Рубрики
Асосӣ

30 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ 30 СОЛИ ҚАДАМИ УСТУВОР

Дар Муассисаи давлатии “Кохи Рӯдакӣ” бо иштироки Раиси вилояти Суғд, муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви  Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, собиқадорон ва фаъолони ҳизб   маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон маҷлиси тантанавиро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки мо фарзандони замоне ҳастем, ки пас аз ҳазор соли бедавлатӣ шоҳиди аз нав соҳибистиқлол гардидани миллатамон гардидем. Аз ин дида неъмати бузурге дар сарнавишти инсон нест. Ба гумони ғолиб дар олам аз халқи тоҷик дида сарбаланд ва батолеъ миллате нест. Барои он ки мо дар як муддати кӯтоҳ бо иродати шахсияти беназири таърихӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги бемаънӣ хотима бахшидем ва роҳи саодату наҷоти миллатро интихоб кардем.

Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ кулли аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ – ро ба ифтихори 30 -юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки  Воқеан, истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба мо имконият фароҳам овард, ки таърих, забон ва фарҳанги қадимаи худро шиносем, анъана ва оинҳои неки миллиамонро аз нав эҳё кунем ва кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун давлати ободу озоди дорои фарҳангу тамаддуни бостонӣ муаррифӣ намоем.

Ба шарофати истиқлол, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ халқи шарафманди Ватани маҳбубамон имконият пайдо намуд, ки дар роҳи созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошта, дар ободу пешрафта гардидани он саҳм гузорад.

 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлол аст, дар давоми мавҷудияташ ҳамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кӯшиш ба харҷ медиҳaд. Ин ҳизби воқеaн ормонӣ бо тaлош вa ҳидоятҳои созaндaи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон aрзи ҳaстӣ карда, тaвонист чун ҳизби бонуфуз ва татбиқгари ғояҳои миллӣ бaрои пешрaфт вa шукуфоии кишвaри aзизaмон хизмaти шоиста кунaд. 

Мақому манзалат ва шуҳрати намоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он сарчашма гирифта, рисолаташро дар беҳдошти сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат медонад.

Боиси ифтихор аст, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз калонтарин ташкилоти ҳизбӣ дар миқёси кишвар маҳсуб шуда, аъзои ҳизб, дар раванди ободкориву тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар нақши муассир мебозанд.

Алҳол, дар 1389 ташкилоти ибтидоии кумитаҳои иҷроияи ҳизби шаҳру ноҳияҳои вилоят 154 ҳазору 546 нафар аъзо ба қайд гирифта шудааст, ки бешубҳа нерӯи хеле бузург аст. Мавсуф дар идомаи суханронӣ аз ободкориву созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ин санаи фархунда ҳарф зада, афзуд, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар бунёду азнавсозии иншооти таъиноти иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, роҳу пулҳо, корхонаву коргоҳҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва инфрасохтори сайёҳиву хизматрасонӣ бомаром идома доранд. Дар вилояти Суғд низ то имрӯз 98 фоизи нақшаи корҳои бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ин ҷашни таърихӣ ба иҷро расида, корҳои боқимонда дар арафаи ин санаи муқаддас  анҷом дода мешавад.

Раиси вилоят дар идомаи суханронии хеш аз нақши боризи аъзоёни ҳизб дар тарғибу ташвиқи ғояҳои давлатдории навини миллӣ сухан гуфта, ҳамчунин таъкид дошт, ки новобаста аз мушкилоти паҳн гардидани бемории сироятиии КОВИД -19 Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вилоятии пешгирӣ ва мубориза бо бемории КОВИД -19 самаранок фаъолият намуд, ки дар ин замина ҷиҳати ба даст овардани мувафаққиятҳо саҳми аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хеле назаррас аст. Баргузории аксия ва чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар кӯчаву хиёбон, бозор, маркази савдо, гулгашту боғҳо, бо усули кӯча ба кӯча ва хона ба хона боис бар он гардиданд, ки шиддати ин беморӣ кам карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз фаъолон, собиқадрони ҳизб, бонувон ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” даъват ба амал овард, ки дар татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», роҳ надодани ҷалби наврасону ҷавон ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, пешгирии гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва дар ин замина, баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ боз ҳам фаъолтар бошанд.

Муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ зимни баромади хеш ба фаъолияти ҳизбиёни вилоят дар раҳи иҷрои ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҳизб дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳои баланд дода, аз номи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ кулли аъзо ва пайравони ҳизбро бо ин ҷашни баҳамоӣ муборакбод намуд.

Дар идомаи маҷлиси тантанавии идона ба як қатор фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома, Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва бо медалҳои ҷашнӣ тақдим карда шуд.

Дар қисмати фарҳангӣ ҳофизони номии вилоят Олим Воҳидов, Аъзам Азиззода, Субҳиддини Раҷабзода, Олими Маҳмуд, Дилрабо Қурбонова, Фирӯз Отамуродов, Нозими Юсуфзод, гуруҳи рақсии “Гулноз” ва ансамбли “Ошёни меҳр” – и назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон табъи ҳозиринро болида намуданд.

Бо ҳамин чорабинии идонаи ҳизбиёни вилоят бахшида  ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни хотима ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *