Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ТААССУРОТ АЗ КУРСИ БОЗОМӮЗИИ РАИСОНИ КУМИТАҲОИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

Бо иқдом ва дастгирии ҳамаҷонибаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассус, савияи дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавии кормандони ҳизбӣ ва мушаххас намудани самти фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ дар марҳилаи имрӯза аз 12 то 24  феврали соли 2023 дар шаҳри Душанбе курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Боиси қайд аст ки дар асоси барномаи курси мазкур чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, суҳбату вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ боздид аз ташкилотҳои ҳизбии пойтахт ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ, ҳамчунин чандин чорабиниҳо вобаста ба тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ, ки аз супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат бармеояд, ташкил ва гузаронида шудаанд.

Курси омӯзишии мазкур барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб бо баррасии мавзӯҳои барои корманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ниҳоят зарурӣ айни муддао буд, зеро мо иштирокчиёни курс дар ин омӯзиш ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани фаъолияти корӣ баҳрабардорӣ намудем.

Курси мазкур таҳти сарварии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор роҳандозӣ гардида, дастуру ҳидоятҳо, масъалагузориҳо ва таклифу пешниҳодҳои мушаххас ба пешбурди фаъолияти кори ҳизбӣ ба маврид буд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки давоми баргузории машғулиятҳо шахсиятҳои шинохта ва маъруфи кишвар – ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов  Саймумин Сатторович, муовинони Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор ва Хайринисо Юсуфӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, ректори Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ғафурзода  Абдухалил, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, директори Маркази исломшиносӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор    Холиқзода Абдураҳим, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҷурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, олимону устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва собиқадорони ҳизб оиди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа маърӯзаҳо намуданд, ки боиси боз ҳам баланд гардидани савияи дониши сиёсӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадам ва усулҳои нави корбарӣ, тақвият ёфтани ҳамкорӣ дар самти пешбурди фаъолияти ҳизбӣ гардид.

Ғайр аз ин баргузории мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди волейбол миёни дастаҳои Дастгоҳи Кумитаи итҷроияи Марказӣ, кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои боз ҳам наздик намудани дӯстии кормандони ҳизбӣ, баланд бардоштани маҳорати варишӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим саҳми муносиб гузошт. 

Дидан намудан аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва корхонаву муассисаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ба мо таассуроти хуб бахшид. Дар воқеъ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талошҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар пойтахти мамлакат ба шаҳри зебову дилрабо табдил ёфта, шароити корӣ дар ҳамаи корхонаву муассисаҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Воқеан, ташкил ва гузаронидани курси бозомузии раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо талаботи хирадмандонаи Роҳбарияти Олии ҳизб буда, аз роҳбарон масъулияти баландро тақозо менамояд. Боварии комил дорем, ки баъд аз баргузор гаштани чунин курси бозомӯзӣ ҳамаи раисон ва масъулони ҲХДТ фаъолияти кориро боз ҳам дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам сахттар камари ҳиммат мебанданд.

Миннатдории самими худро ба Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ барои мусоидат ва ташкили чунин як курси бозомӯзӣ, ки дар баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати роҳбарӣ нақши муассир мегузорад, мерасонем.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд барои иқдоми мазкур ба ташкилкунандагони курси бозомӯзӣ миннатдории самимӣ баён намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои дар рафти курси бозомӯзӣ пешниҳодшуда аз имкониятҳо босамар истифода мебарад.

                                                                            Раиси Кумитаи иҷроияи

                                                                            ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд            

                                                                            Бахтиёр Исматҷонов

Рубрики
Асосӣ

БӮСТОН: ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ ЯКЕ АЗ ШОХАҲОИ ГУРӮҲҲОИ ТЕРОРИСТИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Паёми навбатии худ 23-юми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Оёдова шуданд, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.

         Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.Замони муосир пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм,  терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд, ки боиси дастгирист, зеро хатарҳои терроризму экстремизм моро бетараф гузошта наметавонад.Дар воқеъ, экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравиро дорост. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон-дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

 Дар яке аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид шудааст:«Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад». Мутаассифона, дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳое ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, экстремизм бештар аз ҳама, дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм яъне, тундравӣ, аз андоза гузаштан, ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» аз вожаи лотинии «tеrrоr»  маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

 Ба ҳамагон мусаллам аст, дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол 8 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда, амал мекард. Яке аз ин ҳизбҳо ин ҳизби наҳзат мебошад. Намедонам, ки замоне чи сабаб шуду ин ҳизбро ҳамчун ҳизби сиёси расман ба кайд гирифтанд, ё ин ки дар аввал мардуми тоҷик ба таври кофи аз моҳияти он бархурдор набуд, ки имрӯз яқинан мардуми тоҷик фаъолияти ҲНИ-ро дар ҳудуди кишвар намехоҳанд. Зеро имрӯз мо дар асри 21 қарор дорем. Асре, ки мардуми соҳибмаърифату донишманд ба пешрафтҳои нанотехнологӣ расиданду ҳамон қабатҳои замину осмонро, ки мо дар бораашон афсонахонӣ дорем, илман мекушоянду фатҳ кардан доранд. Муллоҳои мазҳабию ҳизбию лоҳизбии мо бошад, ҳамоно сари баҳси ришу ҷелаку сатру ангушти ишора ва фосила пойҳо аснои намоз муноқиша доранду мунозира. Ва мехоҳанд, ки наврасону ҷавонон низ идомадиҳандаи ин «амали солеҳ»-и онҳо бошанд. Шогирдонашон аллакай ҳосили боғи «мурид»-иро дар «размгоҳ»-ҳои Сурия чида истодаанд. Аз ин ҷост, ки пайдо кардани «раҳбаре мутааллиқ ба ҳамаи мусулмонҳо» орзуест, ки ҳаргиз ҷомаи амал ба бар нахоҳад кард. Бори дигар ва такроран гуфтаниам, ки вақте дар асри 21 моро бо ғояҳои давраи тавлиди Ислом пеш бурданӣ мешаванд, дигар чӣ метавон гуфт? Ин роҳ танҳо сӯйи ҷаҳолат асту торикӣ. Тамом, вассалом. Намояндагони наҳзатӣ бо ҳар роҳу усуле, то тавониста истодаанд, миллати моро танқиду тақлиди бардурӯғ намуда, дар расонаҳои ахборотӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳар тариқа хабарҳои бемаъниву бемӯҳтаворо паҳн карда истодаанд. Мусаллам аст, ки пас аз мамнӯ гаштани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар кишвари мо аъзоён ва тарафдорони он, аксар чун қавми тӯдагурези босмачӣ аз Кабирӣ оғоз то дигар шогирдони «сухандону сиёсатшиносу кордонаш» дар кадом мамлакатҳои ғарб парешону бесарпаноҳ гаштаанд. Имрӯз онҳо дарбадару худ гумроҳанд, ин танқӣду таклиди беасоси мухолифон аз ночориву ноилоҷист. Аз ин пас муқтазои ин беимонон ҳамин аст, лагандбардору фармонбардорӣ беимонон гардидаанд.

Бояд зикр намуд, ки созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои дорои тамоюли динидошта хеле фаъол ва зиёд гардида, ба ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва маънавӣ бештар таъсир мерасонданд. Дар мамлакат фазои озоди андешаи динӣ дар заминаи асли конститутсонии гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ташаккул ёфтааст. Мо ҷавонон бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад. Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.

Рубрики
Мақола

АЙНӢ: ОШЁНИ МЕҲРИ ХУД ДАР МАҒЗ-МАҒЗИ ҶОН ГУЗОР

Шахсиятҳои бомаърифати олам китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Нисбати китоб ва китобдорон боэҳтиром сухан меронанд. Халқи тоҷикро ҷаҳониён, аз замони қадим, таввасути илм, адабиёт ва санъати волояшон мешиносанд, ки онҳоро маҳз китобҳо ҳифз ва баррасӣ намуда, то замони мо овардаанд. Оре, китоб калиди хазинаи илму маърифат буда, таҷрибаву дониши тамаддуни ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон, санъат вобаста аст.

Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо карданд, ки дар рӯи санг, чуб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пусти ҳайвонот нақш офаранду нависанд. Акнун бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои қоғаз назми нави китобдорӣ чорӣ гардид, ба ҷойи сангу чуб аз қоғаз истифода мебаранд. Асарҳои мутафаккирон Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҷомӣ, Навоӣ аз ҷониби хушнависон иншо гардида, насл ба насл гузаштанд. Хушбахтона, китобҳои сафолину сангӣ ва нақши рӯи чубҳо то замони мо расида, имрӯз зиннати осорхонаҳои муътабари ҷахонианд. Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро равшан мекунад. Ҳаётро бо дониш, ки аз китоб сарчашма мегирад, тассавур кардан мумкин аст.

