Барнома дар амал

ИСФАРА. Рӯзи 27-уми декабри соли равон маҷлиси раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара масъалаи “Татбиқи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Раиси комиссияи доимии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара оид ба татбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Субҳиддин Шаропов дар суханрониаш иброз кард, ки соли 2017 барои баланд бардоштани фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, саҳми онҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии Исфара, таҳким бахшидан ба мавқеи ҷавонон дар ҷомеа, таъмини пойдории сулҳу ваҳдат, эҳтиром ба Ватан ва арзишҳои миллӣ, пешгирии ҷавонон аз майл ба либоси бегона ва ҷараёнҳои ифротгаро ҳамоишҳо, роҳпаймоиҳо, конференсияҳо, аксияҳо ва суҳбату мулоқотҳо баргузор гардиданд. Раиси шаҳри Исфара, узви раёсати кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Расулзода Д.Ҷ самтҳои фаъолияти комиссияҳои доимии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараро барои солҳои минбаъда муайян кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>