Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Фаъолон қадршиносӣ шуданд

          Дар Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент маросими қадршиносии  фаъолон ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор шуд.

          Раиси шаҳр Холиқзода Абдухолиқ дар оғоз ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихи навини Тоҷикистон шобош гуфта, аз нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли кишвар ёд кард.

          Пас аз он ,ба гурӯҳи калони фаъолони шаҳр, аз ҷумлаи  хидматчиёни давлатӣ,  собиқадорон, раисони маҳаллаҳо, соҳибкорон, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ,омӯзгорон ,аҳли адабу фарҳанг ифтихорнома ва сипосномаҳои раиси шаҳр тақдим карда шуданд.

          Байни онҳо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода, муовини раиси КИ Парвина Тошева, раиси бахши шаҳрии Созмони рӯзноманигорон, роҳбари дафтари матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Турдибой Солеҳзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Қобил Ҷалолов низ буданд.

Рубрики
Uncategorized

АШТ: Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асососи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар муассисаи давлатии вилояти Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмуҷон Воҳидов чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабини намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зоидов Олимҷон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ, муовини Раиси ноҳияи Ашт Ҷалилӣ Аниса, собиқадори ҳизб Қаробоева Сабоат, собиқадорон, фаъолони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди кумиҷроия иштирок доштанд.Баромадкунандагон зимни баромади хеш оид ба дастовардҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Сипас, якчанд нафар собиқадорон ва фаъолони ҳизб бо сипосномаи ва туфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон ба 12-нафар аъзоёни навқабулгардида, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.Дар охир баҳри болидахотири иштирокдорон барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусну таровати тозае зам намуд.

Рубрики
Асосӣ

30 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ 30 СОЛИ ҚАДАМИ УСТУВОР

Дар Муассисаи давлатии “Кохи Рӯдакӣ” бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви  Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, собиқадорон ва фаъолони ҳизб   маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон маҷлиси тантанавиро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки мо фарзандони замоне ҳастем, ки пас аз ҳазор соли бедавлатӣ шоҳиди аз нав соҳибистиқлол гардидани миллатамон гардидем. Аз ин дида неъмати бузурге дар сарнавишти инсон нест. Ба гумони ғолиб дар олам аз халқи тоҷик дида сарбаланд ва батолеъ миллате нест. Барои он ки мо дар як муддати кӯтоҳ бо иродати шахсияти беназири таърихӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги бемаънӣ хотима бахшидем ва роҳи саодату наҷоти миллатро интихоб кардем.

Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ кулли аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ – ро ба ифтихори 30 -юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки  Воқеан, истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба мо имконият фароҳам овард, ки таърих, забон ва фарҳанги қадимаи худро шиносем, анъана ва оинҳои неки миллиамонро аз нав эҳё кунем ва кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун давлати ободу озоди дорои фарҳангу тамаддуни бостонӣ муаррифӣ намоем.

Ба шарофати истиқлол, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ халқи шарафманди Ватани маҳбубамон имконият пайдо намуд, ки дар роҳи созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошта, дар ободу пешрафта гардидани он саҳм гузорад.

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлол аст, дар давоми мавҷудияташ ҳамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кӯшиш ба харҷ медиҳaд. Ин ҳизби воқеaн ормонӣ бо тaлош вa ҳидоятҳои созaндaи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон aрзи ҳaстӣ карда, тaвонист чун ҳизби бонуфуз ва татбиқгари ғояҳои миллӣ бaрои пешрaфт вa шукуфоии кишвaри aзизaмон хизмaти шоиста кунaд. 

Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он сарчашма гирифта, рисолаташро дар беҳдошти сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат медонад.

Боиси ифтихор аст, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз калонтарин ташкилоти ҳизбӣ дар миқёси кишвар маҳсуб шуда, аъзои ҳизб, дар раванди ободкориву тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар нақши муассир мебозанд.

Алҳол, дар 1389 ташкилоти ибтидоии кумитаҳои иҷроияи ҳизби шаҳру ноҳияҳои вилоят 154 ҳазору 546 нафар аъзо ба қайд гирифта шудааст, ки бешубҳа нерӯи хеле бузург аст. Мавсуф дар идомаи суханронӣ аз ободкориву созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ин санаи фархунда ҳарф зада, афзуд, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар бунёду азнавсозии иншооти таъиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, роҳу пулҳо, корхонаву коргоҳҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва инфрасохтори сайёҳиву хизматрасонӣ бомаром идома доранд. Дар вилояти Суғд низ то имрӯз 98 фоизи нақшаи корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ ба иҷро расида, корҳои боқимонда дар арафаи ин санаи муқаддас  анҷом дода мешавад.

Раиси вилоят дар идомаи суханронии хеш аз нақши боризи аъзоёни ҳизб дар тарғибу ташвиқи ғояҳои давлатдории навини миллӣ сухан гуфта, ҳамчунин таъкид дошт, ки новобаста аз мушкилоти паҳн гардидани бемории сироятиии КОВИД -19 Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятии пешгирӣ ва мубориза бо бемории КОВИД -19 самаранок фаъолият намуд, ки дар ин замина ҷиҳати ба даст овардани мувафаққиятҳо саҳми аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хеле назаррас аст. Баргузории аксия ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар кӯчаву хиёбон, бозор, маркази савдо, гулгашту боғҳо, бо усули кӯча ба кӯча ва хона ба хона боис бар он гардиданд, ки шиддати ин беморӣ кам карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолон, собиқадрони ҳизб, бонувон ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” даъват ба амал овард, ки дар татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», роҳ надодани ҷалби наврасону ҷавон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, пешгирии гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ боз ҳам фаъолтар бошанд.

Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зимни баромади хеш ба фаъолияти ҳизбиёни вилоят дар раҳи иҷрои ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳои баланд дода, аз номи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ кулли аъзо ва пайравони ҳизбро бо ин ҷашни баҳамоӣ муборакбод намуд.

Дар идомаи маҷлиси тантанавии идона ба як қатор фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома, Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва бо медалҳои ҷашнӣ тақдим карда шуд.

Дар қисмати фарҳангӣ ҳофизони номии вилоят Олим Воҳидов, Аъзам Азиззода, Субҳиддини Раҷабзода, Олими Маҳмуд, Дилрабо Қурбонова, Фирӯз Отамуродов, Нозими Юсуфзод, гуруҳи рақсии “Гулноз” ва ансамбли “Ошёни меҳр” – и назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон табъи ҳозиринро болида намуданд.

Бо ҳамин чорабинии идонаи ҳизбиёни вилоят бахшида  ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни хотима ёфт.

Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД:Боздид аз марказии ҳунарии “БАҲОР”

Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ таҳти №33 аз 12 августи соли равон ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти № 66 аз 13 августи соли 2021 оид ба фаъолияти маркази дӯзандагӣ, ки бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардидаасту дастгоҳҳои дӯзандагӣ   ҳоло дар тавозуни кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд қарор дорад, санаи 1 сентябри соли ҷорӣ мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Бобоева Гулнора Исломовна ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадинахон аз сехи дӯзандагӣ дидан намуданд.

Зимни мушоҳидаҳо айён гардид, ки 15 адад таҷҳизотҳои дарздӯзӣ дар Маркази савдои “Баҳор” самаранок истифода шуда, таҳти роҳбарии ҳунарманд Ашӯрматова Каромат дар марказ занону духтарон ҳунарҳои дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, йӯрмадӯзӣ ва қуроқдӯзиро омӯзонда  мешаванд. Дар маҷмӯъ дар давоми се сол 120 нафар занону духтарони хонашин нозукиҳои касби дӯзандагиву ҳунармандиро омӯхтанд ва минбаъд фаъолияти Марказ ба ҳамин самт равона мегардад.

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Дастовардҳои истиқлолият

АНДЕША: “Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо. Ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Мо ба он рӯз расидаем, ки Истиқлол аст,
Мо ҳамон манзара дидаем, ки Истиқлол аст.
Дар нафас ғулғула кардем фараҳмандиро,
Чун дили хеш тапидем , ки Истиқлол аст.

        Истиқлолият шараф ва номуси хар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад. Маҳз Истиқлол бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконияти таърихие фароҳам овард, ки тоҷикон ватани худро соҳибӣ кунанд, давлатдории миллии худро барпо намоянд, суннату арзишҳои хешро эҳё созанд ва зиндагии озодонаро ба роҳ монанд. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

Рубрики
Uncategorized

НОМАИ ТАБРИКОТӢ

Бо самимияти афзун кулли кормандон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидов Фаррух Абдуқодировичро барои шарафёб гардидан бо Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд бахшида ба 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамояд.

Фаррух Зоҳидов – Шуморо дар коргоҳ чун шахси пуркор, бомасъулият ва чашмикордон мешиносанду эҳтиром медоранд. Бароятон ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ барору муваффақиятҳои тоза ба тозаро таманно менамоем.   

  

  

Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД:Таҷлили рӯзи дониш дар коллеҷи омӯзгорӣ

Ҳамасола омӯзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ бо рӯҳияи баланд соли нави таҳсилро пешвоз мегиранд.

Имсол низ ҷомеаи меҳнатии муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд дар радифи тамоми мардуми сарбаланди кишварамон, Рӯзи донишро дар фазои рӯҳбаландии беназир аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз дастовардҳои хурсандибахши Ватани азизамон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, омодагии саросарӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил намуданд.

Чун ҳамешагӣ 1 сентябр – Рӯзи дониш дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфта, ҷамъомадӣ тантанавӣ доир карда шуд, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар табрикоти Раиси шаҳри Хуҷандро қироат намуда, ҳайати омӯзгорону кормандон ва кулли муҳассилинро бо оғози соли нави таҳсил ва ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Сӯҳбат бо хизматчиёни давлатии оянда

             Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо як гурӯҳ донишҷӯёни бахши магистри Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  сӯҳбат орост.

          Хидматчиёни давлатии оянда ҳангоми таътил ба Панҷакент омада, аз мавзеъҳои таърихии он, аз ҷумла, шаҳраки бостонии Саразм, Панҷакенти қадим ва оромгоҳи устод Рӯдакӣ дидан намуданд.

           Мурод Шукурзода дар сӯҳбат бо онҳо дар бораи дирӯзу имрӯзи Панҷакент, фаъолияти Кумитаи иҷроия, омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, нақши кадрҳои  ҷавони таҳсилдида ва масъулиятшинос дар  таъмини рушди мамлакат, роҳандозии мудирияти шоиста дар равандҳои ҷомеа сухан карда, ба онҳо дар ин ҷода барор орзу намуд.

Рубрики
Uncategorized

ҶАҲОНСОЗУ ҶАҲОНОРОӢ ЗАН…

Дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо шарофати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зани тоҷик дар вазифаҳои роҳбариву пурмасъул фаъолият дорад. Бо шарофати сарвари давлат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Занону бонувони лаёқатманд соҳискасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давалат торафт зиёд гардида истодааст: Ин нуктаро муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд,  Мадина Салимзода дар мизи мудаввар, ки дар ДДҲБСТ таҳти унвони “Саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид иброз намуд.

     Дар миззи мудаввар, ки бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид, мудири шуъбаи занони КИМ ҲХДТ Гулнора Бобоева, бонувони барӯманди вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, Ҳамро Атоева, Матлюба Муинова аъзоён ва фаъолони ҲХДТ иштирок намуданд.

         Мудири шуъбаи занони КИМ ҲХДТ Гулнора Бобоева дар баромади хеш қайд намуд, ки дар давраи нави таърих низ садҳо бонувони матиниродаву ватандӯст, донишманду заковатпешаи тоҷик дар пешрафту гул-гулшукуфии хидмат намуда, шоистаи ибрати имрӯзиён гаштаанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз солҳои аввали таъсисёбӣ ба нерӯву заковати занҳо такя намуда, татбиқи амалии барномаву ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки баланд бардоштани мақому манзалати занро ҳадаф қарор доранд, дар фаъолияташ афзалият бахшид.

         Сипас Декани факултети сиёсатшиносӣ ва МБ-и ДДҲБСТ Мунира Акмолова ва ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ Мунзифа Пулотова роҷеъ ба дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, бахусус соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба таври муфассал маърӯза намуданд.

Бонувони мӯътабарӣ вилояти Суғд  Назира Ғаффорӣ, Ҳамро Атоева, Матлюба Муинова оид ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолу озодӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии занону бонувон, пешоҳангии занону бонувон ба хотири шукуфоии Ватан сухан намуданд.

Дар фарҷом иштирокдорони миззи мудаввар бо тӯҳфаҳои ДДҲБСТ қадрдонӣ гардиданд.

Рубрики
Uncategorized

Зафаробод: Истиқлол ва татбиқи ормони миллӣ

Акнун, ки дар арафаи  таҷлили  30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбуб қарор дорем, эҳсоси расидан ба қиммати ин неъмати худодод, ки татбиқгари ормони миллӣ маҳсуб меёбад бештар гашта,  хурду бузурги мамлакат тараннумгари дастоварҳои даврони соҳибистиқлолӣ гардидаанд.

Истиқлолу озодӣ воқеан ба осонӣ насиби миллати тоҷик ва сокинони Тоҷикистон нагардида, барои бунёди давлати навин халқу миллати тоҷик аз сангарҳои сангин гузашт.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки баъдтар ҳамагон донистанд, тарҳрезии хоҷагони  хориҷӣ   будааст, хавфи дахшатбори  аз байн рафтани Тоҷикистонро дарак  медод.

Дар рӯзгори пурфоҷиаи солҳои аввали истиқлолӣ яъсу навмедӣ, шикасти рӯҳию равонӣ вобаста ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишвар сокинони мамлакатро фаро гирифта, кишвари азияткашидаи моро ҷаҳониён бо “ангушт” нишон медоданд. Аксари кишварҳо аз давлати мустақил шудану таъмини сулҳ дар Тоҷикистон эътимод надоштанд. Ҳатто андешаҳои тамасхуронаю расидан ба иззату эҳтироми як миллатро раво медиданд, ки ин басо аламовар буд.

Истифода аз ҷолишҳою бенизомиҳои давр хоинони миллат хок ба руйи модари хеш зада дастури аҷнабиёнро амалӣ мекарданд. Мардумро ба майдонҳо сипас ба ҷанги   бародаркӯш кашиданд. Ин ҷанг хисороти бузургеро пайи худ гузошт. Мудҳиштарин хисороти ҷанги шаҳрвандӣ қурбонии зиёда аз 150 ҳазор сокинони мамлакат буда, дар бораи ҳазорон ятиммондагону гурезагон, миллиарҳо хисороти иқтисодӣ санадҳои таърих гувоҳӣ  медиҳанд. Ба далеле ҷанги шаҳвандӣ 27 сол иқтисодиёти Тоҷикистонро ба қафо партофта, ба рушди   давлати навбунёди миллӣ зарбаи ҷонкоҳ зад.

Шоири шаҳири тоҷик Ашур Сафар дар мисраҳои ормонии худ дар он айём бо сӯз гуфта буд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

Дар кишвари мо базму тараб мешуда бошад.

Роҳи пурфоҷеа ва дар охир дурахшони соҳибистиқлолӣ татбиқгари ормонҳои миллӣ гашта ба ин мисраҳо ҷавоби сазовор пайдо шуд.

         Дар кишвари  мо базму тараб шуд ту куҷоӣ,

         Сад бори дигар ханда балаб шуд ту куҷоӣ.

Воқеан ба андешаи Устод Лоиқ

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад,

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт

Сулҳи деринтизори мо омад.

Рӯзгори сангин паси сар гашта ба рӯи  миллати иродатманд ва таҳаммулгари тоҷик дари бахту комёбиҳо саодату нусрат меҳнату фидокориҳо бунёдкорию созандагиҳо боз шуд.

Иҷлосияи 16-уми таъриҳии Шурои Олӣ, ки сутуни мустаҳками давлатсозӣ маҳсуб мешавад, роҳи минбаъдаи рушди давлати миллиро муайян намуд.

Ба бахти омадкардаи халқу миллати тоҷик зимоми давлатдорӣ ба дасти фарзанди қаҳрамони тоҷик, ки сарсупурдаи миллат гашт Эмомалӣ Раҳмон пайваст гашта,  минбаъд зери роҳбарию давлатдории муваффақонаи ин абармарди сиёсат Тоҷикистон ба суйи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор монд.

Хуршеди дурахшони Истиқлол ба рӯю рузгори тоҷик нурпоши намуда, гармии тавонбахши давлатдории миллӣ ва навинро таъмин кард.

Зери раҳнамоии Роҳбари муаззами хеш, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  давра ба давра ҳадафҳои ормонӣ татбиқ гардиданд.

Истиқлолу озодӣ дар зеҳни мардум ҷой гирифта, сокинон ин арзишро эҳтиром ва ба ҳифзу  ҳимояти он масъул гардиданд.

Истиқлолу давлатсозии навин ормонҳои ҳазорсолаи тоҷиконро амалӣ сохт. Халқи тамаддунсози тоҷик соҳиби  давлати мустақил  ва муқаддасоти давлатдорӣ гардида, волотарин арзишҳои миллӣ, забон фарҳанг дар доираи давлати миллӣ амал намуданд.

Бунёдкорию созандагӣ мароми рузмарраи ҳар сокини кишвар гардид. Олитарин давстоварди соҳибистиқлоли ҳамин шуд, ки ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун шинохтанд.

Хадафҳои стратегӣ ба хотири  рушди босуботи минбаъда қабул гардида, татбиқи он давра ба давра таъмин гардид.

Воқеан Истиқлолият, Ваҳдати комил, давлатдории миллӣ ва Пешвои давлатсози миллатро ҳар сокинони мамлакат чун неъмати бебаҳо ва ҳадяи парвардигор шуморида, сидқану содиқона ба қадри ин дастовардҳои бузурги миллӣ  мерасанд.

Имрӯз  миллати сарфарози тоҷик ва халқи шарифи Тоҷикистон бо болидагию фараҳмандӣ, бо эҳсоси ифтихор аз соҳибватан будану шукргузорӣ ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил менамоянд.  Ҷашн дар ҳар хона, ҳар  куча маҳаллу деҳа  ва сар то сари кишварро фаро хоҳад гирифт. Зеро ин ҷашни Истиқлол, ҷашни меҳан, ҷашни миллат, ҷашни шукргузорию ифтихор ва ҷашни хурду бузурги Тоҷикистон аст.

 Туйғун Шарифзода –

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

          дар ноҳияи Зафаробод