Рубрики
Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ИСФАРА: ДАР “МДХМК- НАВОБОД ” ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “МДХМК- НАВОБОД ” ТАЪСИС ДОДА ШУД.

Сиёсати мутавозину гуногунҷанбаи Пешвои муаззами миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳо хусусияти ватандӯстона дорад. Ҳама кору пайкор ва амалҳои Президенти кишвар чӣ дар бахши иқтисоду иҷтимоиёт, чӣ дар бахши маорифу фарҳанг ва чӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ тадбирҳои ватанпарастона ва беҳтарин намунаи ватандӯстӣ мебошад.

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешаванд.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроия дар шаҳри Исфара дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар доираи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи корхонаю муассисаҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолияткунанда ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда истодаанд.

Дар асоси нақшаи корӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Гулафзо Ҷӯраева ва мудири  бахши оморӣ КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Фарзона Раҳматова  санаи 12 июни соли 2024 дар  Муассисаи давлатии хоҷагии манзилию коммуналӣ “Навобод” бо ташаббуси ҳайати муассисон маҷлис баргузор карда шуд. Бо пешниҳод ва ҷонибдории ҳайати муассисон ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, вобаста ба самти фаъолияти корхона ташкилоти ибтидоӣ  “МДХМК- НАВОБОД ” номгузорӣ карда шуд.

Аз ҷониби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ номзадии роҳбари муассисаи  “МДХМК- НАВОБОД ”  Ҳайдаров Шӯҳрат  ба раисии ташкилоти ибтидоии “МДХМК- НАВОБОД ” пешниҳод карда шуда, якдилона интихоб карда шуд.

Дар фарҷом ба 7 нафар кормандони муассиса, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ҷиҳати дохил гардидан ба сафи ҲХДТ ба Кумитаи иҷроия ариза пешниҳод намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Ҳамчунин, аз аъзои ташкилоти ибтидоӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати пос доштани истиқлоли давлатӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар ва ҳуввияти миллӣ, муқаддас донистани асолати миллӣ ва густариши робитаҳои дӯстона миёни давлатҳои ҳамсоя, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, сатҳи ҳушёрию зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи баланди инсондӯстию ватанпарастӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи сазовори 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

 

 

Рубрики
Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

ХУҶАНД: МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ХУШБАХТӢ”

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба гузаронидани маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо маром идома дорад. 

Имрӯз санаи 12-уми июни соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии “Хушбахтӣ” дар назди Муассисаи таҳсилоти томактабии №18 маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ гузаронида шуд, ки дар кори он намояндаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Дилрабо Қурбонова ва аъзоёни фаъоли ташкилоти мазкур  иштирок доштанд.

Нахуст маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоӣ ифтитоҳ намуда,  ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 баррасӣ намуда, инчунин  вазифаҳо барои фаъолияти соли минбаъдаро пешниҳод намуд.

Ҳамзамон намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ вобаста  ба фаъолияти ҲХДТ баромад карда, таъкид намуд, ки вазъи ҳозираи сиёсии кишвар аз ҳарвақта дида бештар тақозо менамояд, ки ҳар як аъзои ҳизб садоқати худро ба ғояҳои волои он нишон дода, нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро ба ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созад.

Дар фарҷоми Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ якчанд нафар  фаъолони ҳизбро ба гирифтани Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд пешниҳод намудан.

Рубрики
Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲӢ ДАР БОРАИ БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ


     Дар санаи 12-уми июни соли ҷорӣ дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ семинари дастурдиҳӣ оид ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ доир карда шуд.
      Дар семинари мазкур муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Латифзода Асрор Қурбон, сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Юсуфзода Абдулмаҷид, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Каримзода Мирзоқосим, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Боқизода Боқимуҳаммад ва муовинони раиси ноҳияи Айнӣ Раҳимзода Рузибой, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, раисон ва масъулини ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии назди КИН Айнӣ иштирок доштанд.
      Сараввал Каримзода Мирзоқосим ба сухан баромада меҳмононро барои қадам ранҷа намудан ба вилояти Суғд хайрамақдам намуда, кори семинари мазкурро кушода эълон намуданд.
     Латифзода Асрор Қурбон қайд намуданд, ки маъракаи ҳисоботӣ-интихоботии дар ташкилотҳои ҳизбии ҷумҳурӣ ин чорабинии муҳими ҳизбӣ ба ҳисоб рафта, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти ташкилотҳои ҳизбиро ба танзим медароранд, омода ва баргузор карда мешавад.
     Дар рафти семинари мазкур ба иштирокчиён дастури методӣ тақсим карда шуд. Дастури методӣ дар бораи баргузор намудани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботии дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Барномаи ҲХДТ, Низомнома «Дар бораи интихоби кумитаҳои ичроияи Халқии Ҳизби Демократии Точикистон» ва қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 15 майи соли 2024 “Дар бораи баргузор намудани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботии дар ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
.