Рубрики
Uncategorized

Зафаробод: Истиқлол ва татбиқи ормони миллӣ

Акнун, ки дар арафаи  таҷлили  30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбуб қарор дорем, эҳсоси расидан ба қиммати ин неъмати худодод, ки татбиқгари ормони миллӣ маҳсуб меёбад бештар гашта,  хурду бузурги мамлакат тараннумгари дастоварҳои даврони соҳибистиқлолӣ гардидаанд.

Истиқлолу озодӣ воқеан ба осонӣ насиби миллати тоҷик ва сокинони Тоҷикистон нагардида, барои бунёди давлати навин халқу миллати тоҷик аз сангарҳои сангин гузашт.

Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки баъдтар ҳамагон донистанд, тарҳрезии хоҷагони  хориҷӣ   будааст, хавфи дахшатбори  аз байн рафтани Тоҷикистонро дарак  медод.

Дар рӯзгори пурфоҷиаи солҳои аввали истиқлолӣ яъсу навмедӣ, шикасти рӯҳию равонӣ вобаста ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишвар сокинони мамлакатро фаро гирифта, кишвари азияткашидаи моро ҷаҳониён бо “ангушт” нишон медоданд. Аксари кишварҳо аз давлати мустақил шудану таъмини сулҳ дар Тоҷикистон эътимод надоштанд. Ҳатто андешаҳои тамасхуронаю расидан ба иззату эҳтироми як миллатро раво медиданд, ки ин басо аламовар буд.

Истифода аз ҷолишҳою бенизомиҳои давр хоинони миллат хок ба руйи модари хеш зада дастури аҷнабиёнро амалӣ мекарданд. Мардумро ба майдонҳо сипас ба ҷанги   бародаркӯш кашиданд. Ин ҷанг хисороти бузургеро пайи худ гузошт. Мудҳиштарин хисороти ҷанги шаҳрвандӣ қурбонии зиёда аз 150 ҳазор сокинони мамлакат буда, дар бораи ҳазорон ятиммондагону гурезагон, миллиарҳо хисороти иқтисодӣ санадҳои таърих гувоҳӣ  медиҳанд. Ба далеле ҷанги шаҳвандӣ 27 сол иқтисодиёти Тоҷикистонро ба қафо партофта, ба рушди   давлати навбунёди миллӣ зарбаи ҷонкоҳ зад.

Шоири шаҳири тоҷик Ашур Сафар дар мисраҳои ормонии худ дар он айём бо сӯз гуфта буд:

Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,

Дар кишвари мо базму тараб мешуда бошад.

Роҳи пурфоҷеа ва дар охир дурахшони соҳибистиқлолӣ татбиқгари ормонҳои миллӣ гашта ба ин мисраҳо ҷавоби сазовор пайдо шуд.

         Дар кишвари  мо базму тараб шуд ту куҷоӣ,

         Сад бори дигар ханда балаб шуд ту куҷоӣ.

Воқеан ба андешаи Устод Лоиқ

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад,

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт

Сулҳи деринтизори мо омад.

Рӯзгори сангин паси сар гашта ба рӯи  миллати иродатманд ва таҳаммулгари тоҷик дари бахту комёбиҳо саодату нусрат меҳнату фидокориҳо бунёдкорию созандагиҳо боз шуд.

Иҷлосияи 16-уми таъриҳии Шурои Олӣ, ки сутуни мустаҳками давлатсозӣ маҳсуб мешавад, роҳи минбаъдаи рушди давлати миллиро муайян намуд.

Ба бахти омадкардаи халқу миллати тоҷик зимоми давлатдорӣ ба дасти фарзанди қаҳрамони тоҷик, ки сарсупурдаи миллат гашт Эмомалӣ Раҳмон пайваст гашта,  минбаъд зери роҳбарию давлатдории муваффақонаи ин абармарди сиёсат Тоҷикистон ба суйи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор монд.

Хуршеди дурахшони Истиқлол ба рӯю рузгори тоҷик нурпоши намуда, гармии тавонбахши давлатдории миллӣ ва навинро таъмин кард.

Зери раҳнамоии Роҳбари муаззами хеш, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  давра ба давра ҳадафҳои ормонӣ татбиқ гардиданд.

Истиқлолу озодӣ дар зеҳни мардум ҷой гирифта, сокинон ин арзишро эҳтиром ва ба ҳифзу  ҳимояти он масъул гардиданд.

Истиқлолу давлатсозии навин ормонҳои ҳазорсолаи тоҷиконро амалӣ сохт. Халқи тамаддунсози тоҷик соҳиби  давлати мустақил  ва муқаддасоти давлатдорӣ гардида, волотарин арзишҳои миллӣ, забон фарҳанг дар доираи давлати миллӣ амал намуданд.

Бунёдкорию созандагӣ мароми рузмарраи ҳар сокини кишвар гардид. Олитарин давстоварди соҳибистиқлоли ҳамин шуд, ки ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил ва соҳибтамаддун шинохтанд.

Хадафҳои стратегӣ ба хотири  рушди босуботи минбаъда қабул гардида, татбиқи он давра ба давра таъмин гардид.

Воқеан Истиқлолият, Ваҳдати комил, давлатдории миллӣ ва Пешвои давлатсози миллатро ҳар сокинони мамлакат чун неъмати бебаҳо ва ҳадяи парвардигор шуморида, сидқану содиқона ба қадри ин дастовардҳои бузурги миллӣ  мерасанд.

Имрӯз  миллати сарфарози тоҷик ва халқи шарифи Тоҷикистон бо болидагию фараҳмандӣ, бо эҳсоси ифтихор аз соҳибватан будану шукргузорӣ ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатиро таҷлил менамоянд.  Ҷашн дар ҳар хона, ҳар  куча маҳаллу деҳа  ва сар то сари кишварро фаро хоҳад гирифт. Зеро ин ҷашни Истиқлол, ҷашни меҳан, ҷашни миллат, ҷашни шукргузорию ифтихор ва ҷашни хурду бузурги Тоҷикистон аст.

 Туйғун Шарифзода –

раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

          дар ноҳияи Зафаробод 

Рубрики
Uncategorized

СПИТАМЕН: Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон

Дар асоси ҷадвали нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 31-уми августи соли 2021 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни пуршукӯҳи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳрии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинӣ мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоева Гулнора, муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадина Қодирӣ, муовини Раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ, Раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода,собиқадорон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ва фаъолони ҳизб ҳузур доштанд.

Раиси кумитаи иҷроия Ойбек Насруллозода чорабинии тантанавиро ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба ноҳия хайрамақдам намуд ва аҳли толорро бо ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд. Дар чорабини мазкур муовини Раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ, мудири шӯъбаи кор бо занони кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Бобоева Гулнора, муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадина Қодир суханронӣ намуда, зикр намуданд, ки Истиқлолият нишони ҳуввият, озодӣ, ифтихор, номус ва рамзи саодат аст. Аз истиқлолияти миллӣ бояд ҳар як фарди ҷумҳурӣ ифтихор дошта бошад. Дар сарнавишти ҳар як миллату халқият саҳифаи дурахшон расидан ба Истиқлолу озодӣ комили давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамингуна санаи хотирмону фаромушнашаванда дар таърихи миллати тоҷик 9- сентябри соли 1991 мебошад.

Дар маҷлиси мазкур ба якчанд нафар фаъолони ноҳия барои саҳми арзанда дар рушди босуботи кишвар, тарғиби ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ширкати фаъолона дар тарбияи насли ояндасози миллат ва нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипосномаҳои кумитаи иҷроияи марказӣ, вилоятӣ ва ноҳияви супорида шуд.

Инчунин ба як қатор ҷавонони фаъол шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

 

 

Рубрики
Uncategorized

Панҷакент: Дастовардҳои Истиқлоли Ватанро афзун менамоем

      Чунин буд мӯҳтавои ҷамъомади тантанавии  фаъолони Кумитаи ироияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, ки  ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ ва давлатии 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

       Ба ин хотир дар  толори зебо ва муҳташами   Кохи  Лоиқ, ки бо шиору овезаҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат, раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гулдастаҳои тару тоза идона оро ёфта буд, бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов, вакилони Маҷлисҳои вилоятию шаҳрӣ, аъзоёни  Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, фаъолони ҳизб маҷлиси тантанавӣ доир шуд.

       Дар назди ҳамсафон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода оид ба нақши ҲХДТ ва раиси муаззами он, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон, барқарор намудани сулҳу субот, таъмини рушди босуботи иқтисоди кишвар сухан карда, аз марҳилаҳои  асосии   таъсиси ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи он дар шаҳри Панҷакент, ташаббусу иқдомоти ҳизбиён дар давраи омодагӣ ба 30-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ёд овард.

       Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҳозиринро бо иди бузурги 30- солагии Истиқлоли Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳамкории густарда ва пайвастаи Кумитаи иҷроия ва мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр , пуштибонӣ ва дастгирии ҳизбиён аз иқдомоти он баҳои баланд дод.

      Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, сарвари  намояндагии ТҶҶ “ Созандагони Ватан “ дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов номаи шодбошии раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Исмоилзода Зуфар  Муртазохонро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ба ҳамсафон қироат намуд.

       Фаъолони ҳизб- сарвари коллеҷи тиббии шаҳр Муҳаббат Собирова, муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизб дар ҶДММ КМ “Зарафшон”  Шералӣ Юсуфов, ҷоизадори даври ҷумҳуриявии маҳфил – озмуни “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ”,  донишҷӯи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Сӯҳроб Зиёдуллоев ба сухан баромада, андешаҳояшонро дар бораи  Истиқлолияти кишвар ва нақши меъмори он, Пешвои миллат , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, ҳамсафонро бо ин иди хуҷаста шодбош гуфтанд.

    Дар интиҳои ҷамъомади тантанавӣ ба як гурӯҳ фаъолони ҳизб сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи марказӣ, вилоятӣ,  сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии  Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб тақдим карда, ба даҳ нафар ҷавонон, ки ба узвияти ҳизб пазируфта шудаанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Рубрики
Uncategorized

Б.Ғафуров:30-СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БО ПЕШВОИ ҶАВОНПАРВАРИ МИЛЛАТ

    Шукри неъматҳои истиқлолият, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдӯсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта истодааст. Халқи тоҷик пас аз тай намудани роҳи беш аз ҳазорсола тавонист ба орзуи деринаи худ бирасад.

