Офати табиӣ: Эҳтиёҷоти моддӣ сарбаландона таъмин мешавад…

ХУҶАНД. Шаби 26-уми декабри соли равон офати табиии ногаҳонӣ ба кишвари азизамон, алалхусус ба шаҳри Хуҷанд хисороти зиёд ворид сохт, ки мо, ҳизбиён, аз ин ҳодиса дилгиру мушавваш гаштем. Бо мақсади бартараф кардани хисороти ба амал омада сараввал, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати вилоят ва шаҳри Хуҷанд аввалин ёрии худро расонида, эҳтиёҷоти аҳолиро ҷиҳати таъмини об, барқ, озуқаворӣ таъмин намуд. Раиси шаҳр мӯҳтарам Маъруф Муҳаммадзода бо ташкили Ситодҳои тезамали хеш тавонистанд, пеш аз ҳама, бо ёрии бевоситаи Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати бо барқ таъмин намудани аҳолӣ, ки эҳтиёҷоти аввалин дар рӯзҳои сарди зимистон маҳсуб меёбад, мардумро аз сармо ва сармозанӣ эмин нигоҳ доранд. Таъмини оби кашонда барои сокинони 294 биноҳои серошёна аз иқдомҳои шоистаи Раиси шаҳр ба ҳисоб меравад, ки таъкиди он рисолати инсонии мо — ҳизбиён аст.  Масоили ҷиддии дигаре, ки Раиси шаҳрро бетараф гузошта натавонист, ин пеш аз ҳама, бартараф намудани хисорот дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, ки маҳаки асосии солимӣ ва рушду нумӯи ақлонӣ ба шумор меояд. Дар шонздаҳ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии осебдида ва ду муассисаҳои тиббӣ обу барқ таъмин ва таъмири зарари офати табиӣ роҳандозӣ мегардад, ки ин ҳама барои сулҳу субот, амнияти миллӣ ва некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд. Дар маҷмӯъ, мо, ҳизбиён, ҷонибдории хешро ба Ҳукумати шаҳр иброз намуда, изҳор менамоем, ки ба сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созандаи халқу миллат боварӣ дорем!!!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>