Китоб барои мо манбаи дониш, дӯсти бовафо, маслиҳатгари беминат, рафиқи беғараз, ҳамдаму ҳамсӯҳбати муваффақ аст. Китобхонӣ имрӯз бояд ҷузъи муҳими тарбияи насли наврасро ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст. Он ба шахс таассуроти амиқ бахшида, ҷаҳонбиниашро васеъ мегардонад. Китоб устоди беминат аст. Шахс аз китоби хондааш дарси одобу ахлоқро меомӯзад, накукору покахлоқ ва ватандӯст тарбия ёфта, ба камол мерасад. Аз ин рӯ, бояд ҷавонон ба қадри китоб бирасанд, вақти пурқимати худро ба беҳудагардию корҳои ношоиста сарф накарда бештар китоб хонанд, то дар зиндагӣ душворие садди роҳи онҳо нагардад. Барои он ки шахс хирадманд гардад, пеш аз ҳама, илму дониш омӯзад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш дар баробари зикри масоили муҳими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба масъалаҳои тарбияи насли созанда, мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ доимо таъкид менамоянд, ки “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”.

Президенти кишвар дар ин робита дар Паёми хеш ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров-китоби “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.

Тақдими шоҳасари “Тоҷикон” ба ҳар як хонаводаи кишвар боз як иқдоми хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат аст ва итминон дорем, ки пас аз мутолиаи ин китоб ва пайдо кардани шинохти дуруст аз фарҳангу таърихи гузаштаи хеш мардуми сарбаланди мо боз ҳам беҳтару бештар барои ободсозиву гулгулшукуфоии Ватан камари ҳиммат баста, талош мекунанд, то ному пайкори созандаи онҳо низ дар таърихи кишвари соҳибистиқлоли мо сабт гардад. Мутолиаи ин китоб бешак ба ҷавонони мо таъсири амиқ гузошта, ба худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд ва онҳоро аз зери таъсири гурӯҳу ақидаҳои ифротӣ берун кашида, дар маҷмӯъ ба ватандӯстиву ватанпарастӣ роҳнамоӣ мекунад.

Таи се сол дар кишвари мо аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ доир мегардад. Дар озмун хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар метавонанд иштирок намоянд. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз беҳтарин падидаҳои даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст.

 Ҳадафи ин озмун – баланд бардоштани сатҳи фарҳангу дониши наврасону ҷавонон ва ҷомеа мебошад. Ба замми ин озмуни мазкур барои худшиносии миллӣ, шинохти таъриху фарҳанг, шинохти ҳувияти миллӣ, тарбияи эҳсоси қавии ватанпарастӣ, одоб, маърифат ва дигар ҷодаҳои ватандорӣ аҳамияти фавқуллода дорад. Маърифати баланди инсони китобхон, андешаҳои суиқасд ба ҷон, фирор аз хизмати Ватан-Модар, ҳисси бадбинӣ ва дигар амалҳоро дур менамояд, зеро ӯ бо мутолиаи бештари китоб ҳисси ватандориро дар замири хеш ҷой намуд ва медонад, ки дар ҷомеа, чӣ корҳоро пешаи худ намояд.

Шамсиддинов Исомаддин

омӯзгори МТМУ №28

Аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботии

КИ ҲХДТ дар н.Айнӣ

Рубрики
Асосӣ

Санаи 24.02.2023 дар КИИ ҲХДТ СОМОН, дар доираи ҳафтаи кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа таҳти унвони «Саноатикунонии босуръат – омили рушди устувори иқтисодиёти минтақа» дарси кушоди тарбиявии ассистент Зиёев М.М. дар мавзӯи «Қувваҳои Мусаллаҳ – кафили суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ» бо донишҷӯёни курси 2т ихтисоси 1-25.01.07 иқтисодиёт ва идора дар корхона багузор гардид, ки дар он, муовини раиси КИИ ҲХДТ СОМОН, декани факултети бизнес ва идоракунӣ н.и.и., дотсент Туразода Ҷ.А. ва устодону омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: АРТИШИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ АМНИЯТ

 Дар МТМУ 37 Ҷамоати деҳоти Чинор, деҳаи Чинор дар шаҳри Панҷакент чорабинии тантанавӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд. Дар чорабинӣ мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Тоҷиева Мавлуда ва роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, Шириншоҳ Нуруллоев ширкат варзида, устодону хонандагонро ба муносибати 30 солагии таъсисёбии Артиши миллӣ шодбош гуфта, табрикоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзодаро ба ҳозирин ироа карданд. Барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ, ки муҳтавояш ватандӯстӣ ва хизмат ба он буд, ба чорабинии тантанавӣ ҳусни дигар бахшид. Дар фарҷоми чорабинӣ ба як чанд нафар омӯзгони фаъол, ки баҳри тарғибу ташвиқи барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми бориз гузоштаанд Сипосномаи омоданамудаи Кумитаи иҷроия дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд. Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: ОБОДОНӢ-МАРОМИ МОСТ!

     Баҳри иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 10 феврали соли 2023 таҳти №54-9/16 ва барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят №6 аз 10 феврали соли равон коркунони  КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ба корҳои тозагиву ободонӣ вусъат бахшиданд.

     Ҳашари дастаҷамъона  ва корҳои ободонӣ дар назди ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома дода шуд. Кормандон ба ҳашари шанбегӣ баромада, заминҳои назди бинои Кумитаи иҷроияи шаҳриро, аз бутаю алафҳои бегона, партоваҳо тоза карда, роҳравҳо ва атрофи корхона  ба тартиб дароварда шуд. Дар ободу зебо гардонидани маркази шаҳр саҳми босазо гузошта шуд. Корҳои ободонӣ  идома дорад.Аксҳо аз ҷараёни шанбегӣ.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ХИЗМАТ БА ВАТАН РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДИСТ

Тибқи нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дар толори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ бо донишҷӯёни Коллеҷи мазкур, Литсейи касбӣ – сохтмонии №31 ва хонандагони синфҳои болоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳр таҳти унвони «Хизмат ба Ватан рисолати ҷавонмардист» бахшида ба 30 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Азиза Мирзохоҷаева, муовини раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Муҳаббат Ӯрунбоева ва аъзои гурӯҳи тарғиботӣ Зеварой Бобоева иштирок намуда, оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, тарғиби таҳаммулгароӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ суханронӣ намуданд.

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: БА КОР ОР ИЛМЕ, КИ ОМӮХТӢ, МАКУШ МАШАЛЕРО, КИ АФРӮХТӢ!


       Ташкили курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаи иҷроияхои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ басо бамаврид ва айни муддао буд. Маҳз дар ин курси бозомӯзӣ, ки зарфи ду ҳафта аз ҷониби Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардида буд, бисёр бардоштҳо намудем. Дар замони кунуни дур будан аз воқеияти ҳаёт, надоштани малумот ва ҳамзамон бехирад будан, ниҳоят душвор ва вазнин аст. Дар радифи ҳамсафон камина ҳамарӯза аз сабақҳои устодону олимон, сухандонону пешсафон бархӯрдор будам. Беҳуда устод Фирдавсии Тӯсӣ нагуфтааст:

                           Хирад раҳнамову хирад дилкушой,

                           Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.

       Дар воқе маҳз хирад ва ақли расо аст, ки инсоният аз дигар маҳлуқоти олам фарқ дорад. Маҳз хиради волои инсони аст, ки тӯли чандин солаҳо ба пешравиҳову муваффақиятҳо ноил гардидааст.
       Аз ин рӯ ҳамаи мо, махсусан раисони кумитаи иҷроияҳои ҳизбиро зарур аст, ки сиёсати пешригифтаи дурбинонаву хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ намоем ва бо дарки баланди масъулияти сиёсӣ аз тарзу усулҳои нави тарғиботӣ истифода бурда, барои густариши нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз донишҳое, ки дар курси бозомӯзӣ омӯхтем, истифода намоем. Дар ин самт мо ба нерӯи бузурги аъзову ҷонибдорони ҳизб такя мекунем.

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: АЁДАТИ МОДАРОНИ ҒАМДОР

Тибқи нақшаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ва мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроия Тоҷиева Мавлуда дар арафаи таҷлили ҷашни 30-солагии Артиши миллӣ Зайниева Очакалон ва Зиёева Кубаро, ки фарзондони шуҷоъу далери худро дар роҳи ҳимоя марзу буми кишвар аз даст додаанд аёдат намуданд. Зимни аёдат Мурод Шукурзода аз вазъи саломативу зиндагии аёдатшудагон пурсон шуда аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати собиқадорони ҷангу меҳнат, модарони яккаву танҳо ёдовар шуда, дар охир ба эшон тансиҳативу хотирҷамъӣ таманно намуд. Бояд гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ғамшарику шодишарики мардум буда, баҳри зиндагии шоистаи мардум ва фардои офтобии Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолият мекунад. Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Рубрики
Uncategorized

ГУЛИСТОН: АЁДАТ ВА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ ШАҲРАКИ АДРАСМОН

      Ташкилоти ибтидоии “Шаҳраки Адрасмон” бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дидбонгоҳи сарҳадии шаҳраки Адрасмон,  қисми ҳарбии 0216 бо иштироки  барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, муҳорибаи ҷанги афғон, собиқадорон ва фаъолони ҳизб  аёдат ва чорабинии бошукӯҳ роҳандозӣ карда шуд.

      Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ  Сарҳад  Баротзода афсарону сарбозон ва иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба 30-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, зикр кард, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавонмард шараф аст. Боварӣ дорам, Шумо афсарону сарбозон баҳри ҳифзи Ватан, пойдории Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми худро беш аз ҳарвақта мегузоред.

     Афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Барои сарбозон дастархони идона ороста шуда, санъаткорони ҷамоати шаҳраки Адрасмон бо барномаҳои рангини фарҳангӣ  табъи сарбозонро болидахотир намуданд.

Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ.