Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

Дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот карданд.

Дар вохурӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар, инчунин дигар масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти хоса медиҳад ва мо аз сатҳи имрӯзаи муколамаи сиёсӣ қаноатмандем.

Ҷонибҳо зимни вохурӣ оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, барои густариш ва тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни кишварҳо дар бахшҳои саноат, нақлиёт, коммуникатсия, боркашонӣ ва дигар бахшҳои судманд, ҳавасмандӣ ва омодагии худро таъкид карданд.

Дар ин зимн фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва татбиқи пурсамару саривақтии санадҳои баимзорасидаи ҳамкорӣ зарур шумурда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг пешниҳод гардид, ки соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор карда шавад.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27318

Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

Дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркия, вазъи ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкону дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки мо Туркияро шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва хушбахтона имрӯз муносибатҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо раванди устувор касб намудааст.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ масъалаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои ду кишварро дар соҳаҳои ояндадори сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту боркашонӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ карданд.

Давоми панҷ соли охир гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия бештар аз ду миллиард (2,14) доллари амрикоиро ташкил дод. Таъкид гардид, ки барои боз ҳам боло бурдани ин нишондод имкониятҳои мавҷуда, аз қабили татбиқи муштараки тарҳҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва Форумҳои соҳибкорони Тоҷикистон Туркия, ба таври самаранок истифода карда шавад.

Аз мусоидати Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) – дар рушди бахшҳои калидии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд.

Зимни баррасии масоили муносибатҳои кишварҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг ҷонибҳо ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, табодули донишҷӯёну муаллимон ва баргузории рӯзҳои фарҳангиро дар қаламрави ҳамдигар омили муҳимми таҳкими муносибатҳои дӯстии мардумони ду кишвар арзёбӣ намуданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ яке аз самтҳои ояндадори робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии пандемияи “Ковид-19” дар сатҳи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ ва муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.

Дар рафти суҳбат ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид.

Рубрики
Асосӣ

Иштирок дар Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Ашхободи Туркманистон

Дар шаҳри Ашхободи Туркманистон 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин ва Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Нозирӣ Хусрав иштирок карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедовро барои анҷоми муваффақонаи раисиаш дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ табрик гуфта, барои ташкили сатҳи баланди нишасти имрӯза миннатдорӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар карданд, ки мулоқоти кунунӣ, ки дар Рӯзи Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад, қадами муҳиме дар роҳи рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории гуногунҷанба миёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ хоҳад гардид.

Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат оид ба бӯҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии дар натиҷаи ҳамагирии “КОВИД-19” баамаломада, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои Саммити имрӯза ба истифодаи беш аз пеши нерӯи Созмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақаи он мусоидат хоҳанд кард.

Бо таҳлили вазъи ҳамкории тиҷоратӣ байни кишварҳои аъзои Созмон ҳамчун омили рушди босуръати иқтисоди минтақавӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тиҷорат дар миёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳамагӣ ҳашт фоизи ҳаҷми умумии савдои онҳоро ташкил медиҳад ва ин рақам баёнгари истифодаи нокифояи имкониятҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақсади тавсеа бахшидан ба ҳамкории тиҷоратӣ дар чорчӯбаи Созмон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати бартараф кардани маҳдудиятҳои карантинии нақлиётиву транзитии бинобар ҳамагирӣ ҷоригардида, ҳамчунин монеаҳои тиҷоратии тарифӣ ва ғайритарифӣ иқдомоти мушаххас анҷом дода шаванд.

Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин сатҳи ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти озуқаворӣ таҳлил намуда, густариши робитаҳо ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои муҳимро барои таъмини рушди устувор дар минтақа зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки кишварҳои аъзои Созмон аз захираҳои зиёди меҳнатӣ ва табиӣ, инчунин имконоти бузурги энергетикӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ бархурдоранд.

Ба андешаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи муштарак ва самараноки ин иқтидорҳо метавонад ба нафъи афзоиши беҳбудӣ ва шукуфоӣ, таъмини шароити мусоиди тиҷорати байниҳамдигарӣ, ҳаракати озоди одамон ва боркашониҳои нақлиётиву транзитӣ, ҳамчунин таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақаи мо хидмат намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Бозори минтақавии энергетикӣ ҷонибдорӣ карда, татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи “CASA-1000”, ки нахустин пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ хоҳад буд, иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки фаъолияти Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба рафъи мушкилоти мавҷуда ва мусоидати ҳамаҷониба ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои аъзо нигаронда мешавад.

Ҳамагирии “КОВИД-19”, бешубҳа, ба густариши иҷтимоиву иқтисодии ҳамаи кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон таъсири зиёди манфӣ расонид.

Бо дарназардошти вазъияте, ки дар пасманзари пандемия ба вуқӯъ пайвастааст, Президенти мамлакат ҳамчунин таъсиси абзори ҳамкории минтақавии мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, алахусус бо “КОВИД-19”-ро ба мақсад мувофиқ шумурданд.

Зимни баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Созмон пешниҳод карданд, ки ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва дар ин зимн коҳиши таҳдидҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад.

Изҳори умед карда шуд, ки пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва мушаххас сохтани санаи “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо”, инчунин таъсиси “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби шарикони мо дар Созмон ҷонибдорӣ хоҳанд ёфт.

Дар робита ба тақвияти ҳамкории кишварҳои узви Созмон дар соҳаи сайёҳӣ таъкид карда шуд, ки шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020-2021 эълон гардидааст ва дар идомаи тадбирҳо ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ моҳи августи соли равон дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии “Душанбе – пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ” ва Форуми байналмилалӣ оид ба рушди агротуризм баргузор гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон азм дорад, то минбаъд низ дар фаъолияти Созмон дар ҳамаи шаш самти афзалиятнок, ки дар санади бунёдии “Дурнамои Созмони ҳамкории иқтисодӣ – 2025” дарҷ гардидаанд, ширкат дошта бошад.

Дар ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳамчунин Пешвои миллат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ҳамеша аз таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар тамоми қаламрави Созмон ба манфиати шукуфоии мардумони мо ҷонибдорӣ мекард ва мекунад.

Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раёсати сермаҳсули Туркманистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодиро қайд карда, ба Ҷумҳурии Узбекистон дар давраи раисӣ дар Созмон барори кор орзу намуданд.

Дар охир аз рӯйи натиҷаи кори 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ “Консенсуси Ашхободӣ оид ба амалҳо” қабул гардид.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27316

Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бори дигар самимона табрик гуфтанд.

Таъкид гардид, ки имрӯз муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама самт бомуваффақият инкишоф меёбанд ва Тоҷикистон сатҳи бадастомадаи ҳамкориҳоро бо Узбекистон қадр мекунад.

Зимни суҳбат ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон муҳокима гардида, дурнамои таҳким ва таъмиқи минбаъдаи онҳо дар руҳияи анъанаҳои бисёрасраи созандаи робитаҳои неки ҳамҷавории мардумони ду кишвар баррасӣ шуданд.

Аз ҷараёни рушди пайвастаи ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар изҳори қаноат карда шуд.

Таъкид гардид, ки барои боз ҳам боло бурдани ин нишондод истифодаи имкониятҳо, аз ҷумла рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Комисияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаи ояндадори таъсиси Ширкати сармоягузориии Тоҷикистону Узбекистон ва корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ зарур аст.

Барои таъмиқи ҳар чи бештари муносибатҳо ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, нақлиёти роҳи оҳан, робитаҳои байниминтақавӣ, рақамикунонии иқтисодиёти кишварҳо ва густариши ҳамкории доираҳои илмию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Сарони давлатҳо зимни суҳбати самимӣ ва созанда ҳамчунин оид ба масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон омода аст, бо фароҳам овардани имконоти логистикии худ, барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон мусоидат намояд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27312

Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ

Дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот карданд.

Дар мулоқот маҷмуъи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон, мавзуъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат бо итминон изҳор доштанд, ки татбиқи мувофиқаҳои зимни музокирот ҳосилшуда ба рушду тавсеаи равобити дуҷонибаи кишварҳоямон такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар арсаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, дорусозӣ, масолеҳи сохтмониро ба манфиати ду кишвар арзёбӣ карданд.

Тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёди саддҳо, нерӯгоҳҳо, пул ва нақбҳо, роҳҳои оҳан ва мошингард аз имкониятҳои дигари робитаҳои судовар номида шуд.

Нақши Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар муҳим арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо дар соҳаи нақлиёт пайваст будани шабакаҳои нақлиётии ду кишвар, аз ҷумла роҳҳои заминӣ ва оҳанро ба бандарҳои обии Эрон зарур шумурданд.

Дар мулоқот ҳамчунин ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ, муҳокима гардид.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27311

 

 

 

Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ

Дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот карданд.

Дар вохурӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба густариши пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо кишвари дӯсти Покистон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.

Ҷонибҳо оид ба рушду густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши бештари додугирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ карда, барои расидан ба ин ҳадаф таквияти фаъолияти Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро зарур шумурданд.

Пешниҳод гардид, ки баргузории ҷаласаҳои Шӯрои муштараки соҳибкорони ду кишвар, ҳамчунин гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, масъалаҳои энергетика ва зерсохтор таҳти пайгирии доимии ҳукуматҳои ду кишвар қарор гирад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи саноат, энергетика, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Татбиқи лоиҳаи “САSA-1000” дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ва ташаккули долонҳои транзитиву нақлиётӣ аз Тоҷикистон то бандарҳои баҳрии Покистон-Карочӣ ва Гвадар ҷиҳати тавсеа бахшидани муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои таъмини амният дар минтақа оид ба муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табодули андеша карданд. Вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳҳо, ки барои эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон заруранд, истиқбол мекунад.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27306

Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов

Дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов мулоқот карданд.

Дар вохурӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даъват ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳои мо хизмат хоҳанд кард.

Ҷонибҳо зимни вохурии самимӣ масъалаи рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту интиқоли бор ва мусофиркашонӣ, истифодаи бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистонро, муҳокима намуданд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти босамари Комиссияи байниҳукматии Тоҷикистону Туркманистон метавонад ба татбиқи амалии ҳадафҳо мусоидати созанда дошта бошад.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушди муносибатҳо дар соҳаҳои ояндадори илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили робитаҳои минтақавӣ оид ба авзои кунунии ҷаҳон, ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии ташаббусҳои глобалии якдигар дар арсаи байналмилалӣ, табодули андеша карданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27305

Рубрики
Асосӣ

Оғози сафари корӣ дар Туркманистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Саммити 15-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲӢ) вориди шаҳри Ашхободи Туркманистон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ашхобод меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов самимона пазироӣ карданд.

Сарвари кишвари мизбон баъди истиқболи гарм Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Дар маросими истиқболи меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дод.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27304

Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: Лидерони Бадахшониро таҳаммулпазирӣ мебояд

Тибқи  иттилои расонаҳо ба наздикӣ  дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон каме нооромӣ ба мушоҳида расид, ки амнияти минтақаро ноором намуд. Дар Хоруғ ва атрофи он дар пайи муноқишаи ахири байни кормандони милиса ва одамони Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии Бадахшон, ки рӯзи 14 ноябр дар як посгоҳи БДА сурат гирифт, ноором шуд.

Тарафдорони Мамадбоқир чунин мепиндоранд, ки мақомот гӯё нақшаи боздошти ӯро доранд ва барои ин баҳона меҷӯянд. Ба ақидаи онҳо, муноқиша дар посгоҳ низ ба ҳамин мақсад будааст.

Тарафдорони Мамадбоқир баъди ин ҳодиса дар маҳаллаи Бархоруғ, ки ин лидери ғайрирасмии минтақа дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекунад ва обрӯи баланд дорад ва ҳамчунин дар маҳаллаи УПД, ки таҳти назорати одамони Имумназар Имумназаров қарор дорад, ба хотири пешгирӣ аз амалиёти вижа барои боздошти Мамадбоқир навбатдорӣ ташкил кардаанд ва дар сурати пайдо шудани мошинҳо ё афроди шубҳабарангез зуд ҳамаро хабар мекунанд.

Инчунин дигар лидерони ғайрирасмии минтақа, аз ҷумла Толиб Аёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов низ хостаанд вазъиятро якҷоя ҳал намоянд. Дар Хоруғ ҳамчунин сарусадоҳое паҳн шудаанд, ки гӯё барканории Ёдгор Файзов аз мақоми раиси ВМКБ низ ба қазияи Мамадбоқир Мамадбоқиров рабт дорад ва Файзов гӯё нақшаи боздошту зиндонӣ кардани ӯро хатарнок номида, напазируфтааст. Худи Мамадбоқир то ҳол дар бораи қазияи ахир изҳори назар накардааст, вале ба гуфтаи шоҳидон, ҳамон рӯз ӯ иттифоқан танҳо ҳаракат доштааст ва кормандони БДА мошини ӯро манъ карда, Мамадбоқирро гӯё барои он ки маст мошин меронд, дастгир кардаанд. Баъди он, ки одамони вай пайдо шуда, лидерашонро аз дасти милисаҳо кашида гирифтанд, байни Мамадбоқир ва як мақоми бахши кофтукови ҷиноии РВКД Бадахшон мунозираи лафзӣ рух додааст ва дар посух ба суханони таҳдидомези афсари милиса Мамадбоқир гӯё ба рӯи вай туф кардааст. Баъди ин байни кормандони милиса ва одамони Мамадбоқир занозанӣ сар зада, яке аз кормандони милисаро ҳатто бо табар захмӣ кардаанд.

Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки 58 сол дорад, яке аз 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон аст, ки мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2018 бо онҳо огоҳии вижаеро имзо карданд. Бар асоси он санад, лидерҳои Бадахшон уҳдадор шуданд, ки  аз амалҳое, чун ташкил ва раҳбарии гуруҳҳои ҷиноӣ, даъват ва ҷалби ҷавонон ба бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби биноҳои давлатӣ, таҳқири намояндагони давлат, авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, “сходка”, ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ба зидди амнияти давлату ҷомеа, қасдан несту нобуд кардани молу мулк даст мекашанд, вагарна ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашонда хоҳанд шуд. Зери он санад се сол пеш Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев, Зоир Раҷабов ва Амриддин Аловатшоев имзо гузошта буданд.

Ҳамзамон, маврид ба ёдоварист, ки бино ба маълумоти Прокуратураи ВМКБ 25 ноябри соли 2021, соати 11:30, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович, соли таваллудаш 1992, ки барои содир кардани ҷиноят аз рӯи моддаҳои 181, қ.3 (ғасби гаравгон аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва 189, қ.3 (барангехтани кинаю адовати маҳалгароӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маводи кофтуковии мақомоти Прокуратура дар кофтукови расмӣ қарор дошт, ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ оид ба  боздошт намуданаш бар зидди кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, аз таппончаи тамғаи «Макаров», ки ғайриқонунӣ дар ихтиёраш қарор дошт, оташ кушод. Дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардид.

Яъне як ҷинояткор ҳангоми боздошт бар зидди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз яроқи худ оташ кушода, дар натиҷаи оташи ҷавобӣ ҷинояткор захмдор гардида, дар натиҷа ҳалок гардидааст.

Ҳамин ҳодисаро, хоинони миллат аъзоёни ТЭТ ҲНИТ дар расонаҳои хабарӣ чунон ба таври воҳима нишон дода истодаанд, ки гӯё дар тамоми ВМКБ як митингу ҷанг бошад. Вобаста ба ин, моро мебояд ба суханҳои ин хоинон ҳаргиз бовар накунем ва тинҷиҷу оромиро дар кишвар нигоҳ дорем.

Мирниёзов А.Қ.-аъзои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Рубрики
Асосӣ

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

“Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари ҳалокати шумораи зиёди одамон бар асари таркиши гази метан дар шахтаи “Листвяжная”-и вилояти Кемерево моро сахт ғамгин кард.

Аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, изҳори хоҳиш менамоям, то аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандон ва наздикони қурбониён таъзияи самимӣ ва ҳамдардии моро расонед.

Ба ҳамаи осебдидагон бар асари ин фалокат шифои оҷил мехоҳам”.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27301