Муслимахон Ҷамолиён​ номзадҳоро ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон пешниҳод намуд. Бо овоздиҳии кушод 5 нафар номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон пешбарӣ гардиданд. Шахсони ​ боэътимод ва боварӣ ба ҳизби пешоҳанги ҷомеа изҳори миннатдорӣ намуда, зикр доштанд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои олии ҳизб вакилон ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.

​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ Номзадҳои пешниҳодгардида, ​ аз тарафи вакилони Конференсия якдилона пазируфташуда, ​ доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия XXVI ​ ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба кори худ анҷом бахшид.

Рубрики
Асосӣ

Боздид аз ҷараёни сохтмони бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара

Субҳи имрӯз бо мақсади ошноӣ аз ҷараёни сохтмони бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Раиси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба шаҳри Исфара ташриф овард. Зимни боздид мавсуф ба масъулин барои иҷрои босифати корҳои сохтмонии дохилибино, вусъати корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи сеюми бино, бо ҷалби ҳашарчиён сабзу хуррамгардонии гирду атрофи бино дастурҳо дод.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара 29 июли соли 2018 оғоз ёфта, он бо харҷи 3,2 миллион дар соли равон ҳамчун армуғони ҷашнӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Рубрики
Uncategorized

Ҷ.РАСУЛОВ: Корҳои тарғиботӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой

Намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, намояндаи САҲШ-и ноҳия, намояндаи БМН, намояндаи МДНСЭ бо сардории намояндаи МИҲД-и ноҳия Султонзода Бахтиёр дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Деҳмой бо усули «хона ба хона» ва «кӯча ба кӯча» оид ба пешгирии касалии сироятии COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Тарғиботчиён ба ҷои истиқоматӣ, ба заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, мағозаҳо ва тарабхонаҳо рафта, ба мардум фаҳмониданд, ки ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки худро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, махсусан аз коронавирус эмин нигоҳ дорад. Зеро, ҷомеаи солим давлатро пуриқтидор ва умрашро дароз мегардонад. Бинобар ин роҳи аз ҳама хуби эмин шудан аз COVID-19 ин риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ва қабул намудани ваксина мебошад. Он намегузорад инсон зуд ба ин касалӣ сироят ёбад. Дар ин ҷода, мо бояд шукрона намоем, ки Ҳукумату давлати мо ваксинаҳоро барои солимии мардум бепул (ройгон) тақсим намуда истодааст.Баъдан, тарғиботчиён ба маркази саломатии деҳаи Гулистон рафта, шоҳиди он гардиданд, ки сокинон аллакай ваксина қабул менамоянд ва дарк намудаанд, ки роҳи аз ҳама хуби пешгирии касалии сироятии COVID-19 ин гузаронидани эмкунӣ мебошад.

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии шаҳраки Адрасмон

Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Шаҳраки Адрасмон”-и назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Аз рӯи масъалаи якум рӯзнома ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Нурматзода Сафар Қушмат шунида шуд. Вобаста ба масъалаи дуюм ба ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Шаҳраки Адрасмон” Баротзода Сарҳад раиси ташкилот интихоб карда шуд. Дар ҷараёни маҷлис дигар масъалаҳои рӯзнома рафти иҷроиши обуна ба нашрияҳои “Минбари халқ” ва “Сухани халқ”, корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Корҳои тарғиботӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой

Намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, намояндаи САҲШ-и ноҳия, намояндаи БМН, намояндаи МДНСЭ бо сардории намояндаи МИҲД-и ноҳия Султонзода Бахтиёр дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Деҳмой бо усули «хона ба хона» ва «кӯча ба кӯча» оид ба пешгирии касалии сироятии COVID-19 корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Тарғиботчиён ба ҷои истиқоматӣ, ба заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, мағозаҳо ва тарабхонаҳо рафта, ба мардум фаҳмониданд, ки ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст, ки худро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, махсусан аз коронавирус эмин нигоҳ дорад. Зеро, ҷомеаи солим давлатро пуриқтидор ва умрашро дароз мегардонад. Бинобар ин роҳи аз ҳама хуби эмин шудан аз COVID-19 ин риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ва қабул намудани ваксина мебошад. Он намегузорад инсон зуд ба ин касалӣ сироят ёбад. Дар ин ҷода, мо бояд шукрона намоем, ки Ҳукумату давлати мо ваксинаҳоро барои солимии мардум бепул (ройгон) тақсим намуда истодааст.

Баъдан, тарғиботчиён ба маркази саломатии деҳаи Гулистон рафта, шоҳиди он гардиданд, ки сокинон аллакай ваксина қабул менамоянд ва дарк намудаанд, ки роҳи аз ҳама хуби пешгирии касалии сироятии COVID-19 ин гузаронидани эмкунӣ мебошад.

Рубрики
Uncategorized

ЗАФАРОБОД: Ваксина гиред то аз хавфи COVID-19 эмин бошед!

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Зафаробод  ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 дар ташкилотҳои ибтидоии Ҷамоати шаҳраки Зафаробод корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Ҳамчунин дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинон  варақаҳои таблиғоти таҳти унвони “Ваксина гиред то аз хавфи COVID-19 эмин бошед!” тақсим карда шуд. Ёдовар мешавем,  ки дар ин самт корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ноҳияи Зафаробод бомаром идома дорад.

Рубрики
Асосӣ Мақола

АНДЕША: Истиқлолият омили муҳими бақои миллат!

Истиқлолият ин рамзи озодӣ, соҳибдавлатӣ ва ватандории мардуми сарбаланди мутамаддини тоҷик аст. Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ тамоми ҷумҳуриҳое, ки дар ҳайати он арзи вуҷуд доштанд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон истоқлолияти худро ба даст оварданд. 9-уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик сабт шудааст, ки санаи эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳодисаи тақдирсоз аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад. Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем». Бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017,№968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон» қабул гардидааст, ки ин ҷашн 9-сентябри соли 2021 бо шукуҳу шаҳомати баланд таҷлил карда мешавад. Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Муҳаммадӣ Авезов, аъзои фаъоли ҲХДТ аз ноҳияи Зафаробод

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”

    Масъулони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар доираи дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ ҷиҳати амалиёти ҳизби таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман”  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Осоишгоҳи «Абдуқодир Ҷабборзода» ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин восита муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, тарзи нигоҳ доштани он, супоридани саривақтии ҳаққи узвият ва тақвият бахшидани ҳуҷҷати ҳизбӣ бо шахсони мутасаддӣ суҳбат доир намуда, бобати бартараф кардани камбудиҳо дар ҳуҷҷатдории ҳизбӣ ба масъулини ташкилоти ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Рубрики
Асосӣ

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Ашхобод – пойтахти Туркманистон шуданд

Шоми рӯзи 3 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашхобод шуданд.

Дар фурудгоҳи Ашхобод, ки бо парчамҳои Тоҷикистону Туркманистон ва сафҳои горди фахрӣ ороста шуда буд, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ҷаҳорчӯби барномаи сафари давлатӣ 4 август миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ ҷараён гирифта, масъалаҳои вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар баррасӣ мегардад. Дар назар аст, ки аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.

Ин сафар идомаи мантиқии дидору мулоқотҳои сатҳи олии миёни ду кишвар буда, интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба густариши бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ бахшад.

Ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар мебошад.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26276