Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Табибон Паёмро меомӯзанд

                  

             Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии мамлакат роҳандозӣ шудааст.

          Аз ҷумла, дар ҷамъомади ҳизбиён ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии беморхонаи минтақавии  амрози пӯст ва зӯҳравӣ, табобатгоҳи амрози сироятӣ ва Хадамоти хидматрасонӣ дар хона бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия Мастона Муродзода, Бурсибой Лутфуллоев ва Ҳамида Холова мӯҳтавои Паём ба тафсил шарҳу тавзеҳ шуда, вазифаҳое, ки аз он бармеояд, муайян карда шуданд. Таъкид шуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хоса беҳдошти ҳифзи сиҳати мардум дар сиёсати иҷтимоиии Ҳукумати  мамлакат ҷойгоҳи хоса дорад ва ба ин самт   дар Паём эътибори ҷиддӣ дода шудааст.

Рубрики
Uncategorized

Мастчоҳ: Интихоботи миёндаврӣ: Аъзам Ализода Вакили Маҷлиси Вакилони Халқи ноҳияи Мастчоҳ интихоб шуд

27 феврали соли ҷорӣ дар ҳавзаи интихоботии Тӯтзор-37 интихоботи миёдаврӣ баргузор гардид. Тибқи иттилои раиси комиссияи ноҳиявии интихобот Садорат Сафарова дар ҳавзаи интихоботии Тӯтзор-37 аз 2002 нафар интихобкунандагони ҳудуди ҳавза 1988 нафар дар интихобот иштирок намуданд. – Номзади пешбаринамудаи ҲХДТ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо ба даст овардани 99,3 дарсади овози интихобкунандагон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб гардид, – гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори мо Садорат Сафарова. Аъзам Ализода бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти рақами 293, аз 17 ноябри соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин карда шуд. Бо қарори конференсияи ғайринавбатии 23-юми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ аз 12 январи соли равон мавсуф номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ пешбарӣ гардида буд.

Рубрики
Uncategorized

БӮСТОН: Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ваксинагузаронии аҳолӣ

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи марҳила ба марҳила гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 миёни аҳолӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгири зуроварӣ дар оила, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, санаи 22 феврали соли 2022 мулоқоти гурӯҳи ташвиқию тарғиботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар маҳаллаи “Бӯстон”-и шаҳри Бӯстон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ваксигузаронии аҳолӣ сурат гирифта, дар рафти мулоқот вохӯрии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар баромад намуда, оид мавзӯъҳои билозикр суханонӣ намуд. Ҳамзамон, дар рафти мулоқоту вохӯрӣ ба сокинон ва меҳмонони шаҳр маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии мазкур аз бо ёрии аъзоёни фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” тақсим карда шуд.

Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Корҳои тарғиботӣ оиди пешгирии амалҳои номатлуб

Бо мақсади татбиқи дастуру  супориши Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси  муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров мулоқоту вохӯриҳоро  оид ба пешгирии шомилшавии  ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мунтазам дар байни ҷавонону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба роҳ монд.

     Чунин мулоқот  имрӯз дар ТИ маҳаллаи Сангин Ҳоҷӣ дар мавзӯи “Пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо” гузаронида шуд. Баромадкунанда  дар баромади худ зикр намуд, ки воқеан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосӣ, ки ба амнияти миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин идома ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – экстремистӣ ва терористӣ, ба шумор рафта, раванди мазкур ба оромии вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, пойдории сохти конститутсионӣ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифтааст ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангтарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи кураи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.

Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Ҳунар ганҷи зиндагист!

                    

   Боиси хушнудӣ ва фараҳмандист, ки давлату ҳукумат барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ пайваста тадбирҳо андешида, ба ҳунармандон ғамхории махсус зоҳир менамоянд.

   Маҳз касб ва ҳунар шахсро шуҳратманд мегардонад.Ҳунар арзиши баланд дорад ва ҳар касе, ки соҳибҳунар аст,дар ҳама давру замон дар байни ҷомеа сазовори иззату эҳтиром хоҳад буд.

  Ҳунари аҷдодӣ аз дигар ҳунарҳо бо фитрати воқеан табиӣ буданаш фарқ мекунад.Зеро он мавҷудияти худро бо ҳақиқати офариниши табиӣ ба маъраз мегузорад.

    Бо мақсади ҳар чи бештар ҷалб намудани наврасон ба ҳунаромӯзӣ ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ масъулини кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43 мулоқот доир намуд.

Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ:Артиши миллӣ -кафили амнияти Тоҷикистон

Дар доираи нақша чорабиниҳо бахшида ба 29 – солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар ташкилотҳои ибтидоии “Шаватки Боло” ва “Пишанза”, “Такфон” чорабинии ҳарбӣ -ватандӯстӣ доир гардид, ки дар он раиси ташкилоти ибтидоии “Шаватки Боло” Холбеков Саидбек, раиси ташкилоти ибтидоии “Пишанза” Ҷониқул Азимов ва раиси атрофи мавзӯи “Артиши миллӣ -кафили амнияти Тоҷикистон” баромад намуданд.

Гуфта шуд, ки барои насли наврас яке аз мухимтарин мактаби обутоби ҳаёт, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи миллатамон аст. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин варзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки азизамонро аз худ мекунанд.

Баъд аз суханрониҳо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” барномаи ҳарбикунонидаи хешро ба маърази тамошо гузоштанд. Қобили зикр аст, ки ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроияи ноҳия ҳамкориро бо масъулини КИН вусъати тоза бахшида, дар амалисозии бандҳои Оиннома ва Барномаи ҲХДТ нақши муассир мегузоранд.

Рубрики
Uncategorized

АЙНӢ: Андеша: Интихоби роҳи нек

Имрӯзҳо шомил шудани ҷавонон ба  ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бештар гардида, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гашта истодааст. Сарчашмаи асосии шомил шудани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳои номатлуб надонистани таъриху фарҳанг ва қадр накардани дастоварҳои замони Истиклол мебошад. Дур мондан аз мактабу маориф ва таваҷҷӯҳ зоҳир накардани волидайн ба таълиму тарбияи фарзанд, боис мегардад, ки онҳо ба кирдорҳои ношоям ва амалҳои террористию ифротгароӣ даст зананд.

Пешгирии намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) имрӯзҳо ҳадафи асосии насли калонсолон ба шумор меравад. Зеро, терроризм ба рӯзгори насли инсоният  хатари  марг ва  амалҳои  даҳшатбореро ба миён меорад. Ҳамзамон, терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии ҷомеа ба ҳисоб рафта, аъзоёни он ҷавононро бо  ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда,  ба ҷараёнҳои террористӣ, аз он ҷумла куштору ваҳшоният сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳое мебошанд, ки бо ҳар гуна роҳу восита ба рӯзгори инсон зиён мерасонанд.

        Ҳар як амалҳои террористие,ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехонем,  моро муваззаф менамояд, ки дар замири ҷавонон ҳисси баланда миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир, ҷиддаяту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул диҳем. Нагузорем, ки бештари вақти худро сарфаи истифода шабакаҳои иҷтимоӣ намоянд.

 Итминони комил дорем, ки ҷавонони саодатманди меҳан роҳи неки зиндагиро пешаи худ намуда, Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, ба хотири тақкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, вахдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона месозанд.

   Алим ҶУРАЕВ

 Аъзои гурӯҳи тарғиботии

 КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ

Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко

25 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро, ки ҷиҳати иштирок дар Форуми байнипарлумонии “Тоҷикистон-Русия – иқтидори ҳамкории байниминтақавӣ” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории кишварҳо дар сатҳи олӣ ва муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ карда, ба саҳми шахсии Валентина Матвиенко дар таҳкими маҷмӯи робитаҳои шарикии стратегии ду кишвар баҳои баланд доданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии ҳолати ҳамкории кишварҳо оид ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ ва Форуми байнипарлумонии Тоҷикистон-Русия дар густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули андеша карданд.

Дар мулоқот доир ба тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи байни минтақаҳои Тоҷикистону Русия, рушду тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, ҷалби сармояи Русия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус дар сатҳи минтақаҳо, гуфтугӯ сурат гирифт.

Ҳарду ҷониб ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳо дар бахши маориф, рушди забони русӣ, таъмини омӯзгорон барои мактабҳои русӣ, бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон ва ҷудо кардани бурсияҳои донишгоҳҳои Русия барои шаҳрвандони кишвари мо, мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, табодули афкор сурат гирифт.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27845

 

 

Рубрики
Асосӣ

КИВ ҲХДТ: СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ БА РАИСОНИ КУМИҶРОИЯҲОИ ШАҲРУ НАВОҲӢ

Имрӯз дар толори КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд семинари дастурдиҳии  як рӯза бо иштироки  раисони кумитаҳои иҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят, мутахассисони соҳаи гуногун доир гардид. Ҳадафи баргузории семинари мазкур тақвият бахшидан ва самаранок пеш бурдани фаъолияти ҳизбӣ дар самтҳои таъмини  амнияти миллӣ, пешгирии терроризму экстремизм, таълими ғайрирасмии динӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҳифзи иттилоот ба ҳисоб меравад.

 Семинари омӯзиширо Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи нақшаи чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани малакаву маҳорати роҳбарӣ, дониши сиёсӣ ва ҳушёриву зиракии раисони кумиҷроияҳои ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, ки дар саргаҳи татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ қарор доранд,  семинари дастурдиҳиро вобаста ба масъалаҳои пешгирии  экстремизм ва терроризм, роҳ надодан ба таълими ғайрирасмии динӣ, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи иттиллоот, амалҳои характери коррупсионӣ дошта, ҳуқуқвайронкунӣ, пешгирии зӯроварӣ ва шарҳу тавзеҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ташкил ва баргузор  карда истодааст.

Сипас раиси бахши вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён оид ба мавзӯъи “Ҳифзи иттилоот ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир” сухан намуд. Коршиносӣ воситаҳои иртиботӣ  Илҳоми Ҷамолиён дар семинари омӯзишӣ қайд намуд, ки шабакаи иҷтимоӣ – сомонаи интернетии чандкорбараи таъомулӣ ШИ – як платформаи онлайнӣ аст, ки одамон барои барқарор кардани иртиботот истифода карда, робитаҳои иҷтимоиро бо дигар афрод, ки дорои манфиатҳои ҳамсон ва ё муносибатҳои офлайнӣ (яъне берун аз интернет) ҳастанд, эҷод месозад. Ба ҳисоби миёна одамон ҳар шабонарӯз 6 соату 49 дақиқа умри худро дар интернет, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронанд. Дар соли 2018, тибқи омори расмӣ, одамон дар онлайн зиёда аз 1 миллиард солро сарф кардаанд. Ҳамарӯза шурӯъ аз январи соли 2018 ба ҳисоби миёна як миллион нафар барои худ бори аввал саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоиро боз мекунанд, яъне дар ҳар сония 11 нафар муштарии нави “ШИ” номнавис мешаванд. Мавсуф афзуд, ки дар ҷаҳони муосир наздик ба 4,5 миллиард сокинони сайёра бо интернет сарукор мегиранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, наздик ба 2 миллион нафар аз интернет истифода бурда, 4 миллиони соҳиби телефони мобилидошта метавонанд ба шабакаи интнерет пайваст шаванд.  Номбурда қайд намуд, ки бояд ҳамаи мо аз интернет самаранок истифода бурданро омӯзем, ҷанбаҳои мусбати онро қабул намоем вале  ба интернет сахт вобаста набошем ва ба ҳар гуна маводҳое, ки дар интернет паҳн мешаванд, бовар накунем. Бо истифода аз дониш дар такя ба манбаҳои муътамад ҷавоби воқеъбинона диҳем.

Ҳозирин дар мавзӯи “Экстремизм ва терроризм муаммоҳои ҳаёти имрӯзаи ҷаҳони муосир”маърӯзаи прокурори шуъбаи прокуратураи вилояти Суғд, мушовири адлияи дараҷаи 2 Рустамзода Азиз,   дар мавзӯи “Сиёсати таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” капитан Чоршанбиев Раҷаббек Дилдорович,  сардори шуъбаи мубориза бар зидди терроризми кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд, доир ба мавзӯъи “Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасон ва ҷавонон” майори милитсия, нозири шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ҷавонони хадамоти огоҳонӣ ва пешгирикунии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКДҶТ дар вилояти Суғд Толибзода Маҳмудҷон, доир ба мавзӯъи “Дар бораи барномаи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия то давраи соли 2030”  нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи  Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд, подполковники адлия Қодирҷонзода Абдуҷалол Қодир шуниданд.

