Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: Пешвои миллат – ҳомии сулҳу дӯстӣ

МАҚОЛА: Фарҳанги сулҳ дар эҷодиёти гузаштагони миллати тоҷик мақоми марказӣ дошта, аксарияти онҳо дар бобати сулҳ андешаҳои ҷолибро аз худ ҳамчун нишонае боқӣ гузоштаанд. Оғоз аз сардафтари адабиёти классик, устод Абўабдуллои Рўдакӣ то осори сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ саршор аз ғояи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ аст.

Таваҷҷўҳ ба арзиши ҳаётӣ ва волои сулҳ дар давраҳои мудҳиш ва хатарноки таърих боз возеҳтару амиқтар таҷассуми худро пайдо кардааст. Дар ин иртибот барои мардуми Тоҷикистон масъалаи сулҳу ваҳдати миллӣ басо аҳамияти баланд дорад. Бинобар сар задани ҷанги дохилӣ дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, ба тамоми сокинони кишвар таъсири бузурги моливу ҷонӣ расонид ва давлатро даҳсолаҳо аз рушд боз дошт. Хушбахтона, бо талошу заҳматҳои зиёди Пешвои миллат муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон 27-июни соли соли 1997 дар шаҳри Москав «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид ва Тоҷикистон давраи бисёр ҳам вазнинро паси сар намуд.

Сулҳи ба даст омада на танҳо аҳамияти дохили давлатӣ, ҳамчунин барои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати ҳифзи суботу амнияти минтақа нақши назаррас дошт. Таҷриба ва амалияи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷикон минбаъд ҳатто аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо намуд, ки онро баъдан коршиносони хориҷӣ модели «Сулҳи тоҷикон» низ номиданд. Ин таҷрибаи давлати Тоҷикистон дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зисти доимӣ баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Дар таҳким ёфтани сулҳи байни тоҷикон саҳми Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои кафил чун Россия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ўзбекистон низ хеле назаррас мебошад.

Воқеан тарғиби идеяи сулҳу ваҳдат ин як талош барои ҳифзи ваҳдату суботи сиёсӣ, созандагӣ, бунёди ояндаи нек ва мубориза бар муқобили ифротгароиву терроризм маҳсуб меёбад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки натиҷаи кўшишу заҳматҳои мурдуми тоҷик ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе соли 2002 барои саҳми бузургаш дар эҷоди сулҳ ва сулҳофарӣ соҳиби ҷоизаи ЮНЕСКО ҳамчун «Душанбе – шаҳри сулҳ» гардид.

Имрўз чун мо шоҳиди нооромӣ дар баъзе аз кишвар, аз ҷумла дар Афғонистон ҳастем, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, дар роҳи ҳалли мушкилотҳо методи гуфтушунидро мавриди амал қарор бидиҳанд ва таҷрибаи давлатҳои дигар, аз он ҷумла, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро барои ҳалли муаммои дохилии хеш мавриди истифода қарор бидиҳанд. Дар амалияи сиёсӣ ва дипломатияи ҷаҳонӣ ҳикмати «оташро бо оташ хомўш кардан нашояд», мантиқан бояд мавриди амал қарор гирифта бошад.

Вобаста ба шароити ноороми имрӯзаи Афғонистон, ки дар натиҷаи ба сари қудрат омадани Толибон ҷанги дохилӣ ба вуҷуд омад, ҳоло ягона роҳи осоишта ва ба манфиати мардуми ин кишвар ва минтақа созгор, гуфтушунид ва барқарорсози суботи сиёсӣ мебошад. Идома ёфтани вазъи ноором дар ин сарзамин боз ҳам мушкилот ва ҳалли онро душвортар мегардонад, ки таъсири манфии он на танҳо ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ба дигар минтақаҳо низ аз эҳтимол дур нест.

