Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Саҳми волонтёрон дар ваксинагирии шаҳрвандон

“Ваксина ҳаётро наҷот медиҳад!” дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд

байни шаҳрвандони аз 18-сола корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати саривақт гирифтани ваксина ба роҳ мондаанд.

Давоми 6 рӯзи ин ҳафта (аз душанбе то шанбе) онҳо ҳамарӯза чорабинии иттилотӣ гузарониданд.

Даъвати саривақтии волонтёрон буд, ки сокинони шаҳр ба марказҳои саломатӣ рафта, дар маъракаи муҳими эмгузаронӣ дастҷамъона иштирок намуда истодаанд.

Бо ин васила волонтёрон дар ваксинагирии дастҷамъонаи шаҳрвандон саҳми назаррас гузошта истодаанд. Онҳо ба манзили зисти истиқоматкунандагон ва корхонаву муассисаҳои шаҳри Хуҷанд рафта, муҳим будани ваксинагириро ҳамаҷониба фаҳмонида, варақаҳои иттилоотиро дар ин мавзӯъ тақсим карда истодаанд.

Ин буд, ки то ба санаи 29-уми январи соли равон аз 109 ҳазору 276 нафар шаҳрвандони аз 18-сола болои шаҳри Хуҷанд, 102 ҳазору 540 нафар ё худ 93,8 фоиз дар ин маъракаи муҳими саломатӣ иштирок намуда, барои мубориза бар зидди бемории COVID-19 вояи 1-уми ваксинаро гирифтанд.

Шумораи онҳое, ки вояи 2-юми ваксинаро низ гирифтаанд, 81 ҳазору 767 нафар мебошанд, ки 74,8 фоизро ташкил медиҳад.

Рубрики
Uncategorized

ХУҶАНД: Ҷамъбасти курсҳои такмили ихтисос

     

Имрӯз, санаи 29.01.2022 бо истифода аз ҷамъбасти курсҳои такмили ихтисос, ки дар филиали Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар вилояти Суғд дар ҳар марҳила ба ҳукми анъана даромадааст, бо иштироки мушовирон, мудирони кабинетҳои методии шаҳру ноҳияҳои вилоят, омӯзгорон – шунавандагони курсҳои такмили ихтисос аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, пешқадамони соҳаи маориф ҷамъ зиёда аз 150 нафар маҷлиси васеи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти филиали Донишкада дар соли 2021 ва вазифагузориҳо барои соли 2022 баргузор гардид. Дар кори маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд профессор Каримзода Осим Қосимӣ, Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят Мӯсобек Мироватов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал ба кори ҷаласа директори филиали Донишкадаи такмили ихтисоси вилоят Исомаддинзода Муҳаммад Эргаш ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин оид ба натиҷаҳои фаъолияти муассиса дар соли 2021 ҳисобот дод. Қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи нақшаи тақвимӣ аз 294 номгўи курсҳои такмили ихтисос бо фарогирии 7350 нафар омўзгорон 303 курсҳои такмили ихтисос бо фарогирии 7704 нафар омўзгорон, ё баробари 103%-и баргузории курсҳи такмили ихтисос ва 105%-и нақшаи фарогирии омўзгорон ташкил ва гузаронида шуда, марбут ба масъалаҳои мубрами соҳа ва методикаи таълиму тарбия 56 адад семинарҳои мақсаднок доир карда шудааанд. Дар курсҳои такмили ихтисоси ҷумҳуриявӣ дар давраи ҳисоботӣ 117 нафар омўзгорони вилоят малакаю маҳорати касбии худро баланд бардоштанд, ки 100% иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин зикр гардид, ки давоми соли сипариишуда аз ҷониби омӯзгорони филиали Донишкада 1 адад китоб доир ба методикаи таълими санъати тасвирӣ дар муассисаҳои томактабӣ, 63 адад мақолаҳои илмӣ ва илмию-методӣ, 21 адад дастур ва модулҳои таълимии марбут ба масъалаҳои мубрами маориф, хусусан дар самти такмили маҳорату малакаи касбии омўзгорон таҳия ва нашр карда шуда, ба 35 адад дастурамалҳои аз ҷониби омўзгорони вилоят таҳиягардида тақризҳо навишта шудааст.

Роҷеъ ба мавзӯъҳои марбут ба иду ҷашнвораҳои миллӣ аз қабили Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврўзи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Конститутсия, Рўзи омўзгорон ва дигар масъалаҳои мубрами таълиму тарбия 10 конфренсияҳо, 12 мизҳои мудаввар, 4 озмунҳо ва 1 семинари вилоятии дастурдиҳӣ, дар маҷмўъ 27 адад чорабиниҳои илмӣ ва илмию методӣ ташкил ва гузаронида шудааст. Бо истифода аз иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар директори филиал М.Исомаддинзода аз фаъолияти густурдаи аъзоёни ҲХДТ, ки аз 65 нафар кормандон 58 нафар, ё баробари 86,5%-ро ташкил медиҳанд, гузориш дод.

Баъдан гузориши муовини директор оид ба илм ва инноватсияи филиали Донишкада Рустамов Шавкат оид ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомўзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар филиали ДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд давоми солҳои 2018 – 2021 шунида шуд. Қайд гардид, ки воқеан барнома ҷиҳати рушди системаи такмили ихтисос мусоидати ҳамаҷониба намуда, ҳуҷҷати саривақтӣ ба ҳисоб меравад. Дар заминаи Барнома имрӯз филиали Донишкада соҳиби бинои таълимии дорои имкониятҳои васеъ гардида, дорои 18 адад синфхонаҳои фаннӣ, кабинетҳои муҷаҳҳази таълимӣ ба монанди 2 кабинети технология (таълими меҳнат), 2 кабинети технологияи иттилоотӣ, кабинети забонҳои русию англисӣ ва маркази инклюзивӣ (фарогир) барои кӯдакони имкониятан маҳдуд мебошад. Машғулиятҳо бо истифода аз васоити техникӣ, тахтаҳои интерактивӣ, проекторҳои мултимедӣ ва маводҳои гуногуни дидактикӣ, модулҳои таълимӣ ва ғайра ба роҳ монда шудаанд. Имрӯз дар филиали Донишкада як нафар доктори илм, профессор, 7 нафар номзадони илм, дотсентон, 34 омӯзгорони калон ва 8 нафар унвонҷӯён самаранок кору фаъолият дошта, дар рушди илми кишвар саҳми муносиб мегузоранд.

Сипас раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд кард, ки соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати Пешвои муаззами миллат ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, самти афзалиятнок ва ояндасози кишвар маҳсуб меёбад. Равона гардидани аз нисф зиёд хароҷоти маблағҳои буҷетии давлат, сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимии муҷаҳҳаз ва ҳамасола баланд бардоштани маоши кормандони соҳа гувоҳи он аст.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, профессор Каримзода Осим Қосимӣ дар баромади ҷамъбастии худ аз камбудию норасоиҳои соҳа дар қаламрави вилоят суханронӣ намуда, ҳарҷи бештар фаро гирифтани омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос, назорати давомот ва иштироки шунавандагон ба курсҳо, ҳарчӣ бештар расонидани ёрии методӣ, назорати самаранокии раванди таълим ва омӯзиш, паҳн кардани таҷрибаҳои пешқадами педагогиро аз масъалаҳои муҳим ва мубрами системаи такмили ихтисос донист ва ҷиҳати ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба масъулин ва иштирокчиёни ҷаласа дастуру супоришҳо ва вазифагузорӣ намуд.

Инчунин, Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят Мӯсобек Мироватов дар баромадаш саҳми омӯзгорони вилоятро дар рушду такомули соҳаи маориф мусбӣ арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкории Донишкада бо кумита андешаҳои худро баён намуд.

Ҳамин тариқ, ҷаласа ҷиҳати масъалаҳои баррасигардида, бо назардошти камбудию норасоиҳои соҳа ва вазифагузориҳои сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ қарорҳои дахлдорро қабул кард.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби садорати маҷлис як қатор шахсони масъул аз ҷумлаи кормандони филиали Донишкада, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ифтихорномаю сипосномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ДҶТИБКСМ, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Раёсати маорифи вилояти Суғд, Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят ва филиали Донишкада сарфароз гардонида шуда, ба хатмкунандагони курсҳои такмили ихтисос дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои хатм супорида шуд ва ба мудирони кабинетҳои методии шаҳру ноҳияҳои вилоят маводи зарурӣ роҷеъ ба нақша – чорабиниҳо ва фаъолияти минбаъда дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон дастрас карда шуд.

Рубрики
Uncategorized

ПАНҶАКЕНТ: Ҳизбиён ҳисобот медиҳанд

                   

         Тибқи нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ баргузор мешаванд.

          Аз ҷумла , дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Нурафшон”, ки барқчиёнро муттаҳид менамояд, раиси ташкилоти ибтидоӣ  Беҳрӯз Бобоев таъкид намуд, ки таҷдиди сохтори шабакаҳои барқи шаҳр ба фаъолияти онҳо низ таъсиргузор буд ва соли ҷорӣ бояд он хуб роҳандозӣ карда шавад.

           Дар маҷлиси ҷамъбастии  ташкилоти ибтидоии ҳизбии беморхонаи минтақавии  деҳаи Ғӯсар ба фаъолияти он дар соли гузашта баҳои баланд доданд. Тавре раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, сардухтури беморхона Афзалшо Иброҳимов дар ҳисобот зикр кард, ҳизбиён дар баргузории хонишҳои сиёсӣ, корҳои тарғиботӣ, таҳияи ҳисоботҳо, қабул ба сафи ҳизб, пардохти аъзоҳаққӣ, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ фаъол буданд ва ин кор дар соли равон низ идома дода мешавад.

          Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Бурсибой Лутфуллоев дар ин ҷаласаҳо сухан карда, вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро дар соли равон ёдовар шуд.

Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Ҳунар омӯз к-аз ҳунармандӣ

      

Ҳунару ҳунармандӣ дар ҳама давру замон, мақоми воло дорад ва шахси ҳунарманд ҳамеша боқадру болонишин аст. Ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо ягон дороӣ, сарват, симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар зиндагиро зебоӣ мебахшад.

Ҳунарманди асил бо ҳунари волои худ дар ягон давру замон ба касе ё чизе эҳтиёҷ пайдо намекунад. Дастнигар намегардад, зеро худ кони ҳунари волост. Ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузургест, ки бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дилҳои инсонист. Назокатҳои нафосати ҳар як ҳунарманди асил сирри ниҳони худро дорад, ки дастовардҳои ҳар як ҳунарманд аз дигаре хубтару беҳтар диққати бинандаро ба худ ҷалб менамояд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ҳунармандон хеле зиёданд, ки маҳз бо ҳунари волои худ дар байни мардум обрӯю нуфуз пайдо намудаанд. Ҳунарманд ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ танқисӣ намекашад ва бо ин истеъдоди худ зиндагиашро пеш мебарад.Мудири шуъбаи занҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М бо якчанд занҳои ҳунарманди ноҳия мулоқот намуда, аз маҳсули ҳунари онҳо дидан намуданд.

Рубрики
Uncategorized

Б. ҒАФУРОВ: Идомаи омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии минтақаи Исфисор

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо мақсади омӯзиши фаъолияти кори ташкилотҳои ибтидоӣ, ба низом даровардани ҳуҷҷатгузориҳои ҳизбӣ, қабул ба сафи ҳизб, иҷрои Оиннома ва Низомномаи ҳизбӣ, аз ташкилотҳои ибтидоии минтақаи Исфисор дидан намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, дастурҳои судманд доданд.

