Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар амал!

Мулоқоти навбатии масъулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бо аҳли омӯзгорон ва падару модарони муассисаи ҳудуди ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Далёни Боло сурат гирифт. Дар мулоқот бобати масоили мубрами руз – таълиму тарбияи фарзанд аз ҷониби падару модар, даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар , пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ , пешгирии ҷудошавии оилаҳо, расидан ба қадри сулҳу ваҳдату истиқлолият сухан рафта, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳим арзёбӣ гардид.

Қайд гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар яки моро водор месозад,ки ба тарбияи фарзандони худ масъул бошем ва фарзандони худро дар руҳияи худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, некӯкорӣ, ростқавлӣ ва бофарҳангу ватандӯст тарбия намоем.

Зеро насли навраси ботарбия ва босавод  оянда миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд, онҳо нигоҳдоранда ва меросбару мероснигоҳдорандаи урфу одат ва кишвари тоҷикон хоҳанд буд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки падару модарон барои фарзандони худ ҷиҳати иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии ,” Тоҷикистон- Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ” “Илм- фурӯғи маърифат” шароит фароҳам созанд, то ки онҳо дар озмунҳо фаъолона ширкат варзида, обрӯву нуфузи муассисаи таълимии худро боло бардоранд.

Инчунин ба иштирокчиёни чорабинӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои корами лалмӣ ва обӣ, захираи маводи хӯрокворӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва заҳролудӣ, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд

Рубрики
Асосӣ

БОББОҶОН ҒАФУРОВ: Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад…

Бо мақсади расонидани ёрии методӣ  гурӯҳи корӣ аз  КИВ  ҲХДТ дар  ҳайати роҳбарии  муовини  Раиси  КИ ҲХДТ  дар  вилояти Суғд  Замира  Мансурӣ,  мудири  шуъбаи  таблиғот  ва  иттилоот  Зоидов О,  мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электоронӣ Саидов  Ф  ба  кумитаи иҷроияи ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  ташриф  оварда,  аз  фаъолияти корӣ,  иҷрои  нақшаи  чорабиниҳо,  рафти  иҷроиши  нақшаҳои  кории  шуъбаиҳои  кумиҷроия   ва  ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳо  дидан  карда,  оид  ба  камбудиҳои  ҷойдошта   маслиҳатҳои методӣ доданд.

Инчунин намояндагони  кумиҷроияи  вилоятӣ аз якчанд  ташкилотҳои  ибтидоии  ноҳия  дидан  намуданд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

АШТ: Ҷавонони ватандӯст бошем ва хиёнати миллат накунем!

        АНДЕША: Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи одамони бекору гурусна ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардид. Терроризм ва экстремизм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст. Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ҷоизи қайд аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳдид мекунад. Муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм-вазифаи ҷонии ҳамаи мардумони Тоҷикистон мебошад. Мо кӯшиш менамоем, ки шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгароӣ, яъне экстремизм ва терроризм пешгирӣ намоем. Ба қадри дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем.

         Дар ин росто, ҳар яки мо вазифадорем, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намоем. Алалхусус, дар ин раванд ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд, ба фиреби бегона дода нашаванд ва Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоянд. Бинобар ин вазифаи асосии мо Истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбият намудан аст.

                                         Аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Ашуров Х.

Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Солҳои 2022-2026 – ро “солҳои рушди саноат”

МАҚОЛА: Дар даҳаи охири асри 20 ба мо бузургтарин неъмати зиндагӣ – истиқлолияти томи давлати насиб гашт. Пас аз ҳазорсолаҳо давлатӣ ҳақиқатан милливу соҳибихтиёр ташкил ёфт. Албатта, неъмати бебаҳо ба мо ба осони ба даст наомадааст ва бо ҷонбозиҳо, меҳнати шабонарӯзии фарзандони фарзонаи миллат, бо хуни рехтаи ҳазорон фарзандони шаҳиди тоҷик ба даст омад.

Шукронаи онро мекунем, ки дар он рӯзҳои мудҳиш ба миллати тоҷик Сарвари Раҳнамо, хирадманду дурандеш, вафодору сарсупурдаи Ватану миллат Эмомалӣ Раҳмонро дод. Маҳс бо қудрату матонати ин марди хирад оташи ҷанги бародаркуш хомӯш гашта, тамоми гурезаҳо ба ватан баргардонида шуданд. Зиёда аз он созишномаи оштии миллӣ бо мухолифон баста шуда, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор гашт ва дастовардҳои халқи тоҷик таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар ин давраи таърихӣ басо назаррас аст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гаштааст.

Маҳз заҳматҳои беназири Президенти кишварро мардуми заҳматпешаи ноҳия эҳсос мекунад, қадру қимати хизматҳои беамсолу бесобиқаи Сарвари Давлатро дар истиқрори сулҳ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ҳақиқатан миллӣ баъди ҳазорсолаҳо медонад ва онҳоро гиромӣ медорад. Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳики кишвар ба ҳисоб рафта, бо василаи рушди ин соҳа сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, сатҳи бекорӣ дар мамлакат коҳиш меёбад. Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани зиндагии шоистаи мардум диққати махсус зоҳир намуда, Солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд. Чунин иқдоми наҷиб, дар бунёди корхонаҳои саноатӣ ва рушди иқтисоди кишвар нақши муассир мегузорад.

Барои равнақу ривоҷи соҳаи саноат ва дигар соҳаҳо қабл аз ҳама азнавсозии инфрасохтор дар мамлакат вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб меёфт. Дар тули собиқаи кориам ёд дорам, ки ҳангоми оғози кори сохтмони нақби Анзоб (баъди танафуси чандсола,) моҳи майи соли 1999 Сарвари Давлат қайд карда буданд: “Мо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони нақб маблағ дарёфт мекунем. Агар маблағ наёфтем, бо нохунҳоямон ин нақбро меканем.” Дар он замон ин кори осон набуд, вале ҳама восита дарёфт гардид, нақб бунёд гардид ва ин оғози ба давлати воҳиду якпорча табдил додани Тоҷикистони азиз буд. Дар хотир дорам, ки ба воситаи нақби Анзоб бо схемаи муваққати ба ноҳия, ба водии Зарафшон барқ дода шуд. Мардум бо барқ таъмин гардиданд, корхонаҳои саноатӣ аз кор намонданд. Ин ҳам бошад ғамхориҳои беназир ба манотиқи куҳистон кишвар маҳсуб меёбад.

Мо мардуми ноҳияи Айнӣ шукронаи сиёсати дурбинонаю мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллатро мекунем, ки бо таҷдиду бунёди роҳҳо, нақбҳову пулҳо мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардидем. Сохтмону амали гаштани лоиҳаҳои таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Айнӣ-Панҷакент дар ин самт заминаи мустаҳкаме гузошт. Мусаллам ба зикр аст, ки дар тули Истиқлолият беш аз 2,5 млрд сомонӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ ва дохилӣ амалӣ гашт. Ҳамин тариқ хатҳои баландшиддати интиқоли барқи 500 квт Ҷануб Шимол, 220 квт Хуҷанд-Айнӣ, 220 квт Айнӣ-Панҷакент бунёд ёфта ба истиқлолияти энергетикии кишвар ва минтақа заминаи боэътимод гузошт. Ҳамаи ин лоиҳаҳо бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар оғоз ёфтаву ба истифода дода шуданд.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ бо раҳои аз бумбасти комуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ба рушди саноати куҳии ноҳия заминаи боэътимод гузошта шуд. Бо амали гаштани самти стратегӣ–саноатикунонии босуръати кишвар ин соҳа рушду такомул ёфт. Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат аз 2 корхонаи замони шуравӣ ба 13 корхонаи пуриқтидори саноатӣ расид.