Дар ин иртибот ҳоло мо шоҳиди он ҳастем, ки барои ба роҳ мондани суботу амният дар минтақа ва ҷаҳон баъзе давлатҳо ва сарварони сиёсӣ дар баромаду суханрониҳояшон аз сулҳу амният ҳарф мезананд. Вале, мутаассифона баробари тарғиби идеяи барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муфиду созанда, аз рӯи гуфтаҳои хеш амал намекунанд. Яъне дар сухан аз сулҳу дўстӣ ҳарф мезанад ва дар амалияи сиёсӣ бар акси он рафтор менамоянд. Чунин рафторро «сиёсати дугона» ном бурдан мумкин аст.

Дар чунин вазъи сиёсии минтақа тарғиби идеяи суботу амният аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти баланди сиёсӣ дошта, он ба нафъи тамоми кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳон мебошад. Ҳоло ягона роҳи пешгирии паҳншавии идеологияҳои ифротӣ, терроризму ҷудоихоҳи ва поймол намудани ҳуқуқҳои инсон ҳифзу барқарорсозии суботу оромӣ ва амният дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Саидзода Ш.Ш.

аъзои КИ ХХДТ дар шахри Хучанд

Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: Доир ба хиёнатҳои ташкилоти экстрамистиву террористии ҳизби наҳзати ислом

МАҚОЛА: Аз даврони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мешавад. Дар ин давра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тараққиёт ва рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ як зумра қонунҳо, қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд,

Ҳар гуна тағйироте, ки дар ҷаҳони пуртазод ба вуҷуд меояд, тасири он хоҳу нохоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мерасад. Маҳз бо назардошти чунин воқеоти ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати байналмиллалӣ аз номи мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро доранд, пайваста дар баромадҳояшон аз минбари созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ перомуни хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти ҷаҳон ва суботу оромии сокинони сайёра ибрози назар менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон, озодии виҷдон, яъне озодӣ, пайравӣ ба динро муҳайё намуд. Ҳар қадар дар ҷомеа барои одамон озодиҳои демократӣ бештар муҳайё гардад, сатҳи муайяни шуурнокии сиёсиву мафкуравии онҳо инкишоф ёфта, доираи ҳуқуку озодиҳои онҳо васеъ мешавад.

Имрўзҳо дар сомонаҳои интернет нафароне фаъолият мебаранд, ки худро бо ном рўзноманигору журналист номида, бо мақсади дар ҷомеа иғвоандозӣ дар саҳифаҳои рўзномаву расонаҳои интернетӣ нисбати давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳар гуна суханҳои бардурўғ менависанд. Бояд қайд намуд, ки ин шахсон ҳаминро дарк намоянд, ки онҳоро қувваҳои бегона барои манфиати худ истифода мебаранд ва ҳамин ки онҳо ба мақсади нопоки худ мерасанд, эшонро аз хотир мебароранд.

Аз ин лиҳоз, ба ин шахсони мутаҳамму беинсоф, гуфтанием, ки сухангўиву иғвоангезандаи беасоси худро хотима дода, хулосаи даркорӣ бароранд ва ҳаминро нағз ба эътибор гиранд, ки халқу миллати тоҷик дигар фирефтаи ин гуна шахсони хоину беватан, беинсофу беадолат нашаванд ва ба қадри сулҳу субот, ваҳдату ягонагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа расанд. Аксарияти халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири худро дар бунёди давлати дунявӣ мебинад, бинобар ин ҳеҷ шахс ё гурўҳ ҳуқуқи бо роҳи зўрӣ ва ғайриқонунӣ, иродаи ғоя ва тарзи зиндагии худро ба мардум бор кардан ва ё ҷорӣ карданро надорад. Дар ҷамъият ақидаҳои гуногун, динҳои мухталиф, рўзномаву маҷаллаҳо озодона, фаъолият карда метавонанд, танҳо ба шарте, ки мухолифи қонуни давлат ва сохтори он набошанд.

Пас дар шароити мураккаб ва печидае, ки имрӯз сайёраро фаро гирифтааст, вазифаи ҷонии мо аз он иборат аст, ки ҳама якдилу якмаром паҳлў ба паҳлў истода, пайи ободиву гул-гулшукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро гузорем. Дар асл худшиносу ватандўсти асил бошем ва фирефтаи ҳар гуна дасисабозиҳои ТЭТ ҲНИ ва гурезаву хоинони давлату миллат нагардем. Чунки имрӯзҳо намояндагони он аз берун истода кўшиш намуда истодаанд, ки оромиву осудагии мамлакати моро халалдор созанд. Аммо онҳо ҳаминро бояд дарк кунанд, ки мо аз таърихи талхи гузаштаи начандон дури худ сабақи даркорӣ гирифтаем ва дигар фирефтаи суханҳои иғвоангезандаи ин гурӯҳҳои xиноятпеша намешавем.

Масъалаи амалҳои ғайриинсонии ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ, ки дар ҷаҳон рўз аз рўз оромию осоиштагии мардумро халалдор карданӣ мешаванд, мо аҳли зиёро ба ташвиш меорад. Бояд тазаккур дод, ки ин ташкилоти ТЭТ бо амалҳои бешарафонаю ноинсофона ва сиёҳдилонаашон мехоҳанд мардуми осоиштаро бо ҳам ба иғво андозанд. Тухми кинаву адоватро нисбати халқу ватан хусусан, дар вуҷуди ҷавонон кишт кунанд. Онҳоро ба доми худ кашида раҳгум намоянд, ба кўчаи сарсониву саргардонӣ ҳидоят кунанд.

Мутаассифона, ин зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон бештар доман паҳн мекунад ва тақдири ҳазорҳо ҷавонон қурбони беадолатиҳо мегарданд. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ватандору меҳанпарвар ҳушёрию зиракиро набояд аз даст диҳад.

Воқеан дар назди ҳар фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳое истодаанд, ки мебояд онро шиори рўз намуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм», «Стратегияи давлатии мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» ҳар шаҳрванди моро водор мекунад, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ дошта бошем. Дар ботин, сурату сирати хеш боварӣ ба ояндаи некро таҷассум карда тавонем. Дар қалби ҷавонон хислатҳои ҳамидаи инсонпарварона, меҳандўстона, меҳнатқариниву эътимоди комилро парварида тавонем.

Ҳамагонро мусаллам аст, ки Тоҷикистон рўзҳои мудҳиштарин – ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги бемаънию сарсонию саргардониро аз сар гузаронидааст. Имрўз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, амниятро соҳиб ҳастем. Ин пешравиҳо, комёбиҳои ба дастовардаи давлату ҳукумат ба осонӣ наомадааст. Ба қадри неъмат, ба қадри оромию осудагӣ бояд расид. Шукрона хонем, ки дар мулки шукуфон, давлати соҳибистиқлол – Тоҷикистон зиндагӣ мекунем.

Хоҷаева М. И.- аъзои

Кумитаи ичроияи ибтидоии

«Сомон» – и шахри Хучанд

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Хизмат ба Ватан шараф аст!

Тибқи нақшаи якҷояи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хучанд ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд аксияи ватандӯстона ба муносибати 30 – солагии таъсисиёбии Иттифоқи ҷавонон дар гирду атрофи шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, ки волонтёрони ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шахри Хучанд варақаҳои таблиғотӣ ба сокинон тақсим карданд.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин аксияҳо ин даъват намудани ҷавонон ба Артиши миллӣ, ҳушдор намудани ҷавонон ба муҳофизати Ватан, муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои номвари мост, ки имрӯз мо дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар мебарем ва ба қадри ин неъмати бузург бояд расем. Ҳамеша барои ҳифзи ватани худ омода бошем.

Мо чавонон аз мактаби наслҳои куҳансол, сабақаи ватандорию бунёдкориро омӯзем. Дӯстию рафоқат, ҳамкорию сабру таҳаммул, зиракию сиёсӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ бояд хислатҳои муҳимтаринӣ мо бошад.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Ҳимояи Ватан вазифаи мост!

Роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хучанд Эҳсон Исоев дар барномаи радиои вилоятии “Сабзмеҳан” оиди мавзӯи “Даъвати ҷавонон ба Артиши милӣ” баромад намуд ва перомуни мавзӯи мазкур, аз ҷумла чунин кайд кард: “Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар, новобаста аз миллат, нажод ва эътиқоди динӣ вобастагии калон дошта, ҳар яки моро водор месозад то дар роҳи таъмини суботу амнияти он доимо талош варзем. Зеро ҳастии мо бо ҳастии Ватани маҳбубамон пайваст буда, нишоти рӯзгору зиндагии мо аз оромии кишвар маншаъ мегирад”.

Ҳамчунин яке аз пешсафони аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шахри Хучанд аз Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Сомон” Ғафуров М. дар ин баронома фикру андешаҳояшро баён карда, ҷавононро даъват ба амал овард, ки барои ҳимояи ватани хеш ҳамеша тайёр бошанд.

Ҳадаф аз иштирок дар чунин барономаҳо ҷавононро ба хизмати Ватан – модар ҷалб намуда, онҳоро ҳушдор бояд кард, ки қарзи шаҳрвандии худро иҷро намоянд ва аз муҳофизати ватани худ саркашӣ накунанд, барои марзу буми Ватан, пешрафт ва ободии он ҳамеша омода бошанд.

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ

Ҳайати гурӯҳи корие, ки зимни баргузории шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ гардид, дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кумитаи маҳаллаи “Гулистон” бо бонувон ҷиҳати пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, гиромидошти арзишҳои миллӣ вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан М.Раҳматова ҷиҳати пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо, 30-соли музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолӣ, мудири шӯъбаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М.Абдуваҳҳобова бошад дар бораи амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, риояи арзишҳои миллӣ, тозаву озода намудани ҳудуди маҳаллахона, аз он ҷумла хонаву дари худ сухан ронданд.

Сокини маҳаллахона Мусаввада Отаева, раиси шӯрои занони маҳалла Ҳабибова Мавлуда баромад намуда, иброз намуданд, ки ба тарбияи ҷавонон аҳамияти махсус медиҳанд ва баҳри тозаю озода намудани ҳудуди маҳаллахона кӯшиш менамоянд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ЗАФАРОБОД: Ифтихор аз Пешвои ҷавонпарвар дорем

АНДЕША: Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишщол мекунад. Ин беҳуда нест. Тасмими ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад. Ҳар ончӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дунё.

Владимир Путин – Президенти Федератсияи Руссия

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихи миллат мебошанд, ки дар иҷлосияи XVI –уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол барқарорсозии сохти конститутсионӣ ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд. Ин шахсияти беназири миллат дар эъмори давлати соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихию фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд. Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буданд: «То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам» хуб дар хотир доранд.

Сарвари давлат барои миллат ва Ватан, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.

Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо дар Афғонистону кишварҳои пасошӯравӣ ба cap мебурданд, пурра ба марзу буми аҷдодӣ баргаштанд ва шахсан бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади обод гардонидани хисороти ҷанги шаҳрвандӣ маблағҳои зиёде ҷудо карда шуд.

Билохира 27 июни соли 1997 имзои Созишномаи Сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав ба вуқуъ пайваст. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи ҷанги бародаркӯш бо ҳукумат пайваст, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушду иқтисоди миллат гомҳои боварибахшу устувор гузошта шуд.

Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дилу нияти нек тамоми идораҳои давлатро дар замони бениҳоят ҳассос, ки хавфи пароканда шудани давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик баръало эҳсос мегардид, бар уҳда гирифтанд ва дар як муддати кӯтоҳ шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди миллат фурӯзон намуданд. Ин буд, ки меҳнаткашон, модарону хоҳарони мушфиқ, пирони рӯзгордидаву ҷавонони навовару щайратманд, чашми ростбин, забони ҳақгӯву табъи нуқтасанҷ ва ҳазорҳо бозуи қавӣ дар зери сиёсати оқилонаашон гирд омада, дар ободиву пешравии Тоҷикистони азиз муттаҳид гардиданд.

Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон принсипҳои бунёди сиёсати давлатии ҷавононро бо набзи замон ва руҳи ҷавонон мувофиқ сохта, дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз дастовардҳои асосӣ ва бузурги ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷӯҳи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва ҳамчун самти афзалиятнок қабул донистани сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Имрӯзҳо барои мо ҷавонон, иштирок ва фаъолияти мо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд. Ва дир ин роҳ, пеш аз ҳама, азму талош ва кӯшишҳои ҷавонони лаёқатманду фаъол, ватандӯсту меҳанпарвари мо нақши ҳалкунанда дорад.

Мо ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқадасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро ҷонибдорӣ бояд намоем.

Ҳар як ҷавони саодатманди ин сарзамини хуршедиро месазад, ки аз чунин раҳбару Пешвои халқпарвар ифтихору намуда, дар татбиқи дастурҳои созанда дар роҳи рушди кишвар ва ҳифзи истиқлолу ваҳдати миллӣ пешсаф гардида, муҳофизи арзишҳои миллӣ бошад.

Зеро хушбахтии мо ҷавонон дар он аст, сарвари мо пуштибони ҷавонон буда, мо ҷавонон пайравони Пешвои миллт мебошед.

Барҳақ ӯ Исмоили Сонӣ шуда,

Фахри ҳар як тоҷикистонӣ шуда,

Некаъмол аст, садри бебаҳост,

Як назар! Дар ҷеҳрааш Нури Худост.

Шаҳриёр Раҳимзода –

мудири шуъбаи кор бо ҷавонон

   ва роҳбари ТҶҶ «Созандагони ватан»-и КИ ҲХДТ

 дар ноҳияи Зафаробод

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: Ҳимояти Ватан – модар фарз аст!


Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд №85 аз 12 октябри соли равон бо мақсади мусоидат дар муташаккилона доир гаштани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, хизмат ба Ватан – Модар дар ташкилоти ибтидоии “Маркази тарбиявӣ” аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот, мудири бахши занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон, ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ вохӯрӣ ва корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо бонувон ба роҳ монда шуд

Вохӯрии мазкур дар меҳвари дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси бохиради Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бедор намудани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии миллӣ дар мазири дилҳои ҷавонон доир гардид. Ба бонувон-модарон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавонон бояд ба хизмат ва ҳимояи Ватан – Модар омода бошанд

Рубрики
Асосӣ

АШТ: Вохӯрӣ бо занони ҳунармандони маҳфили қолинбофии “Ҳусноро”

Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷалб намудани ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ санаи 12-уми октябри соли равон мудири шуъбаи кор бо занон ва раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт аз ҳунари қолинбофии занону бонувони маҳфили қолинбофии “Ҳусноро” аз наздик ошно гардиданд. Маҳфили мазкур барои ҷалб намудани занони хонашин ва ҷавондухтарон таъсис ёфта, то имрӯз зиёда аз 40 нафар ҷавондухтарон ва бонувон соҳиби сертификати бофандагӣ гардидаанд. Маҳфил дар якчанд озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ ва вилоятӣ ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидааст. Инчунин, маҳфили қолинбофии “Ҳусноро” гирандаи Гранти раиси ноҳия дар соли 2014, гирандаи Гранти Раиси вилоят дар соли 2015 ва гирандаи Гранти Ҷумҳуриявӣ дар соли 2021 мушарраф гардидааст. Раиси Шӯрои собиқадорон Мадаминова М. ва мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Зиёбиддинова Г. дар баромади худ қайд карданд, ки мақсад аз баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳо бо марказҳои ҳунаромӯзӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занону духтарон, ба хотири рушд ёфтани соҳаи ҳунармандӣ ва ҳунари онҳоро муаррифӣ намудан мебошад. Дар охир занону бонувони фаъоли маҳфил бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса

12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи Орлии шаҳри Париж Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса самимона истиқбол гирифтанд.

Дар назар аст, ки дар доираи сафари расмӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эманнуэл Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯрӣ доир намоянд.

Ҳамчунин дар доираи сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии фарҳангии Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари рӯдҳои тиллоӣ” ва Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Дар шаҳри Париж Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти меҳмонхона ва кормандони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса бо шукуҳу шаҳомати хоса пазироӣ карданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26964