Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ТОҶИКИСТОН, БО НУРИ РАҲМОНӢ БА ПЕШ!

“Роғун сарчашмаи ифтихори миллии ҳар як фарзанди Тоҷикистон ва рамзи сарбаландии имрӯзу фардои мост.”

                                                                                                       Э.Раҳмон

Дар қиссаи Ҳазрати Нуҳ Алайҳиссаломи “Қасас-ул-анбиё” омадааст: Нуҳ алайҳиссалом бо хости Ҷабраил (а), ки вай аз биҳишт як шохи дарахтеро оварда ба ӯ месупорад, ба замин мешинонад ва 40 сол нигоҳубин мекунад. Баъдан бо нишондоди Ҷабраил (а) дуредгарӣ омӯхта аз дарахти парваридааш киштие месозад… Рӯзе мерасад, ки аз осмон оби ҷӯшон мерезаду аз замин оби сард ҷӯшида мебарояд. Нуҳ алайҳиссалом ба даруни киштӣ ҳамаи лавозимоти заруриро бо нияти оянда захира мекунад. Ниҳоят киштӣ дар рӯи об шино карда аз офат эмин мемонанд.

 Баъди шаш моҳ замин обро фурӯ бурда (бо хости Худо) осмон аз боридан бозмемонад: Он гаҳ Ҷабраил (а) биёмад ва ҳафт дари об барканду бияфшурд ва ҳафт дарё бар рӯи замин пайдо шуд. Об ба дарёҳо ҷорӣ шуд.

Ин ҷо идомаи ривоятро як сӯ монда чун як зани оддиву ба ҳақиқат қоилшуда гуфтаниам, ки Пешвои мо низ Худоназаркардаанд. Илоҳо ба Пешвои миллат Худованд умри Нуҳро насиб гардонад, ки 1400 сол зиндагӣ карда будаанд. Агар ӯ (Нуҳ) дар киштӣ номгӯи лавозимоти оламро нигоҳ намедошт, шояд дунёи имрӯзаи мо пайдо намешуд…

Дарёи Вахши пурталотуми вирди забони ҷаҳониёнгашта низ яке аз он ҳафт дарёҳои бузурги дунёст, ки алҳол дар он бузургтарин иншооти гидротехникии барқии Роғун бунёд гардида истодааст, ки диққати аҳли ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст.

Вахшрову мардуми заҳматкаши тоҷикро ба дунё муаррифӣ кардан низ бурди Пешвост. Ҳамаи  он тухмиву меваву зоти паррандаву чаррандаҳо низ бо шарофати Нуҳ алайҳиссалом зеби дунёи имрӯза аст.

Аз он рӯзе, ки Э.Раҳмон ба сари давлат омаданд, яке аз мақсадҳояшон аз он иборат буд, ки Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати аз ҷиҳати энергетикӣ ва кишоварзиву саноатӣ пешрафта гардонида, бо тамоми ҷаҳониён муносибатҳои иқтисодиву фарҳангиро мустаҳкам намоянд. Бо баробари халқи тоҷик мардуми кишварҳои дуру наздик аз он баҳравар гардида, замони хушксолиҳо аз миён бардошта мешавад.

Ин ҳама бо такя ба иншооти тақдирсози Роғун ба нафъи кулли минтақа аст. Бо баробари пурра ба истифода додани НБО Роғун аз сарвати бойи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати экологӣ безарару манфиатбахш аст, давлатҳои зиёде баҳра бурда содироти он пеш меравад. Муждаҳои аввалини ин амалишавии ниятҳоямонро аллакай эҳсос карда истодаем.

Як қатор шоирони классикии тоҷику форс ба монанди Н.Ганҷавӣ, А.Ҷомӣ орзую ормони мардуми лабташнаро дар назар дошта дар симои қаҳрамононашон Фарҳоди кӯҳкан ҷавонмарди тавоно, қавипайкару меҳанпарвар, дар ишқ пойдору вафодор, далеру нотарсро офаридаанд.

Дар ҳамон замон низ дар образи Ширин муаллифон бонуи шуҷоъ, дар муҳаббат бовафо, оне,ки Фарҳодро танҳо барои аз ӯҳдаи қавлаш баромадаву кӯҳро шикоф карда заминҳои лабташнаро сероб гардониданаш дӯст медорад, ба қалам додаанд.

Имрӯз он орзуҳо ҷомаи амал пӯшид. Ин маҳз бо ҷасорату иродаи қавии Пешвои миллат – Э.Раҳмон аст, ки ҳазорҳо Фарҳодҳои даврони Истиқлолият пеши дарёи шӯху саркаши Вахшро гирифтаву Тоҷикистонро нурборон намуда истодаанд.

Ин ҷо мехоҳам ба оғози навиштаҳоям, ки маҳз Нуҳ алайҳиссалом дар рӯи замини аз нав арзи ҳастӣ намуда ҳаёт бахшид, Иблиси лаин бо ҳар гуна ҳила ба киштӣ ҷо шуда хостаҳои Нуҳро барбод додан мехост. Имрӯз ҳам  иблисҳои одамсурат дар дохилу хориҷ пешрафту тараққиёти Тоҷикистонро дидан намехоҳанд. Шукр, ки чунин дӯзахиҳо ба мақсадҳои нопоки худ расида наметавонанд. Мардуми имрӯза дирӯза нест! Мақсад як аст. Халқи тоҷик тавоно гашт. Ба найрангҳои дасисабозон ҷавоби муносиб дода метавонад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Э.Раҳмон дар созмонҳои бузурги байналмилалӣ манзур карданд, ки мӯшикофона ҳуҷҷатҳои сохтмони НБО Роғунро дидаву таҳлил намуда баҳогузорӣ намоянд. Ин ҳуҷҷат аз назари аҳли ҷаҳон тасдиқ ва маъқул шуморида шуд. Ва минбаъд ин истиқбол эътибори ҷаҳонӣ пайдо кард.

Мо бо фахр имрӯз гуфта метавонем, ки ин нерӯгоҳ имконият медиҳад, ки минбаъд ҳазорҳо гектар заминҳои ташналаб саршор аз об гардида, кишвари мо аз ҷиҳати энержӣ ва хоҷагии қишлоқ, саноат пешрафта мегардад.

Аз хурдӣ орзу доштам, ки муҳандис-сохтмончӣ мешавам. Вале …

Ҳоло дил ҷӯш мезанад. Кош ҷавон мебудаму дар сохтмони НБО “Роғун” саҳм мегузоштам. Ақалан корзори воқеии ҷавонони Фарҳодсифати даврони Истиқлолиятро дидаву ояндаи дурахшони Ватанам – Тоҷикистонро пеши назар меовардам. Ҳамчун уқоби баландпарвози минтақаи ҳарбу зарби диловарони арсаи меҳнатро аз фазо тамошо мекардам. Агар як солаке барои созандагони НБО Роғун дар муҳайё сохтани ғизоҳояшон саҳм мегузоштам, қаҳрамониҳояшонро аз наздик ошно шуда шояд ягон маводе омохта месохтам, ки хотира монад.

Вале ҳоло раванди бунёди ин иншооти бузурги асрро дида истода бо ифтихор ба ваҷд омада мегӯям:

Бо нури РАҲМОНӢ ба пеш, Тоҷикистон!

Рафоат Инъомӣ- омӯзгори коллеҷи омӯзгории ба номи М.Турсунзодаи ш.Конибодом, Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви ҲХДТ

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Вохӯрӣ бо сокинон

Санаи 29.08.2022 сол дар асоси нақшаи муштараки ҲХДТ ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори МИҲД-и шаҳри Истаравшан вохӯрии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим Ғаффор, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода З.М., мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти КИМ ҲХДТ Ширинбоев Садриддин, ёрдамчии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидшоҳзода Шаҳбоз ва муовини раиси шаҳр Мӯъминзода Фирӯза бо аъзоёни фаъоли ҳизб, ходимони дин ва сокинони шаҳри Истаравшан оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ба баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон баргузор гардид.

         Чорабиниро раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода З.М ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Ӯ зимни суханрониаш зикр намуд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳувияти миллӣ сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин аз муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

         Нигоҳ доштани сулҳу субот, ҳимояи марзу буми кишвар, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон вазифаи муқаддаси ҳар яки мову Шумо ба ҳисоб меравад. Мо қишри фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ пурзӯр намуда, мардумро ва алалхусус ҷавонро ба роҳи рост ҳидоят намоем.

         Сипас, мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти КИМ ҲХДТ Ширинбоев Садриддин, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Абдураҳим Ғаффор оиди мавзӯи мазкур баромадҳои таъсирбахш намуда, мардумро даъват намуданд, ки баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, марзу буми Ватан, рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ саҳмгузор бошанд.

         Воқеан имрӯзҳо дар байни аҳолӣ нафароне ёфт мешаванд, ки ба қадри сулҳу субот ва ободиву шукуфоии мамлакат нарасида, даст ба ҳар гуна амалҳои номатлуб мезананд.

         Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз тинҷию оромӣ вобастагии зиёд дошта, муттаҳиддиву иттифоққии ҷомеа, алалхусус ҷавонон асоси он ба шумор меравад. Нагузорем, ки нохалафон ба тинҷию оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо халал расонида, ҷавонони моро бо ҳар гуна роҳу воситаҳо гумроҳ кунанд.

         Ҳамчунин аз байни иштирокчиён сархатиби масҷиди ҷомеи марказии “Ҳазрати Шоҳ” Тураев Абдушукур, муовини  раиси шаҳр Мӯъминзода Фирӯза андешаҳои худро бобати мавзӯъи дар боло зикргардида баён намуда, изҳор доштанд, ки бояд дар ин самт корҳои тарғиботӣ-ташвиқотро дар байни ҷомеа пурзӯр намоем ва пеши роҳи онро сари вақт гирифта, аз як гиребон сар бароварда баҳри пойдории сулҳ, рушду нумӯъ ва пешрафту тараққиёти ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: Вохӯриҳо бо сокинони ҷамоати деҳоти Нофароҷ

Дар асоси нақшаи муштараки ҲХДТ ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Ҷамоати деҳоти Нофароҷ  вохӯрии  мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти КИМ ҲХДТ Ширинбоев Садриддин, ёрдамчии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидшоҳзода Шаҳбоз ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзозода Комил Шариф  бо аъзоёни фаъоли ҳизб, ходимони дин ва сокинони ҷамоати деҳоти “Нофароҷ” оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ба баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон баргузор гардид.

         Чорабиниро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзозода Комил Шариф ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Ӯ зимни суханрониаш зикр намуд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳувияти миллӣ сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин аз муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

         Нигоҳ доштани сулҳу субот, ҳимояи марзу буми кишвар, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон вазифаи муқаддаси ҳар яки мову Шумо ба ҳисоб меравад. Мо қишри фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ пурзӯр намуда, мардумро ва алалхусус ҷавонро ба роҳи рост ҳидоят намоем.

         Сипас, мудири шӯъбаи тарғибот ва иттилооти КИМ ҲХДТ Ширинбоев Садриддин, ёрдамчии директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидшоҳзода Шаҳбоз оиди мавзӯи мазкур баромадҳои таъсирбахш намуда, мардумро даъват намуданд, ки баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, марзу буми Ватан, рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ саҳмгузор бошанд.

         Воқеан имрӯзҳо дар байни аҳолӣ нафароне ёфт мешаванд, ки ба қадри сулҳу субот ва ободиву шукуфоии мамлакат нарасида, даст ба ҳар гуна амалҳои номатлуб мезананд.

         Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз тинҷию оромӣ вобастагии зиёд дошта, муттаҳиддиву иттифоққии ҷомеа, алалхусус ҷавонон асоси он ба шумор меравад. Нагузорем, ки нохалафон ба тинҷию оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо халал расонида, ҷавонони моро бо ҳар гуна роҳу воситаҳо гумроҳ кунанд.

         Ҳамчунин аз байни иштирокчиён якчанд нафар андешаҳои худро бобати мавзӯъи дар боло зикргардида баён намуда, изҳор доштанд, ки бояд дар ин самт корҳои тарғиботӣ-ташвиқотро дар байни ҷомеа пурзӯр намоем ва пеши роҳи онро сари вақт гирифта, аз як гиребон сар бароварда баҳри пойдории сулҳ, рушду нумӯъ ва пешрафту тараққиёти ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем. Дар охири ҷамъомад раиси ҷамоати деҳоти “Нофароҷ” Фирӯз Ҳакимзода баромад намуда, андешаҳои худро бобати мавзӯи дар боло зикршуда баён намуд ва изҳор кард, ки корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро дар ин самт пурзӯр менамоянд ва баҳри пойдории сулҳ, рушду нумӯъ ва пешрафту тараққиёти Ватани маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд.

