Рубрики
Асосӣ

70- солагии Муборак Ғайбуллоева

Дар Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳия  конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд” бахшида ба 70- солагии Муборак Ғайбуллоева бо иштироки васеи қишрҳои мухталифи ҷомеа баргузор гардид.

Қайд кардан лозим аст, ки Муборак Ғайбуллоева тӯли 50- соли фаъолияти корӣ ба вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ, аз ҷумла ба вазифаи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич фаъолият намуда, дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созгор гузоштааст

Дар кори конференсия Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  мӯҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон иштирок намуда, суханронӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки зиндагинома, кору пайкор ва фаъолияти кории Муборак Ғайбуллоева намунаи ибрат ва омӯзиш барои насли навраси имрӯза мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *