Рубрики
Асосӣ

ИСТАРАВШАН: БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ “НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ”

Дар асоси барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан бо мақсади пешгирии шомилшавии сокинон, махсусан ҷавонону наврасон ба ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аксияи тарғиботии вилоятӣ таҳти унвони “Нест бод терроризм ва экстремизм” роҳандозӣ гардид.

Дар рафти аксия аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати пешгирии терроризм ва экстремизм, таълимоти ғайрирасмии динӣ ба сокинон дар ҷойҳои серодами шаҳр варақаҳои тарғиботӣ тақсим карда шуд. 

Рубрики
Асосӣ

АЙНӢ: БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

    Таҳти шиори мазкур ва дар пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои лоиҳакашии роҳи Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ дар санаи 13-уми феврали соли 2024 оғоз гардид

     Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода дар якҷоягӣ бо Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо харитаи роҳ ошно шуда, пешниҳоди мутахассисонро вобаста ба таҷдид ва азнавсозии роҳ шуниданд. 

    Ёдовар мешавем, ки татбиқи ин лоиҳаи муҳим дар идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст.  

    Қайд карда шуд, ки Лоиҳаи таҷдиду азнавсозии роҳи Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ, ки 80 километрро дар бар мегирад лоиҳакашии дақиқро талаб мекунад ва он бояд бо стандартҳои замони муосир пурра ҷавобгӯ бошад. Зеро, дар ҳудуди он аҳолӣ истиқомат мекунад ва хонаҳои онҳо хеле ба роҳ наздик аст. 

    Муқим Муродзода ҳамчунин қайд кард, ки оғози корҳои лоиҳакашӣ дар ин роҳ, ки мардуми куҳистон онро дер боз интизор буданд боз як иқдоми нек дар раванди бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Таъкид гардид, ки ҳадафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёди роҳҳои замонавии нақлиётӣ дар минтақаи болооби Зарафшон аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои мухталифи ноҳияҳои водӣ аз тариқи роҳи муосиру замонавӣ таъмин ва дар ин замина сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.

Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ҲОМИЁНИ ВАТАН!

(БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ РӮЗИ БАРОВАРДАНИ  ҚӮШУНҲОИ СОБИҚ ИТТИҲОДИ ШӮРАВӢ АЗ ХОКИ АФҒОНИСТОН)

Ба ифтихори  санаи муҳими  таърихӣ – Рӯзи баровардани Қӯшунҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон , ки соли равон 35-солагии онро ҷашн мегирем, имрӯзҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дар хонандагон бедор намудани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ  чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардида истодааст.

Дар  ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Фрунзе”  таҳти унвони “Ҳомиёни  Ватан!” баргузор гардид, ки он ба 35- солагии   баровардани Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз марзи Афғонистон бахшида шуд. 

Дар чорабинӣ хонандагони синфҳои болоӣ барномаи  фарҳангӣ ва адабӣ  намоиш доданд, ки хеле таъсирбахш буд.

Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз хонандагон ба аёдати қабри шаҳидони ҷанги Афғонистон рафта, дар назди мақбараи шаҳидон гулчанбарҳо гузоштанд.

Рубрики
Асосӣ Мақола

ҶАББОР РАСУЛОВ: АНДЕША: ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии ҷаҳони имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои дурӯғи динию дунявӣ ба худ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамояд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосии ин гурӯҳҳои ифротӣ ба паӣвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, мақсади он содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни наклиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

    Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза Ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

   Моро зарур аст, ки пеш аз ҳама худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, манфиатҳои миллат ва давлатро дар мадди аввал гузорем, ҳамеша ҳушёру зийрак ва ватандӯст бошем.

Мо, ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

    Шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Рубрики
Асосӣ

ПАНҶАКЕНТ: МУСОБИҚАИ БОЗИИ ШОҲМОТ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.

