Мусобиқаи волейбол байни духтарон

ДЕВАШТИЧ. Дар доираи барнома ва силсилачорабиниҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Деваштич бахшида ба ҳафтаи ҷамъбасти «Соли ҷавонон» мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба намуди волейбол байни духтарони муассисаҳои таълимии ноҳияи Деваштич бо ташаббуси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар якҷояги бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар толори варзишии муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия ташкил ва баргузор гардид. Қобили қайд аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар диққату эътибор ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш хеле пурзӯр гардида, таҳти амалигардии иқдомҳои ғамхоронаву наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зиёд амалӣ мегарданд, ки ин боиси руҳбаландии ҷавонони ноҳия мебошад. Дар мусобиқаи мазкур ҷойи аввалро духтарони МТМУ №23 деҳаи Нуробод, ҷойи дуюмро МТМУ №17, ҷойи сеюмро МТМУ №13 деҳаи Зарнисор, ҷойи чорумро МТМУ №43 деҳаи Даштикон ва ҷойи панҷумро Мактаби варзишии ноҳия ишғол намуданд. Инчунин роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз ғамхории Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, барои духтарони варзишгари ноҳия дар оянда барои иштирок дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ комёбиҳо таманно намуд. Ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ташкилкунандагон қадршиносӣ гардиданд. Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз иқдоми неки ташкилкунандагони мусобиқа болидахотир гардида, дар симои онҳо ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон доштанашон миннатдории хешро изҳор дошта, қайд намуданд, ки ба боварии давлату Ҳукумат сазовор мегарданд ва минбаъд низ фаъолнокии худро дар илмомӯзиву обутоби бадан боз ҳам тақвият мебахшанд. Имрӯзҳо боиси ифтихору сарбаландии сокинони ноҳияи Деваштич аст, ки варзишгаронаш дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ муаррифгари ноҳия ва берун аз мамлакат парчамбардори Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>