Рубрики
Асосӣ

Конибодом: Мулоқоти судманд

     Мулоқоти навбатӣ ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар муассисаи таълимии №4 бо иштироки масъули Кумитаи шаҳрии ҳизбӣ бо омӯзгорони муассиса гузаронида шуд. Зимни мулоқот масъаоаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даъвати насли ҷавон ба хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи наслиҷавон ва бад – ин васила тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ қарор гирифта, ҳозирин фикрҳои худро бобати он баён карданд. Инчунин бобати татбиқи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан карданд. Масъули КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом аз омузгорон даъват ба амал овард, ки дар хонандагон ҳисси баланди ватандустиро тарбия намоянд, зеро ояндаи миллат маҳз дар дасти онҳост.

   Дар фарҷом бархе аз омӯзгорони ҷавони муассиса ба сафи аъзоёни Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон қабул карда шуданд.

Рубрики
Асосӣ

Баракати Зиндагӣ Аз Ҳамдигарфаҳмист

Тибқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони миллали муттаҳид (СММ) аз 20 сентябри соли 1993 ин ҷониб таҷлили “Рӯзи байналмилалии оила” ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 15 май доир мешавад. Дар робита ба ин тақвим ҳар сол дар Тоҷикистон чораҷӯиҳои гуногун доир мегарданд. Роҳандозии чунин чорабиниҳо аз манфиат холӣ нест ва он ташвиқоту тарғиботи хубест барои навхонадорону оилаҳои ҷавон баҳри устуворӣ ва пойдории ҳаёти хонаводагӣ.

Имрӯз боиси хурсандист, ки дар кишвари мо оила таҳти ҳимоя ва ғояҳои давлат қарор дорад. Аз ин ҷост, ки соли 2015 дар Тоҷикистон “Соли оила” эълом гардида, он ҳамасола санаи 15 май чун Рӯзи оила дар сатҳи баланди ғоявию фарҳангӣ таҷлил карда мешавад. Дар партави ин сиёсати меҳрпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд бо ибтикори Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода як қатор чорабиниҳои назаррас ҳамасола роҳандозӣ мегардад ва чорабинии имрӯзаи Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар чойхонаи Сирдарё баргузор гардид, дар асоси ҳамин дастуру супоришҳо рӯйи кор омадааст. 

Маврид ба зикр аст, ки маҳфил “Баракати зиндагӣ, аз ҳамдигарфаҳмист” унвон дошта, бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар вилояти Суғд ва ташаббуси шӯъбаи кор бо занони Кумиҷроияи вилоятӣ дар ҳамҷоягӣ бо телевизиони вилояти Суғд ба вуқӯъ пайваст.

Бояд қайд кард, ки дар маҳфил Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон,  Сардори Раёсати кор бо  занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хоҷазода Хуршедахон ва оилаҳои барӯманду хушбахт ҳузур доштанд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон иштирокдорони маҳфилро бо Рӯзи оила табрик гуфта, тансиҳативу хонаободии ва хушбахтӣ таманно кард. Қайд карда шуд, ки дар ин рӯз, яъне 12-уми май ҳамасола дар кишвар “Рӯзи шашмақом” низ таҷлил мегардад.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон оид ба мақом ва ҷойгоҳи “Шашмақом”, ки як жанри бебаҳои санъати миллати тоҷик аст, андешаҳои ҷолибу судманди худро баён намуд ва қайд кард, ки “Шашамақом” маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҳамчун шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Ҳамчунин изҳор намуд, ки дар замони имрӯза масъалаҳои оила, аз байн рафтани бисёр арзишҳои хонаводагӣ, суннатҳои никоҳ ва ҷудошавии оилаҳои ҷавон таваҷҷуҳ ва изтироби ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудааст.

Бояд зикр намуд, ки эҳсоси наздикӣ бо ҳамдигар, нишоти меҳри волидайн, эътимоду бовар ба дастгирии онҳоро кӯдак бори аввал дар оила таҷриба мекунад. Маҳз дар оила ӯ муносибат кардан бо одамон, мушоҳида карда тавонистани хубиву зебоиҳо, ворид шудан ба асрори офаринишро меомӯзад. Вазифаи асосии оила – бахшидани ҳаёт ба кӯдакон, таъмини кӯдакии пурнишот, таълимоти шоиста ва бунёди таҳкурсии мустаҳкам барои ҳаёти мустақилонаи минбаъда ва бо ин тариқ расонидани кӯмак ва мусоидат ба пойдор будан дар олами мураккаби муносибатҳои инсонист.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Гузаштагони фарҳангсиришти мо дар ин маврид рисолаву таълимоти хоссаи худро эҷод кардаанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсола пайваста амиқтару мукаммалтар гардидаанд. Дар баробари ин, ойинҳои оиладории тоҷикон аз маросим ва суннатҳои дигари рӯзгори миллати тоҷик, мисли ҷавонмардиву футувват, озодагиву озодманишӣ, хайрхоҳиву накӯкорӣ, инсонпарвариву башардӯстӣ ва адолатпешагӣ сарчашма ва ғизо мегиранд. Яъне, ойинҳои оиладории миллии мо ҳадафу рисолати худро дошта, дар ин мавзӯъ гузаштагони адабпарварамон таълимот ва рисолаҳои зиёде ба мерос гузаштаанд. Исмоилзода Зуфар Муртазохон афзуд, ки танҳо панду андарз ва таълимоти адибони номвари гузаштаи худро метавон ба забон овард, ки самтҳои мухталифи одобу таълимро пайгирӣ карда, дар бунёд ва таълими оиладорӣ саҳми бузург доранд.

Махсусан, дар “Қобуснома”-и Унсурулмаолии Кайковус боби хосса “Андар шинохти ҳаққи падару модар” меояд, ки дар он аз хусуси арҷгузорӣ ва эҳтиром ба волидайн сухан меравад. Дар китоби безаволи “Гулистон”-и Шайх Саъдии Шерозӣ низ бобҳое алоҳида, чун “Дар таъсири тарбият ва сирату ахлоқу фазилати инсонӣ”, “Дар ишқ ва ҷавонӣ” ва “Заъфу пирӣ” омадаанд, ки ҳама ҳадафи тарбиявӣ дошта, барои бунёди ҷомеа ва оилаҳои солим мусоидат мекунанд. “Футувватномаи султонӣ”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ як кодекси ахлоқу одоби баланди инсонист, ки таълимоти ҷавонмардиро комилан рӯи дафтар овардааст. Ва ин таълимоти баланди инсонпарваронаи гузаштагони мо дар ҷаҳон, хусусан, дар Аврупо бо номи “Ритсарство” машҳур ва паҳн гаштааст, ки намунаи барҷастаи одоби ҷавонмардӣ гардидааст.

Дар идомаи баромади худ Исмоилзода Зуфар Муртазохон чунин ибрози назар кард: “Бояд ҳар як фарди соҳибхирад дарк намояд, ки дар ҳифзи соҳибистиқлолии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандии муосир оила ҳамчун мактаби аввалини рӯзгор нақши назаррас дошта, дар ҳаёти инсонияту ҷамъият саҳми муҳим дорад ва ба одам эҳсоси хушбахтиву саодат мебахшад ва бе он бахту саодати ҳақиқии инсон имконнопазир аст”.

 Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ, ҳамчунин, гуфт, ки муҳаббат ба оилаву фарзандон бо муҳаббат ба Ватан ва миллат бояд тавъам бошад. Зеро хушбахтии хонаводагӣ дар Ватани тинҷу ором гуворотару ширинтар аст.

Сипас, бо қироати шеъри устод Лоиқ Шералӣ, ки ба Тоҷикистон бахшида шудааст, хотири аҳли ҳузурро болида намуд ва бори дигар ҳозиринро бо ин рӯзи муқаддас табрик гуфта, саломатии бардавому умри дароз, файзу баракати зиндагӣ, хушбахтию некрӯзӣ ва рӯзгори ободу осударо таманно кард.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и вилоят Хуршедахон Хоҷазода ба сухан баромада, ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии оила аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода табрик намуд. Зимни баромади худ, аз ҷумла, қайд кард, ки бунёди оилаи солим ва тарбияи насли солим, таваҷҷӯҳ ба тарбияи маънавии инсон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он дар меҳвари фаъолияти сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Раёсат ба ҳисоб меравад.

