Маҷлиси гурӯҳи таблиғотӣ

ГУЛИСТОН. Дар Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 22-декабри соли ҷорӣ ҷаласа бо иштироки гурӯҳҳоии ташвиқотии КИ, ва  Шӯрои собиқадорон   баргузор гардид.  Дар он  Раиси КИ Ҷамолиён М. Ғ баромад намуда, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Сарвари давлат истода гузашт. Дар баромад аз Паём дар бораи  мураккабии вазъи сиёсии ҷаҳон, айёми душвории пуртазоди он, дар бораи зиёда аз 100 давлатҳои дунё ба ҷанг кашида шуданашон, ки  он оқибатҳои нохуш дорад гуфта шуд. Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон қайд гардид дар баромад барои нигаҳдошти сулҳу амнияти кишвар ҳамаи чораҳоро меандешад. Қайд кардан ба маврид аст, ки  ҷиҳати  пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо ва ҳифзи амнияти  кишвар Тоҷикистон  бо ҳамаи давлатҳои дунё, бо Созмони Миллали муттаҳид, ташкилотҳои байналхалқӣ ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро  зич ба роҳ мондааст. Аз ин рӯ мо ҳизбиён таъкид кард ӯ корҳои тарғиботӣ ва тарбиявиро байни ҷавонон боз ҳам вусъат бахшем ва баҳри пешгирии шомилшавии  онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва экстримистӣ ҳамаи чораҳоро андешем. Пешвои миллат дар Паём ҳамаи моро вазифадор намуданд, ки дар давоми соли ҷавонон кор бо ҷавонон такмил дода шавад, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо, ба роҳи ободониву созандагӣ равона намудани онҳо, ҳифзи амнияти кишвар ва риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд” аз тарафи волидон чораҳои мушаххас андешида шавад.   Дар охири ҷаласа ба гурӯҳҳои тарғиботӣ ҷадвали алоҳидаи вохӯриҳо дар Ташкилоҳои ибтидоӣ  ва корхонаву муассисаҳо, ки аз тарафи КИ тасдиқ карда шудааст, дастрас карда шуд. Аз рӯи ҷадвали мазкур омӯзиши Паём ба роҳ монда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>