Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ИФТИХОРИ МОЕД!

  Дар радифи чорабиниҳои сиёсӣ, тарбиявӣ-ватандӯстӣ  дар муассисаи таълимии рақами  53 чорабинии тарбиявӣ таҳти унвони “Сарбозони Ватан -ифтихори моед!” баргузор гардид. .

   Дар чорабинӣ масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва сарбозоне ,ки нав аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар баргаштанд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

  Дар рафти чорабинӣ инчунин, суруд аз тарафи дастпарвари мактаби санъати шаҳр, шеърҳо дар васфи Ватан аз тарафи хонандагони муассиса дар мавзӯи мазкур  пешкаши ҳозирин гардид.

  Дар фарҷом бо иқдоми вакили маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд директори муассисаи мазкур Умеда Муродова ба сарбозон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

АШТ: Имрӯз масъулини кумиҷроияи ноҳиявӣ дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Муассисаи давлатии театри мусуқӣ-драмавии ба номи М.Воҳидов дар ноҳияи Ашт ҷиҳати дар сатҳи хуб роҳандозӣ намудани тарзи ҳуҷҷатгузории ташкилоҳои ибтидоии ҳизбӣ ва саривақт баргузор намудани соатҳои сиёсӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: ҲАМДИГАРФАҲМӢ: ҚАДАМИ УСТУВОР БА ФАРДОИ ДУРАХШОН

Дар ҷомеаи имрӯзаи мо қолабҳои шахшудаи гендерӣ хело зиёданд ва яке аз чунин стериотипҳо оид ба масъалаи ҷойгоҳи зан дар оила аст. Мутаассифона дар зеҳни аксарияти мардуми тоҷик як фикр вуҷуд дорад, ки зан бояд дар хона шинад, фарзандонро нигоҳубин кунад ва корҳои хонаро анҷом диҳад.

Инчунин мешаванд ҳолатҳое, ки аъзоёни оила ба келини хонавода мисли хизматгор муносибат мекунанду тамоми кори хонаро бар дӯши ӯ вогузор мекунанд.

Дар ҷомеаи суннатии мо мардҳое, ки ба корҳои хона ба ҳамсарашон кӯмак мекунанд хело каманд. Чунки аксарияти онҳо фикр мекунанд, ки мард набояд ба корҳои хона даст расонад. Аммо нигоҳ накарда ба ин ҳастанд нафароне, ки дар корҳои хона ба ҳамсарашон ёрӣ мерасонанд. Ба фикри онҳо иҷро кардани корҳои хона ягон ҷои шарм надораду баръакс тақсимоти вазифаҳои хонавода нишонаи муносибҳои солим дар оила мебошад.

Яке аз чунин нафарон Аъзам (ном иваз карда шудааст) сокини 43- солаи ноҳияи Айнӣ мебошад, ки ба корҳояш нигоҳ накарда боз барои кӯмак ба ҳамсараш вақт меёбад. Аъзам устои чӯб ҳасту дар ду сол як маротиба ба Федератсияи Русия ба муҳоҷират меравад.

– Тибқи қонунгузорӣ марду зан баробарҳуқуқанд, аммо дар муносибатҳои оиладорӣ дар мисоли оилаҳои тоҷик бояд ҷойгоҳи мард каме баланд бошад. Дар байни зану мард бояд якдигарфаҳмӣ бошаду онҳо бо ҳамдигар муросо намоянд. Ҷояш ояд, агар дасти зан банд бошад, мард метавонад хӯрок пазад, кӯдакро нигоҳубин кунад ва умуман ба ҳамсараш ёрӣ расонад,- мегӯяд ӯ.

Имрӯзҳо аксарияти мардум байни касбҳо фарқгузорӣ мекунанду касбҳоро ба касбҳои ба қавле мардонаву занона ҷудо мекунанд.

– Касбҳоро ба касбҳои мардонаву занона ҷудо намудан дуруст нест. Гап дар сари ҳунар аст. Барои мисол дар баробари бонувон имрӯзҳо аз миёни мардон метавонем беҳтарин ошпазҳо ва дӯзандаҳоро пайдо кунем. Вақте ки дӯзанда мегӯянд мо ҳама занро фикр мекунем. Инчунин миёни занон низ нафарони зиёде пайдо мешаванд, ки касбҳои ба қавле мардона доранд ва ҳатто аксарияти онҳо аз мардҳо дида ақлрониашон хубтар аст, – хитоб кард ӯ.

Аъзам соҳиби 3 духтар аст ва ба ин назар аст, ки агар яке аз духтараш чунин касбро интихоб кунад монеа намешавад. Чун ин кори айб нест. Ӯ мегӯяд, ки падару модароне ба ин кор зид мебароянд, ки фикронии паст доранд.

– Дар байни ёру дӯстонам нафароне, ки ба корҳои ҳамсаронашон кӯмак намекунанд хело зиёданд. Онҳо фикр намекунанд, ки ин ҳама масъулиятҳое, ки зан бар дӯш дорад, иҷро намудани он албатта кори осон нест, махсусан дар мисоли занҳои деҳа, ки кори нисбатан зиёд доранд. Аз рӯбучини хона сар карда то корҳои саҳро,- хитоб кард ҳамсӯҳбати мо.

– Баъзе аз мардон фикр мекунанд, ки масъулияти онҳо танҳо аз ҷиҳати молиявӣ таъмин намудани оила аст, ки ин аслан дуруст нест. Ҳатто баъзеи аз онҳо дар мисоли дӯстонам аз хотир баровардаанд, ки дар таълиму тарбияи фарзанд ҳарду саҳм доранд,- ёдовар шуд ӯ.

   Инчунин дар баробари мардҳо занҳо низ бояд ба кор машғул шаванду барои пур кардани буҷаи оила кӯмак расонанд ва дастгирӣ намоянд, зеро таъмин намудани оила набояд танҳо бар дӯши мард бошад.

  Дар атрофи ин масъала ҷамеашинос Шабнам Холиқова чунин изҳори андеша намуд:- Дар оилаҳои суннатии кишварҳои Осиёи Миёна мардҳо дар оила асосан вазифаи таъмини хонаводаро бар дӯш доранд. Корҳои аз ҷиҳати ҷисмони вазнин низ ба ӯҳдаи онҳо аст, вале ин маънои онро надорад, ки онҳо аз тарбия намудани фарзанд ва кӯмак кардан ба корҳои даруни хона озоданд.

– Кӯмак намудан ба оилаи худ ин пеш аз хама суннат аст. Агар мард дар оила ба зан кӯмак кунад, ҳама кор бо маслиҳат анҷом ёбад, ин оила хеле мустаҳкам мегардад,- мегӯяд ӯ.

– Тарбияи фарзандон танҳо дар ҳолати иштироки пурраи падару модар комил мегардад. Ба ғайр аз ин муносибати падару модар нисбати якдигар пеш аз ҳама барои фарзандон як намуна мегардад. Фарзандон дар оянда низ рафторҳои падару модари худро такрор мекунанд. Аз ин рӯ, ин масъалаи хеле ҳассос аст ва бояд ба он муносибати ҷиддӣ кард,- илова намуд ӯ.

 Аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботии

 КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ  Сайҳона Зокирова

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: РОҲАНДОЗИИ АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ

  Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва тибқи нақша – чорабиниҳои шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом  дар доираи маъракаи иттилоотии 16-рузи мубориза алайҳи хушунат ва зуроварӣ дар оила аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Зӯровариро маҳкум мекунем!”  санаи 29 уми ноябр дар маркази деҳот ва ҷойҳои серодам бо ҷалби аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” роҳандозӣ гардид.  Зимни баргузорӣ варақаҳои тарғиботӣ дар ҳамин мавзӯъ ба сокинон тақсим карда шуданд.