Мавсуф оиларо сарчашмаи асосии фарҳангу тамаддун, одобу суннатҳои миллӣ арзёбӣ намуда, гуфт, ки бисёр масъалаҳои муқаддасу масъулиятнокро дар рушд, таҳаввул, тарбия ва саодати инсонӣ маҳз оила ба ӯҳда дорад.

Дар рафти чорабинӣ оилаҳои намунавӣ аз шаҳру навоҳии вилоят дар бораи зиндагии хушбахтонаву маърифати оиладорӣ, омилҳои пойдориву устувории хонаводаҳои хеш ибрози назар карда, ободии рӯзгору бахти баланди худро аз тинҷиву оромӣ ва сулҳу ваҳдати Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки оила давлати хурдест ва тинҷиву ободии Ватан аз оилаҳои хушбахту тифоқ ва ободу муваффақ сарчашма мегирад.

Ҳамчунин, суруду таронаҳои дилнишин санъаткорони номии вилоят ва сарояндагони ансамбли“Ошёни меҳр”-и ДДҲБСТ ба маҳфил шаҳомати хос бахшиданд.

Дар фарҷом ба чанд нафар оилаҳои хушбахту намунавӣ тӯҳфаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим карда шуд.

Ҳамин тавр, маҳфил хушу хотирмон анҷом пазируфт.

Моҳира РАҲИМЗОДА,

“Сухани халқ”

Рубрики
Асосӣ

Конибодом: Баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи оила

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад”.

     Бо назардошти таъкидҳои доимии Пешвои миллат ҳамасола дар соаросари кишварамон 15-уми май ҳамчун “Рӯзи байналмилалии оила” ҷашн гирифта мешавад.

   Оила- сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг ,идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст.

   Дар ҳамин радиф санаи 10-уми майи соли ҷорӣ бо сокинон ва оилаҳои намунавии ҷамоати деҳоти ба номи Пӯлотон дар тарабхонаи “Олимиён” чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз МИҲД-и шаҳри Конибодом ва инчунин намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом иштирок варзиданд.

    Нахуст намояндагони МИҲД шаҳри Конибодом бо расонидани номаи табрикии Раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Абдусалом Тӯхтасунзодаро ба самъи ҳозирин расониданд.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур оилаҳои намунавии 1-сола Султоновҳо аз маҳаллаи Дадохон Олимов, оилаи 45-сола Эргашевҳо аз деҳаи Равот ва оилаи 65-сола Умаровҳо аз деҳоти Ғалчамулло ҳузур доштанд. Намояндагони оилаҳо дар рафти чорабинӣ аз ҳаёту фаъолияти худ нақлҳо карда,аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ хислатҳои хуби инсонӣ, ба монанди сабру таҳаммул, мардонагӣ, меҳнатдӯстӣ ва ростию ростқавлиро пешаи худ кунанд.

   Инчунин, аз тарафи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба модароне, ки фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардаанд, Сипосномаи КИ ҲХДТ ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

   Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи овозхони шинохта Дилшод Зоиров сурудҳои дилписанд табъи ҳозиринро болида намуд.

Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Боздид аз ташкилоти ибтидоии нозироти андоз

          Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии нозироти андози шаҳр боздид намуд.

          Дар сӯҳбате, ки бо ҳизбиён – кормандони нозироти андоз, баргузор шуд, М. Шукурзода ҷанбаҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат шарҳ дода, аз саҳми онҳо дар ғанӣ гардонидани буҷет ва иқтисоди шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки интизоми пардохти андоз ҳануз аз ҷониби на ҳама андозсупорандагон риоя мешавад ва дар ин самт онҳо тибқи муқаррароти Кодекси андоз салоҳиятҳои заруриро доро ҳастанд.

