Мулоқоти сарварони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ

ГУЛИСТОН.  Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мулоқоти сарварони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ доир гардид. Мулоқотро раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода оғоз бахшида, зикр кард, ки соли равон тавассути Маркази миллии тестӣ 209 нафар ҷавонони шаҳр ба донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои касбии кишвар дохил шудаанд. Ҳамчунин 42 нафар ба донишгоҳҳои ИДМ ва 2 нафар ба донишгоҳҳои хориҷи дур дохил шудаанд. Алҳол, 70 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе, 457 нафар дар донишгоҳҳои олӣ ва омўзишгоҳҳои вилояти Суғд, 142 нафар дар донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар, дар маҷмўъ 669 нафар таҳсил менамоянд. Сипас,  Ҷамшед Ҷўразода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Мўмин Шарифзода, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Мухтор Фозилзода, ректори Донишкадаи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Насим Тошхоҷаев, намояндаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Рауф Олимӣ, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Илхом Комилов, директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Манучеҳра Кенҷазода, директори Коллеҷи омўзгорӣ ва Санам Аминҷонова, намояндаи Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз суханронӣ намуда, роҷеъ ба фаъолияти муассисаҳои оливу миёнаи касбӣ ва шартҳои қабули довталабон ҳарф заданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>