Ва ҳоло дар рӯзҳои наздик корхонаҳои калони саноатии Талко-Голд дар мавзеи Канчоч ва ТВЕА-саноати куҳи дар мавзеи Кумарғ ба истифода дода шуда ба бунёди ду корхонаҳои азими саноатии дигар санги асос гузошта мешавад. Дар соҳаи истеҳсол ва коркарди маъдани сурмадор аз 14 ҳазор тоннаи замони шуравӣ дар солҳои охир то ба 55-63 ҳазор тонна истеҳсоли маҳсулоти саноати дар Корхонаи муштараки Анзоб расонида шуд.

Дар замони истиқлол орзӯи чандинсолаи саноатчиёни ноҳия ҷомаи амал пушида истеҳсоли маҳсулоти ниҳои-металли сурма ва симоб дар “Корхонаи металлургии Анзоб” ба роҳ монда шуд. Дар соли 2021 9622,2 тн метали сурма ва 302 тн метали симоб истеҳсол шуд, ки нисбатан 139,4 ва 170 фоизӣ давраи муқоисашавандаро ташкил дод. Дар ин давра корхонаи нави “Талко-Флюорит” ба истифода дода шуд. Зимнан бояд зикр кард, ки маҳз бо дастгирии соҳаи ангишт аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон корхонаҳои ангиштбарорӣ аз 10-50 ҳазор тонаи замони Шуравӣ, дар солҳои охир 1,5-1,7 млн. тн. ангишт истеҳсол карданд. Ҳамаи ин ба пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ воридоти андоз, музди маоши хуб замина фароҳам овард. Ҳоло дар соҳаи саноати куҳӣ 2802 нафар коргарон фаъолият намуда музди миёнаи маош 3535,8 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ҳама дастовардҳо аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, амали гаштани стратегияҳо, барномаҳои миёнамуҳлат ва барномаҳои соҳавии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти комил ва ваҳдати сартосарӣ ба миён омадааст.

Бобоҷонов Ш. Х.

раиси шурои собиқадорони меҳнати ноҳияи Айнӣ

Аъзои Кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ

Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Саноатикунонии босуръати кишвар

МАҚОЛА: Солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” барои таъмини устувории иқтисодиёт ва зиндагии шоистаи мардум заминаи амиқ мегузорад.

Дар даҳаи охири асри 20 ба мо бузургтарин неъмати зиндагӣ – истиқлолияти томи давлати насиб гашт. Пас аз ҳазорсолаҳо давлатӣ ҳақиқатан милливу соҳибихтиёр ташкил ёфт. Албатта, неъмати бебаҳо ба мо ба осони ба даст наомадааст ва бо ҷонбозиҳо, меҳнати шабонарӯзии фарзандони фарзонаи миллат, бо хуни рехтаи ҳазорон фарзандони шаҳиди тоҷик ба даст омад.

Шукронаи онро мекунем, ки дар он рӯзҳои мудҳиш ба миллати тоҷик Сарвари Раҳнамо, хирадманду дурандеш, вафодору сарсупурдаи Ватану миллат Эмомалӣ Раҳмонро дод. Маҳс бо қудрату матонати ин марди хирад оташи ҷанги бародаркуш хомӯш гашта, тамоми гурезаҳо ба ватан баргардонида шуданд. Зиёда аз он созишномаи оштии миллӣ бо мухолифон баста шуда, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор гашт ва дастовардҳои халқи тоҷик таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар ин давраи таърихӣ басо назаррас аст ва дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гаштааст.

Маҳз заҳматҳои беназири Президенти кишварро мардуми заҳматпешаи ноҳия эҳсос мекунад, қадру қимати хизматҳои беамсолу бесобиқаи Сарвари Давлатро дар истиқрори сулҳ, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ҳақиқатан миллӣ баъди ҳазорсолаҳо медонад ва онҳоро гиромӣ медорад. Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳики кишвар ба ҳисоб рафта, бо василаи рушди ин соҳа сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, сатҳи бекорӣ дар мамлакат коҳиш меёбад. Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани зиндагии шоистаи мардум диққати махсус зоҳир намуда, Солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намуданд. Чунин иқдоми наҷиб, дар бунёди корхонаҳои саноатӣ ва рушди иқтисоди кишвар нақши муассир мегузорад.

Барои равнақу ривоҷи соҳаи саноат ва дигар соҳаҳо қабл аз ҳама азнавсозии инфрасохтор дар мамлакат вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб меёфт. Дар тули собиқаи кориам ёд дорам, ки ҳангоми оғози кори сохтмони нақби Анзоб (баъди танафуси чандсола,) моҳи майи соли 1999 Сарвари Давлат қайд карда буданд: “Мо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони нақб маблағ дарёфт мекунем. Агар маблағ наёфтем, бо нохунҳоямон ин нақбро меканем.” Дар он замон ин кори осон набуд, вале ҳама восита дарёфт гардид, нақб бунёд гардид ва ин оғози ба давлати воҳиду якпорча табдил додани Тоҷикистони азиз буд. Дар хотир дорам, ки ба воситаи нақби Анзоб бо схемаи муваққати ба ноҳия, ба водии Зарафшон барқ дода шуд. Мардум бо барқ таъмин гардиданд, корхонаҳои саноатӣ аз кор намонданд. Ин ҳам бошад ғамхориҳои беназир ба манотиқи куҳистон кишвар маҳсуб меёбад.

Мо мардуми ноҳияи Айнӣ шукронаи сиёсати дурбинонаю мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллатро мекунем, ки бо таҷдиду бунёди роҳҳо, нақбҳову пулҳо мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо гардидем. Сохтмону амали гаштани лоиҳаҳои таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Айнӣ-Панҷакент дар ин самт заминаи мустаҳкаме гузошт. Мусаллам ба зикр аст, ки дар тули Истиқлолият беш аз 2,5 млрд сомонӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ ва дохилӣ амалӣ гашт. Ҳамин тариқ хатҳои баландшиддати интиқоли барқи 500 квт Ҷануб Шимол, 220 квт Хуҷанд-Айнӣ, 220 квт Айнӣ-Панҷакент бунёд ёфта ба истиқлолияти энергетикии кишвар ва минтақа заминаи боэътимод гузошт. Ҳамаи ин лоиҳаҳо бо иштироки бевоситаи Президенти кишвар оғоз ёфтаву ба истифода дода шуданд.

Дар давраи истиқлолияти давлатӣ бо раҳои аз бумбасти комуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ба рушди саноати куҳии ноҳия заминаи боэътимод гузошта шуд. Бо амали гаштани самти стратегӣ–саноатикунонии босуръати кишвар ин соҳа рушду такомул ёфт. Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат аз 2 корхонаи замони шуравӣ ба 13 корхонаи пуриқтидори саноатӣ расид.

Ва ҳоло дар рӯзҳои наздик корхонаҳои калони саноатии Талко-Голд дар мавзеи Канчоч ва ТВЕА-саноати куҳи дар мавзеи Кумарғ ба истифода дода шуда ба бунёди ду корхонаҳои азими саноатии дигар санги асос гузошта мешавад. Дар соҳаи истеҳсол ва коркарди маъдани сурмадор аз 14 ҳазор тоннаи замони шуравӣ дар солҳои охир то ба 55-63 ҳазор тонна истеҳсоли маҳсулоти саноати дар Корхонаи муштараки Анзоб расонида шуд.

