Чорабинии солинавӣ дар Мактаб-парваришгоҳи махсуси бачагони қувваи босираашон суст

ИСФАРА. Дар Мактаб-парваришгоҳи махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара ба муносибати Соли нави мелодӣ чорабинии идона доир шуд. Дар чорабинии идонаи тарбиятгирандагони ин муассисаи иҷтимоӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва сарпарастон иштирок намуданд. Ба муҳассилини ин боргоҳи маърифат аз ҷониби сарпарастон туҳфаҳои солинавӣ ва либосҳои зимистона тақдим гардида, дастурхони идона ороста шуд. Ба ифтихори ҷашну ташрифи меҳмонон ва ҷавобан ба ғамхориҳои мақомотҳои давлативу корхонаҳои сарпараст дастаи ҳаваскорони муассиса барномаи фарҳангии ҷолиби худро таҳти унвони «Соли нав, иқболи нав бодо муборак дӯстон!» ба намоиш гузоштанд. Бино ба иттилои сарвари Мактаб — парваришгоҳи махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳр Ҳамидахон Воҳидова таълимгоҳ дорои заминаи хуби таълиму тарбия ва табобату истироҳат буда, алъон дар инҷо 77 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳру навоҳии вилоят таҳсил мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>