Донишҷӯёни фаъол бо мукофтҳо сарфароз гардиданд

АЙНӢ. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бештари баромадҳои худ аз роҳбарони мақомотҳои дахлдор даъват ба амал меоранд, ки баҳри ҳавасманд намудани толибилмони соҳибмаърифат чораҳои судманд андешанд, токи онҳо бо ин восита хуб хонанду дар оянда фарзандони созандаву бунёдкор  ба камол расанд.  КИ ҲХДТ дар ноҳия дар доираи сиёсати созанди Пешвои миллат амал намуда, пайваста бо толибилмон ва донишҷӯёни фаъоли ноҳия мулоқотҳои судманд баргузор менамояд. Бо иқдоми КИ ҲХДТ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар толори маҷлисгоҳи Колеҷҷи тиббии маркази ноҳия бо донишҷӯён ва устодони ин боргоҳи илму маърифат мулоқоти судманд доир гардид. Нахуст Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Абдуғанӣ Қобилзода доири нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ибрози назар намуда, дар идомаи суханронии хеш аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки фирефтаи ақидаи гурӯҳҳои ифротӣ нашуда, доираи мутолиаи худро фаррох созанд. Дар идомаи мулоқот ба  3-нафар донишҷӯёни фаъол Саида Иброҳимова, Чаманози  Холмурод  Зуҳайла Қамарова, ки нимсолаи якумро бо баҳои аъло хатм намудаанд аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Донишҷӯён зимни мулоқот изҳори хушнудӣ намуданд, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон фазои сулҳу оромӣ танинандоз гардид. Хусусан ҷавонони фаъоли миллат қадрдонӣ карда мешаванд. Дар ҷавоби чунин ғамхориҳои судманд талош менамоем, ки хуб хонем ва баҳри гул-гулшукуфоии Ватани азизам Тоҷикистон саҳми назарраси худро гузорем- қайд намудан донишҷӯёни фаъол  Чаманози  Холмурод, Саида  Иброҳимова

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>