Аёдати беморон

АЙНӢ. Дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо аёдати шахсони яккаву танҳо, иштирокчиёни ҶБВ ва камбизоатон ба ҳукми анъана даромадааст. КИ ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба Соли Нави мелодӣ беморони рӯҳии Беморхонаи марказиро аёдат намуд. Ба беморон маводи хӯрока ва баъзе молҳои мавриди ниёзи аввал   дастрас карда шуд. Беморон аз ин иқдоми кормандони комиҷроия хурсанд шуда  ба  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  милли,  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон миннатдории  самими  изҳор  намуданд. Ҳамзамон  ба  40-нафар  хонандагони  синфҳои  якуми  МТМУ №19, халтаҳои  солинави  туҳфа  карда  шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>