Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: ИДОМАИ ХОНИШҲОИ СИЁСӢ ТАҲТИ “ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ”

Дар доираи Нақшаи – чорабиниҳои муштарак дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 ироа гардида, доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон” масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию, нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдўстӣ ва дар амал татбиқ  намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ Ватан миёни ҷавонони аз 14-16 сола, аъзои ТҶҶ”Созандагони Ватан” ва волидайни онҳо дар гимназияи рақами 4-и шаҳри Хуҷанд хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ДОХИЛИҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАОРИФ”

    Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ дар рафти корҳои дохилиҳизбӣ  ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳуҷраҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МАОРИФ”-ро мавриди санҷиш қарор дода, ба масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “МАОРИФ” бобати камбудию беҳбудии масъалаҳои ҷойдошта ва ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

    Ҷиҳати таҳкиму тақвияти корҳои дохилиҳизбӣ, раванди ҳаракати аъзои ҳизб, риояи ҳатмии талаботи Оинномаи ҲХДТ ва низомномаҳои ҳизбӣ, бақайдгирии узви ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ, тартибу ҳолати бақайдгирии узви ҳизб  ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ имрӯзҳо дар асоси нақша чорабиниҳо омӯзиши фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ноҳия баргузор гардида истодааст.

Рубрики
Асосӣ

ИСТИҚЛОЛ: ПАЁМ-САРЧАШМАИ КОМЁБИҲО

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, дар асоси нақшаи тасдиқгардида, санаи  30-юми январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзишгоҳ” бо мураббиёну кормандон мулоқот баргузор гардид.

Сараввал Разоқова Н.Э. баромад намуда, доир ба Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфт.

Ҳангоми сӯҳбат бо иштирокчиёни чорабинии мазкур Н.Разоқова дар бораи таҳлили самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлат, дурнамои рушди иқтисодиёт, пастшавии сатҳи камбизоатӣ, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини нафақа ва дигар мавзӯъҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, аз ҷумла оиди афзудани чандкаратаи даромади пулии аҳолӣ, пайдошавии ҷойҳои нави корӣ, имтиёзҳу сабукиҳо барои пешрафти соҳибкории хурду миёна қайд карда гузашт.

Таъкид шуд, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи омӯзгор таваҷҷуҳи зиёд доранд. Дар баробари ин қайд карда шуд, ки Сарвари кишвар дар Паёми имсолаи худ оид ба соҳаи варзиш ва дастовардҳои онҳо чунин  ибрози ақида намуданд: “Таъмин намудани рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии    Ҳукумати мамлакат буда, ҳадафи он оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мебошад.

Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд.

Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд.

Барои ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам бештар зарур аст, ки ба истифодаи самараноки инфрасохтори варзиш, хусусан, ба нигоҳубини дурусти иншооту биноҳои бунёдгардида эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Ҳамзамон  оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият, пешравиҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, фазои оромиву тинҷӣ ва сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллию динии сокинон  ки бо хидматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадаанд, маърӯза намуд.

Ҳамзамон, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр А.Аҳмадзода қайд кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамо ва дастур барои расидан ба таъмини  зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад. Ҳамаи мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳар сол аз Паём то Паёми навбатӣ дар Ватани мо чӣ қадар корҳои ободкориву созандагӣ анҷом дода мешаванд ва сатҳи некуаҳволии мардум боло меравад.

Инчунин қайд гардид, ки  дар шароити кунунӣ ва умуман дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ масъалаи боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, хоссатан баланд бардоштани ҳисси меҳандӯстӣ ва худшиносиву ҳуввияти миллӣ барои аҳли ҷомеа хусусан ҷавонон яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор рафта, бо ин васила мо метавонем дар рушди моликияти зеҳнии шаҳрвандон саҳмгузор бошем. Таъкид карданд, ки дар ин роҳ бояд ҳар фарди худогоҳ ва худшинос ва аҳли фаъоли ҷомеа, хусусан аҳли зиё  барои тарғиби аҳкоми ватанпарастӣ байни мардум фаъолнокии бештар нишон диҳем.

Афсари бахши РКҲФ ва МГ-и вилояти Суғд дар шаҳри Истиқлол  Садруддинзода  Р. оид ба вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон, аз   шомилшавии  бархе ҷавонони бесаводу гумроҳ, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайваст гардиданд ва доир ба хатари терроризм ва экстремизм баромад карда, аз нишастагон даъват ба амал овард, ки доир ба масъулият дар тарбияи фарзанд, тарғиби одоби накӯ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим кӯшиш ба харҷ намуда, рафтори фарзандонашонро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

            Лаҳзаҳо аз рафти мулоқот:

Рубрики
Асосӣ Мақола

ҶАББОР РАСУЛОВ: ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-РОҲНАМОИ ИМРӮЗУ ФАРДОИ МИЛЛАТ

АНДЕША: Имрӯз ҷавонони саодатманди кишвар дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандона, маорифпарварона ва ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии мамлакат фаъолияти пурсамар дошта, барои рушди ояндаи давлат ва ҳимояи марзу буми кишвари азизамон бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

         Пешвои муаззами миллат дар бораи ҷавонон чунин иброз доштанд, ки “Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем. Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд”.

         Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар беназир ва бесобиқа буда, дастуру ҳидоятҳо ва пешниҳодҳои созандае, ки Пешвои миллат зимни ироаи паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, дар ҳаёти ҷавонон як қатор рӯйдодҳои муҳим ва дастовардҳои нав рӯйи кор омоданд.

Мо дар якҷоягӣ минбаъд низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ бо Пешвои арзандаи худ ифтихор дорем ва содиқ мемонем, аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаашон ҷонибдорӣ намуда, бо пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат дар рушди созандагию бунёдкорӣ ва бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишу талош менамоем.

Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: ТАҚВИЯТИ КОРИ ДОХИЛИҲИЗБӢ

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати иҷрои фармоиши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 05.01.2023, №1 ва фармоиши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан аз 06.01.2023, №2 бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои дохилиҳизбӣ ба ташкилоти ибтидоии “Қалъаи Баланд” ва “Қалъачаи Калон” рафта, бо тарзи ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ҳизбӣ шинос шуданд.

Ба масъулин ҷиҳати самаранок пеш бурдани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ ва ба тартиб даровардани ҳуҷҷатгузорӣ маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Рубрики
Асосӣ

МУЛОҚОТИ ВАКИЛ АЗ ҲАВЗАИ ИНТИХОБОТИИ “ДЕВАШТИЧ-24” БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

         Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Деваштич- 24” Исмоилиён Комрон Исмоилзода вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ва санадҳои нави ин мақоми олии қонунбарор бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Муҷун мулоқот анҷом дод. Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини Раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Равшаной Маъмурзода ва Раиси Ҷамоати деҳоти Муҷун Абдусамад Маҷидов иштирок доштанд. Вакили мардумӣ дар баромади худ ҷавононро ба ватандӯстию хештаншиносӣ даъват намуда, вобаста ба ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба волидайни онҳо ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани фарзандони худ таъкид намуд. Ҳамчунин Исмоилиён Комрон Исмоилзода интихобкунандагони худро ба сарфакоронаю дуруст истифода бурдани неруи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ ва аз он гирифтани ду — се ҳосил, захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ, инчунин корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд. Ҳамзамон ёдовар шуд, ки кишоварзони мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, сайъ менамоянд, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, аз он ду-се ҳосил рӯёнанд, то дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми арзанда гузоранд. Дар фарҷоми мулоқот вакили мардумӣ ба дархосту саволҳо ва пешниҳодҳои интихобкунандагон посух дод.

Рубрики
Асосӣ Мақола

АЙНӢ: ҒОЛИБИЯТИ АБАРМАРДОНИ ТОҶИК ПИРӮЗИИ МИЛЛАТ

    Ҳодисае, ки дар майдони футбол рух дод, ба ҳувияти миллӣ таъсири амиқ гузошта, рӯҳияи миллати тоҷикро баланд бардошт. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон маҳорати олии техникӣ, кори дастаҷамъӣ ва сатҳи баланди тайёриро нишон дод, ки боиси бозии олии ин дастаи родмардон ва пирӯзии шоиста гардид.

   Бояд қайд кард, ки дастаи мунтахаби кишвар тавонист дар бозии футбол бо дастаи мунтахаби Аморати муттаҳидаи Араб пирӯзии назаррас ба даст орад, ки ин дар навбати худ интизоми баланд ва маҳорати бозигарони тоҷикро тасдиқ мекунад.

    Ғалабаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Аморати муттаҳидаи Араб ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ паёми пурқувват фиристод. Ин паём дар он буд, ки Тоҷикистон як нерӯи воқеан рақобатпазир дар футболи ҷаҳонӣ аст. Ва мухлисон натиҷаро истиқбол карданд ва аз дастовардҳои дастаи мунтахаби худ ифтихор карданд ва мехоҳанд кард.

    Ин бозӣ дар таърихи футболи Тоҷикистон муддати дароз дар хотир хоҳад монд. Ин лаҳзаи барҷаста на танҳо ифтихори миллии кишварро баланд бардошт, балки як марҳилаи муҳим дар роҳи рушди минбаъдаи футбол дар Тоҷикистон гардид. Бо ин пирӯзӣ ва бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастаи Тоҷикистон ва ин варзишгарони номвар метавонанд пешрафти таъсирбахши худро дар футболи ҷаҳонӣ идома диҳад ва худро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунад.

    Бозингарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон пас аз вохӯри бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як илҳоми хосе бар худ гирифта, дастуру ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари маҳбуби кишварро сармашқи кори худ қарор доданд. Номбардорони тоҷик омодагии пуршиддат дида, дар баргузории бозиҳои дӯстона бо беҳтарин дастаҳои дигар кишварҳо қувваозмоӣ намуданд. Мураббиён ва бозигарон худро комилан ба кори худ бахшиданд ва дар давоми чанд бозии сипаришуда касбияти баланд нишон доданд.

    Раиси Кумитаи Олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳамияти дастгирӣ ва рушди ин намуди варзиш дар кишвар дастуру супоришҳои мушахас ва самаранок доданд. Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони майдончаҳои муосири варзишиву омӯзишӣ, рушди соҳаи футбол ва баланд бардоштани ихтисоси мураббиён маблағҳои назаррас сармоягузорӣ кардааст. 

    Ҳамаи ин омилҳо ба пешрафти назарраси мунтахаби Тоҷикистон дар футболи ҷаҳонӣ оварда расонданд. Бо ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат дастаи мунтахабамон қавӣ ва ягона шуд ва қодир аст минбаъд ҳам бо ҳама гуна мушкилот дар майдони футбол мубориза барад. Бозии футболе, ки ҳамаи мо шоҳиди он будем зуҳуроти таконе буд, ки ба футболбозони тоҷик имкон дод то сарҳадҳои навро убур кунанд ва худро дар арсаи ҷаҳонӣ эълон кунанд.

    Хулоса, ин дар таърихи футболи Тоҷикистон як рӯйдоди муҳим боқӣ мемонад. Ва ин барои футболбозони ҷавон намуна шуда, онро нишон медиҳад, ки муттаҳидии мо, истодагарии мо ва умеду орзуҳои мо метавонад воситаи ба даст овардани натиҷаҳои барҷаста бошад.

Ҷабборов Абдумаҷид

Мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ

Рубрики
Асосӣ

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

Санаи 29 январ дар маркази ноҳияи Деваштич яке аз ҷашнҳои пуршукуҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи дури тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кишоварзӣ- Иди Сада таҷлил гардид. Ҷойгоҳи Иди Сада идона оро ёфта, дар он сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилотҳо ва кишоварзон маҳсули бо ранҷ парваридаи худ, инчунин хӯроку ҳунарҳои миллии худро, ки хоси маҳалли худ мебошад, пешниҳоди сокинон гардонида, техникаҳои кории кишоварзиро ба маърази иштирокчиён ба намоиш гузоштанд. Дар тантанаи Иди Сада раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Деваштич-24” Исмоилиён Комрон, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолон иштирок намуданд. Қайд карда шуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи тоҷикон буда, чун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва муждаи Наврӯзӣ пазируфта шудааст. Сада бо гулхани рӯшноиафрӯзи худ сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд. Кишоварзон дар таҷлили Иди Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои зарурӣ дастрас намуда, асбоби корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд. Ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза намуда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ менамоянд. Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо анҷом медиҳанд. Дар ин рӯз чун анъанаи ҷашни Сада аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ ороста мешавад. Дар ҷои баргузории ҷашни бостонии Сада дар радифи намоиши ниҳолу зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн аст, пешниҳоди иштирокдорони чорабинӣ гардонида шуд. Дар ҷашнгоҳи Иди Сада гулхан, ки рамзи ин ид аст, афрӯхта шуда, дар атрофи он ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия таронахонӣ ва шодмонӣ намуданд.

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: ҒАМХОРӢ БА ТАБИАТ МАРОМИ МОСТ

    Дар санаи 30-юми январи соли 2024 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ як қадами муҳим дар ҳифзи паррандагон ва ҳифзи экосистема гузошта шуд, ки дар доираи он ба паррандагон дар рӯзҳои сарди зимистон дар талу теппаҳо ва доманакӯҳҳо донагиҳо аз қабили гандум ва хӯроки омехта пошида шуд.  

    Чунин иқдом имкон медиҳад, ки паррандаҳои нодир дар фасли сармо ғизои иловагӣ гиранд, то ки ин нерӯ ба онҳо барои зимистонгузаронӣ кӯмак кунад. Ҳамчунин, ин иқдомҳои нек ҷомеаро фаъол карда, диққати мардумро ба масъалаҳои экологӣ ҷалб мекунад.

    Ин ғамхории ҳизбиёни ноҳияи Айниро нисбат ба муҳити зист ва ҳайвонот нишон медиҳад. Ва чунин амалҳо ба ҳифзи гуногунии биологӣ мусоидат намуда, ба некӯаҳволии ҳайвонот дар Тоҷикистони биҳиштосо мусоидат мекунанд.

Рубрики
Асосӣ

КОНИБОДОМ: ОҒОЗИ МУЛОҚОТИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ РАҶАБЗОДА РАВШАН МУҲИТДИН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Аз 26 январ то 5 феврал вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон вобаста ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 ва санадҳои нави ин мақоми олии қонунбарор бо интихобкунандагон суҳбату мулоқот анҷом медиҳанд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан Муҳитдин дар шаҳри Конибодом мулоқоти нахустини худро дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки фаъолони шаҳр баргузор намуд. Дар мулоқоти мазкур раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тухтасунзода низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромади худ Раҷабзода Равшан Муҳитдин аз ҷумла таъкид дошт, ки дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшан, рушди иҷтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсииҶумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад.

Иттилоъ дода шуд,ки дар Паём дар баробари дигар соҳаҳо, соҳаи иҷтимоӣ мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд.

Дар баромади худ Раҷабзода Равшан Муҳитдин доир ба дигар нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат низ маълумоти муфассал дод.