Рубрики
Асосӣ

Ҷамъбасти даври дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ”

 Дар ноҳияи Зафаробод маросими ҷамъбасти даври дуюми мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ оид ба намуди футболи хурд, миёни дастаҳои футболи ғайрикасбӣ дар ноҳияи Зафаробод барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия доир гардид. Дар ҷамъбасти даври ноҳиявии мусобиқа Раиси федератсияи футболи ноҳия, Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рузӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Беҳзод Авезов, фаъолони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ширкат доштанд. Маврид ба зикр аст, ки дар даври аввали мусобиқа 6 даста иштирок намуда, 4 даста ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфтанд. Даври дуюм бо иштироки дастаҳои ғолиб Ҷамоати деҳоти Равшан, Ҷамоати шаҳраки Меҳнатобод, Ҷамоати шаҳраки Зафаробод ва Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа ҷои якум насиби дастаи Ҷамоати шаҳраки Зафаробод, ҷои дуюм дастаи Ҷамоати деҳоти Ҳамид Алиев ва ҷои сеюм ба Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия насиб гардид. Раиси федератсияи футболи ноҳия, Раиси ноҳияи Зафаробод Ашурзода Раҷаб Рузӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир оид ба мақсаду мароми мусобиқа, суханронӣ намуда, футболбозони ҷои сеюм ва дуюмро бо Диплом медал ва туҳфаҳо қадрдонӣ намуданд. Ҳамин тавр дастаи Ҷамоати шаҳраки Зафаробод, ки сазовори ҷои аввал гардид бо шодиву нишоти ҳаводорони футбол Ҷоми омоданамудаи даври дуюми мусобиқаро соҳиб гардида ба даври сеюм роҳ ёфтанд. Даври аввал ва дуюми мусобиқаи футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” дар ноҳияи Зафаробод хотирмон ва бо шукӯҳи хоса анҷом ёфт.

Рубрики
Асосӣ

Гулистон: Конференсияи ​ илмӣ– адабӣ таҳти​ унвони​ “Истиқлолият ​ саодати​ мост”​

​ ​ ​ ​ ​ Таърихи ​ 27 августи соли равон дар толори кохи “Истиқлол”-и маркази шаҳр тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон​ конференсияи ​ илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Истиқлолият саодати мост!»​ ​ баргузор гардид.

​ ​ ​ ​ ​ ​ Дар кори конференсияи илмӣ – адабӣ Меҳрубон Қаҳҳорзода-роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, Зокиров Саидбой Зокирович-намояндаи ​ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд , намояндагии​ ТҶҶ “Созандагони Ватан”, собиқадорон ва фаъолони ҳизб, занон ва ҷавонон, намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ иштирок доштанд.
​ ​ ​ ​ ​ ​ Ба конференсия ​ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён ҳусни ифтитоҳ бахшид. Паёми шодбошии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби раиси Шӯрои собиқадорон ба ҳозирин қироат карда шуд. Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бахши фарҳанг” ​ Мирзоева Омина дар мавзӯъи “Дастовардҳои даврони Истиқлолият” ва сармуҳаррири нашрияи “Соҳил” Назришозода Лоҳур ​ дар мавзӯъи “ Истиқлолият кафили пешраф ва шукуфоӣ” ​ баромад намуданд. Раиси ​ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён​ дар мавзӯи “​ ​ ​ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ҳизби ташаббускор ва манбаи ғояҳои нав дар даврони Истиқлолият”
баромад намуда, аҳли толорро ​ бо 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон​ шодбош намуд. ​ Як қатор пешқадамони соҳаҳои гуногун, 10 нафар ҷавонон ба сафи ҲХДТ қабул гардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд. Фаъолони ҳизб бо Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Қонференсияи ​ илмӣ – адабӣ таҳти унвони «Истиқлолият саодати мост!» ​ дар як рӯҳияи баланд доир гардида, дар фарҷоми он намояндагони аҳли фарҳанги ​ шаҳр бо барномаи адабӣ – фарҳангӣ ​ таъби иштирокчиёнро болида гардониданд.

Рубрики
Асосӣ

Б.Ғафуров: Конференсияи адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Хуршеди Истиқлол”

Бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар толори Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти Ҳ.Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Хуршеди Истиқлол” доир гардид.

Дар кори конференсия муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода М, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Халифаёр П ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода иштирок намуданд.

Конференсияро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Амирҷон Анварзода ифтитоҳ намуда, оид ба дастовардҳои 30-соли Истиқлоли давлатӣ ва саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърӯза намуд.

Муовини Раиси кумиҷроияи вилоятӣ Салимзода М ба самъи ҳозирин ва аъзоёни ҲХДТ табрикоти Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохонро бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расонид.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Халифаёр П аз номи Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Зафарбек ҳамагонро бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Сипас ба якчанд нафар аъзоёни фаъои ҳизб сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ , Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз тарафи меҳмонон супорида шуд.

Инчунин дар вазъияти тантанави ба 10 нафар ҷавонон, ки ба Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ барои шомил шудан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ барои саҳми арзанда дар тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб ва фаъолияти пурсамар дар ҳаёти сиёсӣ собиқадорони ҳизбро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони намуд.

Дар охир аз тарафи санъаткорони варзида ноҳия барои болидахотирии иштирокиёни Конференсия чорабинии фарҳангӣ пешкаш гардид.

Рубрики
Асосӣ

Маҷлиси тантанавии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Санаи 27-уми августи соли 2021 дар Қасри фарҳанги шаҳри Исфара дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни муқаддаси умумимиллӣ – 30 – юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

         Дар маҷлис Зоидов Олимҷон – намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҳайдарзода Ҷаъфар Маҳмуд – муовини раиси шаҳри Исфара, Зиёваддинзода Суруридин – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, собиқадорону фаъолони ҳизб иштирок намуданд..

Нахуст Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Зиёваддинзода С. Р. баромад намуда, меҳмонон ва аҳли толорро хуш омадед гуфта, аз номи КИШ аҳли нишастро бо ҷашни муқаддаси дар пеш истода – 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбодӣ намуд.

Инчунин аз номи раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоидов Олимҷон ва аз номи раиси шаҳри Исфара  Ҳайдарзода Ҷаъфар Маҳмуд ҳозиринро ба ин ҷашни муқаддас табрик намуданд.

         Дар фарҷоми маҷлис барои саҳми арзанда ва назаррас дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ҳизб, дастовардҳои даврони истиқлолият, татбиқи барномаҳои ҳизбиву давлатӣ, мустаҳкам намудани мавқеи ҳизб дар ҷомеа, ноил гардидан ба муваффақиятҳо дар амалисозии сиёсати созандаву бунёдкорона ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра фаъолони ҳизб бо Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Исфара қадршиносӣ карда шуданд. Ҳамчунин  якчанд нафар ҷавонони болаёқату фаъол  ба узвияти ҲХДТ қабул карда шуданд.

Дар охир барномаи фарҳангии омода намудаи бахши фарҳанги МИҲД – и шаҳри Исфара пешниҳоди ҳозирин гардид.

Рубрики
Асосӣ

Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Литсей-интернати шаҳри Турсунзода»

26 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таълимии «Литсей – интернати шаҳри Турсунзода»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти муосири таълиму тарбияи насли наврас дар он аз наздик шинос шуданд

Муассисаи давлатии таълимии «Литсей – интернати шаҳри Турсунзода» аз ду бинои дуошёна иборат буда, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Эҳёи Сомониён» Ҷӯрабек Муҳибов сохта шудааст.

Масоҳати умумии иншооти нави таълимӣ дар шаҳри Турсунзода се гектарро дар бар гирифта, корҳои сохтмониро 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ дар давоми камтар аз 1 сол бо сифати баланд ба анҷом расондаанд.

Бинои таълимии «Литсей – интернати шаҳри Турсунзода» аз 44 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, биология, математика, геометрия, омодагии дифои ҳарбӣ ва компютерӣ иборат буда, барои 1000 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Дар ин даргоҳи маърифат бо мақсади расидан ба ҳадафҳои асосии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 дар асоси роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари маорифпарвари мамлакат ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар дода шуда, дар он барои хонандагони болаёқат муосиртарин шароит муҳайё карда шудааст.

Дар саҳни муассисаи таълимӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагону наврасон ба солимгардонӣ майдончаи муосири варзишӣ сохта шудааст.

Масоҳати иншооти варзишӣ 621 метри мураббаъро дар бар гирифта, барои баргузории машғулиятҳо бо хонандагон хеле мувофиқ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз синфхонаҳои таълимии ин даргоҳи маърифат ва шиносоӣ бо имконоти фароҳамкарда барои насли наврас дар он иқдоми соҳибкори ватаниро шоистаи дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26377

Рубрики
Асосӣ

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли профили алюминийи ҶДММ “Алюмин Проф”, гузоштани санги асоси марҳилаи дуюми корхона ва боздид аз намоиши маҳсулоти саноатӣ

26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ва боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли профили алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Алюмин Проф”-ро ба истифода дода, барои бунёди марҳилаи дуюми он санги асос гузоштанд.

Зимни боздид аз корхонаи азими “Алюмин Проф” гуфта шуд, ки коргоҳи навтаъсис имконият дорад дар як сол 7200 тонна алюминийро коркард намуда, аз он наздик ба 100 навъи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ истеҳсол намояд. Дар корхона намудҳои гуногуни профилҳои алюминий барои истеҳсоли дару тиреза, профилҳо барои ороиши берунаи биноҳои баландошёна, ки бо истифода аз шиша оро дода мешаванд, қисмҳои алоҳидаи мебел, карнизҳои гуногун барои овехтани парда ва боз чандин номгӯйи маҳсулоти дигар истеҳсол карда мешавад. Ин номгӯйи маҳсулот асосан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар кишварҳо ворид карда мешавад ва бо фаъол гардидани “Алюмин Проф” имконият фароҳам меояд, ки талаботи бозори дохилӣ бо чунин навъи маҳсулот аз ҳисоби истеҳсолоти худӣ қонеъ карда шавад. Дар ин баробар нарху навои он низ коҳиш дода мешавад.

Маҳсулоти ниҳоии корхона ҳамчунин таъиноти содиротӣ дошта, дар марҳилаи аввал ҳадаф аст он ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фурӯш бароварда шавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хаттҳои истеҳсолии корхонаи навтаъсис аз наздик шинос шуда, барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулини корхона дастур доданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Алюмин Проф” аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба амалишавии “Барномаи саноаткунонии босурати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” мусоидат хоҳад кард. Бояд гуфт, ки дар доираи ин барнома дар шаҳри Турсунзода сохтмони 10 корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсоли профили алюминийи “Алюмин Проф” расман оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи дуюми иншооти мазкур дар зарфи ду соли оянда бунёд гардида, ба ҳамин васила ҳам ҳаҷми истеҳсолот ва ҳам ҷойҳои кории доимӣ афзоиш дода мешавад.

Бо ба истифода додани марҳилаи дуюм, дар маҷмӯъ коркарди солонаи алюминий дар корхона ба 15 ҳазор тонна баробар гардида, шумораи кормандони ҷамъият аз 60 нафар ба 200 нафар расонида мешавад. Дар марҳилаи баъдӣ инчунин истеҳсоли номгӯйи нави маҳсулоти саноатӣ, ки аз алюминий омода мешавад, роҳандозӣ шуда, дар он низ хаттҳои истеҳсолии муосиру ҷавобгӯ ба талаботҳои байналмилалӣ васлу насб мегардад.

Дар саҳни корхонаи навтаъсис намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода ташкил карда шуд, ки аз он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздид намуданд.

Дар намоишгоҳ 10 корхонаи шаҳр гӯшаҳои алоҳидаи худро ташкил карда, аз рушду равнақи соҳаи саноат дар шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки нишондиҳандаҳои соҳа дар ин шаҳр ҳамасола рӯ ба болоравӣ дошта, ҳиссаи бахши саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии шаҳр ба тарзи чашмрас зиёд мегардад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисашаванда дар нимсолаи аввали соли 2021, 422 миллиону 182,9 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, 8,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар намоиши имрӯза корхонаҳои саноатӣ алюминий ва маҳсулоти алюминӣ, маҳсулоти ороишии сохтмонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, қуттиҳои гуногун барои маҳсулот ва хӯроквориро, ки айни замон дар шаҳр истеҳсол мегардад, ба маърази дид гузоштанд.

Зимни боздиду суҳбатҳои самимӣ, саноатчиёни шаҳри Турсунзода ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимияшон нисбат ба рушди бахши саноат, фароҳам сохтани имтиёзҳои гуногун ва дастгирии пайваста изҳори миннатдорӣ намуданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26376

Рубрики
Асосӣ

Маҷлиси тантанавии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 25 августи соли 2021 тибқи нақшаи тасдиқшудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар маҷлис муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадинахон Салимзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам,  муовини Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Муталибзода Зумрад Муталиб, Раисони ТИ, Роҳбарони мақомоту Муассисаҳои давлатию ҷамъиятии ноҳия, занон ва ҷавонони фаъоли ҳизб, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан”, намояндагони соҳаи хоҷагии қишлоқ ва дигарон иштирок намуданд.

     Одилзода Рустам, Мадинахон Салимзода, Муталибзода Зумрад, Раҳматов Усмонҷон ва Юнусова Зебо оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, мазмуну моҳият, ҳифзу таҳкими Истиқлол маърӯза карданд.

Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли ба 30 нафар аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ, ба собиқадорон, ҷавонон ва аъзоёни фаъоли ҳизб барои хизматҳои шоён дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ ва барои ободу зебо гардонидани ноҳияи Ҷаббор Расулов “Ифтихорнома”, “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Дар фарҷоми маҷлис аз ҷониби кормандони ТИ ҲХДТ “Фарҳанг” барои болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: Зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем

         МАҚОЛА: Ҳар як давру замон дар баробари кашфиёти наву тоза, пешрафт ва комёбиҳо аз падидаҳо ва воқеоти номатлуб низ орӣ нест. Воқеан, ин ҷаҳон доимо пуртазод будааст ва инсони солимақл аз бархўрди андешаҳо ва ҳодисоти гуногун онро мепазирад, ки ба пешрафти ҷомеа ва рушди инсони комил созгор аст.

         Имрўз ҷаҳон беш аз пеш пур аз мушкилот , ихтилофу зиддиятҳост. Яке аз сабабҳои ин нооромиҳо афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ, динӣ, кўшиш ба ғасби ҳокимият мебошад.

         Моҳияти масъала дар он аст, ки баъзе кишварҳои пешрафтаи Ғарб бо ин роҳ, яъне бо таъсири равонӣ ва барангехтани низоъҳо ҳадафҳоти нопоки худро аз қабили ҳукмронии бештар ва ба даст овардани сарвати зиёд амалӣ намуданӣ ҳастанд.

         Баъди ба даст овардани Истиқлолият, ки он аз пурарзиштарин неъматҳои мардуми Тоҷикистон дар фазои кишвари мо аст,  барои озодии дину имон шароит фароҳам овард.

         Бо заҳмату талош ва ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба ободию пешравии Ватани маҳбуби мо ва зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванд нигаронида шудааст.

         Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки бо таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо ояндасози кишваранд.

         Онҳо ҳар қадар донишманду соҳибмаърифат, соҳиби касбу ҳунар ва худогоҳу хештаншинос бошанд, Ватан ҳамон қадар обод мешавад ва нерўмандии давлат меафзояд. Бинобар ин, ҷавонони моро, ки хушбахтона ба ҳамаи навгониҳои илму техникаи муосир дастрасии комил доранд, лозим аст ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. 

Бешубҳа, Пешвои муаззами миллат ҳамчун ҳомӣ ва раҳнамои мо бар пояи шиносои намудани шахсиятҳои таърихӣ ҷавононро ба саҳифаҳои пурифтихори миллати тоҷик  ошно намуда, ба  омўзиши таҷрибаҳои гузашта имкон фароҳам меоранд, то ҷойгоҳи мустаҳками худро дар ҷаҳони муосир  пайдо кунем.

Ҳамаи ҷавонон имрўз ифтихор мекунем, ки  Президенти кишвар  ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург доранд  ва барояшон  тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам месозанд, то ҳамчун насли бунёдкор зимоми фардои  давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро  соҳиби кунанд, онро обод созанд, яъне кори Пешвои ҷавонпарвари миллатро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд.

                                                                       Қобилҷон Ҷалолов,

               мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри              

                                                                        Панҷакент

Рубрики
Асосӣ Мақола

ИСТАРАВШАН: Ҷавононро ҳифзнамоем

АНДЕША: Давраи фоҷиабор ва ғамангези солҳои навадум, ки даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода будем, аз ёд намеравад ва он барои ҳама як умр бояд дарс бошад. Биноҳои обод хароб гаштанду нафарони зиёде овораву сарсон. Имрӯз ҳодисаҳои он солҳоро санҷида, бо тахлили амиқ ҳақиқатро дарёфтем, дӯсту душманро шинохтем, аз ин рӯ дар ҳифзи пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу суботи ҷомеа саъю кӯшиш менамоем.

Имрӯз, дар замоне, ки ифротгароӣ ва терроризм ба хатари бузург табдил ёфтаву ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, мо бояд ба тарбияи  насли наврас аҳамият диҳем, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ барем, таваҷҷӯҳашонро ба донишандӯзӣ ҷалб намоем, то дар байни ҷавонон ба ин вабои аср ҷой набошад.

Ташвишу нигоронии мо дар он аст, ки даҳҳо шаҳрвандони ҷумҳурии мо бо силоҳ дар  хориҷ аз кишвар ҳамроҳи намояндагони ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ меҷанганд, ҷавонони моро ин гурӯҳҳо бо «мағзшӯӣ» тобеи худ мекунанду ба иҷрои   амалҳои номатлуб раҳнамоӣ мекунанд. Ин қотилон бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ истифода аз техникаву технологияи навин ба ҳар хонадон роҳ ёфта, бо тарғибу ташвиқҳои бардурӯғ ҷавонро ба сӯи худ ҷалб мекунанд.

Ҳамаи ин амалҳои номатлуб мо – падару модарон, омӯзгоронро ҳушдор медиҳад, ки дар тарбияи фарзанди худ дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» диққати ҷиддӣ диҳем.

Бояд назорат барем, ки фарзандонамон бо киҳо, чӣ тоифа одамон шинухез ва ё гуфтугӯ мекунанд, аз кадом шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, бо кадом гурӯҳҳо иртибот доранд. Волидайн дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзандон дар муассисаҳои таълимӣ бевосита иштирок намоянд.

Ҳамаи мо медонем, ки таълиму тарбияи фарзанд нахуст аз оила оғоз мегардад.

Таърих, миллату давлат моро ҳеҷ намебахшад, агар фарзандони носолим, бемасъулият, ки рисолати инсонӣ надоранд, ба ҷомеа тақдим намоем. Аз ин гуна фарзандон ҳатман хиёнат сар мезанад.

Пас, бояд ба тарбияи фарзандон дуруст эътибор диҳем, ки беҳтарин воситаи пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад.

 Ҳ.Раҳимов, директори МТМУ №51

Рубрики
Асосӣ

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

25 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки тибқи анъанаи нек мо ҳар сол дар арафаи таҷлили солгарди истиқлоли давлатӣ заҳмати шахсонеро, ки барои пешрафту ободии Ватан ва оромиву суботи ҷомеа саҳми арзишманд гузоштаанд, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне афсарону сарбозони шуҷоъ ва содиқи Ватанро қадрдонӣ менамоем.

Бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои олӣ сарфароз гардидани шумо подоши ҷасорату далерӣ, матонату шуҷоат ва хизмати содиқона ба халқи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад.