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ ВАРЗИШ – САДИ РОҲИ ҲАР ГУНА БЕМОРИҲОСТ

Тибқи нақша-чорабиниҳои кумиҷроияи ноҳия оиди пешгирии ҳар гуна бемориҳо, ҷалби ҷавонон ба варзиш, пешгирӣ аз ҳар гуна ақидаҳои номатлуб ва дарёфти чеҳраҳои лаёқатманд, дар якчанд ташкилотҳои ибтидоӣ чорабиниҳои варзишӣ таҳти унвони “Варзиш – саломатии бардавом” доир карда шуд. Зимни чорабиниҳо аъзоёни гурӯҳҳои тарғиботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ созандагонро ба гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ва нақши созанда гузоштан дар чорабиниҳои варзишӣ даъват намуданд.

Рубрики
Асосӣ

МАСТЧОҲ: НАҚШАИ ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ МАМЛАКАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ГАРДИД

Ноҳияи Мастчоҳ нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш аз муҳлат иҷро кард.

Албатта, дар ин самт саҳми раиси ноҳия Аъзам Ализода, фаъолони ҲХДТ,  аъзои комиссияи даъват, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолони ноҳия низ калон аст.

Маҳз бо дастгирии амалии раиси ноҳия бештар аз 70 нафар даъватшаванда дар мактаби ронандагии ТҶ “Мададгори мудофиа” таҳсил намуда, соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки ҷавонони худшиносу ватандӯсти ноҳия хуб медонанд, ки хизмати ҳарбӣ на танҳо қарзу фарзи шаҳрвандӣ, балки мактаби нангу номус ва ҷавонмардӣ буда, ба бар намудани либоси низомӣ масъулияту ифтихорангез аст. Аз ин рӯ ҳамеша нақшаи даъват дар ин гӯшаи зебои Тоҷикистон пеш аз муҳлат иҷро мешавад.

Муллошукур ШОКИРЗОДА,

“Нигоҳи халқ”

Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: ВАТАНРО ДӮСТ БОЯД ДОШТ !

        «Мо дар куҷое набошем, дар кадом ҷабҳае заҳмат накашем, бояд лаҳзае фаромӯш насозем, ки мо тоҷикем ва як сарзамин, як Ватан, як забон, як давлат ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст.»
Эмомалӣ Раҳмон

        Фалсафи зиндагӣ чунин аст, ки ҳар  инсон бо баробари ба дунё омадан дар рӯи замин барои худ нақшеро касб мекунад, ки чи гуна бозидани он аз идроки комилу дарки дурусти ӯ вобастагӣ дорад. Васфи Ватанро бо сухан гуфта ба охир расонидан номумкин аст. Чунки меҳри Ватан бе аввалу бе охир аст. Аз он замоне, ки инсоният худро шинохт ӯ аввал меҳри зодгоҳу муҳаббати Ватанро шинохт.

         Эй Ватан эй ҳадяи бе миннати Яздони пок,

         Ман ба домони намозият ибодат мекунам.


           Шоирону олимони гузаштаи миллати тоҷик дар ашъору асарҳои худ меҳру муҳаббати Ватан, хоки Ватан ва обу гили онро чунин самимона тасвиру васф кардаанд, ки баҳо надоранд. То имрӯз бо баробари хондани онҳо ҳар як хонандаю шунаванда ба ваҷҳ меояд ва кас бо як ҳисси алам аз рӯзгори онҳо ёдовар мешавад, ки меҳри Ватану пазмонии хоки диёр чи қадар таъсирбахш будааст.

 Оре, дуруст гуфтаам, ки

Ман қаноат мекунам бо пораи нон

Дар баландии Бадахшон ,

 Дар сукути кӯҳҳои сар бо осмон,

 Дар лаби дарёи зебои Зарафшон.

                           Тоҷикистон хонаи умеди  ман,

                            Ишқи ман, армони ман, имони ман.

                            Офтоби умри ман фардои ман

                              Тоҷикистон  Модари зебои ман
         Ватан ин амнтарин макон барои ҳар як инсон дар рӯи замин аст. Барои ҳамин Ватанро модар мегӯянд. Зеро чун оғӯши модар гарму амон аст, ки тамоми дунё арзишашро надорад. Ватан азиз модар азиз, чунки ҳарду барои фарзандон арзи ҳастӣ мекунанду фарзандон бо онҳо зиндаанд.

          Эй Ватан эй ҳадяи бе миннати Яздони пок,

         Ман ба домони намозият ибодат мекунам.

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. 

                      (Модаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) 

        Ватан муқаддастарин вожае аст, ки  вақте инсон ба забон мегирад камлимаи Модар пеши назар падид меояд.. Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагӣ оғуш кушодааст. Ватан ифтихор, шаъну шараф ва сарвати бебаҳост.

       Ватан  дар сарнавишти инсон ва расидан ба орзуҳои нек нақши бориз дорад, зеро  агар Ватан озоду обод набошад ҳеҷ шаҳрвандаш  зиндагии хуб дошта наметавонад. Вақте мо дар бораи ватандӯстӣ сухан мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан пеши назар меояд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид қайд намудааст: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳаминҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омухта, муқадастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд!».

 Ҷавононро мебояд, ки   аз мактаби наслҳои калонсол, сабақи ватандорию бунёдкориҳо омӯзем. Дӯстию рафоқат, ҳамкорию сабру таҳаммул, зиракии сиёсиву ҳусни тадбир, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, донишандӯзиву худогоҳӣ бояд хислатҳои муҳимтарини  мо   ҷавонон бошад.

         Халқи тоҷик аз шумораи он халқиятҳое ҳаст, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳасти он ҷонисорӣ мекунад. Ватан ин ҳамон қаламравест, ки дар тулии ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил кардаанд. Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо душманони миллат  ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзи нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абадӣ рафтаанд.

    Имрӯз  хизмат дар сафи Артиши миллӣ бояд қарзи виҷдон ва ҳаққи фарзандии ҳар як ҷавони далер бошад.

             Дар роҳи расидан ба ин сарзамини аҷдоди ҳазорон нафар шаҳидгаштаву ҳазорони дигар бедарак шудаанд. Соаташ расидааст, ки мо ҷавонони саодатманду хушиқболи ватанро зарураст ин биҳишти заминиро соҳиби кунем ва нагузорем, ки аҷнабие  ба рӯи оинаи миллати мо санге занад.

  Ба рағми душманони нотавони ин Ватан,       

      Ватанро дӯст бояд дошт,

Ба ишқаш содиқ бояд буд.

Ба хасу хори Ватан

Ошиқ бояд буд…

                      ВАТАНРО ДӮСТ БОЯД ДОШТ !

          Шириншоҳ Нуруллоев

  • Роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент
Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ХУДШИНОСӢ ВА ИСТИҚЛОЛ

  Ба ҷойгоҳи истиқлоли миллӣ ба сифати падидаи беназири таърихиву фарҳангӣ, рамзи асолату ҳувият ва нишонаи ҳзастиву бақои миллати тоҷик метавон назар кард. Замоне, ки Тоҷикистон ба истиқлоли миллӣ расид, замон бисёр мураккаб буд. Кашмакашҳои ҷанги бародаркушӣ дар он солҳои вазнину сангин ва нишебу фарози ин давраи таърихи тоҷикон аз ёди ҳеч кас фаромўш намешавад. Хушбахтона, ба мо имкон фароҳам омад, ки роҳу усулҳи боз ҳам мукаммали расидан ба зиндагии орому осудаву осоишта, тантанаи сулҳу ваҳдат, амнияти пойдор, камолоти ақлӣ, имкониятҳои беҳтари моддиву маънавӣ, фарҳанги волою фазилатҳои наҷиби ахлоқиро дарёбем. Имрўз вазъи ҷаҳони муосир водор мекунад, ки мо аз ҳарвақта бештар ба сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ҳамкорӣ, ахлоқи ҳамида, худшиносии таърихиву фарҳангӣ рӯ орем. Мо инро фаҳмидем, ки ҳувияти миллӣ, шуури таърихӣ ва худшиносии фарҳангӣ зиндагии аҳли миллатро устувор нигоҳ дошта, ба он рўҳу қувваи тоза мебахшид ва  Тоҷикистонро ба тамаддуни муосири ҷаҳон ворид месозад. Аз ин рў, дар раванди истиқлол яке аз дастовардҳои бузурги маънавӣ рўй овардан ба арзишҳои таърихӣ ва фарњангӣ мебошад. Ин арзишҳо миллати тоҷикро ба иттиҳод оварда, сулҳу ваҳдат, шукуфоӣ, осоиштагӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро осон менамояд.

   Мо аз саҳифањои дурахшони гузашта бояд фаровон сабақ бардорем, муборизаи халқи тоҷикро барои ҳифзу таҳкими давлатдорӣ ва истиқлол дар ёд дошта бошем ва инро низ бояд хуб донем, ки сарфи назар кардани ҳофизаи таърихӣ ва муносибати саҳлангарона ба таърих ва арзишҳои миллат оқибат ба пастрафти давлатдорӣ ва истиқлоли миллӣ меоварад. Вақте таърихи миллат ва давлат аз хотир зудуда шуда, ҳисси ифтихори милливу ватандўстӣ коҳиш ёфт, душманони миллати тоҷик ба васлиаи тарғиби таълимоти беарзиш, фитнаангез, ҷудоиандозонандаи мазҳабиву динӣ мардуми аз лиҳози сиёсӣ камтаҷрибаро ба кашмакашҳои хавфнок ва муноқишаҳои харобкорона мекашонанд ва он мавҷудияти тоҷикон ва давлати тозабунёди соҳибистиқлоли ононро зери хатар мегузорад.

    Ба фикри мо дар замони имрўза бояд проблемаҳои таърихи миллат ва давлат, роҳҳои халосӣ аз бегонапарастӣ ва тақлиди кўр-кўрона бар расму оине, ки ба миллати тоҷик иртиботе надоранд ва ҳамзамон монеае ҷиддӣ дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлоланд, таҳлил ва ҳаллу фасл шаванд. Ин назари Пешвои миллат ва бунёдгузори сулҳи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дуруст аст, ки “дар зери парчами гузаштагони бузурги хеш гирд омада, истиқлолияту якпорчагии ватани азиз, иттиҳоду ваҳдати ҳамагониро пеша намоем ва давлати  воқеан ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро бунёд созем”.

 Истиқлол шаъну шарафи ҳар яки мо – ватанпарварон ва ифтихор аз давлату миллат ормони ҳар шаҳрванд дар роҳи худогоҳию худшиносӣ мебошад ва ифтихори миллӣ ормони ҳар фарди худшиносу худогоҳ аст. Барои расидан ба қадри таърих, фарҳанг, забон ва адабиёт анъана ва арзишҳои фарҳангиро бояд арҷ гузошт.

  Дар замони истиқлол таваҷҷуҳ ба таърих, махсусияти рўҳи милливу фарҳангӣ афзуд. Ҳар намояндаи миллат дар ҷустуҷўи сарнавишти худ аз таърихи аҷдод ва зиндагии шахсиятҳо омўзанд. Аз ин рў, гузаштаи халқ, мероси бойи таърихӣ, решаҳои таърихию фарҳангӣ,  анъана, маросимҳо ва расму оин боиси таваҷҷуҳи ҳамагон мебошад. Халқ то замоне зинда аст, ки хотироти таърихиву фарҳангиаш зинда бошад ва забону расму оинашро гум накунад.  Эътиқод ба таърих ва фарҳанги оламшумулаши тоҷик, арҷ гузоштан ба офарандагони арзишҳои фарҳангӣ аз рў овардан ва умед бастан ба ҳама гуна таълимоти бегонаи динӣ воло ва арзишманд мебошад. 

