Рубрики
Асосӣ

30-соли ҳамбастагӣ бо Пешвои муаззами миллат Албом-истафета ба шаҳри Истиқлол омад

Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд айни замон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аксияи умумиҷумҳуриявии албом-истафета таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат” доир гардида истодааст ва ба шаҳри Истиқлол низ аз ҷониби фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ноҳияи Ашт дар ҳайати раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода ва дигар меҳмонон, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар вазъияти тантанавӣ ин мазҳари самимият ба таърих оварда супорида шуд.

Дар рафти қабули меҳмонон ва супоридани Албом-Истафета Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода, фаъолон, собиқадорон ва ҷавонони фаъоли шаҳр ширкат намуда, бо истиқболи гарму самимӣ албом –истафетаро қабул намуданд.

Дар рафти сӯҳбат аз ҷониби Раиси шаҳри Истиқлол ба меҳмонон чун рамзи эҳтиром ба дастурҳои маърифатпарваронаи Пешвои миллат якчанд асарҳои Президенти маҳбуб ба меҳмонон тақдим карда шуд.

Таъкид шуд, ки мо сокинони Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистон ва хидматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо барои расидан ба ҳадафҳои олии ватандорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *