Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Паём – роҳнамои мост

Мулоқоти навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом доир ба шарҳу эзоҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоридани шаҳодатномаи ҳизбӣ ба омӯзгорони муассисаҳои таълимии №30,33 ва шифокорони маркази саломатии деҳаи Ниёзбек.

Рубрики
Uncategorized

КОНИБОДОМ: Терроризм ва экстремизм – хатарои глобалии ҷаҳонӣ

Мо , ҷавонони Ватан созандаем ,Дӯстдори давлати пояндаем.Шукри Итиқлоли кишвар , шукр СулҳШукри ҳақ , ки бо лаби пурхандаем.Яке аз мушкилиҳои глобалии ҷаҳон , ки имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст , экстремизм , терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби хатарнок мебошад . Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида , шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд , ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақоиди динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбониёни терроризм дар ин ё он минтақа , асосан , ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ , ҷавононро мебояд , ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омилу мақсади шахсони ифроткор ва гурӯҳҳои терроризмиро омӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш намоянд , то сулҳ , ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. Ба ақидаи ман , имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе , ки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст , терроризм ва ифротгароӣ аст. Ин ду падида яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор мераванд , зеро боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш- таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ , расонидани зарари вазнин , бенизомӣ , тағйироти сохти конститутсионӣ дар мамлакат , ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он , барангехтани низои миллӣ , иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд :”Мубориза бо терроризм ва экстримизм фароҳам овардани фазои боварӣ , эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”Терроризмро аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин шарҳ додан мумкин аст , ки ин амалиётҳо содир намудани амалҳое мебошанд , ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд , истифодаи он мақсади бартараф кардани рақибони сиёсӣ , вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ , тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.Чӣ тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд. Якум , вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад , ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад.Дуюм , барои ҳокимият мубориза бурда мешавад. Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст , ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият , халалдор кардани Истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст , ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад.Хушбахтона, 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ прокурори генералии ҶТ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ эътироф намуд ва фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд .Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат , Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доири ин масъала , ки дарди рӯз аст , чунин иброз менамоянд : “ Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда , барои башарият на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст .”Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан , арзишҳои муқаддастарини давлату давлатлориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз , ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ , ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ , маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Ислом ба зоти худ надорад айбе ,Ҳар айб , ки ҳаст , дар мусулмонии мост .Баротова Дилдора узви ТЧЧ” Созандагони Ватан “

Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: Одоби муошират бо ҳамсоягон (барои қирғизу тоҷик дустӣ мебояд)

Инсон хамеша бо мардум, бо гуруху табакахои гуногуни чомеа дар муомилаву муошират карор дорад. Аз чумла вай бо хамсоягон, пиру барноён, хурдсолон, мардону занон, дусту ошноён, бегонагон ва маъюбон муносибат мекунад. Ин аз мавзуъхои муҳим ва махсуси одоби муошират аст. Дар ин мавзуъ дар осори фалсафӣ, ахлоқӣ ва адабӣ андешаҳои пурқиммат баён ёфтаанд, ки аҳамияти бузурги ҳаётӣ ва иҷтимоӣ доранд.Ҳамсоя ба ҳаёти инсон таъсири бузург дорад. Пайғамбари ислом фармудаанд, ки ҳурмати ҳамсоя барои инсон мисли ҳурмати модар аст. Дар байни тоҷикон ҳам чунин ҳикматҳо маъмуланд: хонаро пеш аз хама, бо назардошти хамсояхо бояд харидорӣ ё бино кард, ё ин ки хонае, ки ҳамсояҳояш хуб аст, нисбат ба хонаҳои дигар хеле бартарӣ дорад ва гайра.Донишмандон аз таҷриба гуфтаанд, ки муоширати неки байниҳамдигарии ҳамсояҳо сабаби ободонии шаҳрҳо ва афзоиши умри мардумон мешавад. Дар китобҳо доир ба вазифаи маънавии ҳар як фард чунин таъйин шудааст:Дар фарҳанг ва расму оинҳои миллиамон доир ба риояи ҳаққу ҳуқуқи ҳамсоя, ҳурмату эҳтироми он ҳикмату насиҳатҳо, васияту маслиҳатҳо, шарту оинҳои зиёде ба назар мерасанд.Фарҳанги инсонпарваронаамон пайваста ҳидоят мекунад, ки ҳар як фард бояд ба мисоли чароғи равшане бошад, ки на танҳо назди худ, балки дуртар аз онро рушноӣ бахшад. Он муоширату меҳрубоние, ки дар оила нисбат ба наздикон, хешу ақрабо зоҳир мешавад, берун аз он, бо ҳамсоягону аҳли маҳалла ва дигар гуруҳу табақаҳои ҷомеа низ бояд зуҳур кунад. Хусусан, нисбат ба ҳамсоягон муоширати хуб дошта, аз аҳволи онҳо доимо бохабар будан, ба қадри имкон ёрӣ расонидан, ҳангоми ҳар як вохурӣ ва ру ба ру шудан муомилаи хуш кардан, аз ахлоқи ҳамидаи ҳар як инсон бояд бошад.Ҳадафи чунин гуфтаҳо аз он иборат аст,ки миллати тоҷику қирғиз низ метавонанд,муносибати хуби ҳамсоягӣ дошта бошанд. Гуфтушунидҳои сарони ин марзҳо бо хушӣ меанҷомад,вале боз ҳамон қирғизе,ғайричашмдошт суйи тоҷики бохабар аз ғараз оташ мекушояд. Имруз ҳар тоҷику тоҷикистони дар ҳаққи марзу бум ва мардуми Чоркуҳ дуо мекунад. Орзуи онро дорем,ки: ДӮСТӢ ПОЯНДА БОД!Фируз Ҳоҷиевмудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Рубрики
Uncategorized

