Рубрики
Асосӣ Мақола

ШАХРИСТОН: ҲИФЗИ ВАТАН – ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД

                  Маънои калимаи «Ватандӯст» дӯстдори зодгоҳи худ будан, содиқ ба халқу ватани худ, меҳру муҳаббат доштан, меҳанпараст, ватанпараст, ватанпарвар будан аст. 

    «Ватан» сарзамине, ки дар он таваллуд шудаем, маконе, ки дар он хуни нофамон рехтааст ва муҳаббати он дар дилу дидаи мо ҷо гаштанро ифода мекунад.

      23 феврали соли 1993 рўзи фаромӯшнашаванда буд, ки дар ҳамин рузи хотирмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шуда, Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт на он қадар хуб буд. Хушбахтона имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мушкилиҳоро паси сар намуда, ба сӯи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодааст.    

   Дар тули 28 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки онро дар чанд ҷумла нишон додан ғайримкон аст.

    Дар олам чанд муқаддасоти ягона ва такрорнашавандае мавҷуд аст, ки Модару Ватан низ ба он шомил мегарданд. Ҳисси ватандӯстӣ ба дараҷае расидааст, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро  аз лолаву райҳон хуштар медонанд.

    Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии Ватан ба масъулияти ҳар як сокинони он вобаста аст. Агар Ватан орому осуда буда, дар саросари он сулҳу субот ҳукумрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд.

  Ҳисси ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиши ба нафъи вай хизмат кардан мебошад.

         Мардуми Тоҷикистон марҳалаи вазнини солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳками амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо, ҳукмфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум, ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад. Дар музаффариятҳои бадастомада ҳиссаи Қувваҳои Мусаллаҳ басо назаррас аст, зеро Артиши миллӣ кафили боэътимоди соҳибистиқлолӣ, бехатарии кишвар ва ягонагии марзу бум маҳсуб меёбад.

         Қобили қайд аст, ки ноҳияи зебоманзараи мо низ ҳамсарҳад бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад,  дар деҳаҳои Фирдавсию Суғдиён дидбонгоҳҳои сарҳадӣ мавҷуд аст.  Дар ин дидбонгоҳҳо сарбозон бо як меҳру муҳаббати ҷавонмардона хизмат намуда истодаанд. Вақте ки ба ин дидбонгоҳ барои аёдати сарбозон меравем, аз ҳаёти сарбозон пурсон мешавем, ҳар яки ин ҷавонмардон аз  рӯзҳои хизматии худ баҳри  Ватан Модар ҳарф мезананд, дар чашмонашон фахр аз хизмати содиқона, меҳр ба Ватани худ ва ғурури саршор аз зодаи чунин давлати соибистиқлол буданашон  ҷилвагар мегардад.

 Мо кормандони кумитаи иҷроия аз шароитҳои дидбонгоҳ аз наздик шинос шудем.  Дар қисмҳои ҳарбӣ, яъне дар дидбонгоҳҳо ҷои хоб, китобхона, ошхонаҳои замонавӣ, синфхонаҳо барои машғулият барои сарбозон муҳайё карда шудааст. Сарбозон аз ин шароитҳои  фароҳам истифода намуда, баҳри осудагии ҳар лаҳзаи умри мо ва  дар хизмати  халқу Ватани худ мебошанд.  Қобили қайд аст, ки ҳамасола  ноҳияи Шаҳристон нақшаи сафарбаркунии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон сарбаландона иҷро намуд. Дар ин ҷода бо ифтихори баланд метавон гуфт, ки дар дилу дидаи ҷавонписарони ноҳиямон ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ пойдор аст. Ин аст, маҳсули меҳнати  омӯзгорон ва падару модарони мо мебошад.

Дар урфият мегӯянд, ки «Биринҷ бе курмак намешавад»  нафароне ҳастанд,  аз хизмати халқу Ватан даст кашида, бо баҳонаҳои гуногун  худро бемор ва нотавон мешуморанд. Дар асл бошад, онҳо тани сиҳату ақли расо доранд, аммо намехоҳанд, ки баҳри ҳифзи Ватан-Модар ду соли умри худро бахшанд. Ва мо шоҳиди он ҳастем,  ки ҳоло ҷавонон мактаби миёнаро хатм нанамуда, барои ба хизмат нарафтан,  роҳи муҳоҷиратро гирифта,  дар давлатҳои бегона мардикориро касб менамоянд. Ҳол он, ки дар кишварамон барои ҷавонони имрӯза баҳри касбомӯзӣ, соҳиби маълумоти оливу миёнаи махсус гардидан шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷавонон танҳо донишу ҳаракат талаб карда шуда истодаасту бас. Имрӯз Ҳукумати давлатамон барои ҳар яки мову Шумо шароити мусоид фароҳам овардааст, бинобар ин хизмат ба Ватан вазифаи хар як чавонмарди кишварамон мебошад.

Ҳамасола бо тантана ҷашн гирифтани санаи 23 феврал – Рўзи Артиши миллӣ дар кишварамон анъана гардидааст.

     Асоси ҳама гуна ҷашнҳо тинҷиву оромиву осоиштагии кишварамон мебошад. Дар кишваре, ки сулҳу субот ҳукмрон аст, ҳама гуна ҷашнҳо зебанда аст, мулк обод, дастархони мардум фаровон мегардад. Хурсандиовар аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рўзҳои вазнинро пушти сар карда, аз имтиҳонҳои сахттарини ин солҳо гузашт ва имрўз ба нерўи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз рушд меёбад.

Муллоева Матлуба

Мудири бахши иттилоот ва таблиготи ХХДТ дар нохияи Шахристон

Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: ПАЁМ -РОҲНАМО БА СУЙИ СОЗАНДАГИҲО

    Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар фазои орому осуда ва бо андешаву навидҳои тоза ироа гардида,  зимни он сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар тарҳрезӣ мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла; саноат, кишоварзӣ, ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг ва ба дигар соҳаҳо таваҷҷӯҳи назар намуда, пешравиҳои соҳаҳои мухталифро дар соли сипаригардида таъкид доштанд.

   Мо – ҳизбиёни шаҳри Конибодом Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23.12.2022 ироа гардид, бо руҳияи баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ тамошо намуда, онро чун муждаи нек ба ояндаи дурахшони миллати тоҷик ва раҳнамои фаъолияти хеш мавриди омӯзиш қарор хоҳем дод.  Зеро аз Паёми гузашта то Паёми навбатӣ кишвари азизи мо ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

    Тавре Пешвои миллат иброз доштанд,  дар соли 2022 дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар вазъи санксионӣ ва маҳдудиятҳои сиёсӣ ба бӯҳрони иҷтимоию озуқаворӣ қарор дорад, кишоварзони мамлакат тавонистанд, ки самаранок меҳнат намуда, мардуми кишварро бо маводи озуқа саривақтӣ таъмин намоянд. Пешвои миллат ба тамоми кишоварзон барои чунин заҳмату садоқат аҳсан ва арзи сипос баён доштанд.

  Ҳамчунин, дар Паём ба масъалаи нақш ва мақоми Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Хушбахтона ҳамаи иқдомҳои кишвари мо, ки вобаста ба проблемаҳои экологӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ доштанд, аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ дастгирӣ ёфта, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати бунёди нерӯгоҳҳои обӣ ба энергияи сабз таъмин мебошад. Чи хеле, ки Президенти мамлакат қайд намуданд, “Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.Таъкид гардид, ки талафоти барқ имрӯз ба 20 фисад расида, бояд барои паст намудани талафот, баланд бардоштани маданияти истифодабарии неруи барқ аз тарафи аҳолӣ корбарӣ карда шавад ва сокинони мамлакатро зарур аст, ки сарфаю сариштакор бошанд.

  Дар Паёми хеш сарвари давлат чун ҳамешагӣ ба соҳаи илму маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, маорифро соҳаи муҳимтарин дар рушди мамлакат арзёбӣ карданд. Баҳри пешрафти соҳаи мазкур имсол дар ҷумҳурӣ 190 муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ҳамаи ин ташаббусҳо барои пешрафт ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард.

  Вобаста дар ин самт ҳамчунин иброз гардид, ки бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ бояд ҳамасола беш аз 200 муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шавад. Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки “мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем ва пешрафти давлату давлатдорӣ, ободии диёри азиз, аз сатҳи донишу маърифати шаҳрвандон вобастагии калон дорад. Зеро, бесаводии мардум ба бесарусомонӣ, хурофотпарастӣ оварда мерасонад, ки ин боиси пастравии ҷомеа ва давлат мегардад. Дар ин самт бояд соҳаи маориф баҳри баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, саводнокии онон дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳмгузор бошанд”.

     Вазорати маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифагузорӣ карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо барномаҳои касбу ҳунарҳои муосирро ҷорӣ намоянд. Баҳри омодасозии мутахассисони соҳаи саноат, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд. Зеро соҳибкасб будан мояи ифтихор ва сарбаландист.

  Мо- ҳизбиён аз чунин ғамхориҳо ва дастгириҳои роҳбари муаззами ҳизбамон сарфарозем  ва бо тамоми нерӯ, қувва,  матонату шуҷоат ва хиради воло баҳри амалисозии ҳадафҳои олии мамлакат ва супоришҳои Пешвои миллат пайваста талош ва меҳнати софдилона хоҳем кард. Чуноне, ки дар Паём  гуфта шуд, минбаъд низ мо тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона мекунем,то кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки ободро мерос гузорем.

Бобоҷонзода Азимҷон Тоир-

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ТАҚДИМИ ТӮҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ БА КӮДАКОН

Бо ташаббус ва иқдоми некбинонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба 70 нафар кӯдакони ятими кулл ва аз оилаҳои камбизоат тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Шарипов ширкат варзида, бо як меҳру навозиши беандоза кӯдаконро бо фарорасии соли нави мелодии 2023 табрик намуда, туҳфаҳои солинавӣ ва билети намоишномаи солинавӣ, ки дар Театри мусиқии тамошобини ҷавон ба номи Одилҷон Назаров баргузор мегардад тақдим карданд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ДАСТГИРИИ ҚИШРҲОИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛОН

Ташаббусҳои ҳизбӣ.

   Бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ дар пайравӣ аз амалҳои хайрхоҳонаву инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом аз ҷониби ҳизбиён амалҳои гуногуни хайриявӣ бомаром идома доранд.

    Ин навбат бо иқдоми як гурӯҳ вакилон кӯмаки яквақтаинаи ғизоӣ ба оилаи ниёзманд расонида шуд.

  Зеро ҳар як узви фаъоли ҲХДТ ро зарур аст, ки дар амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ, ташаббусҳои ҳизбӣ пайваста саҳми худро гузоранд.

Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Суратгузориш аз рафти аёдати солинавии оилаҳои ниёзманд аз тарафи Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон аз ҳавзаи интихоботии “Сойча” №28 .

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: ТОЗАГӢ – ГАРАВИ САЛОМАТИСТ!

Бо ҳисси баланди Ватандустӣ, баҳри ободу зебо намудани гирду атрофи шаҳри Гулистон аҳли коркунони ташкилоти ибтидоии ҳизбии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” шаҳр ба гармову сармо нигоҳ накарда заҳмати зиёд мекашанд. Мо шаҳрвандон меҳнати онҳоро бояд қадр намоем. Зеро тозагӣ гарави саломатӣ буда, зебогии шаҳрамон аз мову шумо вобастагии калон дорад. Барои бозҳам гул – гулшукуфо ва ободу зебо гардидани ҳудуди шаҳр саҳмгузор бошем!

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамбастагӣ бо ҶДММ “Фортуна-КО” 40 нафар оилаҳои ниёзманди ҷамоати деҳоти Хистеварзро ба муносибати соли нави мелодии 2023 бо маводи озуқаворӣ аёдат намуданд.

Аёдатшудагон аз ин иқдоми нек хушнуд гардида, изҳори сипоси самимии худро ҷиҳати тғамхориҳои пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ ҲИЗБ ДАР АРАФАИ ПЕШВОЗГИРИИ СОЛИ НАВ

Хизматҳои шоёни собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ходимони давлатӣ ва ҳар он шахсоне, ки барои рушду нумӯи давлату Ҳукумат саҳм гузоштаанд ҳамеша дар мадди назари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, аз тарафи кумиҷроияҳои ҳизбии шаҳру навоҳӣ дар ҳар иду ҷашнвораҳо дидорбинӣ ва аёдати эшон ба роҳ монда мешавад.

Дар арафаи пешвозгирии Соли нави мелодии 2023 Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов якчанд фаъолон ва собиқадрони ҳизб амсоли Мукаррама Бузрукова, Ҳамроҳ Атаева, Турдибой Ғафурҷонов, ва Саидҷон Тӯхсанбоев аёдат намуда, бо соли нави омадаистода табрик карданд.

Аз ин ташаббус ва иқдоми идонаи ҳизбиён собиқадорон хеле хушҳол гардида, азри миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, баҳри ободиву осудагӣ ва пойдории сулҳу амонии Тоҷикистони маҳбубамон даст бар дуо бардоштанд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

КОНИБОДОМ: ПАЁМ РОҲНАМО БА СУЙИ СОЗАНДАГИҲО

    Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар фазои орому осуда ва бо андешаву навидҳои тоза ироа гардида,  зимни он сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар тарҳрезӣ мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ҳамаи соҳаҳо аз ҷумла; саноат, кишоварзӣ, ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг ва ба дигар соҳаҳо таваҷҷӯҳи назар намуда, пешравиҳои соҳаҳои мухталифро дар соли сипаригардида таъкид доштанд.

   Мо – ҳизбиёни шаҳри Конибодом Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 23.12.2022 ироа гардид, бо руҳияи баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ тамошо намуда, онро чун муждаи нек ба ояндаи дурахшони миллати тоҷик ва раҳнамои фаъолияти хеш мавриди омӯзиш қарор хоҳем дод.  Зеро аз Паёми гузашта то Паёми навбатӣ кишвари азизи мо ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

    Тавре Пешвои миллат иброз доштанд,  дар соли 2022 дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар вазъи санксионӣ ва маҳдудиятҳои сиёсӣ ба бӯҳрони иҷтимоию озуқаворӣ қарор дорад, кишоварзони мамлакат тавонистанд, ки самаранок меҳнат намуда, мардуми кишварро бо маводи озуқа саривақтӣ таъмин намоянд. Пешвои миллат ба тамоми кишоварзон барои чунин заҳмату садоқат аҳсан ва арзи сипос баён доштанд.

