Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 дар деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот се ошëна буда, дорои 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ëрирасон мебошад.

Муассисаи нави таълимӣ барои 850 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои футболи хӯрд, волейбол ва баскетбол бунёд гардида, атрофи иншоот ободу зебо карда шудааст.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бунёд гардидааст.

Зимни ифтитоҳи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои куҳнаи муассиса соли 1958 сохта шуда, аз 3 синфхона ва ҳуҷраи омӯзгорон иборат буд.

Қаблан дар муассисаи таълимӣ 9 омӯзгор ба таълиму тарбияи 106 хонанда машғул буданд. Дар мактаби куҳна норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон ва набудани имкони созгори таҳсил аз мушкилоти асосӣ дониста мешуд.

Дар ин росто ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи хонандагон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ва ҳавасмандии насли наврас ба омӯзиши илмҳои замон зарурати бунёди муассисаи таълимии наву замонавиро тадриҷан дучанд месохт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи дониш ифтитоҳи иншоотро тӯҳфаи арзанда ба омӯзгорону хонандагон ва қадами устувор дар самти рушди соҳаи маорифи шаҳр маънидод намуданд.

Бояд гуфт, ки бо истифода аз имкони созгори таълиму тарбия, омӯзгорон бо ҳисси баланд барои дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас кӯшиш карда, дар ин росто ояндасозони ватан низ дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ба омӯзиши илмҳои замон низ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26381

Рубрики
Асосӣ

Боздид аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат-2020» дар шаҳри Турсунзода

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии “Ғайрат-2020” дидан намуданд.

Гармхонаи доимамалкунанда дар деҳоти ба номи Ҷура Раҳмон навбунёд буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Дар гармхона, ки масоҳати 0,54 гектарро ташкил медиҳад, ду навъи помидор ва ду навъи бодиринг кишт шуда, нашъунамои хуб доранд. Навъҳои помидори киштшуда “Замира” ва “Муалла”, инчунин бодиринг “Орзу” ва “Ғайрат” мебошад. Ҳосили интизоририи помидорро деҳқонон 600 ва бодирингро аз 400 то 500 сентнер пешбинӣ намудаанд. Гуфта мешавад, ки ҷамъоварии ҳосил аз гармхона нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз гардида, беш аз се моҳ идома меёбад.

Зироат дар иншооти замонавӣ тариқи қатрагӣ обёрӣ мешавад. Технологияи обёрии қатрагӣ ба таври автоматӣ кор мекунад ва муҳлат, инчунин ҳаҷми об дар ҷӯя тавассути компютер идора карда мешавад. Ин низом, ки муттамарказ мебошад, аз чанд ҷониб ба манфиат аст. Аз як тараф об ва аз тарафи дигар нерӯи барқ сарфа мегардад. Барои обёрии зироат дар гармхона соҳибкор чоҳи амудӣ бунёд намудааст.

Бо бунёд гардидани гармхонаи замонавӣ дар шаҳри Турсунзода 13 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил боз чанд нафар сокинони маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мешаванд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳосили аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии “Ғайрат-2020” ба дастомада асосан дар бозори дохили мамлакат, аз ҷумла бозорҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш гузошта мешавад ва хоҷагидорон нақша доранд дар оянда ба кишварҳои хориҷӣ низ сабзавотро содир намоянд.

Дар гӯшаи дигари ҳудуди гармхона занону бонувони ҳунарманди шаҳри Турсунзода самбуса, кулча, чаппотӣ ва дигар намуд маҳсулоти нонӣ омода намуда, ба маъраз гузоштанд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар баробари бунёди гармхона, ҳамчунин соҳибкор беш аз 2 километр роҳи деҳаи Ғайратро асфатпӯш намудааст. Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ҷиҳати саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ба мардум изҳори сипос намуда, иқдомҳои созандаи ӯро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат барои ҳар шахси ватандӯсту меҳанпараст ҳисобиданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26380

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Турсунзода

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода боғи фарҳангу фароғатии шаҳрро, ки аз нав сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи фарҳангу фароғатӣ дар маркази шаҳри Турсунзода дар масоҳати умумии 3,6 гектар, аз ҷониби соҳибкорони ташаббускори шаҳр бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ бо назардошти талаботи замони имрӯза ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст. Фармоишгари иншооти фарҳангӣ, ки ба ҳусни шаҳр зебоии хоса зам кардааст, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода мебошад.

Дохил ва роҳравҳои боғи навбунёд пурра бо гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ сабзазор гардонда шуда, барои хуррамгардонӣ бештар аз 200 бех дарахти ороишӣ, 10 ҳазор гулҳои доимӣ ва 60 ҳазор мавсимӣ шинонда шудааст. Бо мақсади таъмини сабзиш ва нашъу намои дарахтон ва гулу буттаҳо обёрӣ гардидааст.

Бо мақсади зебову назарабо гардондани боғи фарҳангӣ даромадгоҳ ва роҳравҳои он сафолакпӯш гардидааст. Мувофиқи нақшаи асосӣ дар ҳудуди боғ фаввора ва дигар таҷҳизоти дилхушкунанда насб гардидааст, ки аз ин пас сокинону меҳмонони шаҳри Турсунзода дар ин макон истироҳат менамоянд.

Дар дохили боғи нав қасри шоҳмот, амфитеатр бо 7 мағозаи фурӯши армуғон ва ҳунарҳои мардумӣ, шаҳраки афсонаи «Аладин» бо ҷойгир намудани 12 атраксион, ҳайкалчаҳои ҳайвонот, зиёда аз 200 таҷҳизоти равшанидиҳанда, нишастгоҳҳо, ду майдончаи варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст ҷойгир карда шудаанд. Фароҳам овардани чунин шароит имконият медиҳад, ки наврасону ҷавонон вақти холигии худро босамар истифода бурда, ба варзиш машғул шаванд ва дигар имкониятҳои боғ пурсамар истифода баранд.

Инчунин дар инҷо лавҳаи ташрифи меҳмонони олиқадр ба шаҳри Турсунзода, қаҳрамонони меҳнат, муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ошхонаи миллӣ, 3 нуқтаи бозӣ ва ҳавзи шиноварии кӯдакона бунёд ёфтаанд, ки барои истироҳату фароғати сокинон муносиб мебошанд.

Дар дохили боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Турсунзода амфитеатр низ сохта шудааст. Амфитеатр аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо сифати баланд бунёд гардида, барои баргузор кардани барномаҳои фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ шароити созгор муҳайё карда шуд. Дар асоси лоиҳа амфитеатр дорои қариб 700 ҷойи нишаст буда, дар он нишастгоҳҳои замонавӣ насб шудааст. Масоҳати умумии он 3 ҳазору 100 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Атрофи амфитеатр низ сабзу хуррам гардонда шуда, ба макони зебою дилписанди сокинон табдил ёфтааст.

Пас аз бунёди боғи фарҳангу фароғатӣ дар маркази шаҳри Турсунзода бо ҷойгир намудани қасри шоҳмот, амфитеатр ва дигар иншооти варзишию солимградонӣ ва насби атраксионҳои нави кӯдакона сокинону меҳмонони шаҳр имкони мусоиди истироҳату фароғатро пайдо карданд. Сокинони шаҳр ҳамаи пешравӣ ва муҳайё сохтани зиндагии шоистаро, ки дар заминаи такмили инфрасохтори шаҳр ба миён омадааст, натиҷаи сиёсати бунёдкорони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мекунанд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26379

 

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъатро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода дар асоси роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари фарҳангпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд карда шудааст.

Бинои нави се ошёнаи иншооти фарҳангӣ – маърифатӣ дар шаҳри Турсунзода аз 15 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла рассомӣ, фортепианно, рубобҳои гуногун, дутор, карнай, доира, овозонии эстрадию шашмақом, хореографӣ, толори хӯрди консертӣ, китобхона ва 3 утоқи маъмурият иборат мебошад.

Корҳои сохтмониро дар муассисаи фарҳангӣ 20 нафар мутахассиси ватанӣ бо истифода аз унсурҳои хоси санъати меъмории миллӣ бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир ба анҷом расондаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имконоти фароҳамгардида дар бинои нави муассисаи фарҳангӣ дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати истифодаи пурраю самаранок аз шароити фароҳамгардида бо мақсади тарбияи дурусти насли наврас ба омӯзгорон даструру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Дар Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода барои омӯзиши нозукиҳои гуногуни санъат ба 220 ҳунаромӯз 25 нафар омӯзгори ботаҷриба ба фаъолият ҷалб гардидааст.

Омӯзиш дар мактаби санъат аз 5 то 7 солро дар бар мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода соли 1961 таъсис ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити ҳунаромӯзии наврасон дар он ба талаботи замон мувофиқ карда шудааст.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар заминаи таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат ба рушду густариши фарҳанги миллӣ биноҳои нави таълимию корӣ дар ин соҳа бунёд гардида, пояҳои санъати миллӣ устувору беҳтар ва арзишҳои хоси давлатдории тоҷикон эҳё карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави Мактаби кӯдаконаи санъат дар шаҳри Турсунзодаро дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорону ҳунаромӯзони он туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат маънидод карда, ба масъулон ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги пурғановату оламшумули миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26378

Рубрики
Асосӣ

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон

       Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавии аъзоёни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон доир  гардид.

       Дар ҷамъомади тантанавии доиргардида Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Шаҳринисо Ҳабибуллозода, Раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баҳодур Исмоил, намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, котиби масъули нашрияи «Сухани халқ»  Моҳира Раҳимзода ва аъзоёни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон иштирок намуданд.

     Ҷамъомади тантанавиро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Шаҳринисо Ҳабибуллозода ифтитоҳ намуда, оид ба дастовардҳои 30-соли Истиқлоли давлатӣ ва саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуд.

       Раиси ноҳия Баҳодур Акрамзода ҳозирин, аъзоёни ҲХДТ-ро  бо ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик  намуд.

     Намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Моҳира Раҳимзода табрикоти  Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Исмоилзода Зуфар Муртазохонро қироат намуд.

     Дар охир ба собиқадорон ва аъзоёни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, чун анъана ба се нафар ҷавонони тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

      Дар охир ҷамъомади тантанавиро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Шаҳринисо Ҳабибуллозода хотима бахшид.

Рубрики
Асосӣ

Чорабинии тантанавии ҳизбиён дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва нақша-чорабиниҳои кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб, санаи 27 августи соли 2021 чорабинии тантанавии ҳизбиёни ноҳияи Кӯҳистони Матсчоҳ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  “Истиқлолияти рамзи давлатдории миллӣ” баргузор гардид.

Чорабинии тантанави дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сурат  гирифт ва дар он Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия  Навруззода Имоммаҳмад, Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло, намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Фаррухҷон ва фаъолону аъзоёни ҳизб ширкат доштанд.

Нахуст раиси Кумитиаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Навруззода Имоммаҳмад ба сухан баромада номаи табрикотии хешро ба муносибати 30-солгии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа кард. Ҳангоми ироаи номаи табрикоти Раиси кумиҷроия  Истиқлолятро рамзи давлатдории миллӣ унвон карда гуфт, ки – имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 30 солагии Истиқлолияти давлатии кишварро дар фазои орому осуда ҷашн мегиранд. Бояд гуфт, ки бо ибтикор ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари  кишвар корҳои ободонию созандагии зиёде сурат гирифт, чунин ободкорию созандагие, ки дар кишвари 30-солаи мо анҷом шуд дар давоми 70-соли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин пешравию ободкори ба даст наомадааст.

Сипас Раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Бобозода Хайрулло низ ба сухан баромада паёми шодбошии худро ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ баён кард. Пас аз ин намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Фаррухҷон паёми табрикотии Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохонро қироат намуд. Ҳамчунин бахшида ба ифтихори 30-солагии Истиқлоляти давлатии кишвар чанде аз  кормандони Кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб ва аъзоёни фаъоли ҳизб аз ҷониби КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб бо сипоснома ва ба чанд нафар ҷавон, ки тоза ба сафи ҳизб пайвастанд билети ҳизби дар фазои тантанви тақдим карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

Шукӯҳи Истиқлол

Тибқи нақша – чорабинии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд маҷлиси таатанавии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он собиқадорони ҳизб ва меҳнат, фаъолони ҳизб, вакилон, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан, аъзои раёсат, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, муовини якуми раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирц иштирок намуданд. Нахуст раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Комил Мирзоев баромад намуда, ҳозиринро бо ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатц муборакбод намуд ва дар бораи дастовардҳои 30 соли даврони Истиқлолият, ки бо номи ҲХДТ алоқаи мустаҳкам дорад, сухан ронд. Инчунин зикр намуд, ки саҳми ҳизбиён дар ободонии диёри азизамон хеле калон мебошад.

Сипас роҳбари дасгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов таҳнияти раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро ба саъми иштирокчиён расонид.

Муовини раиси шаҳри Истаравшан Абдусаттор Қодирц бошад, иштирокчиёнри ҷамъомадро бо ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи МИҲД-и шаҳри Истаравшан муборакбод намуд.

