Паёми Пешвои миллат- раҳнамои рӯзгори пурсаодат

БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Ёва мулоқот бо фаъолон ва аҳолии ҷамоат баргузор намуд. Нахуст раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муқимзода Н., аз нуқтаҳои асосии Паём ёдрас гардида, қайд намуд, ки Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Ҳамзамон аз Паёми Пешво ин нуқтаро мисол овард, ки музди миёнаи меҳнат дар 20 соли охир 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид. Дар охир вакилони ноҳиявӣ Ҷабборзода Парвиз, Саидов Саидумрон фикру андешаҳои худро оиди Паём иброз намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>