Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: 1-ДЕКАБР РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ СПИД.

ВНМО – яке аз бемориҳои хатарноктарин. Аз ҳама бемориҳои хатарноктаре, ки имрӯз мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, ин ВНМО ё ин ки Вируси Норасоии Маснунияти Одам мебошад. Аз оғози бақайдгири то имрӯз шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО дар ҷумҳурӣ хеле зиёд ба назар мерасад, ки ин боиси нороҳатист. Вируси Норасоии Маснунияти Одам ба оилаи вирусони иртиҷоӣ (Retroviridae),ҷинси ленти вирусҳо ( Lentivirus) дохил мешавад. Номи Lentivirus аз мазмуни калимаи лотинии Lente – асос ёфтааст. Аз соли 1987 дар тамоми дунё 1декабр ҳамчун рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО таҷлил мешавад. ВНМО соли 1983 дар ду лабаратория аз ҳамдигар бехабар кашф гардидааст. Соли 1984 бошад, нахустин системаҳои лабаратории барои муайян ва ошкорсозии беморӣ кушода шуд. Мо бояд ҳамеша худ ва наздиконамонро аз зери чанголи ин бемории ваҳшатнок эмин нигоҳ дорем. Чи тавре ки Асосгузорони сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: “Солимии ҷомеа – солимии миллат аст. ” Мо ҳам мехоҳем, ки ҳамеша кишвари худро солиму побарҷо бинем. Ногуфта намонад, ки қисми зиёди гирифторони ин беморӣ ҷавонон мебошанд. Бинобар ин, махсусан аз ҷавонон хоҳиш мекунам, ки бетараф набошанд ва ҷони худро зери хатар намонанд. Бигзор мардуми сарбаланди  тоҷик ҳамеша тансиҳату хонаобод бошанд ва ҳамеша миллати мо ободу солим бимонад.

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: Идомаи чорабиниҳои варзишӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ

Тибқи нақша-чорабиниҳои кумиҷроияи ноҳия дар ташкилоти ибтидоии “Зеробод” мусобиқаи варзишии волейбол баргузор карда шуд, ки дар он хонандагони зинаи сеюми таҳсилот ширкат намуданд.

Боиси қайд аст, ки раиси ташкилоти ибтидоии мавридиназар баҳри баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби ҷавонон ба варзиш, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва ҷалби онҳо омӯзиши фанҳои дақиқ, иқдомҳои саривақтиро пешаи худ намуда, дар амалисозии ташабусҳои ҲХДТ нақши муассир мегузорад.

Чуноне, ки масъулини ташкилот иттиллоъ доданд, ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод ва пешбари намудани онҳо дар чорабиниҳои ноҳиявиву вилоятӣ мебошад.