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Ба истиқболи Рӯзи дониш

Зимни яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд, ки «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ — мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».

Ҳамасола дар Ҷумҳурӣ  чун анъана санаи 1-уми сентябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ҷамъомади идона баргузор шуда, рӯзи нахустини соли нави хониш бо “Дарси сулҳ” оғоз меёбад.

Дар зимни яке аз суханрониҳои худ доир ба Рӯзи дониш ва сулҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Мо дар оғози соли таҳсил ҳамчун анъана рӯзи донишро бо дарси сулҳ оғоз мекунем, зеро ин ду мафҳум, яъне дониш ва сулҳ мафҳумҳое мебошанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат, аз ҷумла шумо, хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони арҷманд мебошад”. Албатта маҳз арзиши сулҳ аст, ки мо ҳамватанон зиндагии орому осоишта умр ба сар мебарем.

Танҳо сулҳу ваҳдат, чароғест ба сӯи ояндаи дурахшон, ки мо онро чун дастодаврди беназир қадр ва ҳифз намоем. Ҳар яки мо шаҳрвандони Тоҷикистон бо низоъҳои гуногун ба монанди мухолифоти байни динӣ, сиёсӣ, тероризм экстримизм, ки имрӯзҳо якчанд мамлакатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст бо дониши қавиву фарҳанги гарон мубориза бурда, ба сӯи ояндаи дурахшон хушбахту сарбаланд равона бошем.                                                                   Аъзои фаъоли ҳизб

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Ба ифтихори ҷашни Истиқлоли кишвар

                Андеша: Истиқлол ормони миллии ҳар миллати озодандеш аст, ки таърих ва тамаддуни қадима дорад. Агар имрӯз мо ба таърих назар афканем, миллати мо воқеан ҳам ба тамаддуни ҷаҳонӣ мероси гаронбаҳо ва чеҳраҳоеро, ки дар пешравии ин тамаддуни башарӣ саҳми бузург доранд, тақдим намудааст.

           Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон гуфтаанд, “Ҳарчанд ки мардуми мо баъди расидан ба ин рӯзи босаодат, яъне истиқлолу озодӣ ба имтиҳони бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардиданд, вале ба шарофати хиради азалии худ ба аҳли башар исбот намуданд, ки метавонанд таҳти парчами истиқлол ва соҳибихтиёрии миллӣ сарҷамъ гардида, давлати худро соҳибӣ намоянд ва Ватани хешро бо заҳмати содиқона ободу зебо гардонанд.”

          Имрӯзҳо ватани азизи мо ба сифати як кишвари соҳибистиқлол  дар доираи созмону паймонаҳои байналмиллалӣ фаъолияти густурда дорад ва дар мушкилоти на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ саҳми арзишманд мегузорад. Мо бо тамоми кишварҳои ҷаҳон равобити мустақим дорем.

         Тоҷикистон хонаи ормонии тамоми халқҳое, ки дар он зиндагӣ доранд ва аз он ба унвони Ватан ифтихор мекунанд. Тоҷикистон  хонаи уммеди чандин ҳазор  тоҷикон аст, ки бо амри тақдир берун аз хоки Ватан зиндагӣ мекунанд. Рушду пешравии кишвари мо мояи ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.

          Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қимматтарини зиндагиамон  – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

                 Аъзои фаъоли ҳизб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Рубрики
Асосӣ

Ҷонибдории ҷавонон ба Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот дар кишвар

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон дар назди вакилон суханронӣ намуда, чунин гуфта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷоннисорӣ мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

27 июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои барҳақи миллат, Эмомалӣ Раҳмон ва дигар фарзандони ватанпараст, меҳандӯст ва сулҳхоҳи тоҷик баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашҳо хотима гузошта, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо карданд.

Расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. Баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, Раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва шурӯъи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд.

Қобили зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарваронааш, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиаш боиси он гардид, ки ӯ ҷони хешро ба гарав монда барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуд.

Яке аз солҳои бениҳоят душвор ва сарнавиштсози гуфтушунидҳо соли 1995 буд, ки дар ин сол аввалин бор музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Кобул баргузор гардид. Пеш аз сафар ба Афғонистон дар моҳи апрели соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати ихтисосиашон бо хабаргузории «Интерфакс» дар бораи ҳадафҳои вохуриашон бо роҳбарони мухолифин чунин иброз доштанд: «Ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбари оппозисиюн ман пеш аз ҳама мавзӯъҳоеро баррасӣ хоҳам намуд, ки ба ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон иртибот дошта, масъалаҳои оташбас ҳам дар сарҳад ва ҳам дар дохили кишвар, баргашти тамоми муҳоҷорине, ки ҳанӯз дар хоки Афғонистон ҳастанд, ва ҳамчунин дигар масъалаҳоро дар бар хоҳад гирифт. Мақсади ман расидан ба мусолиҳа бо оппозисиюн мебошад, ки ин мусолиҳа бояд бечунучаро аз ду тараф иҷро шавад».

Дар вазъияти мураккаб ва ноамнии комил дар шаҳри Кобул, ки дар бист километр берун аз он ҷанги шадиди байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мухолиф идома дошт ва мушакҳо ба тарафи шаҳр ва, бахусус ба фурудгоҳи Кобул паронда мешуданд, ҳавопаймои Сарвари давлат дар фурудгоҳи шаҳри Кобул ба замин нишаст ва баъдан музокирот байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини собиқ шурӯъ гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароити сахт ва хатарнок барои таъмин ва истиқрори ҳар чӣ зудтари сулҳу салоҳ дар Ватан ва оромии миллат дар душвортарин шароит ду рӯз музокироти хеле муҳим ва сарнавиштсозро муваффақона анҷом дод. Натиҷаи музокироти сатҳи олӣ дар Кобул барои ташвиқ ва тарғиби намудани барқарории фазои сулҳ ва ҳамдигарфаҳми дар Тоҷикистон аҳмияти фавқулода дошт. Дар изҳороте, ки аз тарафи ду роҳбар ба имзо расида буд, аз ҷумла чунин ишора шуда буд: «Ҷонибҳои тоҷикон ба хотири рафъи низоъ аз тариқи сиёсӣ, тавассути музокирот, бунёди шароити сулҳи пойдор дар сарзамини тоҷикон тамоми ҷидду ҷаҳди хешро дареғ нахоҳанд дошт».

Пас аз баргаштани ҳайҳати ҳукуматии Тоҷикистон ба Душанбе, шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифоъи Афғонистон, дар мулоқот бо хабарнигорон аз хусуси мавқеи гуманистӣ ва ватандӯстона доштани Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда чунин гуфт: – «Раҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омодааст ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин Раис тоҷикон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт».

Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қиғизистон, Русия, Туркманистон идома ёфтанд, муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳ 9 даври музокирот, 6 вохӯрии сарон ва 21 маротиба музокирот анҷом дода шавад, ки дар натиҷаи онҳо 40 ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба имзо расонида шуд. Дар ҷараёни гуфтушунидҳо тоҷикон ба хубӣ фаҳмиданд, ки ҷанги таҳмилӣ бояд фавран қатъ гардад, чунки ин даргирии бародаркуш миллати тоҷикро метавонист аз байн барад ва ба давлатдории тоҷикон хотима бахшад. Бегонагоне, ки ин ҷангро ба сари миллат таҳмил карданд маҳз таназзулу нобудии давлатдории тоҷиконро мехостанд. Аммо, шукри парвардигор, ки тирашон хок хӯрд.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати бофарҳанг, ватандӯст, сулҳхоҳ ва сулҳпарвари тоҷик дар он давраи хеле сахт ва мудҳиш таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якпорча шуд, роҳи музокироти сулҳро пеш гирифт, аз ақлу фарҳанги азалии хеш истифода намуд, аз роҳи ба тариқи зӯри ҳал кардани мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ даст кашида, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ба хотири таъмини сулҳи сартосарӣ самимона дастгирӣ намуд.

Ҳудуди фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ на танҳо аз нигоҳи сифат, балки аз лиҳози миқдор низ густариш ёфт, мазмуну моҳияти гуногунандешӣ гирифт ва имрӯз дар кишвар 456 рӯзномаву маҷалла нашр мешавад, ки дар миёни онҳо 270 нашрия мақоми ғайридавлатиро доранд.

