Рубрики
Асосӣ

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Никол Воваевич,

Лутфан табрикоти ин ҷонибро ба муносибати таъин гардиданатон ба маснади олии Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон қабул фармоед.

Тоҷикистон муносибатҳои шарикӣ бо Арманистонро қадр менамояд ва мо омодаем, ки ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандамонро дар ҳамаи самтҳо рушди афзоишёбанда диҳем.

Итминон дорам, ки ҳамкориҳои зичу гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Арманистон бо такя ба анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва бо дарназардошти манфиатҳои ду давлат боз ҳам рушд хоҳанд кард.

Ба Шумо, муҳтарам Никол Воваевич, сиҳатмандӣ ва дар фаъолиятатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам».

Манбаъ: /АМИТ «Ховар»/

Рубрики
Асосӣ

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ва иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Туркманистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, фарҳанг, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Манбаъ: /АМИТ «Ховар»/.

Рубрики
Асосӣ

БӮСТОН: Ҷамъбасти даври шаҳрии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” дар шаҳри Бӯстон

Санаи 02 августи соли 2021 ҷамъбасти бозии варзишӣ оид ба футболи хурд миёни маҳаллаҳои шаҳри Бӯстон барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстон дар вазъияти тантанавӣ доир гардид, ки дар он Исмоилзода Зуфар Муртазохон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Сатторзода Хуршед муовини Раиси шаҳри Бўстон, Набизода Мадина Раҳмат узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аминҷон Абдуғаффорӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Мурод Шукурзода узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷалолзода Миршакар Саид раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки варзиш гарави саломати буда, омили хуб барои муттаҳид намудани сокинон аст.

Хотиррасон бояд намуд, ки мусобиқаи мазкур аз санаи 03 июли соли 2021 шурӯъ гардида, дар он бештар аз 12 дастаҳо аз маҳаллаҳои шаҳр ширкат варзиданд. Аз миёни 12 даста дастаҳои “Сомониён”-и маҳаллаи Сомониён ва “Бӯстон”-и маҳаллаи Бӯстон дар даври ниҳоии он санаи 02 августи соли 2021 бозӣ намуданд, ки дар натиҷа дастаи “Сомониён”-и маҳаллаи Сомониён ғолибият ба даст овард.

Дастаи ғолиб бо ҷом, Диплом дараҷаи I, медал дараҷаи I ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардида, ба дастаҳои ишғолнамудаи ҷойҳои 2,3 ва 4 низ бо Диплому медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардид.

Ҳамзамон, ба беҳтарин иштирокчиёни мусобиқот бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон қадршиносӣ гардиданд.

Рубрики
Асосӣ

Ҳеҷ ганҷе беҳ аз истиқлол нест

Барномаи навбатии “Назаре ба оина”, ки бо ҳамкории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Суғд моҳе як маротиба пахш мегардад ба мавзӯи Истиқлоли миллӣ бахшида шуд.

Дар барнома назари коршиносон – Раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидбой Зокиров, муовини раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова доир ба  муҳимияти соҳибистиқлолӣ ва мавқеъи занон дар замони истиқлолият шунида шуд. Ҳамчунин раисони кумиҷроияҳои шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода доир ба истиқлолият ва шинохти асолати миллӣ, раиси кумиҷроияи ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода оид ба татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат дар ин давра,  раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Ашт  Хушнуд Каримзода   доир ба ободкорию созандагӣ дар 30 соли истиқлоли миллӣ, раиси кумиҷроияи ноҳияи Мастсчоҳ Дилшод Зокиров  оид ба ифтихор ва ҳуввияти миллӣ, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Фирдавс Саидзода аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат ба ҷавонон, сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” Абдусабури Абдуваҳҳоб аз озодии сухан ва рушди ВАО дар кишар ибрози андеша намуданд.

Дар баромадҳои дигар иштирокдорон зикр шуд, ки истиқлолияти давлатӣ аз бузургтарин  дастоварди миллати тоҷик аст. Маҳз соҳибдавлатии мост, ки комёбиҳои рӯзафзун насибамон мегардад ва моро ҳамбастагиву ҳамдилӣ ва сулҳу салоҳ ҳамқадам аст. Тоҷикистони азиз имрӯз дар шоҳроҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ устуворона қадам мезанад. Шукри он мекунем, ки сулҳу амният дар мамлакатамон пойдор аст, ваҳдати миллӣ ва фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон торафт таҳким меёбад, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллии мардум боло меравад.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима пазируфт.

Рубрики
Асосӣ

КИВ ҲХДТ: Дар иҷрои рисолати ҳизбии хеш фаъол бошем

Бо иштироки раисони кумиҷроияҳои шавҳру навоҳии вилоят, кормандони дастгоҳи кумиҷроияи вилоятии  ҲХДТ маҷлиси машварати назди Раиси кумиҷроия доир гардид.Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи кории маҷлиси машваратӣ ошно намуд. Номбурда дар идомаи гузориш аз натоиҷи гурӯҳҳои кории кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Спитамен ва Масчоҳ хулосагирӣ намуда, барои ислоҳи вазъ дар самти ҳаракати аъзо, саривақт доир намудани маҷлиси Раёсат, таҳияи саривақтии суратҷаласаҳо аз ҷараёни ин ё он чорабинӣ, натиҷаи баррасии муроҷиати шаҳрвандон, бо ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ таъмин будани ташкилотҳои ибтидоӣ, ташкили сомонаи ҳизбӣ, саривақт баргузор намудани соатҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ,  бозбинии шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, насби шиору овезаҳо дар пештоқи ташкилотҳо ва хиёбонҳои шаҳру навоҳӣ, аз рӯи нақшаи корӣ амал намудан дастури қатъӣ дод.

Мавсуф дар идомаи суханронии худ ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва иштироки намояндагони кумиҷоияи вилоятӣ ва шаҳру навоҳӣ дар он,  қабули сифатноки аъзо,  ҷараёни гузаштан ба махзани электронӣ,  дар сатҳи лозима баргузор намудани чорабиниҳои “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” ва тақвияти ташкилотҳои ибтидоӣ дар ҳафтаи аввали моҳ,  вусъати корҳои тарғиботию ташвиқотӣ,  пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ,  қабули обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, вусъати сохтмони бинои ҳизбӣ дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Гулистон, Истравшан ва Ҷаббор Расулов, ҳолати таъминот бо заминҳои ёрирасон дар кумиҷроияҳои шаҳру навоҳӣ, ҳамкорӣ бо МИҲД,  рушди ҳунарҳои мардумӣ ба аҳли нишаст супоришҳо дод. Дар фарҷоми чорабинӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон таъкид дошт, ки армуғони идонаи ҳизбиёни вилоят ба ифтихори 30 – солагии Истиқлоли миллӣ ин пеш аз ҳама содиқона иҷро намудани рисолати ҳизбӣ аст. Ӯ барои боз ҳам хубар ҷараён гирифтани озмуни вилоятии “Беҳтарин кумиҷроия”, “Беҳтарин шуъба” ва “Беҳтарин ташкилоти ибтидоӣ” таклифҳои судманд дод.

Рубрики
Асосӣ

КИВ ҲХДТ: Рушди оммавияти футбол ва дарёфти чеҳраҳои нави футболбози меҳан

Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо иштироки намояндаи Федератсияи футболи вилояти Суғд  Аҳлиддин Юнусов,  намояндаи Раёсати кор ба ҷавонон ва варзиши вилоят Дилшод Давронзода, раисони кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят, кормандони дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба баргузории мусобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми ҲХДТ доир гардид.

Нахуст Раиси кумиҷрояи вилоятӣ аз муҳимияти баргузории муобиқаи футбол барои ба даст овардани Ҷоми ҲХДТ ҳарф зада, баён дошт, ки бо мақсади оммавияти варзиш, рушди футболи меҳан, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муҳимтар аз ҳама сарҷамъи байни маҳалу минтақаҳо бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Марказӣ наздик ба 15 рӯз аст, ки дар сар то сари вилоят даври аввали мусобиқаи футбол бо иштироки 571 даста муташаккилона ҷараён дорад. Зуфар Исмоилзода дар баромадаш таъкид дошт, ки ин мусобиқа дар доираи талаботҳои низомномаи озмун доир карда шуда, диққати асосӣ ба интизом ва эҳтироми якдигар дода шавад. Бояд, ки ҳар як даста бо либоси махсуси варзишӣ баромад намуда, дар асоси нишондодҳои мураббиён амал намоянд. Дар ин ҷода ҳамкориро бо шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи футболи ин ё он шаҳру ноҳияҳо вусъат бояд бахшид. Кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоятро мебояд беҳтарин даста,  дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар, ҳуҷумкунанда ва нишонзанро сазовор қадршиносӣ намоянд. Раиси кумиҷроя ёдовар шуд, ки даври аввал то санаи 5 август ҷамъбаст гардида, даври дуюм аз санаи 10 то 30 август, даври сеюм аз санаи 15 то 25 сентябр, даври чорум аз санаи 30 сентябр то 15 октябр ҷараён мегирад.

Дар баромади Аҳлиддин Юнусов таъкид шуд, ки чорабинии мазкур дар ҳошияи “Барномаи рушди футбол дар деҳот барои солҳои 2021 – 2024” роҳандозӣ гардида, яке аз ҳадафҳояш дарёфти чеҳраҳои нави футболбоз аст. Бояд гуфт, ки дар чунин сатҳ баргузор гардидани футбол бо иқдоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шоистаи дастгирист ва Федератсияи футболи вилояти Суғд ин иқдомро дастгирӣ хоҳад кард.

Намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Дилшод Давронзода, коршиносони варзидаи соҳаи футболи вилоят Инъомҷон Алиҷонов ва Инъомҷон Муҳиддинов таъкид карданд, ки бояд ташкили мусобиқа аз сатҳи поёнӣ то ба даври вилоятӣ дар як маҷрои муаяйн доир карда шавад. Номбурдагон баргузории мусобиқаи “Тӯби чармин”-ро  ки солҳои пеш бо ширкати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир мешуданд, мисол оварда, барои баланд бардоштанни масъулияи кормандони кумитаи тадорукот дастурҳо доданд. 

