Рубрики
Асосӣ

Исфара: ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАРҒИБОТИИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СУРХИ ШАҲРИ ИСФАРА

Дар ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара вохӯрии гурӯҳи тарғиботии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд бо сокинони  деҳоти мазкур баргузор гардид.

Вохӯриро муовини раиси шаҳри Исфара Зиёваддинзода С оғоз бахшида, иттилоӣ дод, ки вохӯрии мазкур бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кории худ ба шаҳри Исфара ироа гардиданд, баргузор мешавад.

Исмоилзода З. М –раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба моҳияти супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳҳои татбиқи онҳо сухан гуфт.

Рубрики
Асосӣ

Исфара: БАҲРИ ТАТБИҚИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА

Тибқи нақша чорабинии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар ҳамбастаги бо КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо оид ба татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз санаи 14 то 18-уми апрели соли равон дар ташрифи навбатиашон ба вилояти Суғд баргузор гардид.

 Дар толори Филиали Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара мулоқоти судманд бо ҷавонон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси КИВ ҲХДТ Исмоилзода З. М, Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зокиров С, профессор, устоди ДДХ ба номи Академик Б. Ғафуров Набиев В. М, муовини раиси шаҳри Исфара Зиёваддинзода С иштирок ва баромад намуданд.

Мулоқотро муовини раиси шаҳри Исфара Зиёваддинзода С ҳусни оғоз бахшида, чунин қайд намуданд, ки санаи 17-уми апрели соли 2022 дар шаҳри Исфара мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони шаҳри Исфара баргузор гардид.

Зимни ин мулоқот аз ҷониби сарвари давлат оид ба истифодаи самараноки замин, пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал, таъсири манфии омилҳои беруна вобаста ба вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, таҳкими тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа додан, дастуру супоришҳои мушаххас иброз гардид.

Дар навбати худ гурӯҳи тарғиботии КИВ ҲХДТ низ бо навбат оиди масъалаҳои зикршуда, фикру ақидаҳои худро баён намуда, маслиҳатҳои муфиду судманд доданд.

Рубрики
Асосӣ

Исфара: ҲИЗБИЁН БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ

КУЛКАНДИ ШАҲРИ ИСФАРА СӮҲБАТ ОРОСТАНД

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи сафари навбатии кориашон ҳангоми мулоқот бо фаъолони шаҳри Исфара иброз доштанд ва ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара санаи аз санаи 21.04.2022 мулоқоту вохӯрҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Исфара баргузор гардида истодаанд.

Гурӯҳи корӣ ҷиҳати пешгирии кардани гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикалӣ, экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сару либоси бегона ва анъанаҳои номатлуб, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин бо занони хонашин, собиқадорон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва сокинони касбу кори гуногун дар толори МТМУ №34-и ҷамоати деҳоти Кулканд мулоқот баргузор гардид.

Рубрики
Асосӣ

ҶАББОР РАСУЛОВ: Қабули аъзои нав ба сафи ҳизб

Барои ҷалби аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мардум ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд.

Санаи 27 апрели соли 2022 мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии ҲХДТ-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Ахмедов Дониёр дар ТИ ҲХДТ «Гулшан» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз дар фазои тантанавӣ ба аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорид. Масъули соҳа аъзоёни нави ба сафи ҳизб қабулшударо табрик намуда дар бораи вазифаҳои ҳар як аъзои ҳизб дар пешбурди корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, барои фаҳмонидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, самаранок истифода намудан аз заминҳои назиҳавлигӣ ва президентӣ, захираи маводҳои ғизои 2 сола, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва эҳсоси ватандориву худшиносии миллӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза ба муқобили терроризму экстремизм суханронӣ намуд.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: Рамазон – моҳи хайру эҳсон

          Дастгирии дармондагон, хайру эҳсон ба эҳтиёҷмандон, меҳрубонию шафқат ба  беморону дардмандон аз умдатарин фазилатҳои моҳи шарифи рамазон аст, ки мардуми мо асрҳо боз ба он риояву пайравӣ мекунанд.