Дар замони истиқлол орзӯи чандинсолаи саноатчиёни ноҳия ҷомаи амал пушида истеҳсоли маҳсулоти ниҳои-металли сурма ва симоб дар “Корхонаи металлургии Анзоб” ба роҳ монда шуд. Дар соли 2021 9622,2 тн метали сурма ва 302 тн метали симоб истеҳсол шуд, ки нисбатан 139,4 ва 170 фоизӣ давраи муқоисашавандаро ташкил дод. Дар ин давра корхонаи нави “Талко-Флюорит” ба истифода дода шуд. Зимнан бояд зикр кард, ки маҳз бо дастгирии соҳаи ангишт аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон корхонаҳои ангиштбарорӣ аз 10-50 ҳазор тонаи замони Шуравӣ, дар солҳои охир 1,5-1,7 млн. тн. ангишт истеҳсол карданд. Ҳамаи ин ба пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ воридоти андоз, музди маоши хуб замина фароҳам овард. Ҳоло дар соҳаи саноати куҳӣ 2802 нафар коргарон фаъолият намуда музди миёнаи маош 3535,8 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ҳама дастовардҳо аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, амали гаштани стратегияҳо, барномаҳои миёнамуҳлат ва барномаҳои соҳавии қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти комил ва ваҳдати сартосарӣ ба миён омадааст.

Бобоҷонов Ш. Х.

раиси шурои собиқадорони меҳнати ноҳияи Айнӣ

Аъзои Кумиҷроияи ноҳияи Айнӣ

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Бар Ватан содиқона хизмат мекунем

Мавсими навбатии даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар дар саросари кишвар оғоз гардидааст. Имрӯз як гурӯҳ ҷавонони саодатманди ноҳияи Айнӣ барои адои хизмати Ватан ихтиёрӣ дар назди комиссариати ҳарбӣ ҷамъ омаданд. Дар ибтидо масуъулони кумиҷроия бо даъватшавандаҳо суҳбат ороста, оид ба мавзӯи “Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист” андешаҳои худро баён дошта, барояшон барору комёбиҳои беназир таманно карданд. Зикр кардан ба маврид аст, ки зимни мулоқот аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, “Пайравони Пешвои миллат ва даъватшавандагон бо ҳисси баланди ватандорӣ таҳти шиорҳои “Бар Ватан содиқона хизмат мекунем”, “Хизмат ба Ватан шараф аст”, “Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан” бо садои дилангез ҳамсабақони худро барои ҳимояти Ватан-Модар даъват намуданд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: Терроризм дур аз идрок аст

МАҚОЛА: Афзоиш ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.  Ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки дар ҷомеаи имрӯза тавассути терроризм ва экстремизм руҳ медиҳад, моро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва барои аз байн бурдани ин гуна ҳаводиси номатлуб, ки ҳазорон нафарро ҳамарӯза ба коми оташи нангини ҷангҳои хонумонсӯз ва таҳмилӣ кашида истодааст,  мубориза барем.

Терроризм ва экстремизм мақсад, ҳадафи асосиашон халалдор кардани амнияти ҷомеа, тарсонидани мардуми осоишта, ба воҳимаву  таҳлука андохтани аҳолӣ ва бо ин васила расидан ба мақсадҳои нопоки худ мебошад. Имрӯз,   ҳар яки мо ҷавононро  мебояд, ки нисбат ба  ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва амалҳои ваҳшонияти созмонҳои ҷиноятӣ мубориза барем.

Асосгузори вулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаммаи суханрониҳои худ доир ба вазъи ҷаҳони муосир суханронӣ намуда,  дар як суханрониашон бо фаъолон иброз намуданд, ки  “Терроризм дар асл, миллат, мазҳаб ва Ватан надораду душмани Худову бандагони Худо мебошад”.  Имрӯзҳо бархе аз гурӯҳҳо барои ба даст овардани манфиат  бо созмонҳои тунрав ҳамкорӣ намуда,  ба сулҳу ваҳдат ва ҳамдилии давлатҳои осоишта , халал ворид месозанд. Вале, нақшаву омолҳояшон ба коми оташ рафта, худ ва наздиконро дар банди ғафлат мегузоранд. Зеро, ҷавонон ва дигар қишри фаъоли ҷомеа аз амалҳои нангини онҳо огоҳ буда,  намегузоранд, ки рӯзгори босаодаташонро доғдор намояд.

Бо чунин ақидаҳо,  боварии комил дорем, ки мардуми кишвари азизамон аз ҷумла ҷавонони даврони истиқлол, хоса ҷавонони саодатманди ноҳия вақти пурқиммати худро ба илмомӯзию забономӯзӣ ва омӯхтани касбу ҳунар сарфа намуда, шомили чунин гурӯҳҳои ифротию террористӣ нахоҳанд гашт. Дар баробари ин, ба хабару гузоришҳои беасоси саҳифаҳои гурӯҳҳои ифротӣ дода нушуда, дигар ҳамсабақони худро ба роҳи нек ва зиндагии осоишта роҳнамо хоҳанд шуд.

А. ҶУРАЕВ

Аъзои гурӯҳи тарғиботии

 КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Рубрики
Асосӣ

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи рамазон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу менамоям.

Моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад.

Дар ин моҳи муборак, баробари ба ҷо овардани фаризаву суннатҳои динӣ, иҷрои амалҳои солеҳ, аз ҷумла хайру эҳсон ва дастгириву навозиши ятимону маъюбон ва камбизоатҳову муҳтоҷон аз сифатҳои шоиставу башардӯстонаи ҳар як мусулмони савобҷӯ мебошанд.

Бовар дорам, ки на танҳо соҳибкорону тоҷирон, балки ҳар як инсони хайрхоҳу ҳимматбаланд дар ин моҳи шариф иқдому аъмоли неку писандидаи худро густариш мебахшад ва бо саховату ҷавонмардӣ намунаи ибрат нишон дода, соҳиби савоби зиёд мегардад.

Бо истифода аз фурсат, боз як масъалаи муҳимро таъкид менамоям.

Моҳи Рамазони имсола ба давраи оғози кишту кори баҳорӣ рост омад.

Яъне мо бояд ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода карда, кишти зироатҳо ва дигар корҳои кишоварзиро вусъат бахшем.

Дар шароити имрӯза тамоми кишоварзон ва ҳар як оила бояд ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ, ки манфиату самаранокии ин амал солҳои охир дар фаровонии бозори истеъмолӣ равшан дида мешавад, диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Мо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоми имкониятҳои зарурӣ – обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем.

Зарур аст, ки аз ин имкониятҳо дурусту оқилона истифода барем, то ин ки як ваҷаб замин холӣ намонад ва барои рӯёнидани ҳосил истифода карда шавад.

Хотирнишон менамоям, ки ин талаби замона ва тақозои рӯз мебошад.

Мо бояд ҳар рӯзи баҳорро ғанимат дониста, кишти зироатҳоро сари вақт анҷом диҳем, барои ҳосили фаровон замина гузорем ва масъалаи захираи дусолаи маводи ғизоиро дар ҳар як оила, ки мардум манфиати онро солҳои охир, бахусус, дар ду соли вазнини паҳншавии бемории сироятии коронавирус диданд, фаромӯш накунем.

Мо, аллакай, имрӯз бояд дар фикри он бошем, ки фарзандон ва аҳли хонадони мо ва умуман сокинони кишвар ба мушкилӣ дучор нагарданд ва аз камчинии маводи ғизоӣ ё болоравии нархи он, хусусан, дар мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода азияту муҳтоҷӣ накашанд.

Мо бояд чи дар моҳи Рамазон ва чи дар моҳҳои дигар софдилонаву аҳлона заҳмат кашем, ба хотири осоиши фарзандон, аҳли оилаи худ, ҳар як хонадони мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳем ва корҳои ободониву созандагиро тибқи ҳадафҳои муайянкардаамон беш аз пеш густаришу вусъат бахшем.

Имрӯзҳо тамоми ҷомеаи башариро илова ба мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, пайомадҳои манфии он, бемории сироятии КОВИД – 19, камчин гардидани озуқаворӣ ва болоравии нархҳо авзои бисёр ноорому бесуботи баъзе минтақаву кишварҳои сайёра сахт ба ташвиш овардааст.

Ҳолати бамиёномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони мо таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.

Тибқи таҳлилҳо инсоният имрӯзҳо дар давраи ҳассостарину душвортарини таърихи беш аз садсолаи худ қарор дорад.

Мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошанд.

Хусусан, соли ҷорӣ барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ соли вазнинтарин ва душвортарин мегардад.

Дар чунин шароит моро зарур аст, ки нисбат ба ҳар вақти дигар муттаҳиду сарҷамъ бошем, дар лаҳзаҳои душвор ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба таҳлукаву воҳима наафтем, сарфаю сариштакор ва ҳушёру эҳтиёткор бошем, арзишҳои инсондӯстонаву ваҳдатсози фарҳанги миллӣ ва диниамонро ба манфиати оромии ҷомеа ва суботи Ватани азизамон дуруст ва ҳадафмандона истифода барем.

Дар замоне, ки вазъияти сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳон ниҳоят муташанниҷу буҳронӣ ва мураккабу хатарзо гардида, масъалаи истиқлолу озодии кишварҳои алоҳида ва сохти давлатдории онҳоро таҳти саволи ҷиддӣ қарор додааст, ҳар яки моро водор месозад, ки иттиҳоду сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеаро боз ҳам таҳким бахшем.

Мо вазифадорем, ки барои ҳимояи неъмати бебаҳои зиндагиамон – истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошем.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳимояи иқтисодиёт ва сокинони кишвар аз таъсири вазъи бамиёномада бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ба ҳамватанони азиз муроҷиат карда, боз як нуктаи муҳимми дигарро хотирнишон месозам, ки дар раванди анҷом додани фаризаҳои динӣ мо бояд ба одоби масҷидравӣ низ диққат диҳем.

Масҷид ҷойи тоату ибодат ва макони тарбияи рӯҳиву маънавии мардуми мусулмон аст.

Худованд дар сураи «Ҷумъа»-и Қуръони маҷид доир ба одоби масҷид чунин мефармояд: – «Ва чун намоз поён ёфт, (аз пайи ризқу рӯзӣ) дар замин пароканда шавед ва ризқи Худоро талаб кунед …».

Аз ин бармеояд, ки чун намоз хонда шавад, мусулмонон бояд барои ба даст овардани ризқу рӯзии аҳли хонадони худ аз пайи заҳмат ва кор шаванд.

Дигар нуктаи муҳим – худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва оростани дастурхони серхарҷу намоишкорона ҳангоми баргузор намудани ҳама гуна маросиму маъракаҳо ва махсусан, дар давоми моҳи шарифи Рамазон мебошад.

Мо понздаҳ сол пеш маҳз ба хотири ба танзим даровардани анъанаву маросим ва расму ойинҳои миллӣ аввалин қонуни миллиро қабул намудем.

Раванди татбиқи қонуни миллӣ ва натиҷаҳои он собит сохтанд, ки ин иқдоми мо дурусту саривақтӣ ва ба манфиати мардум мебошад.

Зеро ба шарофати қонуни мазкур маросиму анъанаҳо ва расму ойинҳои диниву миллии мо аз унсурҳои ифротиву хурофотӣ озод гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар шуд.

Ҳамватанони азизи мо бояд мувофиқи авзои умумии торафт мураккабу мушкилшудаистодаи замона амал карда, ҳаргиз ба зоҳирпарастиву исрофкорӣ, алалхусус, ба исрофи нон роҳ надиҳанд.

Мо набояд мушкилоту азоберо, ки мардумамон дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бинобар камчин гардидани нон кашида буданд, фаромӯш кунем.

Дар робита ба ин, бори дигар таъкид месозам, ки ҳар як оила дар фикри таъминоти хонадони худ, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ бошад.

Итминон дорам, ки моҳи шарифи Рамазон барои мардуми сарбаланду заҳматқарини кишвари соҳибихтиёрамон айёми такмили ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ, давраи фаъолияти созанда ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан, осоиши ҳар як хонадон, таҳкими боз ҳам бештари сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини бостонии тоҷикон мегардад.

Бори дигар фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон ва имони комил орзу менамоям.

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Манбаъ: http://www.president.tj/node/28053