КАНИБАДАМ: «Человечество против войны. За мир и содружества»!

Война- это самое страшное, жестокое явление. Все мы видим, какие события происходят в мире! Почему мы против войны? Потому что там погибают совсем невинные люди- женщины, дети, старики из – за каких-то разногласий между людьми! Война убивает, ломает, уничтожает всё. Я не думаю, что есть хоть один человек, который хотел бы войны. Война заставляет многим людям покидать свои родные дома, а прижиться в чужом месте всегда тяжело. Люди, которые пережили войну, всю жизнь живут этой болью. С моей стороны война- это глупость, но если на нас нападут, надо защищаться. Нужно уметь защищать свою Родину, свою землю от врагов, по тому что, мы здесь родились и выросли, и мы должны благодарить наших предшественников за мир, за свободу, которые они отстояли ценной своей жизни. Я не видела войны, но я знаю из книг, из воспоминаний родных, что это страшно. Даже мой прадедушка сражался за Родину во время Великой Отечественной войны. И поэтому, я приклоняюсь перед мужеством людей, переживших войну. Я хочу, чтобы ни один человек не знал что такое «война».Я родилась в мирной стране в Республике Таджикистан, благодаря Основателю мира и национального единства- Лидеру нации, Президенту Республики Таджикистан мы живём мирно и дружно, и наша Республика с каждым днём процветает. Жители нашей страны выступают за мир во всем мире. Я горжусь, что родилась именно в Таджикистане. Член НДПТ, преподаватель русского языка и литературы педагогического колледжа города КанибадамаОбидова Мадина

Рубрики
Uncategorized

ҶАББОР РАСУЛОВ: Корҳои тарғиботӣ идома доранд.

Санаи 28 январи соли 2022 кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Раҳматуллоев С. ва Раҳмонов Ҷ. баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хосатан карановирус «COVID-19», муроҷиатномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба мардуми ноҳия бо усули кӯча ба кӯча дар Ҷамоатҳои деҳоти Сомониён ва Ғӯлакандоз тақсим намуданд. Тақсимоти муроҷиатномаҳо дар дигар Ҷамоатҳо низ идома дорад.

Рубрики
Асосӣ

АШТ: Идомаи корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ оиди гузаронидани ваксинатсия

Санаи 28-уми январи соли 2022 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии ноҳияи Ашт, ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии “COVID-19” ва ҷалб намудани сокинони ноҳия ба Ваксина бо усули хона ба хона корҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар ҳудуди маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Шайдон ноҳия идома доданд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

Мо тарафдори сулҳу суботем!

АНДЕША: Мутаассифона солҳои охир байни тоҷикону қирғизон якчанд маротиба муноқишаҳои сарҳадӣ ба миён омада, оқибати марги чандин нафар сокинони маҳаллӣ гашт.

Ин ду қавми ҳамсоя ҳазорсолҳо инҷониб чун дӯсту бародар зиндагӣ карда омадаанд. Хати марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз солҳои 1924-1927 муайяну мушаххас гардида, сад сол инҷониб аз ду тараф ба масъалаҳои марзу бум дахолате падидор нашуда буд.

Ҳоло ҳам тоҷикон ҷонибдори сулҳу салоҳи сартосарии минтақа буда, ҳамеша аз рӯи аҳкоми хирад амал менамоянд.

Аммо мутаасифона санаи 27-уми январи соли ҷорӣ дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.

Хушбахтона, баъди чанд соати муноқиша ҷонибҳо ба сари мизи музокира нишаста, даргирӣ қатъ карда шуд. Зеро давлат бесоҳиб нест, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз пайи таъмини ҳамаҷонибаи осоиштагии халқ аст.

Бояд қайд намоем, ки дар вазъи кунунӣ сокинони Осиёи Марказӣ аз ҳарвақта дида бештар ба дӯстию рафоқату ҳамдигарфаҳмӣ ниёз доранд. Зеро дар вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон имрӯз роҳи беҳтарини наҷот аз мушкилоҳои муштарак дӯстию бародарӣ миёни халқҳои минтақа мебошад, ки саодату хушбахтӣ меорад, аммо кинаву адоват ба ғайр аз харобию андӯҳ паёмаде беш надорад.

Дар давоми як рӯзи гузашта доир ба ин воқеаҳо бисёр нафарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фикру андешаҳои худро баён карданд, ҳатто ҳангоматалабон аз фурсат истифода бурда мардумро ба ҷангу мубориза даъват намуданд. Аммо сокинони ҳар ду ҷонибро мебояд, ки ҳар ҳаводису вақоеъро сараввал ба мизони хирад бисанҷанду таҷзия намоянд ва баъд хулосаи худро манзур намоянд.

Мо аъзоёни ҲХДТ ҳамеша ҷонибдори сулҳу суботи сартосарӣ ва муносибати дӯстонаву бекина бо ҳамсоягони хеш ҳастем ва ба хиради азалву иродати матини насли аҷдодони бузургу паҳлавонони таҳамтани худ такя менамоем. Боварии комил дорем, ки ҳукумати ду давлат бо роҳи музокира ва сулҳу субот ҳамаи муамморо ҳал мекунанд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: Ворух барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ марзи номус аст!

ИЗҲОРОТ: Воқеаҳо хунине, ки шоми дирӯз дар Ворух бо айби ҷониби Қирғизистон рӯй дод, ҳамаи ҳизбиёни Панҷакентро чун тамоми ҳамватанон ба изтироб овард.

Чунин ба назар мерасад, ки ҷониби Қирғизистон- ин ҳамсояи пархошгар ва иғвогару ҷангҷӯи мо ба ин иғво хуб омодагӣ дидаанд , то қасди мағлубияташонро дар даргириҳои гузашта ҷуброн намоянд. Онҳо шояд ташвишҳои мақомоти Тоҷикистонро дар мавриди вазъи сарҳад бо Афғонистони толибонӣ низ ба назар гирифтаанд. Ҳамчунин ин иғвогарӣ бори дигар собит намуд, ки бо ин ҳамсояҳои намакношинос бо забони дипломатия сухан кардан ба ҳован об кӯбиданро мемонад. Онҳо танҳо дасти зӯрро писанд мекунанд ва танҳо баъди мағлубият ба муросою мадоро маҷбур мешаванд. Ҳар чи қадар ҳалли масъалаҳои баҳси сарҳадӣ тӯл кашад онҳо боз ҳам ба иғво даст мезананд. Ҳамчунин мақомоти Қирғизистон бо роҳандозии ин иғво таваҷҷӯҳи шаҳрвандонашро, ки ҳоло истеъфои роҳбарияти ҳукуматашонро талаб доранд, аз ин масъала дур андохтан мехоҳанд.

Ҳамсояҳои пархошгар набояд таҳаммулгароии ҷониби Тоҷикистонро, ки ҳамеша аз роҳи муросою мадоро, ҳамзистии осоишта, дипломатия бо ҳамсояҳо кор мегирад, чун нишони заъфу нотавонӣ арзёбӣ намоянд ва бо ин гуна амалҳои ҷинояткорона моро ба андешидани чораҳои муассир ва ҷавоби саркӯбгарона водор намоянд.

Бовар дорем, ки онҳо бо чунин иғвогариҳо ба мақсади нопоки худ намерасанд. Ворух барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ марзи номус аст ва ҳизбиёни Панҷакент омодаанд бо баҳои ҷон ин марзу буми муқаддасро ҳимоят намоянд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Сулҳ – муқаддас аст

АНДЕША: Аз ибтидо мардуми шарафманди Тоҷик бо хиради азалӣ, инсонпарварӣ ва заковати волои меҳанпарастӣ, дар пойдории сулҳу субот ва ҳамдилӣ дар дохил ва хориҷи кишвар бо чашми нек менигаранд. Дар ҷабҳаҳои муносибатҳои ҳамсоядорӣ ва идомабахшии зиндагии шоиста, қадамҳо устувор мегузоранд. Ба таъбири пирони хирад – “Аз хеши дур дида, ба ҳамсояи наздик” – эҳтиром мегузоранд.

Вале, ин эҳтиромгузориву қадрдониро бархе аз ҳамсояҳои ноогоҳу ғалатсоз нодида гирифта, ойини ҳамсоядориро доғдор намуда истодаанд. Аз он ҷумла, ҳамсоякишвар – Қирғизистон, ки бо шимоли кишвар, шаҳри Исфара ҳамсарҳаданд, бо рафтору кирдор, пиндор ва гуфторашон суботи ҳамсоядориро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурда истодаанд.

Борҳо ба тариқи пинҳониву ошкоро сӯи мардуми осоиштаи Ворухиёну Чоркуҳиён ва дигар манотиқи шаҳри инсонияти мо – Исфара тиру фтуфанг холӣ карда, байни аҳолӣ хусумату бадбиниро рӯи кор оварданд. Хушбахтона, роҳбарияти Олии Тоҷикистон ҳама муаммоҳои пешомадаро тариқи гуфтушунид, роҳи ҳаллашро пайдо намуда, мардумро барои идомаи зиндагии осоишта ва бахшидани якдигар ҳидоят намуданд.

Вале, ҷониби қирғиз гуфтушуниди ҷонибҳо ва талаботҳои ба миёнгузоштаро нодида гирифта, рӯзи 27-уми январи соли 2022 дар чорроҳаи Зарафшон, маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳона намуданд, ки дар натиҷа чанд нафар захмӣ шуданд ва вазъ дар сарҳад муташанниҷ шуда, авзои тирпаронӣ идома дошт.

Хушбахтона, бо роҳнамоӣ ва ғояи ҳамсоядову сулҳҷӯёнаи ҳукумати кишвар, санаи 28- 01- 2022 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти салоҳиядори ҷонибҳо доир гардида, оташбас эълон гардид, ки тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ба мавқеи доимиашон баргардонида шаванд, ки чунин гуфтушунид роҳи ҳалли худро пайдо намуд.

Боиси нигаронӣ аст, ки ҷониби Қирғиз бо ҳама гуноҳҳо ва муносибатҳои ғайриинсонӣ бо мақсади пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ, оммаро бо маълумотҳои бардуруғ ва фейкӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ коркард ва паҳн намуда истодааст. Чуноне, ки иттилло дорем, гурӯҳи ноогоҳи панҷоҳнафараи қирғиз, ки аз ҳисоби сокинони деҳаи Оқсои вилояти Бодканд, дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло, автомашинаи тамғаи “Порте”-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рег мекашондааст, маҷбуран боздошт намудаанд.

Оё чунин амал, амали қонунӣ аст?. Дар баробари ин, кучактарин муамморо бузург карда, аз ҷузъу томҳои ҳарбӣ, техникаҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймои бесарнишин, ки ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон намуд, истифода намуданд. Мо, чунин амалҳои ҷонибро маҳкум намуда, хотирнишон менамоем, ки аз азал халқи Тоҷик бо таърихи давалтдорӣ, мероси бойи аҷдодӣ ва хиради инсонӣ то ба имрӯз мавқеъу манзаллати хосаи худро доро мебошад, ки ин дороиро ҳамсоягони мо бояд мавриди омӯзиши амиқ қарор бидиҳанд.

Зеро, бо надонистани гузаштаи худ, насли инсоният ба гумроҳӣ қадам гузошта, дар натиҷаи беподошии гузашта, худро ба коми оташу ҷидол мезанад. Чоркуҳу Ворух барои ҳар яки Тоҷику Тоҷикистони азизу муътабар аст, ки дар онҷо беҳтарин фардҳои бохирад умр ба сар бурда, кишвари худро ба ҷаҳониён муаррфиӣ менамоянд.

