Соли Нав – соли вафодорӣ шавад…

ХУҶАНД. «Соли Нав – соли аҳду амалу ёрӣ шавад, соли сидқу караму комгориву бурдборӣ, фараҳмандӣ, деҳқониву киштронӣ, Соли саг – соли фаровонӣ шавад!» — бо чунин орзуҳои неки солинавӣ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ба чорабинии фарҳангӣ – адабӣ бахшида ба ҷашни Соли милодии 2018 ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Ҳамасола бо ташаббус ва ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баҳри болидахотирии кӯдакону наврасон намоишномаҳо ба мавриди тамошо гузошта мешаванд. «Асрори Вафодор» унвони дорад, намоишномае, ки имсол ба тамошобинон пешниҳод шуд ва рамзист, ки Соли 2018 – Соли Саг – рамзи вафодорӣ, рамзи сидқу вафо эълон шудааст. Ҳар ҷое вафо ва вафодорӣ ҳаст, он ҷо амну амонӣ ва зиндагии шоиста ҳукмфармост. ҲХДТ ҳамеша ватанороиву ватандорӣ, ғамхориву ҳамкорӣ, комгориву бурдборӣ, ободонивуфаровонӣ камари ҳиммат баста, дар орзуи баланд шудани нуфузи давлати Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон мебошад. Соли Нав ба дастархони мо файзу баракат оварда, рӯзгорамонро боз ҳам ободтару зеботар гардонад!!!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>