Дар таърихи фарҳанги миллӣ, ки варзиш ҷузъе аз он маҳсуб меёбад, обутоб додани бадан ва муҳимтар аз ҳама, таҳрики фикру андеша ҳадафи асосӣ дониста мешудааст. Аз ин ҷост, ки варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан аз аслҳои фарҳанги варзишӣ дар ҳавзаҳои фарҳангии бумӣ пазируфта мешавад. Вобаста ба ин дар асоси нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандустию худшиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои миллии кишвар, ҷиҳати такмили савияи донишу ҷаҳонбинии насли наврас, чорабинии варзишӣ аз намуди шоҳмот дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ташкил карда шуд. Дар ҷамъбасти ин намуди бозии фикрӣ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” – и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Ҷалолов Қобилҷон иштирок намудана ғолибонро бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент табрик намуд. Шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроия барои сазовор истиқбол намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ тамоми тадбирҳоро барои рушди намудҳои варзиш дар байни наврасону ҷавонон густариш медиҳад. Аксҳо аз ҷамъбасти мусобиқа

Рубрики
Асосӣ Мақола

ПАНҶАКЕНТ: ҲХДТ – ТАЪРИХ МЕОФАРАД

 То кунун ҲХДТ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи худро дар ҷомеа устувор намуд ва кам нафароне огоҳанд, ки ин ҳизби ҳоло дорои нуфузу эътибори баланд, дар гузашта аз ҷониби як гурӯҳи ташаббускори 22-нафара ташкил ёфтааст. Имрӯз бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ метавон гуфт, ки обрӯю эътибори ҳизби мо дар байни аҳолӣ афзуда, сафи хоҳишмандони узвият ба он сол то сол зиёд мешавад ва ҳоло шумораи аъзои ин ҳизби созандаву бунёдкор дар саросари Тоҷикистон беш аз ним миллион нафар, дар вилояти Суғд зиёда аз 176 ҳазор ва дар шаҳри Панҷакент 15229 нафарро муттаҳид кардааст. Моҳи августи соли 1997 дар қатори аввалинҳо дар мамлакат Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент таъсис ёфт. Дар натиҷаи тарғиботу ташвиқоти гурӯҳҳои ташаббускор ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳри Панҷакент солҳои 1997-1998 аввалин ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар идораи Обтаъминкунӣ, хоҷагии кишоварзии ба номи Сталин, Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакӣ таъсис шуда, моҳи августи соли 1999 шумораи ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ҳудуди шаҳру ҷамоатҳои деҳот ба 30 адад ва аъзоёни ҳизб ба 2000 нафар расида буд. Аз солҳои таъсисёбӣ то ин муддат обрӯю эътибори КИ ҲХДТ дар байни аҳолӣ афзуда, сафи аъзоёни ҳизб сол аз сол зиёд мегардад. Кумитаи иҷроия, ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар амалӣ намудани Барномаи ҳизб,ки мақсаду ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини рушди сиёсӣ, иҷтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа дар он инъикос шудааст, саҳми арзанда мегузорад. Дар тӯли фаъолият Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ҳамчун қувваи пешбаранда ва яке аз ташкилотҳои бонуфуз дар байни ҷомеа эътироф гардида, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавиии ҳизб, талаботҳои оинномавии он, зиёд намудани аъзоёни ҳизб, иҷрои корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳр ва деҳот, дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла, интихоботҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботҳои вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раъйпурсињо оид ба таѓйироту иловањо ба Конститутсия, интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва Ҷамоатҳои деҳот саҳми назаррас гузошт. Шоистаи тазаккур аст, ки давоми 29 соли фаъолияти пурсамар ҳизби мо бо аъзоёни худ, ки аз қисмати пешқадаму фаъоли ҷомеа пазируфта шудаанд ва ҷонибдорони сершумораш як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар муайян намудани тақдири Тоҷикистон чун давлати дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбуёд нақши муҳим бозид. Инак мо ҳизбиён дар остонаи таҷлили 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорем ва баҳри сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни таърихии ҳизбӣ тамоми тадбирҳои имконпазирро фароҳам меорем то ин санаи фархунда хубу хотирмон таҷлил карда шавад. ШИРИНШОҲ НУРУЛЛОЕВ РОҲБАРИ ДАФТАРИ МАТБУОТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Рубрики
Асосӣ

ГУЛИСТОН: ОЗМУНИ ҲАРБӢ-ВАРЗИШИИ “ВАТАНПАРВАР”

       Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази тарбиявӣ”-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон,  ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ  байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 1-уми шаҳр, 2-юми Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон 12-ум ва 13-уми Ҷамоати шаҳраки Адрасмон даври шаҳрии озмуни ҳарбӣ – варзишии “Ватанпарвар”ташкил ва гузаронида шуд. Озмун тибқи Низомнома аз рӯи 5 шарт гузаронида шуд:

– машқҳои сафороӣ;

– тарбияи ҷисмонӣ;

– омодагии дифои ҳарбӣ;

– мудофиаи гражданӣ ва тайёрии тиббию санитарӣ;

– пешниҳод намудани варақаи ҳарбӣ;

         Дар ҷамъбасти озмун дастаи шаҳраки Адрасмон ғолибият ба даст оварда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт. Ғолибони озмун бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аксҳо аз ҷараёни озмуни Ватанпарвар.

Рубрики
Асосӣ

ХУҶАНД: НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИТЯИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҲИФЗИ САЛОМАТӢ” ДАР СОЛИ 2023

Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи саломатӣ” дар назди Маркази назорати давлатии санитарӣ – эпидемологии шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҷамъбастӣ ва вохӯрӣ бо кормандон ва аъзоҳои фаъоли ҳизб бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Баҳодурхон Бахтиёрзода ва аъзои гуруҳи тарғиботӣ Абдумавлон Азимов гузаронида шуд.

Нахуст раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Азаматхӯҷа Воҳидов маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар соли 2023 дар назди ҳозирин ҳисобот дод. Аз тарафи масъулин ҳисоботи раиси ташкилоти ҳизбӣ қатоатбахш арзёбӣ гардида, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру маслиҳатҳо дода шуд.

Ҳамзамон дар ҷараёни маҷлис намояндаҳои кумиҷроияи шаҳрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ  ва пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ баромад карданд.  Қайд гардид, ки Паёми Пешвои миллат  барои мо сокинони кишвар роҳнамо ба сӯи ояндаи дурухшон ва зиндагии шоиста  ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ расидан ба ҳадафҳои хирадмандона ва некбинонаи Сарвари давлат мо аҳли ҷомеа низ дар рушду нумуъ ва ободкориву созандагии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорем.

Рубрики
Асосӣ

ДЕВАШТИЧ: ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич вобаста ба мавсими мусоид тадбирҳои судманд ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ, кабудизоркунӣ ва сарсабзу зебо гардонии ҳар як гӯшаи ватани азизамон андешида мешаванд. Мавриди зикр аст, ки санаи 12-уми феврали соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳрак” бо иштироки масъулину аъзоёну ҷонибдорони ҳизбӣ шинонидани дарахтони ҳамешасабз, ба монанди арча баргузор гардид. Бояд гуфт, ки арча дарахти рӯшноидӯст буда, ба шароити хушкӣ ва хунукӣ ниҳоят тобовар мебошад. Аз ин ҷост, ки арча ҳатто метавонад дар заминҳои регзор, оҳаккӯҳ, тарқиши шахҳои урён, пастхамиҳои кӯҳсор низ нашъунамо кунад. Арча ба сармои қаҳратун низ тобовар буда, ба ин мақсад аввали баҳор дар ниҳолхона (ё парвардахона) тухмашро мекоранд. Дар шароити мусоид тақрибан пас аз як моҳ тухм неш зада, ба сабзиш шурӯъ намуда, дар давоми се чор соли парвариш ниҳоли навраси сарв то як метр қад мекашад ва онро ҷиҳати кабудизору сарсабзу хуррам гардонидани гулгашту хиёбонҳо, шоҳроҳҳо ба ҷои доимии мувофиқ мешинонанд. Чунин тадбирҳои сабзкориву кабудизоркунӣ ва тоза намудани гирду атрофи маҳалли худ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич бомаром идома дорад. Суратгузориш аз ҷараёни кабудизоркунӣ:

Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

Соҳиб будан ба маълумот ё ки хабар доштан оид ба олами ҳастӣ ва зиндагонии гузаштаву имрӯзӣ – дониш аст, яъне дониш  натиҷаи раванди фаъолияти дарксозии инсон аст. Барои ноил гардидан ба дониши воқеӣ услубҳои илмӣ ба роҳ андохта мешаванд.