Ҷавонони ватандӯсти ноҳия, ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар ҳар гӯшаи Ватани азизамон ҳастанд ва мехоҳанд, ки субот то абад пойбарҷо гардида, ноогоҳон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ҳолати вайрон кардани қарордод ва нодида гирифтани манфиатҳои миллӣ, омодаем баҳри ҳимояи Ватан-Модар чораҳои самарбахшро пешаи худ намоем. Дар баробари ин, аз ҳар яки ҷавонон даъват ба амал меорем, ки ба ахборотҳои иғвобарангези шабакаҳои иҷтимоӣ дода нашуда, матлабҳои ҳақиқатборро мавриди таваҷҷӯҳи худ қарор диҳанд. Зеро, гурӯҳҳои манфиатҷӯй мехоҳанд, аз чунин вазъ истифода намуда, амнияти миллиро халалдор созанд.

Солеҳбой ҚОБИЛОВ

мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллоти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ

Рубрики
Асосӣ Мақола

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Мо хостори осоиштагӣ ҳастем!

АНДЕША: Ба ҳамагон маълумаст, ки солҳои тулони Тоҷикистон дар масъалаи марзи бо ҳамсоя кишвари худ Қирғизистон мушкили дорад ва ин имушкили ҳамеша боиси муноқиша ва ба ҳалокат расидани одамон аз ду ҷониб гардидааст. Ба хусус дар солҳои охир муноқишаҳои марзи дар Вохури Исфара бо ҳамсоякишвари Қирғизистон тез-тез ба вуқуъ омада боиси муташаннич шудани вазъ дар марзи ду кишвар мешаванд. Дар соли 2022 бори нахуст шоми 27-январ чунин ҳодиса ба вуқуъ омад. Дар ҳама ҳолат ҷониби Тоҷикистон бо вуҷуди талафоту захми шудани сокинонаш ҳамеша хостори осоиштагӣ, ҳамдигарфаҳми ва тавофуқ гардидааст. Тибқи иттилои масъулони марзбони муноқиша ва оташкушои аз ҷониби марзбонони кишвари ҳамсоя шуруъ шудааст. Мутаасифона дар ҳар ҳодисаи ба вуқуъ омада ҷониби кишвари ҳамсоя ба хусус ВАО-и он кишвар ба айби Тоҷикистон шуруъ шудани ҳаводиси марзи лаб мекушояд. Тоҷикистон зери Роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар оини ҳамсоядорӣ, риояи қонуну тартибот ва аҳдномаҳои минтақавию байналмидалӣ ҳамеша аз ҷониби салоҳият ва ҳамдигарфаҳми кор мегирад. Вагрна Тоҷикистон холи нест, ё аз касе ҳарос ҳам надорад. Имрӯз марзи кишварро марзбонони қавию сарсупурда ҳимоят доранд. Умедворем, ки тавофуқе миёни масъулини ҳарду кишвар шоми дирӯз ҳосил шуд побарҷо ва ба поён расидани ин баҳсҳои марзи бирасад. Бояд ҳама огоҳ бошанд ва донанд, ки Тоҷикистон дар масъалаи осоиштаги ва сулҳхоҳию суботу ороми дар арсаи байналмилалӣ мавқеъи муайян дорад ва ин мавқеъи худро ҳимоят хоҳад кард. Аммо ин ба маънои он нест, ки дар масъалаи манфиатҳои худ сарфи назар хоҳад кард.

Ба гуши ҳама мерасонем, миллати тоҷик аз порча хоки муқаддаси худ, бевосита мероси уст, дифоъ хоҳад кард. Ҳар касе бо хоки ин мулк бе иҷоза қадам мегузорад ва ё ба ҳар шаҳрванди ин кишвар чашм ало мекунад ҷавоб хоҳад дод.Мо ҳамагуна ҷангу муноқиша ва ҳаводисе ки боиси харобиву қатли одамон мешавад маҳкум мекунем. Тоҷикистон якпорчааст ва мардумаш якдилу якҷонанд. Давлат ва миллати тоҷик аз ин марзу бум ва оддитарин афроди ин миллат бо қиммати ҷон ҳимоят хоҳад кард.

КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