     Инак, дар сарзамини тоҷикон кабутари сулҳу озодӣ дар ҳавои софу беғубор пар меафшонад. Истиқлолияти аз нерӯи шикастнопазиру хештаншиносӣ ташаккулёфта, садои озодиву оҳанги ватанпарастӣ дар дилу зеҳни ҳар як пиру ҷавонӣ кишвар садо медиҳад.

   Таърих гувоҳ аст, ки ташаккули ҳар як давлати соҳибистиқлол пеш аз ҳама ба анъанаҳои миллӣ-фарҳангӣ, ба дарки мансубияти миллӣ, сарватҳои бемислу монанду нотакрори фарҳангӣ, ки таърихи ҳар як халқро тавлид месозад, ба муҳити табиӣ ва дастовардҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ такя мекунад. Гузашта аз ин, воқеияти миллии ҳар як халқ бо арзишҳои умумибашарӣ ҳамаҷониба омезиш ёфта, бо равандҳои умумиинсонӣ пайваст мешавад. 30-сол муқаддам дар таърихи давлатдории халқи тоҷик сафҳаи наве боз шуда, падидаи муҳиму арзишманд дар арсаи давлатдорӣ Истиқлолият арзи ҳастӣ намуд, ки он бо ҳарфҳои заррин бо номи “ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ” сабт гардид.

   Таърихи куҳанбунёди тоҷикон саршор аз воқеаҳои бузурги сиёсӣ ва иҷтимоиест, ки дар тамаддуни халқи мо нақши тақдирсоз бозидаанд. Воқеаи сиёсии нисбатан муҳимтарине, ки дар даврони навинӣ таърихи тоҷикон ба вуқуъ пайваст, дастёбӣ ба истиқлолияти давлатӣ мебошад. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст. Дар даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам омад, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил буда, созандагию ободонӣ, азму талошҳои фидокорона, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонид, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро тақвият бахшид, ҳаёти озодонаи ҳар як фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти махсус зоҳир намуда, ба хотири баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон соли 2017-ро соли ҷавонон эълон намуд. Ва ҷиҳати дастгирии давлатии ин қишри фаъолу созандаи ҷомеа силсилатадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

    Махсусан, Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии  ҷавонон  ва  таъмини  онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд. Чи тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».

   Мо- ҷавонони бо нагу ор ҷавоб ба ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созандаеро рӯи даст бигирем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунем дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Ватани азизамон бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзем амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дорем ва парчамбардорӣ ин сарзамин, марзу бум ва кишвари азизамон бошем.

   Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд.

   Вохӯриҳои пайвастаи Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон бо ҷавонони кишвар собит месозад, ки Сарвари давлат ба нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷавонон итминони зиёд дорад, аз ин рӯ, ҳар мулоқот бо ҷавонони кишвар бо падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб оғоз меёбад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон қабул гардида, шаш ҷоизаи бо номи Исмоили Сомонӣ, барои олимон ва муҳақиқони ҷавон, Фонди махсуси Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода кардани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар соҳаи ватанпарастӣ таъсис ёфтаанд. Теъдоди квота ва стипендяҳои Президенти зиёд гардида, барномаҳои соҳавии “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Тарбияи ватандустии ҷавонони Тоҷикистон” ва рушди саломатии ҷавонони Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардидаанд.

   Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз дастовардҳои арзишманди таърихию муқаддаси даврони истиқлолият мебошанд. Ваҳдат иттиҳоду сарҷамъии инсонҳо буда ва сулҳу оромӣ ва ободию пешрафти давлат аз мавҷудияти ваҳдату ҳамдилӣ вобастагии калон дорад. Воқеан, Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилию хориҷии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо, махсусан ҷавонон аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.

   Барои ҳифзи ин ҳама арзишҳои миллӣ ва боз ҳам устувор намудани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ , ки албата аз файзи сулҳу ваҳдат аст, мо ҷавонон бояд дар пойдору таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми арзандаи худро гузорем.

 Ҳайдаров Муродҷон – аъзои фаъоли ҳизб

Рубрики
Uncategorized

АШТ:Истиқлолият неъмати бебаҳо

Дар асососи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санаи 31-уми августи соли 2021 дар муассисаи давлатии вилояти Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмуҷон Воҳидов чорабинии тантанавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабини намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зоидов Олимҷон, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ, муовини Раиси ноҳияи Ашт Ҷалилӣ Аниса, собиқадори ҳизб Қаробоева Сабоат, собиқадорон, фаъолони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди кумиҷроия иштирок доштанд.

Баромадкунандагон зимни баромади хеш  оид ба  дастовардҳои 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Сипас, якчанд нафар собиқадорон ва фаъолони ҳизб  бо сипосномаи ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамзамон ба 12-нафар аъзоёни навқабулгардида, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

 Дар охир баҳри болидахотири иштирокдорон барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусну таровати тозае зам намуд.