          Дар анҷоми боздид ба роҳбарияти нозироти андоз Номаи миннатдории Кумитаи иҷроия барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва роҳандозии корҳои ҳизбӣ, ба панҷ нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоӣӣ ҳизбӣ сипоснома тақдим карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

Деваштич: Оила- сутуни ҷомеа!

     Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бо мақсади мустаҳкамии оилаҳои ҷавон, пойдор будани фазои якдигарфаҳмӣ дар оила, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон ва роҳ надодан ба ҳама гуна ҳодисаҳои номатлуб, хушунату зӯроварӣ дар оила  тасмим гирифтанд,ки ташрифи оилаҳоро роҳандози намояд.

     Аз ин лиҳоз бахшида ба Рузи оила ба оилаи намунавии сокини деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Яхтан  Мамадалиев Аҳмадҷон ташриф оварданд. Оилаи Мамадалиевҳо мувофиқи Ҷамоат оилаи намунави ва ибратбахш эҳтироф гардидааст. Зеро, ки ин марди ҳунар, сардори оила Мамадалиев Аҳмадҷон мутахассиси соҳаи кишоварзӣ буда, барои пешрафти соҳаи хоҷагии қишлоқ саҳми арзанда гузоштааст.

   Таҷрибаи зиндагии 50- сола дошта соҳиби 5-фарзанд, 18- нафар набера ва 2-абера мебошанд. Фарзандонашон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият бурда истодаанд. Кору пайкор ва зиндагиномаи ин марди ҳунар намунаи ибрати насли ҷавон аст.

Рубрики
Асосӣ

Бобоҷон Ғафуров: Оила – саодати зиндагӣ

    Оила мазҳарест, ки инсон дар он ба дунё меояд, ба камол мерасад ва рӯзе худаш оила барпо менамояд. Оила муҳимтарин низоми ҷамъият аст. Оила бояд мактаби худогоҳӣ, худшиносӣ ва ватандӯстию инсондӯстӣ барин хислатҳои неки инсонӣ бошад. Бояд донист, ки муҳимтарин вазифаи оила таъмини хушбахтии аҳли хонавода ва тарбияи шоистаи фарзандон мебошад. Дар ҳақиқат оила саодати зиндагӣ ва пойдевори ҷамъият мебошад, зеро аввалин таҳкурсии тарбия дар оила гузошта мешавад.Мактаб дар тарбияи насли наврас нақши аввалиндараҷаро бозад ҳам,вале таҷрибаи ҳаётиро ба кӯдак оила медиҳад.Хислат ва симои маънавии фарзанд маҳз дар оила ташаккул меёбад. Оиди ин мавзӯъ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар маҳфили тарбиявие, ки бахшида ба Рӯзи оила дар маҳаллаи Даштаки ҷамоати деҳоти Унҷӣ ташкил гардид, фикру мулоҳизаронӣ карда шуд.

   Дар ин чорабинӣ котиби масъули нашрияи “Сухани халқ” – Моҳира Раҳимзода, мутахассиси шуъбаи занони КИВ ҲХДТ – Мирзохоҷаева Азиза, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Ӯғулой Ҳоҷибоева, Мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ – Солиева М, мутахассиси пешбари ҷамоат оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа – Расулова М, занони фаъоли маҳалла иштирок намуданд.

   Нахуст, раиси шӯрои занони маҳалла Ашӯрова Д, мақсади баргузории чорабиниро шарҳ дод.  Собиқадори ҳизбу меҳнат Турсунова Дилбар оид ба маърифати оиладорӣ бо ҷавонон суҳбат намуданд. Аз тарафи хонандагони Гимназияи №2 саҳначаи тарбиявӣ намоиш дода шуда, мавриди муҳокима қарор гирифт.

   Пирони рӯзгордида, аз ҳаёти оиладории худ ба ҷавонон нақл карда, даъват ба амал оварданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳое, ки имрӯз давлату Ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон мекунанд, хонанд, илму ҳунар омӯзанд ва ба Ватани хеш хизмат намоянд.