Ифтитоҳи бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сангистон

АЙНӢ. Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром рушд намуда истодаанд. Хусусан бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳода истодааст. Дар деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнӣ Бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод шуд, ки дар расми ифтитоҳи он раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода, кормандони ташкилоту идораҳо, сокинони деҳа, кормандони масъули Беморхонаи марказӣ ширкат варзиданд. Фармоишгари асосии  сохмон Муассисаи давлатии идораи сохтмони асосии МИҲД ноҳия буда, пудратчии он “Транс Азия Сервис” мебошад. Нахуст, раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода баромад карда, чунин бунгоҳи тиббии замонавиро тӯҳфаи нек барои бошандагони деҳа арзёбӣ намуд. Мавриди зикр аст, ки бунгоҳи тиббӣ аз 4 ҳуҷраи корӣ, 1-ҳуҷраи мудир, 2- қабулгоҳи сокинон,  3-ҳуҷраи момодоя, 4- ҳуҷраи имунизатсия иборат буда, барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасинии тиббӣ аз ҷониби кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия бо асбоби барқии дил, замбар (насилка), яхдон, ҷевон барои нигоҳдории дорӯҳо, набори тиббӣ, ҷевони либос, 4- адад курсӣ, 2 -адад мизи яктумбадор, 1- адад мизи генекологияи занона муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Рудоба Аламова — мудири Бунгоҳи тиббии деҳаи Сангистон чунин ибрози назар намуд, ки бинобар таъмирталаб будани бунгоҳи тиббии дар деҳаи Сангистони Ҷамоати деҳоти Айнӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои бунёди он санги асос гузошта шуда буд, ки 6- нафар родмардони деҳа ба ҷойи кори муваққатӣ таъмин гашта буданд. Хушбахтона корҳои сохтмони бо сифати балан ба анҷом расиданд. Мо сокинони деҳа, изҳори миннатдории худро ба Пешвои миллатамон мерасонем, ки пайваста барои мо сокинони деҳаҳои дурдасти кишвар шароитҳои мусоиди корӣ ва сатҳи хизматрасонӣ беҳтарро ба мардум фароҳам меоранд. Ҷолиби зикр аст, ки ҳоло дар бунгоҳи тиббии деҳа   5 –нафар ҳамшираҳои шавқат бо ҷойи кории доимӣ таъмин гаштанд. Дар интиҳои суханронӣ собиқадори меҳнат, сокини деҳа Наврӯзбой Зоҳидов, минатдории сокинони деҳаро ба саҳми ҳозирин расонида, аз кормандони ин бунгоҳ даъват ба амал овард, ки самти фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, ба дарди мардум даво бахшанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>