Тибқи қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан №5 аз 09.02.2021 сол бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун барои ноил гаштан ба унвони “Кумитаи иҷроияи ибтидоии беҳтарин” ва “Ташкилоти ибтидоии беҳтарин” эълон карда шуда, Низомномаи он қабул гардида буд.

Мувофиқи қарори ҳайати комиссияи озмун байни кумитаҳои иҷроияи ибтидоц Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Пайравони Сино” раисаш Маъруфов Ғафур ба  унвони “Кумитаи иҷроияи ибтидоии беҳтарин” сазовор гардид.

Ташкилтотҳои ибтидоии “Раёсати маориф” (раисаш Пӯлотова Г.), сазовори ҷойи аввал, “Шабакаҳои тақсимоти барқи Истаравшан” (раисаш Пӯлотов Р.) сазовори ҷойи дуюм, ташкилотҳои ибтидоии “Дандонпизишк” (раисаш Шарифов Қ.) ва “Ваҳдат” (раисаш Икромова Р.) сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва вимпелҳои хотиравии “Ташкилои ибтидоии беҳтарин” қадрдонц гардиданд. 

Ба якчанд фаъолони ҳизб, собиқадорон барои хизматҳои шоиста дар амалц гардонидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ, таҳкими ваҳдат ва суботи сиёсц, саҳми арзанда дар баланд бардоштани эътибори ҳизб дар байни омма, тарғиби ғояҳои ватандӯстц, худшиносии миллц ва рушди ҷомеаи шаҳрвандц бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаҳои КИ  ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан қадрдорц карда шуданд.

Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо баромади худ ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшиданд.

Рубрики
Асосӣ

Истаравшан: “Навобод” ғолиби даври дуюм гардид

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар асоси дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи футболи шаҳр ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан мусобиқаи футболи хурдро байни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд. Мувофиқи Низомномаи баргузории мусобиқаи варзишӣ дар он шаҳрвандони аз 18 сола боло иштирок карданд.

Марҳилаи якуми он дар сатҳи ҷамоатҳои деҳот ва кумитаи маҳаллаҳо аз 1-уми июл то 5-уми август гузаронида шуд. Даври дуюми он 10-уми август оғоз гардида, 27-уми август анҷом пазируфт.

Дар бозии ҷамъбастии финалӣ дастаҳои ғолиб “Боғот” (кумитаи маҳаллаи “Боғот”) ва “Навобод” (кумитаи маҳаллаи “Навобод”)  байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар натиҷаи бозии хеле ҷолиб дастаи мунтахаби “Навобод” ба дастаи “Боғот” ғолиб омада, сазовори ҷойи якум гардид ва ҳуқуқи дар бозиҳои марҳилаи сеюм иштирок карданро пайдо намуд. Ба дастаи “Навобод” Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан, Диплом ва нишонҳои сарисинагии дараҷаи якум супорида шуд.

Дастаи “Боғот” сазовори ҷойи дуюм гардид. Ин даста бо Диплом ва нишонҳои сарисинагии дараҷаи дуюм қадрдонӣ карда шуд.

Мукофотҳоро ба таври тантанвӣ раиси Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Истаравшан супориданд.

Бо ҳамин марҳилаи дуюми мусобиқаи варзишии футбол байни дастаҳои ғайрикасбӣ ҷамъбаст гардид.

Рубрики
Асосӣ Мақола

Тӯҳфаи бебаҳо

АНДЕША: Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи тоҷик тақдим гардид.

Баробари ба даст гирифтани ин китоби муқаддас дар вуҷуди ҳар як фарди ватандӯст ҳисси ифтихормандӣ ва ҳувияти миллӣ бедор мегардад. Беҳуда нест, ки С.Айнӣ нашри ин китобро “ҳодисаи бузург” номида буданду Пешвои Миллат онро “шиносномаи миллат” гуфтанд.

Ҳар як саҳифаи ин китоби муқаддаси халқи тоҷик таърихи гузаштаи аҷдодонамон мебошад, ки бо корнамоиҳо ва ҷонсупориҳои худ хоки муқаддаси гузаштагонамонро ҳифз намуда, ба мо мерос гузоштаанд.

Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани ин китоб муроҷиат намуда, ҷунин вазифадор кардаанд: “Моро зарур аст, ки давраҳои таърихии рӯзгори халқамонро бо  диққати том мутоила намоем, аз ҳар саҳифаи гузаштаи ниҳоят пурфарозаш  сабақ омӯзем, аҷдоди номбардори худро шиносем, аз решаҳои қадимаи миллати хеш огоҳ бошем, ба мардуми фарҳангиву тамаддунсоз, ҳунарманду эъҷодкор ва соҳибмаърифат будани халқамон ифтихор кунем, таърих, забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиро ҳифз намоем”.

Инчунин қайд кардаанд, ки дар чунин шароити ҳассоси ҷаҳонишавӣ мо бояд ба иштибоҳу хатоҳое, ки дар таърихамон рух додааст, роҳ надиҳем, дар атрофи халқу Ватани азизамон муттаҳид гардида,сарзамини аҷдодии худро чун    гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, рамзҳои давлатиро арҷ гузорем ва дар пойдорию устувории давлати миллии худ саҳмгузор бошем.

Оре, ҳар як суханони Пешвои Миллат моро водор менамояд, ки ба қадри миллат, давлати соҳибистиқлоли худ расида, софдилона меҳнат намоем.

Имрӯз китоби “Тоҷикон”-и Б.Ғафуровро варақгардон намуда, бори дигар дарк менамоям, ки дар ҳақиқат мо миллати қадимтарини дунё буда, бо меҳнати  даҳчандаи  аҷдодони худ соҳиби чунин сарзамин, касбу ҳунар ва фар-ҳанги Ғанӣ гардида, ба шарофати фарзандони шарафманди  миллати хеш дар арсаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар халқу миллатҳо ҷой гирифтаем. Ин ҳама ифтихори мост.

Матлуба Тоҷибоева- омӯзгори

гимназияи №5 ш.Истаравшан

Рубрики
Асосӣ

Шараф ба Истиқлол

         Санаи 27 августи соли 2021 маҷлиси тантанавии ҳизбиёни ноҳияи Зафаробод баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимӣ, муовини раиси ноҳияи Зафаробод Шарифзода Меҳриддин Шариф, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни фаъоли ҲХДТ, собиқадорони ҳизб, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар меҳмонону даъватшудагон ширкат намуданд. Дар оғози маҷлис меҳмонону иштирокдорон аз намоиши китоб ва осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби ТИ “Бахши фарҳанг” омода шуда буд, дидан карданд. Фирдавс Салимӣ номаи муборакбодии раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро ба ҳозирин расонида, қайд намуд, ки бузургтарин дастоварди мо мардуми тоҷик ин Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо омадани Истиқлолият чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати тоҷик соҳибэҳтиром гардид.Маҳз самараи неки Истиқлолият буд, ки имрӯз моро дар арсаи байналмиллалӣ мешиносанду ба тамоми дастовард ва фарҳангу тамаддуни мо арҷ мегузоранд. Сипас муовини раиси ноҳия Шарифзода Меҳриддин табрикоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафарободро ба ҳизбиён расонид, доир ба дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ бунёдкориву созандагиҳо аз ҷумла 380 иншооти ҷашнӣ, ки иҷроиши он сад фисад таъмин гардидаас, маърӯза намуд. Ирода Игамова- номзади илмҳли филологӣ доир ба Истиқлоли файзбор ва дастовардҳо давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ маърӯзаи пурмӯҳтаво ироа намуд. Шарифзода Туйғун Тоҳир дар табрикоти худ қайд намуд, ки Истиқлолият неъбати бебаҳои таърих буда, волотарин арзиш барои миллати тоҷик мебошад. Халқи тоҷик бо роҳбарии Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз гузашти сангини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин ҳадяи гаронарзиши таърих- соҳибистиқлолиро бо ҳифзи муқаддасоту рукнҳои давлатдорӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, амалисозии ормонҳои миллӣ, то ба рӯзгори саодатбори имрӯз расонид ва ба сӯи ояндаи дурахшон зери шиори “Тоҷикистон ба пеш” равона мебошад. Дар саргаҳи ин дастовардҳо Пешвои муаззами миллат Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, халқи шарифи Тоҷикистон дар пайрави ба сӯи татбиқи ормонҳои миллӣ иродатмандона равонаанд. Дар маҷлиси тантанавӣ ҳамчунин ба якчанд нафар фаъолон ва пешсафон Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва ноҳияи Зафаробод тақдим карда шуда, ба нафароне, ки тоза ба сафи ҲХДТ аъзо шуданд Шаҳоданомаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Маҷлиси тантанавӣ бо шукӯҳ идома ёфт.