Дар фарҷоми маҷлиси кумитаи тадорукот раиси кумиҷроияи вилоятӣ ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд доир шудани мусобиқаи мазкур ва интихоби ду дастаи пурқувват барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ барор хост.

Рубрики
Uncategorized

Мақола: Истиқлоли бахтофар

Хуҷаста бодат ин иқболи тоҷик,

Ба парвози навин шаҳболи тоҷик.

Гар истиқлолаш истиқбол дорад,

Ҳумоён бод Истиқлоли тоҷик.

Ҷашни фархундаи 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон фаро расида, шукӯҳу ҷилои ин неъмати бебаҳои таърих боз афзунтар мегардад. Воқеан бузургтарин дастоварди мо мардуми шарафманди тоҷик ин ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо расидан ба соҳибистиқлолӣ, ки чун неъмати бебаҳо ва гаронмояи миллати тоҷик маҳсуб меёбад, нури хуршеди саодатбор ба рӯи ин миллати соҳибтамаддун дурахшид. Маҳз Истиқлоли давлатӣ имрӯз моро дар арсаи байналмилалӣ шиносонд ва ҷаҳониён ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни мо арҷ мегузоранд. Аз ин рӯ Истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик мебошад. Даврони соҳибистиқлолӣ ба мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Чунончӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд. “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад”. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Мо дар арафаи ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, худро муаззаф мешумарем то тараннумгари дастовардҳои шоистаи кишвари азизамон бошем. Ҷашни Истиқлоли бахтофар муборак ҳамдиёрони азиз!

Ойша Харифзода-

аъзои ҲХДТ аз ноҳияи Зафаробод

Рубрики
Uncategorized

Айнӣ: Таваҷҷӯҳи ҷавонон ба футболи хурд

Дар идомаи мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурди ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон” бозии футбол байни футболбозони Ҷамоати деҳоти Айнӣ ва Ҷамоати шаҳраки Зарафшон доир гардид.

Масъулони кумиҷроияи ноҳиявӣ зимни суҳбат, оиди пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, самаранок истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, баланд бардоштани донишҳои сиëсӣ, ҳифзи марзу бум ва гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ, ибрози назар намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ ба корҳои созандагиву бунëдкорӣ дар ҳамбастагӣ камарӣ ҳиммат бандем.

Сипас, дастаҳои футболбозони ҷамоатҳо байни ҳам рақобат намуданд, ки дар натиҷа футболбозони Ҷамоати деҳоти Айнӣ футболбозони Ҷамоати шаҳраки Зарафшонро мағлуб намуда, ба даври чорякфиналӣ роҳ ëфтанд.

Рубрики
Uncategorized

Мақола: Истиқлол ва насли ҷавон

9-сентябри соли 1991 расман рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб меёбад. Тамоми сокинони кишвари азизамон-Тоҷикистон аз ин озодиву Истиқлол ифтихор мекунанд, ки 30 сол қабл, нахустин хиштҳои пойдевори мустаҳками давлатсозии худро ниҳода, бо шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ; Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардиданд.

Дар ибтидо бо инояти яздонӣ ба халқи тоҷик Пешвое раҳбар омад, ки давлату миллати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони навҷавонро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Ин бахти бузург ва саодати беназир маҳсуб меёфт.

Маврид ба зикр аст, ки дар пайи ободиву созандагӣ хурду бузурги кишвар камар бастанд.

Дар ин росто дар қатори дигар сокинони мамлакат насли ҷавон соҳиби имконоти бештару беҳтар дар кору зиндагӣ гардиданд. Ҷавонон насли умедбахши миллат, нерӯи созанда ва пешрафтаи ҷомеа, ояндасози миллату давлат мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои ҷавонон ҳамаи шароитҳои замонаро муҳайё карданд.

Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи бузург мебошанд. Ҳар як миллат дар ҳар давру замон аз насли ҷавони худ умед ба ояндаи нек дорад.

Дар саҳфаи таърихи давлатдории тоҷикон садҳо ҷавонони фидоӣ ном гузоштаанд, ки муҳофизи манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёфтанд.

Имрӯз низ ҷавонони кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи мамлакат фаъолу созанда буда, дар роҳи рушди мамлакат ва татбиқи ҳадафҳои созанда саҳми арзанда мегузоранд. Барои ҷавонон беҳтарин имконоти кору зиндагӣ ва таҳсил муҳайё мебошад.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат- раҳбари ҷавонпарвар моро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба донишомӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи манфиатҳои Ватани азиз, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем.

Бо итминон гуфта метавонам, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ ояндасоз ва пайравони воқеии Пешвои миллатанд.

Ҷашни миллии 30-солагии соҳибистиқлолӣ ба ҷавонони саодатманди кишвар муборак бошад.!

Хуршеда Ҳалимова-

аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз ноҳияи Зафаробод