          Дар ин радиф кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент тасмим гирифтанд, ки фитри рӯзаи моҳи рамазонашонро ҷамъ намуда, барои хайру эҳсон масраф намоянд.  Бо ҳамин ният раиси Кумитаи иҷроия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ҳамроҳи кормандони Кумитаи иҷроия ба аёдати сокини шаҳр Зулайхо Мансурова рафтанд, ӯро бо иди саиди фитр, ки пас аз се рӯз фаро мерасад, табрик гуфта, ба ӯ як миқдор маводи хурока  тақдим намуданд ва дуои хайрашро  гирифтанд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: МИЗИ МУДАВВАР: “ЗИРАКИИ СИЁСӢ ОМИЛИ МУҲИМИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА”

   Дар Коллеҷи технологии шаҳр масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи сафари навбатии кориашон ҳангоми мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иброз доштанд, мизи мудаввар таҳти унвони” Зиракии сиёсӣ омили муҳими пешрафти ҷомеа ” баргузор намуданд. Ҳадаф аз роҳандозии чорабинии мазкур мусоидат дар тарғибу ташвиқот байни ҷавонон бобати пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу равияҳои тундгаро, тарғиби тафаккури солим , баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии ҷавонписарон ва ба сафи хизмати Ватан-модар даъват сохтани онҳост.

Дар чорабинӣ Мирмуллоев Назирҷон-мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Маҳмудов Фахриддин-имомхатиби масҷиди ҷомеи Зарбед, Тураева Муаззамхон –раиси Шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ва омузгорон, ҷавонони фаъоли шаҳр,аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳузур доштанд.

Нахуст чорабиниро муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Шерматова Фирӯза ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи баргузории чорабиниро баён намуданд. Дар рафти чорабинии мазкур аз тарафи аъзоёни фаъоли ҲХДТ маърузаҳо оид ба мавзуъҳои “Истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва бартарафсозии таҳдиду буҳтонҳои хоинони миллат”, “ Занону бонувон амалҳои номатлубро маҳкум мекунанд!”, ” Терроризм ва ифротгароӣ амалҳои номатлуби ҷаҳонӣ”, ” Тарзи либоси миллӣ на моро мусулмонтар мекунаду на исломро ғанитар…” пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Инчунин аз тарафи муҳассилини муассисаи миёнаи №3 шеърҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва Пешвои миллат қироат гардид. Аз тарафи масъулон бобати масъалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла, терроризму экстремизм, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақидарониҳо шуда, аз ҷавонони ватандӯст даъват ба амал оварда шуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода,бар Ватани хеш содиқона хизмат намоянд ва барои суботи ҷомеаю кишвар ҳисси арзандаи худро гузоранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҷавонон низ андешаронӣ намуда,ба саволҳои худ ҷавобҳо гирифтанд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ҶАЛАСАИ РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БО АЪЗОЁНИ РАЁСАТ

Нимаи дуюми санаи 28.04.2022 ҷаласаи Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо аъзоёни раёсати кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом бобати масъалаи мубрами рӯз : даъвати баҳоронаи ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар баргузор гардид.

Муҳтарам Исмоилзода З.М. аз шумори сафарбаршудагон аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ изҳори нигаронӣ намуда,ба масъулин бобати ҷоннок намудани корбарӣ дар ин самт дастуру супоришҳо дод. Мавсуф афзуд,ки дар робита бо соҳаи маориф бояд ҳар як омузгор дақиқаи аввали дарсро ҷиҳати тарғиби тарбияи ҳарбӣ-ватандустии наврасону ҷавонон оғоз кунад.Ва минбаъд кор дар маҳаллаву деҳот мақсаднок ба роҳ монда шавад.

Директори литсеи касбии саноати дузандагӣ Раҳимҷонова З ҳамчун аъзои гуруҳи корӣ ҷиҳати мулоқот бо падару модарони даъватшавандагон андешаронӣ намуд.

Ҳамчунин зимни мулоқот намояндаи Литсейи касбии саноати кишоварзии шаҳр Узоқов Э суханронӣ намуда, қайд кард,ки аз ҳисоби донишҷуёни хатмкунанда ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хуб ба роҳ монда шудааст.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Бобоҷонзода А.Т ҷиҳати роҳандозии мулоқотҳои тарғиботии “Хона ба хона” дар маҳаллу деҳот ҳарф зада,қайд намуд,ки бояд ҳизбиён дар ҳалли ин масъалаҳо бахусус ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳамчун неруи идеологӣ корбарӣ намоянд.

Дар фарҷом ба масъулин бобати масъалаи болозикр аз тарафи Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон вазифагузориҳои ҷиддӣ дода шуд.

Рубрики
Асосӣ

ш.Гулистон: ЗАМИН ЗАР…

     Баҳри иҷрои  дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм  Эмомалӣ Раҳмон ва  татбиқи сиёсати иҷтимоии барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мамлакат, мусоидат ба таъмини амнияти  озуқавории кишвар, тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон корҳои тарғиботиро дар шаҳру маҳалҳо, кӯча ба кӯча ва хона ба хона   вусъат бахшида, аз сокинон даъват  ба амал меоваранд, ки ҳар як ваҷаби заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, дар татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумат барои ғанисозии дастурхони аҳолӣ ва таъмини озуқавории кишвар саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Модар яктост – Тоҷикистон яктост!

  Боиси хурсандӣ ва  ифтихор  аст,  ки имрӯзҳо кишвари  азизи мо  Тоҷикистони соҳибистиқлол  тинҷу  осуда  ва  ободу  зебо аст,  ки  воқеан  мояи ифтихору  сарфарозист. З-ин  сабаб  ҳар  як  ҷавони бонангу  ор  бояд баҳри ин  Ватан  сидқидилона  хизмат намуда, қарзи худро адо  намояд.

 Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  баромадҳои  худ борҳо  таъкид  менамоянд, ҷавонон ояндаи миллатанд ва уммеди халқи тоҷик ба ҷавонони бонангу ор аст, ки тавонанд, дар ҳама ҳолат Ватани худро ҳифз намоянд.

  Мо имрӯзҳо ифтихор аз он мекунем, ки  ҷавонони фаъолу  пешқадам дорем, ҷавононе, ки ҳамеша мекушанд дар сафи пеш бошанду ба манфиати халқу Ватан ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.

 Гуфтан ба маврид аст, ки барои сарбаландона ҳифз намудани ватани худ яке аз вазифаи асосии ҷавонмардон ин хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  мебошад.  Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он  вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст. Хизмат дар  сафи  Қувваҳои мусаллаҳ  яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозаш фахр мекунад.

Инҷо боз  ҳам  гуфтаҳои   Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кайд кардан  зарур аст, ки  мегӯянд: “ Хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки шоистаи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ шинохта мешавад.”

      Аз фурсати муносиб истифода бурда, даъват ба амал меорем, ки шумо ҷавонони азиз бо хоҳишу иродаи худ, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дохил шуда, сарбаландона хизмати Модар – Ватанро ба ҷо оред, ки хизмат кардан  ба  Ватан – Модар ин шарафи ҷавонмардӣ  ва  мояи  ифтихор  аст.

Негматҷонова С – масъули  КИ ҲХДТ дар  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров

Рубрики
Асосӣ

ВАТАНДОРӢ ИМОНДОРИСТ

Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷиҳати то ба мардум бурда расонидани дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ширкати беш аз 500 нафар фаъолони ноҳия мулоқоти гурӯҳи кории кумиҷроияи вилоятӣ бо сарварии ректори Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии шаҳри Бӯстон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ,  узви Кумитаи иҷроияи марказии  ҲХДТ Муҳайё Дадобоева, сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” Абдусабур Абдуваҳобов доир гашт.

Чорабиниро муовини раиси ноҳия  Зӯҳро Муталибзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки сафари пурбори навбатии кории Пешвои муаззами миллат ба ноҳияи Ҷаббор Расулов руҳияи хурду бузурги ноҳияро болида гардонида, онҳоро ба амалҳои созанда раҳнамоӣ намуд. Махсусан дастуру ҳидоятҳояшон ҷиҳати татбиқи босамари яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини анияти озуқавориро аҳли заҳмати ноҳия бо хуши истиқболӣ  намуда, имрӯзҳо ба корҳои саҳроӣ вусъати тоза мебахшанд.

Дар баромади Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ раванадҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва дурнамои сиёсати иҷтимоии давлат, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир ва воридшавии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд муфасал таҳлил ёфтанд. Таъкид карда шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлат сатҳи зиндагии мо беҳтар ва кишвари азизамон ободтар шуда истодааст.  Мисоли барҷастаи гуфтаҳои болоӣ он аст, ки дар давоми 20 сол  музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар зиёд шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз роҳи тайкардаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳи дуруст ва муваффақона аст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президент бо ду фармони худ ба хотири эҳтиёҷоти мардум, яъне раҳои аз гуруснагиву қашшоқӣ 75 ҳазор гектар замини обиро ба сокинон тақсим карда доданд, ки имрӯз ин заминҳо бо истилоҳи “заминҳои президентӣ” маъруф аст. 

Маврид ба зикр аст, ки яке аз супоришҳои меҳварии Пешвои муаззами миллат зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии Исфара, Гулистон ва  Ашт ин самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта мебошад. Мо беҳуда заминҳои президентиро ин ҷо мисол наовардем. Зеро аксарият ҳамин заминҳоро оқилонаву самаранок истифода намебаранд. Ба маълумоти Шумоён мерасонем, ки вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли равон хеле вазнин аст. Давлатҳои абарқудрат ва бузурге, ки барои истеҳсоли маҳсулотҳои ғалладонагӣ, равған, шакар  нигаронида шудаанд, худ эҳтиёҷотиашонро таъмин карда натавониста истодаанд. Яъне, хавфи боз ҳам гарон шудани маҳсулотҳои ниёзи аввал дар назар аст. Бинобар ин моро зарур аст, ки ҳар порчаи рӯи ҳавлӣ, замини хоҷагии деҳқониро самаранок истифода бурда, ба мавсими тирамоҳу зимистон омодагии хуб бинем.

Зимни баромади Абдусабур Абдуваҳҳоб баён гардид, ки дар баробари бӯҳрони шадиди молиявӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ҳамзамон вазъи сиёсии ҷаҳон низ мураккаб аст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлатҳои Шарқи наздик дар мисоли Сурия, Лубнон, Фаластин, Ироқ ва даҳҳои дигар чи тавр зиндагии оромона ва хушбахтона доштанд. Маҳз холӣ мондани фазои сиёсӣ, ривоҷ гирифтани ҳаракатҳои тундгароёнаи исломӣ боис шуд, ки имрӯз ин давлатҳо ноором аст. Шаҳрҳои азими онҷо ба майдони мубориза, озмоиши яроқҳои навбаромад гардида, бадбахтиаш он аст, ки ҷавонони хеле зиёде, аз ҷумла аз кишвари мо низ дар ин майдонҳо ҷон бохта истодаанд. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки дар маҳаллаву деҳҷойҳо вазъи зиндагии ҳамсоягонро омӯзем. Донем, ки фарзандҳоямон ҳам дар муҳоҷират ва ҳам дар ин ҷо ба чӣ кор машғуланд. Зеро аксарияти ҷавононе, ки имрӯз ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аъзо мешаванд, аз моҳият ва мақсадҳои нопоки онҳо огоҳ нестанд. Махсусан ҷавононе, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатианд ба ваъдаҳои дуруғи таблиғгарони ифротӣ дода нашаванд ва ҳаёти худро насӯзонанд. 

Мавсуф дар идомаи хеш ҷиҳати роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ибрози андеша карда, ҳадафи ҲХДТ-ро дар мавриди бедории худшиносии миллӣ тавъманд бо ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донист.

Имомхатиби ноҳия Абдусамад Қаҳҳоров аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ба қадри тиҷиву осудагии мамлакат расида, фарзандонро дар муҳити солими хонаводагӣ ба камол расонанд. Онҳо дӯстдори Ватан бошанд, зеро ватандорӣ ва ватандӯстӣ низ як гӯшаи имон аст.

Зӯҳро Муталибзода миннатдории фаъолони ноҳияро ба ташкилкунандагони мулоқоти озоду шаффоф ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд расонида қайд кард, ки аҳли заҳмати ноҳия дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ –ро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, бо дастовезҳои арзанда ҷашҳои милли дар пешистодаро истиқбол мегиранд.