  Ҳамчунин, дар Паём ба масъалаи нақш ва мақоми Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд. Хушбахтона ҳамаи иқдомҳои кишвари мо, ки вобаста ба проблемаҳои экологӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ доштанд, аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ дастгирӣ ёфта, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати бунёди нерӯгоҳҳои обӣ ба энергияи сабз таъмин мебошад. Чи хеле, ки Президенти мамлакат қайд намуданд, “Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад.Таъкид гардид, ки талафоти барқ имрӯз ба 20 фисад расида, бояд барои паст намудани талафот, баланд бардоштани маданияти истифодабарии неруи барқ аз тарафи аҳолӣ корбарӣ карда шавад ва сокинони мамлакатро зарур аст, ки сарфаю сариштакор бошанд.

  Дар Паёми хеш сарвари давлат чун ҳамешагӣ ба соҳаи илму маориф таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, маорифро соҳаи муҳимтарин дар рушди мамлакат арзёбӣ карданд. Баҳри пешрафти соҳаи мазкур имсол дар ҷумҳурӣ 190 муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ҳамаи ин ташаббусҳо барои пешрафт ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард.

  Вобаста дар ин самт ҳамчунин иброз гардид, ки бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ бояд ҳамасола беш аз 200 муассисаҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шавад. Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки “мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем ва пешрафти давлату давлатдорӣ, ободии диёри азиз, аз сатҳи донишу маърифати шаҳрвандон вобастагии калон дорад. Зеро, бесаводии мардум ба бесарусомонӣ, хурофотпарастӣ оварда мерасонад, ки ин боиси пастравии ҷомеа ва давлат мегардад. Дар ин самт бояд соҳаи маориф баҳри баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ, саводнокии онон дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос саҳмгузор бошанд”.

     Вазорати маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифагузорӣ карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо барномаҳои касбу ҳунарҳои муосирро ҷорӣ намоянд. Баҳри омодасозии мутахассисони соҳаи саноат, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд. Зеро соҳибкасб будан мояи ифтихор ва сарбаландист.

  Мо- ҳизбиён аз чунин ғамхориҳо ва дастгириҳои роҳбари муаззами ҳизбамон сарфарозем  ва бо тамоми нерӯ, қувва,  матонату шуҷоат ва хиради воло баҳри амалисозии ҳадафҳои олии мамлакат ва супоришҳои Пешвои миллат пайваста талош ва меҳнати софдилона хоҳем кард. Чуноне, ки дар Паём  гуфта шуд, минбаъд низ мо тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона мекунем,то кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки ободро мерос гузорем.

Бобоҷонзода Азимҷон Тоир-

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

Рубрики
Асосӣ Мақола

Бобоҷон Ғафуров: Паёми табрикотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

      Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо камоли ифтихору эҳтиром тамоми кормандони шуъбаи  Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва кулли собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ муборакбод мегӯяд. Барояшон тансиҳатӣ, саодати умр, рӯзгори ободу осуда, дар фаъолияти босамару пурмасъулияташон баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва саҳмгузориашон дар эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ комёбиҳои тоза ба тозаро таманно менамояд.

      Боиси қаноатмандӣ аст, ки кормандони ин мақомот вазифаҳои аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти давлат, пешгирии амалҳои террористӣ, таҳрибкорӣ ва дигар сӯиқасдҳои ҷинояткоронаи махсусан хавфнок, мубориза алайҳи ҷиноятҳои терроризму экстремизм ва муташаккили байналмиллалӣ гузошташударо сарбаландона иҷро намуда истодаанд.

      Ҷоннисориву талошҳои шоистаи ҳар як корманди мақомот дар ин ҷодаи пуршараф аз ҷониби ҳам давлат ва ҳам ҷомеа ба хубӣ эҳсос мегардад. Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Мардуми Тоҷикистон аз заҳмату хизмати шабонарӯзии Шумо – кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сипосгузор аст ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ ин ҷасорату фидокории шуморо дар роҳи дифои манфиатҳои Ватану миллат ҳамеша баланд қадрдонӣ мекунад».

     Итминони комил дорам, ки чунин эътимоди баланди роҳбарияти мамлакат ва мардуми кишвар ба азму иродаи Шумо, кормандони амният, рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

     Бори дигар ба роҳбарият, кормандон ва собиқадорони ин соҳа тансиҳатӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, пирӯзиҳои рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманд комёбиҳо орзумандем.