   Бояд ба забон, таърих ва фарҳанги худ арҷ гузошт ва ҳамчун дастур сармашқи зиндагӣ ва кору пайкори худ гардонид. Ин матлаб ҳар фарди тоҷикро барои донистан ва дарки ҳақиқати таърихӣ вомедорад. Дониш моро баҳри ин амал такон мебахшад. Донистани таъриху фарҳанг ва арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат моро аз ҳар буҳрон мераҳонад. 

Дар ҳоле ба худшиносӣ хоҳем расид, ки таърихро бо дастовардҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавӣ ғанӣ гардонем. Инсон бо рафтор, тарзи  ҳаёт ва кору пайкораш худшинос аст. Ба гуфтаи Пешвои миллат сарчашмаи асосии худшиносии миллӣ дўст доштан ва рў овардан ба гузаштаи халқи худ, ҳфз  ва инкишофи мероси маънавии ниёгон мебошад.

    Ин маънии омўзиш ва нусхабардории хушку холии таъриху фарҳанг нест. Таърих дар нусхаи асл бояд омўхта ва аз он сабақ бардошта шавад, иштибоҳоти гузашта набояд такрор ёбад. Таърих такрорнопазир аст.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ХУҶАНД: ВАТАНРО ҲИФЗ МЕБОЯД!

Падидаҳои номатлуби замони муосир ба монанди ифротгароӣ ва терроризм ба сулҳу субот ва амнияти тамоми кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон хатар дорад. Ифртгароиву терроризм танҳо ба як минтақа  маҳдуд нест. Рушди технологияи муосири коммуникатсионї, аз як тараф, дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, хоса соҳаи хизматрасонӣ имконияти мусоиди рушд фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар, он боиси сўистифода шудани ин восита аз тарафи созмонҳои ифротгароиву террористї гардидааст. Имрӯз мо худ шоҳид ҳастем, ки бо роҳи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ  тафаккури ҷавонон тағйир дода мешавад. Даҳҳо ҷавонон бо ин роҳ ба доми фиреби сиёсии созмону ташкилотҳои террористиву экстремистӣ гардида, ҷони худро зери хатар гузоштаанд. Аз нигоҳи Пешвои миллат“яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад”. Ҳоло имконияти технологияи муосир торафт хатари зуд ва дар фурсати кӯтоҳ паҳн намудани идеологияи ифротиву террористиро дар ҷомеа бештар намудааст. Сар задани ҳодисаҳои терактї на танҳо сабаби ҳалокати одамон, ҳамчунин боварии аҳолиро нисбати маќомоти амниятї ва давлатї коста гардонида, иштироки сиёсї ва фаъолнокии сиёсии онҳоро то ба дараҷае суст мегардонад.

Чанд муддат аксарияти мардум фикр доштанд, ки гӯё созмонҳои террористиву экстремистӣ аз байн рафтаанд. Аммо ҳодисаи рӯзҳои охири давлати Қазоқистон бори дигар собит намуд, ки чунин созмонҳо ба таври пинҳонкорона дар ҷомеа фаъолият бурда истодаанд ва набояд нисбати оқибатҳои фоҷиабори фаъолияти созмонҳои иртиҷоӣ бепарво буд. Моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот, амнияти миллӣ ва пешрафти кишварамон ҳар лаҳза бирасем ва барои рушди ободии ҷомеа  саҳмгузор бошем. Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ давраи нооромӣ ва бетартибиҳои сиёсиву низомиро паси сар намудааст ва мардуми кишвар чунин ҳодисаи харобиоварро, ки бо дасти созмонҳои ифротӣ ва бо пуштибонии ташкилоту давлатҳои хориҷӣ сурат гирифт, аз ёд набаровардаанд. Ба касе пӯшида нест, ки оғози ба куча рехтани мардуми Қазоқистон баланд гардидани арзиши газ бошад ҳам, аммо ин як баҳон ва сабаби нооромӣ, бетартибӣ ва шикастани суботу амнияти ҷомеа аз ҷониби гурӯҳҳои махсус мебошад. Маҳз созмону ташкилотҳои террористиву ифротӣ аз чунин фурсат истифода намуда, даст ба қатлу куштор ва харобкорӣ заданд. Агар ба шароит ва имкониятҳои дар Қазоқистон барои шаҳрвандон муҳайё намуда, назар андозем, нисбат ба чанд давлатҳои собиқ шӯравӣ дар ин кишвар сатҳи зиндагони мардум имкониятҳои кору фаъолият хубтару беҳтар мебошад. Боз ҳам ношукрӣ ба чунин шароиту имконот ва ба доми фиреби ҳаргуна созмонҳо афтодани як гурӯҳи хурди мардум, боиси бетартибиву харобкориҳо дар ҷомеа гардид.

Ба миён омадани чунин ҳодисаи нохуш моро ҳушдор медиҳад, ки то ҳол созмонҳои ифротиву террористӣ интизори фурсатҳои муносиб ва аз қафои амалӣ сохтани мақсадҳои ғаразноки хеш мебошанд. Дар чунин шароит, ҳифзи суботу амнияти ҷомеа ба мисли обу ҳаво шарт ва асоси амалӣ намудани ҳамагуна ҳадафу барномаҳои созанда дар ҷомеа мебошад. Бидуни ҳифзи суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва ягонагии ҷомеа таъмин ва амалӣ сохтани ҳаргуна манфиатҳои давлатӣ ғайриимкон ва ба даст оварданаш аз назари воқеъбинона номумкин аст. Аз ҳамин нуқтаи назар шаҳрвандонро зарур аст, ба қадри оромиву суботи кишвар расида бошанд ва дар пешрафти Ватани азизамон саҳми муносиб гузоранд. Дар пешрафту мувафаққияти давлати Тоҷикистон таъмини амнияти миллии кишвар басо муҳим ва ҳифзи он яке аз вазифаҳои на танҳо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳар як шаҳрвандон, махсусан мо ҷавонони худогоҳу ватандӯсти кишвар мебошад.

Рушду нумӯи ҳар ҷомеа ва давлат қабл аз ҳама аз фазои амниятии он вобаста мебошад. Таъмини амнияти шахс, гурӯҳ ва давлат имкон медиҳад, ки ҷомеа қадам ба қадам ҳадафҳои худро амалӣ созад. Мисоли равшани ин гуфтаҳо вазъияти солҳои 90-уми асри гузашта дар кишварамон мебошад. Бинобар нооромии сиёсӣ давлат танҳо дар фикри ба эътидол овардани вазъи кишвар буд ва маҳз баъди ба имзо расидани «Сулҳи тоҷикон» мавзӯи рушди стратегии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Комёбиҳои ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам сиёсати хориҷии кишвар баъди солҳои 2000-ум рӯи кор омаданд ва Тоҷикистон ба натиҷаи назаррас ноил гардид.

Имрӯз низ барои ноил шудан ба натиҷаи хуби рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ моро зарур аст, ки суботу оромӣ ва амнияти давлатиро ҳифз намоем. Дар шароити имрӯза пешгирии роҳи паҳншавии идеологияҳои ифротиву террористӣ вазифаи ҳар шахс буда, муқобилияти шадид ва оштинопазир бо идеологияҳои иртиҷоӣ омили комёбӣ дар ин самт буда метавонад. Аз ин рӯ ба қадри сулҳу амният расидан ва ва барои пешрафту ободии кишвар саҳм гузоштан вазифаи ҳар шаҳрванд, махсусан мо ҷавонон мебошад.

Рубрики
Асосӣ

Дар шаҳри Истаравшан ҳашари тозагии роҳу кӯчаҳо, хиёбону боғу гулгаштҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр баргузор гардид, ки дар ин иқдоми нек кормандони Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан низ иштирок карданд.