Террористи модарзод

АНДЕША. Маъмулан агар инсон такроран ин ё он амалро содир кунад онро дар ҷомеа ба амалҳо ва хусусиятҳои модарзодӣ ва ё ирсият марбут медонанд. Аз нигоҳи илмӣ бошад ирсиятро ҳар гуна шарҳ медиҳанд. Аз ҷумла таърифе дар ин маврид аст, ки: «Ирсият-аз насл ба насл интиқол ёфтани аломатҳо (ген) ва хусусиятҳо мебошад». Дар фарҳангномаҳои гуногун мафҳуми ирсият бо тавзеҳоти гуногун омадааст. Аз ҷумла дар энсиклопедияи биологӣ омадааст, ки: «ирсият сифати организм аст, ки қобилияти интиқолдиҳии хусусиятҳои моддиву ҷисмониро байни наслҳо таъмин мекунад. Агар ба рафтору кирдори Кабириву бархе аз гумроҳон назар афканем маъмулан маълум мегардад, ки вуҷуди онҳо пур аз тафриқаву ғаразҳои нопок аст. Яъне террористиву дашатафканӣ ба Кабириву ҳаммаслаконаш аз гузаштаашон боқӣ мондааст. Агар ба гузаштаи устодону раҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати исломӣ назар афканем Сайид Абдуллои Нурӣ низ мисли рафтори Кабирии лаъин он замон мардумро ба бедодгариву гумроҳӣ даъват намуда, хонаҳои ононро бо дасти худашон хароб мекарданд. Бешак месазад, ки Кабириро террористи модарзод номид.

Фарҳод Воҳидов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>