Рубрики
Асосӣ Мақола

Мо тарафдори сулҳу суботем!

АНДЕША: Мутаассифона солҳои охир байни тоҷикону қирғизон якчанд маротиба муноқишаҳои сарҳадӣ ба миён омада, оқибати марги чандин нафар сокинони маҳаллӣ гашт.

Ин ду қавми ҳамсоя ҳазорсолҳо инҷониб чун дӯсту бародар зиндагӣ карда омадаанд. Хати марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз солҳои 1924-1927 муайяну мушаххас гардида, сад сол инҷониб аз ду тараф ба масъалаҳои марзу бум дахолате падидор нашуда буд.

Ҳоло ҳам тоҷикон ҷонибдори сулҳу салоҳи сартосарии минтақа буда, ҳамеша аз рӯи аҳкоми хирад амал менамоянд.

Аммо мутаасифона санаи 27-уми январи соли ҷорӣ дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.

Хушбахтона, баъди чанд соати муноқиша ҷонибҳо ба сари мизи музокира нишаста, даргирӣ қатъ карда шуд. Зеро давлат бесоҳиб нест, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша аз пайи таъмини ҳамаҷонибаи осоиштагии халқ аст.

Бояд қайд намоем, ки дар вазъи кунунӣ сокинони Осиёи Марказӣ аз ҳарвақта дида бештар ба дӯстию рафоқату ҳамдигарфаҳмӣ ниёз доранд. Зеро дар вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон имрӯз роҳи беҳтарини наҷот аз мушкилоҳои муштарак дӯстию бародарӣ миёни халқҳои минтақа мебошад, ки саодату хушбахтӣ меорад, аммо кинаву адоват ба ғайр аз харобию андӯҳ паёмаде беш надорад.

Дар давоми як рӯзи гузашта доир ба ин воқеаҳо бисёр нафарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фикру андешаҳои худро баён карданд, ҳатто ҳангоматалабон аз фурсат истифода бурда мардумро ба ҷангу мубориза даъват намуданд. Аммо сокинони ҳар ду ҷонибро мебояд, ки ҳар ҳаводису вақоеъро сараввал ба мизони хирад бисанҷанду таҷзия намоянд ва баъд хулосаи худро манзур намоянд.

Мо аъзоёни ҲХДТ ҳамеша ҷонибдори сулҳу суботи сартосарӣ ва муносибати дӯстонаву бекина бо ҳамсоягони хеш ҳастем ва ба хиради азалву иродати матини насли аҷдодони бузургу паҳлавонони таҳамтани худ такя менамоем. Боварии комил дорем, ки ҳукумати ду давлат бо роҳи музокира ва сулҳу субот ҳамаи муамморо ҳал мекунанд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: Ворух барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ марзи номус аст!

ИЗҲОРОТ: Воқеаҳо хунине, ки шоми дирӯз дар Ворух бо айби ҷониби Қирғизистон рӯй дод, ҳамаи ҳизбиёни Панҷакентро чун тамоми ҳамватанон ба изтироб овард.

Чунин ба назар мерасад, ки ҷониби Қирғизистон- ин ҳамсояи пархошгар ва иғвогару ҷангҷӯи мо ба ин иғво хуб омодагӣ дидаанд , то қасди мағлубияташонро дар даргириҳои гузашта ҷуброн намоянд. Онҳо шояд ташвишҳои мақомоти Тоҷикистонро дар мавриди вазъи сарҳад бо Афғонистони толибонӣ низ ба назар гирифтаанд. Ҳамчунин ин иғвогарӣ бори дигар собит намуд, ки бо ин ҳамсояҳои намакношинос бо забони дипломатия сухан кардан ба ҳован об кӯбиданро мемонад. Онҳо танҳо дасти зӯрро писанд мекунанд ва танҳо баъди мағлубият ба муросою мадоро маҷбур мешаванд. Ҳар чи қадар ҳалли масъалаҳои баҳси сарҳадӣ тӯл кашад онҳо боз ҳам ба иғво даст мезананд. Ҳамчунин мақомоти Қирғизистон бо роҳандозии ин иғво таваҷҷӯҳи шаҳрвандонашро, ки ҳоло истеъфои роҳбарияти ҳукуматашонро талаб доранд, аз ин масъала дур андохтан мехоҳанд.

Ҳамсояҳои пархошгар набояд таҳаммулгароии ҷониби Тоҷикистонро, ки ҳамеша аз роҳи муросою мадоро, ҳамзистии осоишта, дипломатия бо ҳамсояҳо кор мегирад, чун нишони заъфу нотавонӣ арзёбӣ намоянд ва бо ин гуна амалҳои ҷинояткорона моро ба андешидани чораҳои муассир ва ҷавоби саркӯбгарона водор намоянд.

Бовар дорем, ки онҳо бо чунин иғвогариҳо ба мақсади нопоки худ намерасанд. Ворух барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ марзи номус аст ва ҳизбиёни Панҷакент омодаанд бо баҳои ҷон ин марзу буми муқаддасро ҳимоят намоянд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Сулҳ – муқаддас аст

АНДЕША: Аз ибтидо мардуми шарафманди Тоҷик бо хиради азалӣ, инсонпарварӣ ва заковати волои меҳанпарастӣ, дар пойдории сулҳу субот ва ҳамдилӣ дар дохил ва хориҷи кишвар бо чашми нек менигаранд. Дар ҷабҳаҳои муносибатҳои ҳамсоядорӣ ва идомабахшии зиндагии шоиста, қадамҳо устувор мегузоранд. Ба таъбири пирони хирад – “Аз хеши дур дида, ба ҳамсояи наздик” – эҳтиром мегузоранд.

Вале, ин эҳтиромгузориву қадрдониро бархе аз ҳамсояҳои ноогоҳу ғалатсоз нодида гирифта, ойини ҳамсоядориро доғдор намуда истодаанд. Аз он ҷумла, ҳамсоякишвар – Қирғизистон, ки бо шимоли кишвар, шаҳри Исфара ҳамсарҳаданд, бо рафтору кирдор, пиндор ва гуфторашон суботи ҳамсоядориро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурда истодаанд.

Борҳо ба тариқи пинҳониву ошкоро сӯи мардуми осоиштаи Ворухиёну Чоркуҳиён ва дигар манотиқи шаҳри инсонияти мо – Исфара тиру фтуфанг холӣ карда, байни аҳолӣ хусумату бадбиниро рӯи кор оварданд. Хушбахтона, роҳбарияти Олии Тоҷикистон ҳама муаммоҳои пешомадаро тариқи гуфтушунид, роҳи ҳаллашро пайдо намуда, мардумро барои идомаи зиндагии осоишта ва бахшидани якдигар ҳидоят намуданд.

Вале, ҷониби қирғиз гуфтушуниди ҷонибҳо ва талаботҳои ба миёнгузоштаро нодида гирифта, рӯзи 27-уми январи соли 2022 дар чорроҳаи Зарафшон, маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон муноқишаи мусаллаҳона намуданд, ки дар натиҷа чанд нафар захмӣ шуданд ва вазъ дар сарҳад муташанниҷ шуда, авзои тирпаронӣ идома дошт.

Хушбахтона, бо роҳнамоӣ ва ғояи ҳамсоядову сулҳҷӯёнаи ҳукумати кишвар, санаи 28- 01- 2022 дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти салоҳиядори ҷонибҳо доир гардида, оташбас эълон гардид, ки тамоми қувваю воситаҳои иловагӣ ба мавқеи доимиашон баргардонида шаванд, ки чунин гуфтушунид роҳи ҳалли худро пайдо намуд.

Боиси нигаронӣ аст, ки ҷониби Қирғиз бо ҳама гуноҳҳо ва муносибатҳои ғайриинсонӣ бо мақсади пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ, оммаро бо маълумотҳои бардуруғ ва фейкӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ коркард ва паҳн намуда истодааст. Чуноне, ки иттилло дорем, гурӯҳи ноогоҳи панҷоҳнафараи қирғиз, ки аз ҳисоби сокинони деҳаи Оқсои вилояти Бодканд, дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи Аъло, автомашинаи тамғаи “Порте”-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рег мекашондааст, маҷбуран боздошт намудаанд.