Сӣ соли соҳибистиқлолӣ ва хусусан, солҳои нахустини он барои миллати куҳанбунёди мо давраи бисёр мушкил ва пур аз лаҳзаҳои ниҳоят сахту сангин буд. Яъне расидан ба ин рӯзи пурсаодат, ки мардуми шарифи Тоҷикистон як марҳалаи томи таърихи навини худро бо амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ ҷамъбаст мекунанд, ба мову шумо саҳлу осон нашудааст.

Бо саъю талош ва заҳмату кӯшишҳои фидокоронаву шабонарӯзии фарзандони сарсупурдаи миллат сулҳу оромӣ, ризоият ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат барқарор карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ саҳми низомиён, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар барҷаста буда, маҳз ба туфайли ҷасорати хизматчиёни ҳарбӣ, садоқату адолати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар солҳои минбаъда дар пешгирӣ кардани ҷинояту қонуншиканӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, амнияти давлату ҷомеа ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандони кишвар мо ба дастовардҳои бесобиқа дар ҷодаи созандагиву ободонии Ватан ноил гардидем.

Дар роҳи таъмин намудани суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорон садҳо нафар ҷавонмардони баору номуси Ватан ҷони худро қурбон кардаанд, ки мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем, изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки ҷасорату мардонагӣ ва фидокории чунин фарзандони содиқи Ватан ҳамасола аз ҷониби роҳбарияти давлат қадрдонӣ мегардад ва мо чандин нафари онҳоро имсол низ бо мукофотҳои олӣ қадр кардем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди қавӣ нисбат ба афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъкид намуданд, ки рушди устувори кишвар, тараққиёти бомароми давлат ва зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат аз амнияту субот, низому тартибот, яъне таъмин будани волоияти қонун дар ҷомеа вобастагии мустақим дорад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ниҳоят мураккабу пешгӯинашавандаи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла буҳронҳои шадиди иқтисодиву молиявӣ ва таҳдиду хатарҳои муосир андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро як лаҳза ҳам аз даст надиҳанд, бо интизоми оҳанини ҳарбӣ, риояи қонун ва ойинномаҳои ҳарбӣ омодабошии ҷангӣ ва иқтидори мудофиавии давлати соҳибихтиёри тоҷиконро боз ҳам баланд бардоранд.

Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ барои дастовардҳои баланди хизматӣ ва фаъолияти самаранок, бештар аз 100 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ордени Спитамен дараҷаи 1, ордени Спитамен дараҷаи 2, ордени Шараф дараҷаи 2, медали Ҷасорат, медали Хизмати шоиста, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус, қадрдонӣ шуданд.

Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои содиқонаи собиқадорони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қадр карда шуд.

Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 18 нафар бо Медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 1, 5 нафар бо ордени Спитамен дараҷаи 2, 10 нафар бо ордени Шараф дараҷаи 2, 13 нафар бо медали Ҷасорат, 14 нафар бо медали Хизмати шоиста, 1 нафар бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, 4 нафар бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, сарфароз гардиданд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи додани рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ҳарбии олӣ, дараҷавӣ ва махсус” ба 37 нафар роҳбарону намояндагони мақомоти қудратӣ, низомӣ, амниятӣ ва судии кишвар рутбаҳои навбатии махсуси “генерал-полковники милитсия”, “генерал-лейтенанти адлия”, “генерал-майори адлия”, “генерал-лейтенант”, “генерал-майор”, рутбаи дараҷавии “мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3”, “генерал-майори милитсия”, “генерал-майори хизмати дохилӣ” ва “генерал-майори хадамоти гумрук”, супорида шуд.

Давоми 30-соли соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим амалӣ шуд. Бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар нахустин зан бо рутбаи баланди “генерал-майори милитсия” сазовор дониста шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои арзанда ба Саидвализода Барно Саиднабӣ – сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи махсуси навбатии “генерал-майори милитсия” дода шуд.

Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи таъмини амну субот, тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан вазифаҳои хизматии худро дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ бо масъулияти баланд, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсӣ иҷро менамоянд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26365