Ганҷи бебаҳо ба ҷавонон

ИСФАРА. Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара аз дастовардҳои ҷавонон ба истиқболи 25 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 солагии Ваҳдати миллӣ ва “Соли 2017 — Соли ҷавонон” натиҷагирӣ карда шуд. Ҳизбиёни ҷавон дар ин соли таърихӣ ба марҳилаи бунёдкориву созандагӣ ва ободонии шаҳру деҳоти Исфара бо нерӯи ҷавонӣ ворид гардида, ташаббусу иқдомҳои наҷиб зоҳир намуданд. Барои натиҷаҳои беҳтарин дар пешрафти ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ як зумра аъзои ҷавони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Исфара бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари Роғун”, “Ҳафт соли Эмомалӣ Раҳмон”, “Бунёдгузори давлати миллӣ — Пешвои миллат”, “Пайвандгар”, “Бунёдкор” ва “Бист қадами созанда”сарфароз гардонида шуданд. Туҳфаи мазкур бо баробари бойю ғани гардонидани олами маънавӣ, ҷавононро ба шоҳроҳи давлату давлатдорӣ ҳидоят хоҳад кард.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>