Чорабинӣ бахшида ба ҷамъбасти «Соли Ҷавонон»

ҶАББОР РАСУЛОВ. дар қасри фарҳангӣ ба номи  «Гулистон»-и ноҳия дар асоси нақша чорабинии КИН ҲХДТ бо ҳамкории маъмурияти литсеӣ-касбии ноҳия чорабинӣ бахшида ба ҷамъбасти «Соли Ҷавонон» бо иштироки аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Шӯрои собиқадорони КИН ҲХДТ Бойтемиров Мавлянқул, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ, роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Набиев Шерзод, директори литсей-касбии ноҳия Турсунқулов Абдушукур, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва инчунин ҷавонони ноҳия иштирок намуданд. Дар баромади худ раиси Шӯрои собиқадорони КИН ҲХДТ Бойтемиров Мавлянқул дар бораи дастовардҳои ҷавонони ноҳия дар соли 2017, инчунин сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷавонон якчанд маълумотҳо дод. Дар давоми чорабинӣ ба ҷавонони лаёқатманд ва ҷавонони фаъол, ки худро дар давоми сол нишон доданд бо сипоснома ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Ба ду нафар омӯзгори ҷавон  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Дар охир аз ҷониби аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба иштирокчиёни чорабинӣ консерти фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>