Рубрики
Uncategorized

Б.ҒАФУРОВ: Идомаи корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ оиди гузаронидани ваксинатсия

                         

Масъулини кумиҷроияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, бо якҷоягӣ бо кормандони тибб ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии “COVID-19” ва ҷалб намудани сокинон, барои гирифтани ваксина бо усули фаҳмондадиҳӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотиро идома дода истодаанд. 

Рубрики
Uncategorized

АШТ: Ворух порае аз қаламрави таърихии Тоҷикистон аст!

Деҳаи Ворух севвумин маркази таърихию фарҳангии водии Исфара мебошад. Вожаи Ворух аз “вара”-и форсии қадим гирифта шуда маънии “қалъа”, “мавзеи ба девор иҳоташуда”-ро дорад. Аз сабаби дар мобайни кӯҳҳо ҷой гирифтан Ворух номгузорӣ шудааст.

Имрӯз ин ҷо мо бесабаб ин сатрҳоро интишор намекунем. Зеро ҳодисаҳои рӯзҳои охир дар марзи Ворух бо Қирғизистон собит намуда истодааст, ки мо хома ба даст гирему порае аз қаламрави таърихии кишвари азиз, марзу бум, хоки Тоҷикистон, деҳаи Ворухро, ки маҳсуб аст ба шаҳри Исфара пайгирӣ намоем.

Мардуми қирғиз хуб медонанд, ки Ворух аз Тоҷикистон аст ва ҳеҷ гоҳ онро гирифта ҳам наметавонанд! Халқи шарафманди тоҷик, ки нангу номуси баланди миллӣ доранд ва ба ин ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд.

Тоҷикон фарҳанги бою ғанӣ ва маданияти воло доранд, дар мубориза ба ҳама гуна падидаҳои бегона муваффақ гаштаанд. Боварӣ дорем, дар ин набард низ сарбаланду муваффақ мегарданд. Ҳар як фарди банангу номуси ин сарзаминро мебояд, ки ба хотири нигоҳдошт ва таъмини ободиву оромӣ, суботи кишвар ва ҷомеаи мутамаддин саҳми сазовори хешро гузошта бошанд. Зеро ин сулҳу суботи комил ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои ба даст овардани он фарзандони фарзонагон талоши зиёде ба харҷ додаанд.

Мо тоҷикон ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки кишвари азизамон бори дигар ба як кишвари ҷангзада табдил гардад. Мехоҳем мардум зиндагии орому осуда дошта бошанд, дар кишвар сулҳу субот то абад пойдор бимонад.

Бори дигар қайд кард, ки Ворух аз они тоҷикон аст! Мардуми тоҷик марзу бум ва ҳар пора хоки Ватанро азизу муқаддас мешуморанд. Намегузоранд, ки пои душман ба хоки поки Тоҷикистон расад. Доимо устувор, омода ба хизмати Ватан буда, таҳти сиёсати дурандешонаву сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъона ин мушкилотро бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намуда, баҳри якпорчагии кишвари маҳбуб саҳми хешро мегузоранд.

КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АШТ

Рубрики
Uncategorized

АШТ: Идомаи корҳои фаҳмондадиҳи ҷиҳати фаро гирифтани аҳолӣ ба иммунизатсияи зидди вирусӣ

Санаи 31-уми январи соли 2022 масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт баҳри тақвият бахшидан  ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии “COVID-19” ва ҷалб намудани сокинони ноҳия ба Ваксина бо усули хона ба хона дар маҳаллаи  Ф.Турсунматови ҷамоати шаҳраки Шайдон корҳои тарғиботиву ташвиқотиро идома дода, ба сокинон оиди пешгирӣ намудани онҳо бемориҳои сироятӣ, фаро гирифтани онҳо ба ваксина ва эҳтиёт намудани кӯдакони хурдсол низ аз ин бемориҳо мулоқоти ру ба ру намуданд.