Аёдат дар арафаи соли нави мелодӣ

КОНИБОДОМ. Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ҳамасола,  аёдат дар рӯзҳои ҷашнӣ чун иқдом ва анъанаи нек мунтазам амалӣ мегардад.  Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ Мақсудов Р ин навбат хонандагони ятиму бепарасторро бо Соли мелодии 2018 табрик намуда, аз аҳволи онҳо бохабар шуданд. Мардонова Паризод, Мардонова Райҳона — хонандагони синфи якуми мтму № 1, Қодиров Ҳасан, Қодиров Амир- хонандагони мтму №7, Ҳоҷиев Самандар, Ҳоҷиева Шаҳноза — хонандагони мтму № 14, Абдусатторов Насиб ва Абдусатторова Насиба аз оилаи камбизоат бо маводи хӯрока ва халтачаҳои солинавӣ аёдат карда шуданд. Аз ташрифи аёдаткунандагон хонандагон хушу хурсанд гашта, ваъда доданд ки хубу аъло мехонанд.   Инчунин собиқадори меҳнат Ҷамолов Абдурафиқ ва Раҳмонова Мӯътабар аёдат карда шуд ва онҳо аз ғамхориҳои Ҳукумату давлат рӯҳбаланд гардида,дасди дуои худро барои пешрави ва ободкорӣ, созандагӣ бунёдкории кишвари азизи худ кушоданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>