Дар асоси нақшаи муштараки Прокуратураи шаҳри Бустон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд дар қисми низомии 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ прокурори шаҳри Бустон Азизов Абдуқаҳҳор Абдуҷабборович, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон Ҷалолзода Миршакар Саид, командири қисми низомии 051056-и Гвардияи миллӣ Одиназода Абдусалом иштирок намуданд.Нахуст прокурори шаҳри Бустон Азизов Абдуқаҳҳор Абдуҷабборович доир ба Паёми Пешвои миллат сухан ронда, зикр карданд, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 омили таъмин намудани амнияту субот дар Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад. Эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳоӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.Дар мавриди таъмини амният ва субот омили асосӣ риояи қонун мебошад. Ҳамин аст, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ таъкид намуданд, ки «роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд».Дар рафти вохурӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон Ҷалолзода Миршакар Саид баромад намуда, иброз доштанд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин омили тараққиёти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб рафта, дар назди сохторҳои гуногун ва мардуми кӯҳанбунёди тоҷик вазифаҳои муҳиму мушаххасро ба миён мегузорад. Мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик ҳамасола пеш аз соли нави мелодӣ бо шукргузорӣ аз амну осоиштагии кишвари маҳбубамон, ҳамзамон бо шукргузорӣ аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паёмҳои Пешвои муаззами миллат ба ҳайси як санади сарнавиштсоз, дастури раҳнамои босуботи зиндагӣ буда мардуми сарбаланди тоҷикро ба сӯи фардои дурахшон ҳидоят менамояд. Паёми Пешвои миллат барои ҳар як сокини осоишта, ба ҳар як хонадони тоҷик, махсусан барои ҷавонон роҳнамои асосии зиндагӣ ба ҳисоб меравад.Дар фарҷом ба афсарони фаъол Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон супорида шуд.
Месяц: Январь 2024
Терроризм ва экстремизм аз падидаҳои номатлубтарин дар ҷаҳони имрӯза маҳсуб ёфта, ҳамчун вабои аср ба масъалаи глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Боиси таассуф аст, ки ин вабои аср дар бисёр давлатҳои олам, алалхусус давлатҳои мусулмоннишин доман густурда, зиндагии мардуми осоиштаро ба ҷаҳаннам табдил додааст. Саркардаҳои ин гуруҳҳои ифротӣ аз бедонишиву сустиродагии қисме аз ҷавонон то ҳол ҳам истифода мебаранд, ки садҳо ҷавонон то имрӯз ба коми оташ сарнагун ва аз ҳаёт маҳрум гардидаанд. Пӯшида нест, ки ин гуна ҷавонони ноогоҳу худношинос дар байни ҷомеаи мо низ гоҳе зуҳур ёфта, ба доми фиреб ва ба ҳар гуна равияҳои ифротӣ шомил гардидаанд ва куллан бесарнавишт дар биёбонҳои давлатҳои Ироқу Шом ё мурдаанд ё бардагӣ мекунанд. Ин гумроҳшудагон аз надоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва динӣ, нодуруст истифода намудани шабакаҳои иттилоотӣ (интернет), нодида гирифтани самараи истиқлолият, сулҳу субот ва оромӣ дар мамлакат ба ин бало гирифтор шудаанд. Лозим ба қайд аст, ки надоштани саводи кофӣ ҳамеша дар пайи худ ҷаҳолату бозмондагӣ ва рӯ овардан ба хурофотро ба бор оварда, сабабгори зуҳур намудани экстремизм ва терроризм мегардад. Чунин масъалаҳоро ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои эксремистӣ ба хуби дарк намуда, онро барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки гурӯҳҳои худ кайҳо боз истифода мебаранд. Мисоли равшани онро мо дар ҳодисаҳои давлатҳои Ироқу Шом шоҳид гардидаем. Ногуфта намонад, ки то ба ҳол тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ, чанде аз хоинони ватани мо, ба монанди М.