Оё чунин амал, амали қонунӣ аст?. Дар баробари ин, кучактарин муамморо бузург карда, аз ҷузъу томҳои ҳарбӣ, техникаҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймои бесарнишин, ки ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон намуд, истифода намуданд. Мо, чунин амалҳои ҷонибро маҳкум намуда, хотирнишон менамоем, ки аз азал халқи Тоҷик бо таърихи давалтдорӣ, мероси бойи аҷдодӣ ва хиради инсонӣ то ба имрӯз мавқеъу манзаллати хосаи худро доро мебошад, ки ин дороиро ҳамсоягони мо бояд мавриди омӯзиши амиқ қарор бидиҳанд.

Зеро, бо надонистани гузаштаи худ, насли инсоният ба гумроҳӣ қадам гузошта, дар натиҷаи беподошии гузашта, худро ба коми оташу ҷидол мезанад. Чоркуҳу Ворух барои ҳар яки Тоҷику Тоҷикистони азизу муътабар аст, ки дар онҷо беҳтарин фардҳои бохирад умр ба сар бурда, кишвари худро ба ҷаҳониён муаррфиӣ менамоянд.

Ҷавонони ватандӯсти ноҳия, ҳамеша ҷонибдори сулҳ дар ҳар гӯшаи Ватани азизамон ҳастанд ва мехоҳанд, ки субот то абад пойбарҷо гардида, ноогоҳон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар ҳолати вайрон кардани қарордод ва нодида гирифтани манфиатҳои миллӣ, омодаем баҳри ҳимояи Ватан-Модар чораҳои самарбахшро пешаи худ намоем. Дар баробари ин, аз ҳар яки ҷавонон даъват ба амал меорем, ки ба ахборотҳои иғвобарангези шабакаҳои иҷтимоӣ дода нашуда, матлабҳои ҳақиқатборро мавриди таваҷҷӯҳи худ қарор диҳанд. Зеро, гурӯҳҳои манфиатҷӯй мехоҳанд, аз чунин вазъ истифода намуда, амнияти миллиро халалдор созанд.

Солеҳбой ҚОБИЛОВ

мудири шуъбаи таблиғот ва иттиллоти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ

Рубрики
Асосӣ Мақола

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ: Мо хостори осоиштагӣ ҳастем!

АНДЕША: Ба ҳамагон маълумаст, ки солҳои тулони Тоҷикистон дар масъалаи марзи бо ҳамсоя кишвари худ Қирғизистон мушкили дорад ва ин имушкили ҳамеша боиси муноқиша ва ба ҳалокат расидани одамон аз ду ҷониб гардидааст. Ба хусус дар солҳои охир муноқишаҳои марзи дар Вохури Исфара бо ҳамсоякишвари Қирғизистон тез-тез ба вуқуъ омада боиси муташаннич шудани вазъ дар марзи ду кишвар мешаванд. Дар соли 2022 бори нахуст шоми 27-январ чунин ҳодиса ба вуқуъ омад. Дар ҳама ҳолат ҷониби Тоҷикистон бо вуҷуди талафоту захми шудани сокинонаш ҳамеша хостори осоиштагӣ, ҳамдигарфаҳми ва тавофуқ гардидааст. Тибқи иттилои масъулони марзбони муноқиша ва оташкушои аз ҷониби марзбонони кишвари ҳамсоя шуруъ шудааст. Мутаасифона дар ҳар ҳодисаи ба вуқуъ омада ҷониби кишвари ҳамсоя ба хусус ВАО-и он кишвар ба айби Тоҷикистон шуруъ шудани ҳаводиси марзи лаб мекушояд. Тоҷикистон зери Роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар оини ҳамсоядорӣ, риояи қонуну тартибот ва аҳдномаҳои минтақавию байналмидалӣ ҳамеша аз ҷониби салоҳият ва ҳамдигарфаҳми кор мегирад. Вагрна Тоҷикистон холи нест, ё аз касе ҳарос ҳам надорад. Имрӯз марзи кишварро марзбонони қавию сарсупурда ҳимоят доранд. Умедворем, ки тавофуқе миёни масъулини ҳарду кишвар шоми дирӯз ҳосил шуд побарҷо ва ба поён расидани ин баҳсҳои марзи бирасад. Бояд ҳама огоҳ бошанд ва донанд, ки Тоҷикистон дар масъалаи осоиштаги ва сулҳхоҳию суботу ороми дар арсаи байналмилалӣ мавқеъи муайян дорад ва ин мавқеъи худро ҳимоят хоҳад кард. Аммо ин ба маънои он нест, ки дар масъалаи манфиатҳои худ сарфи назар хоҳад кард.

Ба гуши ҳама мерасонем, миллати тоҷик аз порча хоки муқаддаси худ, бевосита мероси уст, дифоъ хоҳад кард. Ҳар касе бо хоки ин мулк бе иҷоза қадам мегузорад ва ё ба ҳар шаҳрванди ин кишвар чашм ало мекунад ҷавоб хоҳад дод.Мо ҳамагуна ҷангу муноқиша ва ҳаводисе ки боиси харобиву қатли одамон мешавад маҳкум мекунем. Тоҷикистон якпорчааст ва мардумаш якдилу якҷонанд. Давлат ва миллати тоҷик аз ин марзу бум ва оддитарин афроди ин миллат бо қиммати ҷон ҳимоят хоҳад кард.

КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ

          Бо мақсади омӯзиши фаъолияти кори ташкилотҳои ибтидоӣ, ба низом даровардани ҳуҷҷатгузориҳои ҳизбӣ, қабул ба сафи ҳизб, иҷрои Оиннома ва Низомномаи  ҳизбӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ташкилоти ибтидоии   хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев  дидан намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, дастурҳои судманд доданд.

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: Aксия “Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус нигоҳ доред!”

    Бо мақсади пешгирии бемории сироятии COVID — 19  имрӯзҳо дар кӯчаҳои шаҳр бо шаҳрвандон корҳои тарғиботву ташвиқотӣ, фаҳмондадиҳӣ,  аксия, мулоқоту вохӯриҳо  бо ҷалби волонтёрон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”  ҷараён дорад. Муҳтавои мулоқот асосан пешгирии бемории сироятии COVID — 19, гирифтани ваксина  мебошад.

       Тарғиботчиён бо усули “хона ба хона” ва “кӯча ба кӯча”аксия таҳти унвони “Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус нигоҳ доред!” доир намуда, зимни мулоқот  оид ба гирифтани ваксина, риояи  гигиенаи шахсӣ, омилҳои пайдоиши бемориҳои вирусӣ, роҳи пешгирии онҳо маълумот  доданд. Ҳамзамон, ҷиҳати истифода аз ниқобҳои яккарата, маҳлулҳои безараргардонӣ таъкид карда шуд, ки  истифодаи он ҳатмист. Маводҳои тарғиботӣ  ва маҳлулҳои безараргардонӣ ба шаҳрвандон  тақсимот ва насб карда шуд. Кор дар ин самт давом дорад.  

Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Паём – ҳаёти осудаи мардум

Ин навбат гурӯҳи кории тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мулоқот оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Равоншинос” дар назди Маркази равонпизишкии вилояти Суғд, “Ҳифзи саломатӣ” дар МНДСЭ-и шаҳри Хуҷанд, “Ӯғулой Шамсиддинова” дар назди таваллудхонаи вилояти Суғд ва “Хонаи пиронсолон” гузаронида шуд.Дар мулоқот кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва аъзои фаъоли гурӯҳи таблиғотии кумиҷроияи шаҳр Абдумавлон Азимов нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро шарҳ дода, зикр намуд, Пешвои муаззами миллат барои боз ҳам беҳбудии рӯзгор ва ҳаёти осудаи мардум чораҳои зарурӣ андешида, баҳри зиндагии шоистаи сокинони кишвар ва барои пешрафту тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саъю талош доранд, то ки хоинони бурунмарзӣ ба тинҷию оромии кишвари азизамон халал нарасонанд. Таъкид гардид, ки мо мардуми шарифи тоҷик ба ин ғамхориҳои Пешвои миллатамон дучанд меҳнат намуда, кӯшиш намоем, баҳри боз ҳам гул-гул шукуфоии давлатамон саҳми арзандаи хешро гузошта бошем.Дар фарҷоми мулоқот иштирокчиён фикру андешаҳои худро бобати Паёми имсолаи Пешвои миллат баён намуданд.

Рубрики
Асосӣ

Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид

27 январ дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис муовинони Раиси ҳизб, аъзои КИМ ҲХДТ, раиси Комиссияи марказии тафтишотии ҳизб, як қатор аъзои Ҳукумати кишвар, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис ва аъзои Фраксияи ҳизб дар Парлумони кишвар, кормандони масъули Дастгоҳи марказии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дигар фаъолони ҳизбӣ иштирок доштанд.

Рўзномаи маҷлис аз панҷ масъала иборат буд:

1. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои ҳизбӣ дар марҳилаи минбаъда;

2. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати аъзои КИМ ҲХДТ ва раёсати он.

3. Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

4. Тасдиқи сметаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои соли 2022;

5. Тасдиқи Накшаи кории Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2022;

Аз рўйи масъалаи якуми маҷлис Муовини якуми Раиси ҳизб Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор баромад намуда, таъкид дошт, соли 2021 барои мардуми шарафманди кишвар соли муҳим ва таърихию хотирмон буд, зеро дар ин сол мо 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистонро бо руҳи бузурги ватандорӣ ва эҳсоси баланди меҳанпарварӣ таҷлил намудем. Дар раванди истиқлоли Ватан ва комил гардидани соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бевосита бо ташаббусу роҳнамоии маънавию ғоявии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ва ташаккул ёфтааст, хеле бузургу мондагор аст. Ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ тадбирҳои назаррасро амалӣ гардонида, дар корҳои созандагӣ саҳмгузорӣ ва ба хотири баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, ифтихор аз истиқлолу озодӣ ва ғояи давлати миллӣ корҳои ташвиқотиро дар миёни ҷомеа роҳандозӣ намуданд.

– Ҳизб бо иқдомҳои созандаи худ дар ҳифзи ваҳдати миллӣ, дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеа, амнияту оромии кишвар ва саломатии аҳолӣ нуфузу эътибор пайдо карда, ба ҳайси ҳизби пешсаф эътироф гардидааст, – иброз намуд А.Азизӣ. – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шароити мушкили ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон ташаккул ёфта, бо сайъу талошҳои пайвастаи Сарвари сиёсии худ дар роҳи бартарафсозии буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, эҷоди низоми мукаммали давлатдории миллӣ, таъмини рушди муътадили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар байни сокинони мамлакатамон сазовори эҳтирому арзёбии шоиста гардид. Аз ин рў, мардуми кишвар ҳамеша бо садоқат аз сиёсати ҳизб пуштибонӣ менамоянд ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари муаззами онро гиромӣ медорад.

Гуфта шуд, ки дар соли сипаригардида бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мадди аввал тамоми самтҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро фаро гирифта, мавриди амал қарор дошт.

Фаъолияти кумита ва ташкилотҳои ҳизбӣ дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб ба роҳ монда шуда, дар тарғиби дастовардҳои истиқлол ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, таблиғи ҳамешагии сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат ҷойгоҳи муносиб дорад.

Дар маърўзаи пурмуҳтавои худ Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ оид ба ташвиқу тарғиби Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ ва иштироки фаъолонаи аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Парлумони кишвар ва Шўрои собиқадорони ҳизб иттилоъ дода, дар бораи дигар чорабиниҳои баргузорнамудаи Дастгоҳи КИМ ҲХДТ ва сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади қадрдонӣ ва гиромидошти 110 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – вассофи сулҳу дўстӣ» баргузории конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-адабӣ ёдрас гардид. зикр намудан ба маврид аст, ки чунин чорабинии бошукўҳ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд ва Рашт низ ташкил ва гузаронида шуданд.

– Доир гардидани конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзўи “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ” бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва коршиносон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби “Тоҷикон” ба ҳар як оилаи мамлакат аз чорабиниҳои хотирмони ҳизб дар соли гузашта мебошад, – афзуд А. Азизӣ.

Ташкил ва баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо Шумоем” барои кўдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Душанбе, конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат” дар Донишгоҳи давлатии Данғара, конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии «Президент – кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» дар Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб»-и вилояти Суғд, конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ» дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, ҳамоишҳои ҷумҳуриявии «Роғун – Кохи нури Тоҷикистон» дар НБО “Роғун”, рўзи таъсисёбии ҲҲДТ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон ва дар ҳамдастӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат доир гардидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” аз муҳимтарин чорабиниҳои ҳизбӣ дар соли 2021 маҳсуб меёбанд.

Аз ҷониби Муовини якуми Раиси ҲХДТ иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади роҳандозии тарғибу ташвиқи ғояҳои оинномавию барномавии ҳизб, ба таври густурда паҳн ва интишор намудани иттилооти ҳизбӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, дар амал татбиқ намудани Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо фаъолияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сомонаи расмии ҲХДТ бо ороиш ва услуби замонавӣ фаъол гардид.

Инчунин, таъкид шуд, ки дар асоси шартнома миёни Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ба 170 нафар шахсони ниёзманд ва маъюбон “нафақи ҳизбӣ” муқаррар гардид.

Бояд гуфт, ки шумораи шумораи аъзои ҳизб ба ҳолати 1 январи соли 2022 ба 504 ҳазору 900 нафар расида, аз онҳо занон – 51 фоиз ва ҷавонон 24 фоирро ташкил медиҳанд. Шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ то 1 январи соли ҷорӣ 6463 адад ҳастанд.

– Шароити муосир аз ҳар яки мо – роҳбарону кормандони сохтору мақомоти гуногун ва ҳамаи шаҳрвандони мамлакат тақозо менамояд, ки ба ҳалли проблемаҳои ҷойдошта эътибори ҷиддӣ диҳем, – гуфт А.Азизӣ. Сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офатҳои табиӣ, таъмири мактабу кўдакистонҳо, мумфарш намудани роҳҳо, таъмир ва сохтмони пулҳо, иншоотҳои обёриву хизматрасонӣ аз ҷониби сохторҳои ҳизбӣ ва аъзои фаъоли ҳизб ба ҳукми анъана даромадааст ва ин иқдомҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа гарму самимӣ истиқбол ёфтанд. Махсусан ишора гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ бояд нақши сазовор дошта бошад.

Таъкид гардид, ки ҳизбиёни мамлакат ба хотири расидан ба комёбиҳои нав ва боз ҳам ободу пешрафта гардидани кишвари маҳбубамон минбаъд низ бо масъулияти бузург дар назди наслҳои имрўзу оянда кўшиш менамоянд.

Изҳори бовар карда шуд, ки дар соли 2022 ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолияти худро баҳри татбиқи ғояҳои созандаи ҳизб беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда самимонаву содиқона анҷом хоҳанд дод.

Баъд аз суханронии муовини якуми Раиси ҳизб дар идомаи муҳокимаи масъалаи якуми маҷлис Иброҳим Мирзозода – раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Зуфар Исмоилзода – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Қиёмиддин Миралиён – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Рустам Фелалиев – раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ, Обид Фозилов – Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Ҳилолбӣ Қурбонзода – раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода – аъзои КИМ, раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Хоналӣ Қурбонзода – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон баромад намудаанд.

Аз рўйи ин масъала қарори маҷлис қабул карда шуд.

Ҳамин тариқ, дигар масъалаҳои рўзномаи маҷлис аз ҷониби аъзои КИМ пурра баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор низ қабул гардиданд.Инчунин, дар мувофиқа бо Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мутобиқи банди 3.1-и Низомнома “Дар бораи сарфароз гардонидан бо Ифтихорнома ва Сипосномаи ҲХДТ” дар вазъияти тантанавӣ як қатор фаъолон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи ҲХДТ қадршиносӣ гардиданд.Инчунин, аз ҳисоби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” 10 нафар ҷавонон дар вазъияти тантанавӣ ба узвияти ҳизб пазируфта шуда, ба онҳо шаҳодатнома тақдим гардид.Бо ҳамин, Маҷлиси КИМ ҲХДТ ба кори худ хотима бахшид.