Пас аз нисфирӯзи кори семинар идома дода шуда  вобаста ба мавзӯъи навбатии семинар шарҳу тавзеҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” Рустамзода Сӯҳроб –  мудири шуъбаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД “Роҳҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Гадойбоева Гулнора – сармутахасси Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд баромад намуданд.

Раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии Хуҷанд, Гулистон андешаҳояшонр перомуни баргузории семинари дастурдиҳӣ иброз доштанд.

Дар фарҷоми семинари мазкур Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба маърузачиён  ва иштирокчиён миннатдории Кумиҷроияи вилоятиро иброз дошта, қайд намуд, ки танҳо ҳамкории мутақобилаи ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ метавонад барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқуқи шаҳрвандон, дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, афзун намудани худшиносии миллӣ мусоидат намояд.  

Чунин семинарҳои дастурдиҳӣ минбаъд низ роҳандозӣ карда хоҳанд шуд.  

Рубрики
Асосӣ

Чорабинии тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДҲБСТ

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 29-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, ҷонишини Комиссариати ҳарбии горнизони вилояти Суғд Исмоил Раҳимзода, ҷанговарони интернатсионалист Яҳё Нурматов, Абдурасул Гадойбоев ва як зумра устодону донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ иштирок доштанд.

Ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки имрӯз туфайли баргузор намудани ҷамъомади тантанавӣ таърихи таъсиси Артиши миллиро варақ зада, роҳи тайкардаи онро пеши назар меорем. Ҷашне, ки ба хотири тантанаи он ҷамъ омадаем, ҷашни умумихалқӣ, ҷашни касбии онҳоест, ки туфайли мубориза ва ҷоннисориҳояшон мову Шумо дар вазъи ором ва осуда кору зиндагӣ дорем. Қарзи шаҳрвандии хеш меҳисобам, дар ҳоле ҷавонон бояд огаҳ бошанд, ки Артиши миллии мо дар кадом шароит бунёд шуд ва тӯли ин муддат то куҷо рушд кард ва таҷриба омӯхт.

Сипас, табрикоти раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд қироат гардид. Аз ҷониби меҳмонони чорабинӣ иброз шуд, ки афсарону сарбозони Артиши миллӣ дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ қарзи ватандории хешро дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу суботи сиёсӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат садоқатмандона ба иҷро расонданд. Имрӯз устувории низоми давлатдорӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ба сатҳу сифати фаъолияти ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва иҷрои бомасъулияту содиқонаи вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби афсарону аскарони диловари Ватан вобастагӣ дорад.

Воқеан, Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосӣ ва сипари боэътимоди давлатдории миллиамон ба ҳисоб рафта, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ нерӯи қодир дар ҳимояи марзу буми Ватан, кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва зиндагии осудаи сокинони мамлакат мебошанд.

Дар чорабинӣ аз диловарию матонат ва шуҷоати хизматчиёни Артиши миллӣ сухан рафт ва мактаби мардонагии онҳо дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ба хизмати Ватан омода гардидани онҳо муҳим арзёбӣ гардид. Бахусус, таъкид гардид, ки ҷаҳони муосир, ки пур аз зуҳуроти номатлуб ва дигар омилҳои манфӣ мебошад, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсиву ҳуқуқии онҳо шарт ва зарур аст. Танҳо бо садоқат ба Ватан ҳар як шахс метавонад дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат камари ҳиммат бандад.

Дар қисмати дуввуми чорабинӣ ба устодону донишҷӯёне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона адои хизмат намудаанд, туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ тақдим гардид.

Дар қисмати дигари чорабинӣ аз ҷониби дастаи созию овозии “Ошёни меҳр” барномаи фарҳангӣ ва саҳначаҳои хусусияти тарбиявидошта пешниҳод гардид. Суруду оҳангҳои дорои мазмуну мӯҳтавои ватандӯстона хотири иштирокчиёнро болида гардонд.