Имрӯз дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият намуда дар парлумони кишвар намоянда доранд, ки ин нишондиҳандаи муҳими мавуҷудияти плюрализм, яъне гуногунандешии воқеъӣ ва рушди демократия дар Тоҷикистон аст.

Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузори он Эмомалӣ Раҳмон-Пешвои барҳаққи миллат мебошад, имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гашта, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худододӣ истифода намуда, худро наҷот медиҳад.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба Сарвари давлат, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад.

Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз Сарвари давлатро гирифтааст, балки ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бешатар аз худ боварӣ ва эътимод дорад.

Қосимов З. А. – аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: Шанбегии дастаҷамъона

Имрӯз, санаи 27-уми августи соли равон бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ ба “Бобоҷон Ғафуров”  бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи дониш ва бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободкориву созандагӣ устодон аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  дар назди биноҳои таълимӣ, кўчаҳои асосии маркази вилоят ба тозаву обод намудани хиёбону гулгаштҳо чорабинии васеи шанбегӣ гузаронида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки чунин иқдоми муҳим дар оянда низ тақвият дода шуда, устодону донишҷӯён саҳми худро пайваста дар корҳои тозагӣ ва ободонии шаҳр хоҳанд гузошт.

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: Набинад муддаи ҷуз хештанро…   

   Боиси хушнудист, ки  дар чунин кишвари ободу  биҳиштосо зиндагӣ менамоем. Пас моро зарур аст, ки ба қадри ин сулҳу ваҳдат ва осоиштагӣ бирасем. То тавону имком дорем баҳри рушду тараққиёт ва фазои сулҳу суботи ватани маҳбубамон Тоҷикистони биҳиштосо талош варзем. Нагузорем, ки афроди гумроҳу ифротӣ ба номи ин миллату кишвар доғ оваранд. Зеро бо итминони комил гуфта метавонем, ки монанди Тоҷикистони соҳибистиқлол – кишвари биҳиштосову осуда дар ягон гӯшаи олам нест. Дур намеравем, кишвари Афғонистонро мисол меорем, ки даҳсолаҳо дар ин сарзамин муборизаи гуруҳҳои террористию эктремистӣ давом дорад. Мутаассифона, ҳамарӯза садҳо нафар қурбони ин задухурдҳо мегарданд.

    Воқеан исбот шудааст, ки аъзоёни собиқи ҲНИТ имрӯз давомдиҳандаи амалҳои нопоки хеш  бо дастгирии хоҷагони бегона дар хориҷи кишвар мебошанд. Ин гуруҳи ифротӣ аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти кишвар ба хиёнату мансабталошӣ даст зада, кишвари навҷавону тозаистиқлолро ба  ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашонда буданд.  Ин ҷанги хонумонсӯз ба сари мардуми бечораи кишвар бадбахтиҳои зиёдеро овард. Хуни садҳо ҳазор нафар рехта шуд. Ҳазорҳо нафар тарки ватан намуда, мурдағариб гардиданд.

 Хушбахтона, баъди ба арсаи сиёсат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо аз вартаи ҳалокат раҳо ёфт. Ҳамчунин бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзии ин шахсияти бузургу фарзонаи миллат   Тоҷикистон тавонист дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи устувори  худро соҳиб гардад.

    Дар баробари  пешравиҳое, ки дар саросари кишвар бо роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта истодааст, мутаассифона баъзе ашхоси ноогоҳу гумроҳ ҳамаи ин ободиву созандагӣ ва рушду нумӯи кишварро нодида мегиранд. Онҳо аъзоёни ҲНИТ буда, бо ҳар роҳ мехоҳанд, ки обрӯ ва эътибори кишвари моро дар байни хоҷагони хориҷии худ паст зананд. Ин ашхоси ноогоҳу ифротӣ, ки на дониши сиёсӣ доранду на мавқеи устуворро дар ҷомеаи демократӣ сазовор гашта тавонистанд,  маҷбур шуданд  аз Ватан роҳи гурезро пеш гирифта, имрӯз дар кишварҳои хориҷӣ ба боварии кадом хоҷагони бегона даромада, мехоҳанд, чунин оромиву осудагии кишварро доғдор кунанд. Вале бо итминони комил гуфта метавонем, ки онҳо ба мақсадҳои  худ намерасанд. Зеро мақсаду нияти ин фардони фирефта нопок буда, онҳо ба пулу сарвати хоҷагони хориҷӣ дода шудаанд.  Аз ин рӯ ин шахсони гумроҳу ифротӣ ба хотири хоҷагони худ ба ҳама кор даст мезананд. Ҳамин аст, ки онҳо дар хориҷи кишвар истода, ба номи миллат ва давлати азизи хеш ҳар гуна фикрҳои нодурустро паҳн менамоянд. Вале онҳо ба ҷуз худро беобрӯ намудан кори дигаре карда наметавонанд. Зеро ин ашхос ба ҷуз худу ҳоҷагони зархариди хеш дигареро намебинанд. Чуноне, ки Шайх Саъдии Шерозӣ гуфтааст:

Набинад муддаи ҷуз хештанро,

Ки дорад пардаи пиндор дар пеш.

Гарат чашми худобине бубахшанд,

Набинӣ ҳеҷ кас оҷизтар аз хеш.

М. АБДУҶАББОР,

«Нигоҳи халқ»

Рубрики
Асосӣ

ЗАФАРОБОД: Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ

Дар ҳошияи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод намояндаи КИМ ҲХДТ мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ширинбеков Садриддин аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоӣ шинос гардид. Дар ҷараёни шиносоӣ аз фаъолияти шуъбаҳои кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб   вобаста ба дастури КИМ ҲХДТ дар бораи тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ ба масъулин маслиҳати судманд дода шуд. Ҳамчунин аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз” роҳбари ташкилот  Далер Шамсиев, “Шифо” роҳбари ташкилот Одина Одинаев,  “Сино” роҳбари ташкилот Шавқи Ҷумаев, “Молия”роҳбари ташкилот Ойбек Обидзода,  “КДФ  Молу мулки ғайриманқул” роҳбари ташкилот Тоҳир Қӯрбонзода дидан намуда, дар самти  пешрафти фаъолияти ташкилот, раванди ҳуҷҷатгузорӣ, насби шиору овезаҳои тарғиботӣ гироидошти рамзҳои давлатӣ, таъмини саривақтии нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулпазирӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ байни ҷавонон

Тибқи нақшаи муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Ёва вохӯрии мушовири директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Азизулло Файз, корманди маркази исломшиносӣ Абдулло Қодирӣ , роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс ва раиси кумиҷроияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода бо аъзоёни фаъоли ҳизб, ходимони дин ва сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон  баргузор гардид.Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Мавсуф зимни суханронии хеш афзуд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳуввияти миллӣ, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин аз муттаҳид будани халқи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Нигоҳ доштани сулҳу субот, ҳимояи марзу буми кишвар, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда, пос доштани ниёгони аҷдодӣ вазифаи муқаддаси ҳар яки мову шумо ба ҳисоб меравад. Мо қишри фаъоли ҷомеаро зарур аст, ки дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ пурзӯр намуда, мардумро ва алалхусус ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем.Сипас, меҳмонон низ оиди мавзӯи мазкур баромадҳои таъсирбахш намуда, мардумро даъват намуданд, ки баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, марзу буми Ватан,  рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ саҳмгузор бошем. Воқеан, имрӯзҳо дар байни аҳолӣ нафароне ёфт мешаванд, ки ба қадри сулҳу субот ва ободиву шукуфоии мамлакат нарасида, даст ба ҳар гуна амалҳои номатлуб мезананд.  Пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз тинҷию оромӣ вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттифоқии ҷомеа, алалхусус ҷавонон асоси он ба шумор меравад.  Нагузорем, ки нохалафон ба тинҷию оромии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо халалдор гардида, бо ҳар гуна роҳу воситаҳо ҷавонони моро гумроҳ кунанд. Ҳамчунин, аз байни иштирокчиён низ Ғаффоров Абдурауф -раиси маҳаллаи “Осариқ” ва Шарипов Икромҷон-имомхатиби масҷиди  ҷомеъи “Бурхи сармасти Валӣ”   андешаҳои худро бобати мавзӯи дар боло зикргардида баён намуда, изҳор доштанд, ки бояд дар ин самт корҳои тарғиботӣ – ташвиқотиро дар байни ҷомеа пурзур намоем ва  пеши роҳи онро сари вақт гирифта, аз як геребон сар бароварда баҳри пойдории сулҳ, рушду нумӯъ ва пешрафту тараққиёти Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.