Садриддин ва дигар ҳамақидаҳои ӯ бо роҳандозӣ намудани барномаҳои иғвоангези худ мехоҳанд дар тафаккури ҷавонони мо тафриқаву низоъ ва як навъ бадбиниро нисбати халқу миллати худ ҷой диҳанд. Ин оқипадарон ҳамарӯза кӯшиш менамоянд, ки Тоҷикистони имрӯзаро ба солҳои навадум ё ба шабеҳи Афғонистони имрӯза табдил дода, бо қонунҳои ғайришаръии худ хуни мардуми одиро то қатраи охирин бинӯшанд. Ин баргаштабахтон, ки бо чашми хирад имрӯза рушди ватани моро намебинанд ва ё аниқтараш намехоҳанд бубинанд, ҳанӯз ҳам бо ақидаҳои нопоки худ дар каллаҳои худ хаёлҳои хом мепарваранд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин нохалафоне, ки аз канори поки ин Ватан раставу имрӯз бар ин Ватан санг мезананд бадтар аз ҳама гуна душман барои миллати мо мебошанд. Зарур аст, ки ҷавонони имрӯзаи ҷомеаи мо бояд донанд, ки ҳадафҳои Кабириву дигар ҳаммаслаконаш танҳо ба хотири ноамн кардани ҷомеаи ороми мо буда, ҳеҷ амали хубе дар кирдори онҳо нест. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки аз шароитҳои мусоиди таълиму тарбия истифода бурда дониш омӯзанд, фирефтаи ҳар гуна фитнаҳои душманони миллат нагарданд, аз амалҳои номатлуб даст кашида барои ояндаи неки худ талош намоянд. Дар чунин вазъияти ноороми ҷаҳонӣ, масъулият ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки якпорчагӣ ва истиқлолияти Тоҷикистони азизамонро аз чунин паёмадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем. Ҳамчунин бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ ҳар яки мо шаҳрвандони ин сарзаминро зарур аст, ки дар мубориза бар зидди экстремизм аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла, тарбия намудани ҷомеаи солим, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, худшиносии миллӣ ва ғайра самаранок истифода намуда, якдилона барои пешгирии ин вабои аср саҳмгузор бошем. Ш. Исозода-раиси ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол
Санаи 23 январи соли равон тибқи нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод мулоқоти судманд бо омӯзгорони шаҳраки Ҳаёти нави Ҷамоати деҳоти Равшан баргузор гардид. Комилхоҷазода Шахбоз мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон вобаста ба нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2023 ироа гардид баромад намуда, таъкид дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барномаи мукаммали фаъолият буда, фарогири ҳамаи самтҳои асосии сиёсати минбаъда дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошад. Дар идома ба як гурӯҳ кормандоне, ки ба сафи ҳизб аъзо шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардида, таъкид карда шуд ки барои пешравии Ватани азиз хиссагузор бошанд.
Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ санаи 22.01.2024 сол бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” мусобиқаи зеҳнӣ оид ба шашкаю шоҳмот баргузор гардид.
Дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолона ширкат варзида, зимни баргузории чорабинии мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ суҳбату вохӯриҳо доир намуда, ибрози назар намуданд, ки ҷавонон бояд пайваста ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи баланд ширкат варзанд, ба омӯзиши илмҳои дақиқ, аз худ намудани касбу ҳунар машғул шаванд, пайваста дар корҳои ободонии маҳал саҳми муассири хешро гузоранд.
Дар фарҷоми мусобиқаҳо ба ғолибони ҳар як категория медалҳои ва таҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯриву мулоқотҳо бо аъзоёни фаъоли ҳизб баргузор гардида истодааст.
Дар ташкилоти ибтидоии “Тавонбахш” дар назди Беморхонаи физиотерапевтии ҷумҳуриявӣ дар вилояти Суғд мулоқот бо кормандон ва аъзоҳои фаъоли ҳизб гузаронида шуд.
Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Дилшод Давлатзода маҷлисро ифтитоҳ намуда, моҳияти Паёми Пешвои миллатро ба онҳо шарҳу эзоҳ дод ва барои расидан ба ҳадафҳои дар Паём баён гардида, аъзоёнро даъват ба амал овард, ки баҳри пешрафту тараққиёти Ватани азизамон ҳиссаи арзандаи хешро гузорем.
Ҳамзамон дар ҷараёни маҷлис Башорат Ҳайдарова котиби масъули ташкилоти ибтидоӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баромад карда, қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат барои мо сокинони кишвар роҳнамо ба сӯи ояндаи дурухшон ва зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ расидан ба ҳадафҳои хирадмандона ва некбинонаи Сарвари давлат мо аҳли ҷомеа низ дар рушду нумуъ ва ободкориву созандагии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорем.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, дар низоми давлатдории мо ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо ва муҳимтарин барои амалу созандагӣ шинохта мешаванд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 муждаҳои тоза дар бораи ояндаи дурахшон ва рушду нумӯи минбаъдаи мамлакатамон, имкониятҳои нав ба нави иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам месозад.
Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи он ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор ба пеш меравад.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат пеш аз ҳама барои ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръат, ки рушд ва таҳкими низоми иқтисодии кишварро таъмин месозад, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаву ҳадаф ва самтҳои асосиву меҳварии фаъолияти мардуми кишварро барои боз як соли дигар ва дар умум, барои солҳои минбаъда муайян ва ҷиҳати пешбурди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар мушаххас намуд.
Ҳар Паёми Пешвои муаззами миллат, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа мегардад, барҳақ ба муҳимтарин рӯйдоди сол табдил меёбад ва ба истиқболи гарму самимии тамоми сокинони кишвар сазовор мешавад.
Ҳар Паём барномаи амали аҳли кишварро барои соли навин ва давраи муайян таҳрезӣ мекунад ва роҳнамою ҳидоятгари мардум ба ҷодаҳои навини созандагию бунёдкорӣ мешавад. Ва Паёми имсолаи Сарвари давлат, аз Паёмҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дорад, боз ҳам фарогиртару пурдалел ва печида ба тавзеҳоту аркони фараҳбахш мебошад.
Рамзи саодати халқи тоҷик аст, ки дар доираи манзур гардидани Паёмҳои фардоафрӯзи Пешвои муаззами миллат ҳамасола тахаюлоти муҳими зиндагии шоиста ва чигунагии равишҳои шарафёб гардидан ба комёбиҳои нав ба нав таҳрезӣ шудаанд.
Дар Паёми Президенти кишвар дастоварду пешравиҳои ҷумҳурӣ дар соли 2023 соли бобарор арзёбӣ гардид. Зеро маҳз дар солҳои сипарӣ дар кишвар муваффақиятҳо, ободию бунёдкорӣ, ки барои таъмини зиндагии мардум нигаронида шудааст, беҳтару бештар ба назар мерасанд.
Собиқадорон, ташкилотҳои собиқадорони вилояти Суғд Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳбаландӣ ва қаноатмандии бузург пазируфтанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ барои расидан ба ҳадафи олӣ-баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад.
Дар Паёми худ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.
Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 милиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид.
Дар соли 2023 интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар 388,9 млн сомонӣ буда музди миёнаи меҳнат 2895,9 сомониро ташкил дод.
Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаҳои сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 фоиз дар соли 2023 паст карда шуд.
Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромати буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт.
Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар оянда низ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.
Дар се соли минбаъда ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ афзоиш дода шуда, ба ин мақсад 61 милиард сомонӣ равона карда мешавад.
Дар Паёми худ Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтар гардидани некӯаҳволӣ сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро таъкид намуда, қайд карданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расидааст.
Ин аз ҳисоби афзоиши табии аҳолӣ, паст гардидани фавт ба вуқӯъ пайваст, яъне умри миёнаи аҳолии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 6 сол афзоиш ёфта нишондиҳандаи мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати идома додани ғамхорӣ ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ инчунин иловапулиҳо ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда мешавад.
Аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда мешаванд.
Бо назардошти ҳифзи иҷтимоии собиқадорон беҳдошти вазъи зисту зиндагӣ, хизмати маишӣ ва мадании онҳо 24 сол мешавад, ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг, ҳамсарони саробонашон дар ҷангҳо ҳалокшуда, маъюбону ҷанговарони қаламрави давлатҳои дигар, Артиши Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, муборизони барқароркунии сохти конститутсионӣ, рафъи офати экологии НБА “Чернобил” кӯмакпулиҳои ҳармоҳа муқаррар шудаанд.
Бобоҷонов Шодиқул
Аъзои фаъоли ҲХДТ
Санаи 21 январи соли равон аз ҷониби кормандон, аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и ташкилоти ибтидоии “Ҳунарманд” ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи бинои таълимӣ ва ҳудуди заминҳои назди ташкилот шанбегии навбатӣ гузаронида шуд. Дар раванди шанбегӣ бо мақсади тозаву озода ва сарсабзу хуррам нигоҳ доштани муҳити зист аз ҷониби масъулин заминҳои ҳудуди муассиса барои шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва кабудизоркунии муҳит омода карда шуданд.
Бо мақсади тозаву озода намудани гирду атрофи корхонаву ташкилотҳои ҳудуди ноҳия сокинон ва ҳизбиёни ноҳияи Зафаробод бо ҳисси баланди меҳнатдӯстӣ ба ҳашар баромаданд. Дар шанбегӣ кормандони ташкилоту корхонаҳо, масъулони ноҳия иштирок намуда, кӯчаҳои марказӣ, роҳрав ва канори роҳу ҷӯйборҳоро аз ҳар гуна партовҳо тозаву озода намуданд. Мавриди қайд аст, ки дар корҳои ободонӣ ташкилотҳои ибтидоӣ “Муҳандис”- и МДТ Коллеҷи политехникии ноҳия , “Фарҳангчиён” -и Бахши фарҳанги ноҳия ва “Варзишгарон” – и МДТ МДМВ фаъолияти назаррас нишон доданд. Ёдовар мешавем, ки чунин шанбегиҳо ҳар ҳафта аз ҷониби масъулини ноҳиявии ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамватанон ҷиҳати сабзу хуррам гардонидани диёр, тозаю озода нигоҳ доштани ҳар кӯчаю хона, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён шудааст, бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент аз ҳавои баҳоргунаи фасли зимистон истифода намуда, ҳар рӯз садҳо нафар ба ҳашари ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ мебароянд. Суратгузориши зер аз ҳашари ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар яке аз мавзеъҳои маҳаллаи Азизободи шаҳри Панҷакент, ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, ҳикоят мекунад.
Санаи 19 январи соли 2024 дар толори МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура Оқилзода ва муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ҳусни ифтитоҳ бахшида оид ба Ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар соли 2023 сухан намуда аз ҷумла якчанд вазифаҳоро барои соли 2024 қайд намуд. Дар Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд барои соли 2024 ба раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Мирзозода Комил Шариф, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров Анварзода Амир, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол Разоқова Наргиза Эрқуловна музокира намуданд. Инчунин мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Шарипов Аъзамҷон баромад намуд.Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Азимӣ Зайнура Оқилзода баромад намуда, қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт. ҲХДТ ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи чунин сиёсати созандаи ҳизб аст, ки намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи он мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд.Дар идомаи ҷаласа муовини Раиси КИ ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон суханронӣ намуда, афзуд, ки имрӯзҳо дар баробари корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ки асоси фаъолияти ҲХДТ-ро ташкил медиҳанд, инчунин бо назардошти воқеаву таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳизб кӯшишу ғайрати худро ба самти солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз таъсири ақидаҳои манфии равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротӣ дар миёни ҷомеа равона кардааст. Дар ин раванд ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва назари воқеӣ ба рӯйдодҳои ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон меҳвари асосии фаъолияти ҳизбиёнро ташкил медиҳад. Ҷои ифтихор аст, ки фаъолони ҳизб ва умуман ташкилотҳои ҳамаи зинаҳои ҳизбӣ дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва моҳияти сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ба оммаи васеи мардум дар сатҳи зарурӣ ва бо касбияту самимияти баланд фаҳмонида истодаанд. Дар Маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд барои соли 2024 якчанд фаъолони ҳизб, ғолибони озмуни вилоятии “Кумитаи иҷроия, шуъбаи беҳтарин, шӯрои собиқадорон ва ташкилоти ибтидоӣ”-и КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, инчунин КИ ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баҳри саривақт иҷро намудани маъракаи “Обуна 2024” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” бо сипоснома ва мукофотпулӣ қадршиносӣ гардидаанд. Ҳамзамон ба 45 нафар хатмкунандагони Мактаби захираҳои кадрии назди КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд барои соли 2023 дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи хатм супорида шуд.