Албатта роҳҳои аз худ намудани дониш хеле гуногун арзёбӣ мешавад. Васеъ кардани ҷаҳонбинӣ яке аз ҳадафҳои асосии таълим дар роҳи аз худсозии дониш аст.

Аз замони офариниши олам инсон пайваста дар ҷараёни таълиму тарбият қарор дорад.

Муаллими ахлоқи башарият Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шеърозӣ илмро сабаби бақои номи инсон номида, онро дар маҷмӯъ давлати маънӣ меномад. Илм ҳаёти қалб  аз нобиноӣ, нури чашм  аз торикӣ ва қуввати бадан  аз сустӣ мебошад.

Қайд бояд намуд, ки таълим ва тарбияи кӯдакон барои андӯхтани дониш дар ташаккули минбаъдаи ӯ ҳамчун шахс аҳамияти бузурге дошта метавонад. Вазифаи волидон ва омӯзгорони таълимгоҳҳо бошад, аз интихоб ва дуруст роҳандозӣ намудани тартиби муайяни муносибатҳо дар роҳи донишандӯзии шогирдон ва фарзандонамон аст.

Падару модар ҳангоми ба дунё омадани фарзанд мекӯшанд, то ӯ дуруст тарбия ёбаду соҳибмаърифат гардад. Ба ҳамин маънӣ, тарбияи тифл аз гаҳвора оғоз меёбад.

Муҳити солими хонавода зинаи нахустини тарбия аст ва масъулияти падару модар низ ҳамин аст, ки ҳаргиз тарбияи фарзандро аз мадди назар дур насозад. Барои фарзандон намунаи равшан ва намоён будан хеле муҳим аст, яъне агар волидон худ аз аҳли илм бошанд, фарзандон низ пайрави онҳо хоҳанд буд.

Агар ҳадафи асосӣ ва муҳимтарини мо ва фарзандонамон омӯзиш аст, пас бояд дар ин ҷода тамоми неру ва малакаи хешро сарф бояд кард.

Тарбияи дурусти наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатии мамлакат маҳсуб меёбад. Дар ин ҷода қабули қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” самараҳои нек дар беҳдошти тарбияи наврасону ҷавонон гардид. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбия ҳамчун ба маҳсули хираду дониш ва маърифати инсон эътибор дода, дар баробари ҷанбаи амалӣ доштани ин санаду ҳуҷҷатҳо, ки меҳвари онро росту дуруст тарбия намудани насли муосир ташкил мекунад, ба арзиши таърихии он, ки ин эҳёи анъанаҳои  тарбиявиву таълимии гузаштагони соҳибназари миллати тоҷик мебошад, эътибори хоса зоҳир менамоянд.

Миллати тоҷик аз қадимулайём дорои фарҳангу  маданияти  бой  буда,  ба  ақлу  хирад  арзиши  баланд  мегузошт   ва  тавонист  донишро  дар  рўйи  сангу  қоғаз  ва  пўсту  матоъ  гирд  оварад.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қадим соҳибфарҳангу соҳибмаърифат буда, фарзонафарзандон аламбардорони миллати куҳанбунёду тамаддунофараш, аз қабили Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон натанҳо барои тоҷикон, балки барои аҳли башар хизматҳои шоистае намуда, шаъну шукӯҳи миллати тоҷикро боло бардоштаанд.

Чи хеле, ки мегӯянд илм сарҳад надорад. Пас, ягона роҳи муваффақиятҳоро бояд дар дониш андӯхтан дарёбем. Адиби ширинбаёни осори классики тоҷик – Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар ин маврид хеле хуб фармудаанд:

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

 Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои

 КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров                           Д.Убайдуллоева