Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон

24 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои сокинони вилояти Хатлон дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар назди роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, амалисозии барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021 – 2025 вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 8300 иншоот бо таъсиси зиёда аз 40 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди корҳои назарраси то имрӯз амалигардида, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат дар нақшаи панҷсолаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, бунёди инфрасохтори зарурӣ ва бо санъати баланди меъморӣ бунёд намудани иншооту биноҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлонро ҳамаҷониба таҳлил карда, таъкид намуданд, ки суръати иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар соли 2021 ба талабот ҷавобгӯ набуда, сатҳи татбиқи лоиҳаҳои дар онҳо пешбинишуда дар қиёс бо нақшаҳо хеле паст мебошад.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута иҷрои сифатноку саривақтии лоиҳаҳои дар барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо воридшударо таъмин намуда, банақшагирии рушди иҷтимоиву иқтисодиро ба таври воқеъбинона ва бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилояти Хатлон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 63 миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Дар ин давра танҳо барои дастгирии буҷети шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби Ҳукумати мамлакат беш аз 5,5 миллиард сомонӣ субвенсия ҷудо карда шудааст. То ба имрӯз дар вилоят 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 15 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағи дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 7 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Танҳо барои бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз чор лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 500 миллион сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз чор лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ идома дорад.

Барои пурра ва босифат татбиқ кардани лоиҳаҳои дар вилоят татбиқшаванда, ҷоннок кардани раванди ҷалби сармояи мустақими ватанию хориҷӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмин намудани шароити мусоиди инфрасохторӣ роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд.

Ҳарчанд ки соли 2021 дар вилоят нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо 106,4 фоиз ва дар моҳи январи соли ҷорӣ 102,4 фоиз иҷро шудааст, вале сифати иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар шаҳру ноҳияҳо ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз ин ҳисоб соли 2021 ба буҷет беш аз 102 миллион сомонӣ ва дар моҳи январи соли ҷорӣ 7 миллион сомонӣ маблағ ворид нагардидааст. Ҳамчунин, бақияи қарзи андозҳо дар вилоят то ҳол зиёд буда, ба ҳолати 1-уми феврали соли ҷорӣ 182 миллион сомониро ташкил додааст, ки чунин вазъ бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо, роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат, ташаккули буҷети маҳаллӣ, истифодаи самараноки маблағҳо ва шаффофияти хароҷоти онҳо тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ супориш гирифтанд, ки барои дастрасии соҳибкории хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок, махсусан, дар ноҳияҳои дурдасти вилоят ва умуман зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноати вилояти Хатлон ва арзёбии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат оид ба саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ солҳои 2022 – 2026 “Солҳои рушди саноат” таъкид гардид, ки соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 10,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, нисбат ба соли 2020 беш аз 11 фоиз афзудааст. Соли 2021 дар вилоят ҳамагӣ 86 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1140 ҷойи корӣ ба истифода супорида шудааст, ки 36 адади онро корхонаҳо ташкил медиҳанд.

Ҷиҳати мутобиқ кардани нишондиҳандаҳои мазкур ба талаботи саноатикунонии босуръати кишвар, Сарвари давлат ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки бо ҷалби васеи соҳибкорону сармоягузорон рушди соҳаҳои мухталифи саноат, хусусан, саноати сабуку хӯрокворӣ, мошинсозӣ, химия, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва тавассути коркарди пурраи захираҳои ашёи хоми вилоят, аз ҷумла канданиҳои фоиданок, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш таъмин карда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридотро афзоиш диҳанд.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва роҳ надодан ба қатъ шудани фаъолияти корхонаҳо чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, бахусус, сармояи мустақим ва тақвияти иқтидори истеҳсолии вилоят тадбирҳои мушаххас андешанд. Ҳамзамон бо ин, барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бо технологияҳои замонавӣ ва дар ин замина таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолот ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ чораҷӯӣ намоянд. Барои расидан ба ин ҳадаф истифодаи самараноки минтақаҳои озоди иқтисод ва дар ин раванд ташкили паркҳои технологӣ ва маҷмааҳои саноативу агросаноатӣ зарур шумурда шуд.

Дастурҳои дигар ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва вазорати саноат ва технологияҳои нав ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли либоси мактабӣ дода шуд.

Вобаста ба рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ имконият медиҳад, дар Паёми Роҳбари давлат ба сохтору мақомоти дахлдор супоришҳои мушаххас дода шудааст. Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус, нахи пахта, пилла, пӯст, мева ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда аз Сарвари давлат дастур гирифтанд.

Барои таъмин намудани рушди соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат то ба имрӯз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло боз 4 лоиҳаи дигар ба маблағи 937 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар 14 соли охир хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бо зиёда аз 2 ҳазор техникаи кишоварзӣ ва 6 ҳазору 600 мошинолоти кишоварзӣ таъмин карда шудаанд. Соли 2021 кишоварзони вилояти Хатлон ба маблағи 20,7 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2020-ум 6,1 фоиз зиёд мебошад.

Нишондиҳандаҳои мазкур шаҳодати иқтидору имкониятҳои зиёди вилоят дар самти истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан, меваю сабзавот мебошад.

Роҳбарону масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар самти истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишт, беҳтар кардани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, истифодаи усулҳои агротехникаи пешрафта, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, инчунин, доир ба нигоҳдорӣ, коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти соҳа тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамчунин, ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки ҷиҳати зиёд намудани майдони боғу токзор, аз ҷумла бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот ва содироти маҳсулот ҳамаи имкониятҳоро сафарбар созанд.

Ба хотири расидан ба ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ вусъат додани корҳо доир ба ташкили корхонаҳои чорводориву парандпарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ зарур шумурда шуд.

Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор шуданд, ки барои беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва аз худ кардани заминаҳои нав тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ истифодабарии самараноки заминро таъмин намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорони ватандӯстро дар корҳои созандагӣ ва обод кардани гушаву канори сарзамин махсус зикр карда, таъкид намуданд, ки дар оянда низ ташаббуси ватандӯстона дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ бояд ҳаматарафа дастгирӣ ва вусъат дода шавад.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи нақлиёту боркашонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати наклиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” вазифа гузоштанд, ки бо истифода аз тахфифҳои ҷоригардида дар самти зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушду пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои бартараф кардани камбудию норасоиҳои ин бахшҳо супориш доданд, ки дар марҳалаи кунунӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ аҳли маориф, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, падару модарон, фаъолон ва аҳли зиё бояд чораҳои мушаххас андешанд.

Таъкид гардид, ки роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он бояд якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забонҳои русиву англисӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Раисони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои он Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати соҳибкасб гардонидани сокинон ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд. Дар ин самт масъулин супориш гирифтанд, ки хусусан, барои беҳтар намудани сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, омӯзиши ихтисосу ҳунарҳоро тибқи талаботи бозори меҳнат ба роҳ монанд.

Барои ислоҳи камбудиҳо дар соҳаи тандурустӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии беҳтари тиббӣ роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шуданд, ки доир ба бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва дигар камбудиҳои ҷойдошта фавран чораҷӯӣ намоянд.

Бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии ҳама гуна қонуншиканию ҷинояткориҳо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор шуданд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо, пурзӯр кардани корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ, махсусан, дар байни наврасону ҷавонон, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, одобу ахлоқи ҳамида ва эҳтирому риояи қонун тарбия кардани онҳо чораҳои мушаххас андешанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон минбаъд низ ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан сарҷамъу аҳлона ва содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ва сатҳи аз имрӯза беҳтари зиндагии ҳар як оила ноил мегарданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/27832

Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Аёдати ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ

Дар арафаи ҷашни 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам як қатор оилаҳои ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ аёдат карда шуданд.

Зимни аёдат Одилзода Рустам аз волидоне, ки фарзандонашон дар ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷони худро фидо карданд, аҳволпурсӣ карда ба муносибати 29-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд ва изҳор кард, ки давлату Ҳукумат хизматҳои шоистаи фарзандони бо шуҷоат, далер, қавиирода, бонангу номусро, ки ҷони худро барои озодии ватани худ дареғ надоштанд ҳеҷгоҳ фаромӯш намекунад.

Оилаҳои аёдат кардашуда шукронаи истиқлолияти кишварро намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои ҳамешагӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.      

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Номаи меҳр

Ҳамасола дар қаламравӣ кишварамон  Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана қайд карда мешавад. Ба ин муносибат аз тарафи намояндагии роҳбари  Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “ Созандагони Ватан” ва  мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аксия таҳти унвони “Номаи меҳр” гузаронида шуд, ки дар он бо номаи табрикотӣ собиқадорони ҳизб, аъзоёни фаъол ва шахсоне, ки  хизмати Ватан – модарро сарбаландона адо намудаанд,  аёдат карда шуданд. Ҳамчунин ба сокинони шаҳр варақаҳои табрикотии кумиҷроия тақсим карда шуд.

Мақсад аз гузаронидани ин аксия дидорбинии собиқадорон ва расонидани номаи шодбошии Раиси кумиҷроияи шаҳр мебошад.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Родмардони шуҷои Ватан!

Ҳамасола 23 – феврал дар қаламрави кишварамон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад. Ба ин муносибат як қатор чорабиниву вохӯриҳо ва аёдати ашхосе, ки барои ҳифзи марзу буми  Ватан хизматҳои шоён кардаанд, гузаронида мешавад.

Аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд якчанд нафар иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, интернатсионалист ва оилаҳое, ки фарзандонашон барои ҳифзи Ватан ҷони худро фидо кардаанд, бо туҳфаҳо ва маводи озуқа аёдат карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки шахсоне, ки дар ҳақиқат баҳри пойдории сулҳу суботи Ватан саҳм гузоштаанду хизматҳои шоён кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз мадди назари давлат дур намемонад. Махсусан, чунин шахсон дар ҳар иду айём аз тарафи кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд аёдат карда мешаванд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, дар сулҳу ваҳдат ва осоиштагии Тоҷикистон

Бо номи оламовараш хурд қасам,

Бо шири сафеди модараш хурд қасам.

Бо ҳастии нангпарвараш хурд қасам,

Бар ҳар сари ҷоми кишвараш хурд қасам.

Бедор шудем, бедор шудем,

Тақдир якаст, ин қасами ҳар яки мост.

Бар халқу ватан нишонаи меҳру вафост

Баҳри ҳама дарди зиндагӣ ҳамчун давост.

Зеро, ки ба шири модару номи худост,

Дар ин қасамӣ, дар ин қасамӣ.

 МАҚОЛА: Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд  дар кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун, давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳисси таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки ориёинажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва  усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?

Суолҳои болоӣ ва садҳо суоли дигар, ки дар даврони худшиносӣ, истиқлолияти миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон дар пешорӯйи мо қарор мегиранд, ҳар фарди ҷӯяндаву бедордилро ба гузаштаҳои дури таърихи халқи тоҷик ҳидоят менамояд, ки ин гуфтаҳо дар китоби Пешвои миллат, “Тоҷикон дар оинаи таърих” омадааст.

Имрӯз ҷомеи аз нав эҳё гардидаи мо тоҷикон саҳм ва нақши фарзанди фарзонаи миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон асосист.

Сабақҳои ибратомӯзи таърих роҳи гузаштаву имрӯзу ояндаро пешорӯйи мо қарор дода, чун ҳаками одил гирҳи бурду бохтҳои силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушояд.

Саҳифаҳои  таърих то ба Ваҳдат расидан, худ гувоҳи онанд,  ки дар тӯли ҳаёти сипаригардидаи инсонӣ таърих бисёр касоеро   ёд дорад, ки дар ҷомеа нақш ва саҳми босазои худро гузоштаанд. Ба монанди  Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айниву, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва чанд тани дигар, ки ҷони худро нисори давлат кардаанд.

Мо ба гузашта ба хотири парастиши соддалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриоддӣ ноил гаштаанд, рӯй меоварем. Зеро чунин абармард баъди   ҳазорсолаҳо бахусус дар таърихи давлатсозиву давлатдории тоҷикон ба миён омад ва дар харитаи геополитикии ҷаҳон мавқеъ ва сарзамини мо тоҷиконро  на танҳо поягузошт, балки ин халқу миллатро давлати соҳибистиқлолу соҳиб тоҷ гардонд.

Баъди  пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги бародарӣ оғоз гардид. Он даврае, ки ғояҳои интернатсионализми сохта мағзу устухони низоми мавҷударо фаро гирифта, ҳама гуна кӯшишҳои худшиносии миллӣ саркӯб мешуданд, Маҳз дар ҳамин марҳилаи душвори зиндагии мардуми тоҷик аз тарафи Пешвои миллат, роҳбари мақоми аввали ҷумҳурӣ, даст задан ба омӯзиши тақдири таърихии миллати тоҷик худ як қаҳрамонист.

Воқеан таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин, марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ, расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург, шахсиятҳои оламшумули қавму қабилаҳои хеш огаҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонанд. Имрӯз аз файзи Истиқлолият мо ба Ваҳдат расидем ва имкон пайдо кардем, ки омӯзишу таҳқиқи таърих, забон ва фарҳанги худро бидуни бими “ранҷиши дӯстон” ва бе ороишҳои дурӯғин, ки таърихи мо аслан ба онҳо ниёзе надорад, анҷом диҳем.

Дар ҳақиқат мо имрӯз ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ тарафдорем ва иқрор ҳам гаштаем, ки дар минбари баланди бастани Созишномаи истиқрори сулҳ дар назди халқ ваъда доданд , ки “Ман ба Шумо сулҳ меоварам!” Истиқлолият имрӯз ба мо пеш аз ҳама сулҳ дод, пару боли озод, хонаи ободу рӯзгори шод, оилаи солиму ҷомеаи солим ва парвози умедро ҳадя намуд, ки дар ин озодӣ, якдигарфаҳмӣ мову фарзандони мо хушбахтона умр ба сар мебарем. Хушбахтии ҳар як мардум пеш аз ҳама дар тинҷиву осудагии давлати ӯ ва хушбахтии сарвари ӯ зоҳир мегардад.

Имрӯз фахр аз он мекунем, ки чунин пешво дорем.  Аз таҳти дил мегӯем, ки фахри миллат – Пешвои миллатам.

Пӯлотова М. – омӯзгори кафедраи фанҳои

ҷамъиятии ДДҲБСТ

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Аёдат дар арафаи ҷашнҳо

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ аëдати оилаи Давлатов Собирҷон, ки баҳри барқароркунии сохти конситутсиони ҷон фидо кардааст аёдат карда шуд. Аз ин иқдом хонаводаи аёдатшуда болидарӯҳ гардида минатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонидан ва дар ҳақи роҳбари давлат дуои нек намуданд.

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Вохӯри бо хатмкунандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4

Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Борбад Баҳромзода дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4, вохурӣ бо хатмкунандагон оиди пешгири ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродӣ, саҳми ҷавонон дар пешрафти Тоҷикистони азиз, сафарбарии ҷавонон бап хизмати Втан Модар мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ баромад намуда, изҳор дошт, ки мо ҷавонон фирефтаи суханҳои макоронаи хоинон ватан нашуда, балки кӯшиш намоем, ки зараеҳам бошад барои ободии диёри хеш саҳмгузор бошем. Дар фаровари мулоқот хонандагони муассисиаи таълимӣ ваъда доданд, ки мо ҷавонон саҳми арзандаи хешро барои пешбурди кишвари азизамон Тоҷикистон мегузорем.

Рубрики
Асосӣ Мақола

МАСТЧОҲ: Тероризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеа

АНДЕША: Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мо ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудем, ки арзишмандтаринаш он Ваҳдати миллӣ ва сулҳи комил маҳсуб меёбад.

Яке аз зуҳуротҳое, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи рўзмарра табдил ёфтааст ва ба сулҳу ваҳдати милли хатарнок аст, ин терроризим ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Барои дарк кардани моҳияти ин зуҳурот ба мо баррасӣ намудани таърихи пайдоиш, шаклгирӣ ва намудҳои он лозим меояд.

16 ноябри соли 1999 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» имзо гардид. Мақсади асосии қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад: тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм; ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм; ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.

Президенти ҶТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни баромаданашон дар конгресси СММ “Доир ба барҳам додани ҷинояткорӣ ва ҷавобгарии онҳо”, 13 апрели соли 2000 дар шаҳри Вена (Австрия) таъкид намуда буданд, ки “Мо терроризмро дар ҳама шаклҳои зуҳураш маҳкум менамоем ва зарур мешуморем, ки тамоми қувваҳои солими ҷаҳонро баҳри барҳам додани ин хатар дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва дараҷаи миллӣ сафарбар намоем”.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра ҳаст

Яке аз қисматҳои асосии паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид масъалаи Тероризму Ифродгарои ба ҳисоб рафта, таъкид намуднд, ки «Вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷўӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои нави ҷанги сард боиси нигарони гардидааст, дар ин давра зиёда аз сад давлати ҷаҳон мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии терористон ва ифротгароён қарор гирифт» Имрўзҳо дар атрофи хатари ифротгароӣ ва тероризм ба сифати омили нисбатан хавфнок, ки бевосита ба ҳаёти ҷамъиятӣ – сиёсии кишварҳо таъсири ногувори худро мерасонад, андешаҳо тариқи воситаҳои гуногуни иттилоотӣ расонида мешаванд. Ифротгароӣ ва тероризм дар воқеъ падидаи нохуб буда, дар замони муосир вобаста ба омилҳои маъмули ҷаҳонишавӣ бо хислат ва шаклҳои гуногун фарогири андеша ва амалҳои як қишри таркибии аҳолии давлатҳо ба хусус ҷавонон гардида истодааст.

Экстремизм – аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маъноаш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро баҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобаста мебошад. Терроризм ва экстремизм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст.

Дар адабиётхои хукуки якчанд намудҳои терроризмро пешниҳод намудааст:

• терроризми мухолифони давлат, терроризми давлатӣ, терроризм чун самти сиёсати сатҳи давлатӣ;

• терроризми фардӣ, -нисбати шахси муайян;

• терроризми оммавӣ – нисбати шахсони ногаҳонӣ;

• терроризми ҷиноятӣ.

Тероризм ва экстремизм вобаста ба асолат ва моҳияти худ аз ҷумлаи он амалҳо ва падидаҳои нохубе мебошад, ки барои дилхоҳ давлатҳо хатарҳои навро эҷод менамояд. То ба имрўз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои илмҳои ҷомеашиносӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳури ин падидаҳои номатлуб дар кишварҳои ҷаҳон мавриди тадқиқ ва омўзиш қарор гирифта истодааст. Ба ақидаи қисме аз ин олимон пайдоиш ва зуҳури чунин амалҳои барои ҷомеаи ҷаҳони хавфнок, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобастагии амиқ дорад. Дар ҷои дигар бошад зуҳури чунин падидаҳоро ба ангезаҳои сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.

Ба андешаи мо, сабаби чунин рух додани ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон бо мактаб, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки боиси ба дарсшиканӣ роҳ додани ҷавонон ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад, дида мешавад.

Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои экстремистӣ ва терористи зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.

Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем. ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошем набояд зудбовар, содда ва фирефтаи суханҳои дурўғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил шавем.

Сурманов Элёр Абдурашидович вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ.

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Баргузории мизи мудаввар

         Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар литсейи касбӣ-техникӣ бахшида ба 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид, ки дар он ҷанговарони байналмилал ва сохти конститутсионӣ М.Олимов, Аҳмадҷон Шарифов, Убайдулло Маллаев, Фатҳулло Абдубоқиев, Муҳиддин Маъмуров иштирок намуданд.

         Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ мудири шӯъбаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан М.Абдуваҳҳобова оғоз намуда, меҳмонон муаррифӣ намуд.

         Нахуст, раиси шӯрои ҷанговарони байналмилал, муҳофизи сохти конститутсионӣ Мирзо Олимов баромад намуда, дар бораи иштирокаш дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, душвориҳои солҳои ҷанги бародаркушӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат дар таҳкими сулҳу суботи ҷумҳурии азизамон сухан ронд.

         Ҷанговарони байналмилал Аҳмадҷон Шарифов, Убайдулло Маллаев, Фатҳулло Абдувоҳидов, Муҳиддин Маъмуров низ дар бораи иштирокашон дар набардҳои ҳамсоякишвари Афғонистон дар ҳифзи музаффариятҳои Инқилоби Савр сухан ронданд. Аз ҷумла зикр намуданд, ки ҷавонон фирефтаи бархе аз хоинони миллат нагарданд, ватани худро дӯст доранд ва ба қадри сулҳу субот ва осмони софи Тоҷикистон бирасанд, илм омӯзанд, калонсолонро ҳурмату эҳтиром намоянд.

         Донишҷӯёни литсей Шаҳзода Ҳабибҷонзода, Холиқов М, Розиқов Сӯҳроб дар баромади худ зикр намуданд, ки роҳи тайкардаи падарони шӯҳратманди худро идома медиҳанд.  

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Мусобиқаи футбол

         Бахшида ба 29-солагии Рӯзи таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан мусобиқаи футбол байни дастаҳои ғайрикасбии сокинони синну соли гуногуни ҷамоати деҳоти “Чорбоғ” доир гардид.

         Дирӯз даври ҷамъбастии мусобиқа барпо шуд, ки дар он дастаи ғайрикасбии “Истиқлол” сазовори ҷойи якум ва дастаи “Лочин” сазовори ҷойи дуюм шуданд.

         Ғолибон бо дипломҳои хотиравӣ ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан қадрдонӣ гардиданд.