Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: СУЛҲУ ВАҲДАТ МАРОМИ МОСТ!

Дар доираи корҳои таблиғотӣ тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дар ҳамкорӣ бо  Мақомоти Иҷроияи  Ҳокимияти Давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати гузаронидани вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгири намудани амалҳои номатлуб, самаранок истифода бурдани қувваи барқ, фаҳмонидани қоидаҳои  буду бош дар давлатҳои хориҷ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ин навбат дар толори МТМУ№2-и шаҳри Хуҷанд бо омӯзгорон ва сокинони фаъоли кумитаи маҳаллаи “Бофанда” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва аъзои фаъоли гуруҳи таблиғотии кумиҷрояи шаҳр Зайниддин Зунунхӯҷаев ва директори МТМУ №2 Даврон Яқубов иштирок ва баромад намуданд. 

Таъкид гардид, ки дар замони имрӯза масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб меравад. Аз сабаби он, ки асри 21 асри техника ва технология ба ҳисоб меравад ва бисёри ҷавонон аз меъёр зиёд телефони мабилиро истифода мебаранд, ки ин ба заифшавии мафкураи онҳо ва ҳатто ба шомилшавии ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо оварда мерасонад. Беҳуда нест, ки танҳо шахсони нодон ва заифиродаро ифротгарон бо гапҳои бардурӯғ ба тарафи худ ҷалб мекунанд.  Бинобар ин мо шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият  набошем ва барои таълиму тарбияи насли наврас, ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Мақсад аз баргузории  чунин вохӯриву мулоқотҳо байни мардум ин бедор кардани ҳисси масъулиятшиносӣ, меҳанпарастӣ, ободкориву бунёдкорӣ дар гирду атрофи маҳалли зист, ҷалби ҷавонон ба сафи артиш, пешгирӣ намудани ҳаргуна корҳои ношоям байни наврасону ҷавонон ва бетарафӣ зоҳир накардан мебошад.

Рубрики
Асосӣ

Ҷаббор Расулов: Маъракаи супоридани аъзоҳаққӣ

Баҳри иҷроиши қарорҳои маҷлиси Раёсати КИ марказӣ ҲХДТ, Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва маҷлиси Раёсати КИ ноҳияи Ҷаббор Расулов «Дар бораи маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ» дар ташкилоти ибтидоии «Ситора» аз ҷониби масъулони кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов санҷиш ва кӯмаки амалӣ расонида шуд.

  Маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ тибқи дастури методӣ «Дар          бораи омода ва баргузор намудани маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ» дар ташкилотҳои ибтидоӣ гузаронида шуда барои ғанӣ буютжети ва баланд бардоштани нуфузи ТИ ба шумор мерад.

Рубрики
Асосӣ

Панҷакент: Маъракаи таҳлили супоридани аъзоҳаққӣ идома дорад

         Оғози ҳафта чорабинӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Экспедитсияи иктишофии геологии Моғиён, Хоҷагии деҳқонии “Ҳақиқат”, Ҷамоати деҳоти Фароб, Литсейи касбӣ – техникии шаҳр ва Маркази саломатӣ идома ёфт.

Ҳангоми таҳлил кормандони Кумитаи иҷроия, аъзоёни Ситод бо ҳуҷҷатҳои муҳосибот шинос шуда вазъи супоридани аъзоҳаққӣ дар ин ташкилотҳо ва гардиши аъзоёни ҳизбро таҳлил намуданд.

         Баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва сармуҳосибон дастурҳои зарурӣ дода шуд.

Рубрики
Асосӣ

Ҷаббор Расулов: Хониши сиёсӣ дар МТМУ №20

Санаи 31-октябри соли 2022 тибқи нақша – чорабиниҳои Қумитаи  иҷрояи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов хониши сиёсӣ  дар МТМУ №20  дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон “ баргузор гардид.

 Дар хониши сиёсии мазкур муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Садриддин Раҳматуллоев, ҷонишини директор оид ба корҳои таълимии муассиса Марҳабо Миродилова, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбияи муассиса Муноҷот Дадабоева иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Садриддин Раҳматуллоев таъкид намуд , ки  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи навинро боз намуд. 16-ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар мебошад.

Мақсад ва баргузор гардидани хониши сиёсии мазкур, ин тарбияи ватанпарастии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсии шаҳрвандон ва бедор намудани зиракии сиёсии онҳо мебошад.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: РӮЗЕ КИ СУЛҲУ САОДАТ ОВАРД

       Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳраки Зарнисор”- и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ таҳти унвони “Рӯзе ки сулҳу саодат овард” бо иштироки ҷавонон ва фаъолон ҳизб доир карда шуд.

        Иштирокчиён атрофи аҳамияти таърихӣ доштани Иҷлосияи тақдирсоз мубодилаи афкор намуда, шукргузорӣ аз сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва рушди кишвар намуданд. Тариқи проект лаҳзаҳои таърихӣ ва хотирмони Иҷлосия ба намоиш гузошта шуда, атрофи он мубодилаи афкор намуданд.

Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: ИДОМАИ МАЪРАКАИ СУПОРИДАНИ ҲАҚҚИ АЪЗОГӢ

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол бо мақсади амалӣ намудани талаботи санадҳои танзимкунандаи ҳизбӣ, бо сифату сари вақт ҷамъ овардани ҳаққи аъзогӣ ва иҷрои қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2022, таҳти рақами 4 “Дар бораи маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ дар ташкилотҳои ҳизбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” баргузории маъракаи мазкурро дар тамоми ташкилотҳои ибтидоӣ идома дода истодааст

Рубрики
Мақола

Гулистон: Мақола

Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам.

                                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

КОНСТИТУТСИЯ – ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗ!

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули  Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Солҳои аввали Истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидаанд.

Ба шарофати Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун субекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва халқи тоҷик ҳамчун мардуми бунёдкор ва сулҳпарвару фарҳангӣ шинохта шуд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз тарафи давлат эътироф ва кафолат дода мешаванд. Тибқи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надорад, ба ягон ваҷҳ, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол кунанд. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, амният ва ваҳдати миллиро таъмин мекунад. Барои ҳар як шаҳрванд озодии андеша, вичдон, раъю иродат ва озодии фаъолиятхои иқтисодӣ фароҳам оварда шуд. Озодии инсон, истиқлолияти миллат ва давлатдории миллӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи олии худ эълом дошта буданд, бо пайравии содиқонаи фарзандони бонангу номуси Ватан ва заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари фарзонаи миллат пойдор гардид.

Рубрики
Асосӣ Мақола

Бобоҷон Ғафуров: Андеша

Қасри таърихии «Арбоб», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки 30 сол қабл дар он ҷо  Иҷлосияи таърихии XVI -уми Шӯрои Олӣ баргузор шудаву муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардидаанд. Муаррихону коршиносони сершумори дохиливу хориҷӣ ин иҷлосияро рӯзи барқарории сохти конститутсионӣ, оғози сулҳу субот, рушди иқтисодӣ ва парлумонӣ дар Тоҷикистон медонанд.

     Исторический дворец «Арбоб», расположенный в Бободжон Гафуровском районе, где 30 лет назад прошла XVI -я  сессия Верховного Совета и был избран Эмомали Рахмон главой государства.  Многие отечественные и зарубежные историки и эксперты считают эту сессию днем ​​восстановления конституционного строя, началом мира и стабильности, экономического и парламентского развития в Таджикистане.