Аёдати солинавӣ

СПИТАМЕН. Ин шабу рузҳо, дар арафаи пешвози иди Соли нави мелодӣ, дар қаламрави ноҳияи Спитамен дар ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ,  ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ як қатор хонаводаҳои оилаҳои ниёзманд, аз он ҷумла оилаҳои камбизоати деҳаи дурдасти Доманакуҳ, дар маҷмӯ 23 оилаҳо бо маводҳои хурока ва шириниҳои руи дастархони идона аёдат карда шуданд. Раиси ташкилоти ибтидоии «Сарбанд» Деҳқонбоев Насим зимни аёдат бо аҳолинишини деҳаи Доманакуҳ вохурда ҳамагонро бо омади соли нав табрику аз ҳолашони  хабаргирӣ намуд. Худи ҳаминруз, вакили Маҷлиси вакилони халқии ноҳия, намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Авазова Дилфуза бо аҳли кормандонаш ташкилоти ибтидоии «РАСИН» оилаи сохти конститутсионии деҳаи Саидқалъа ва як оилаи ниёзманди ҳамин деҳаро аёдат намуда кумаки молиявӣ ба маблағи 100 сомонӣ расонд. Ташкилоти ибтидоии «Бозори Шукрона» бо сардори Мирзоев Темуршоҳ 3 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои маъюби ҷамъияти маъюбони «Дилсуз» ва тарбиятгирандагони интернати назди муассисаи таълимии ноҳияро бо дастовезаҳои идона хабаргирӣ намуда як ҷаҳон хурсандиро ато намуданд. Инчунин, 20 нафар раисони маҳаллаи ҷамоати шаҳраки Навкат бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии «Навкат» Убайдуллозода Муаттара, ба ҳар як оилаҳои ниёзманди  маҳаллаашон бо туҳфаҳои солинавӣ барои хабаргирӣ баромаданд. Дар ин шабу руз, чанд оилаҳои ниёзманд худро хушбахт ҳисобида даст ба дуо бардоштанд, ки ҳамеша дар мадди назари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ мебошанд. Ин иқдоми нек дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ давом дорад. Бигзор соли нави мелодӣ ба ҳар як хонавода хушу хурсандӣ ва дастархони пурфайзро орад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>