Ҷавонони ибратбахш

АЙНӢ. Дар асоси дастури Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ вохӯрии хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Гулсара Зокирзода, сармутахассиси бахши хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилояти Суғд А.Қурбонов, директори литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Т. Рӯзибоев, муовини директор оид ба ҳаракати олимпии литсей Ҳ. Саидзода ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар соли 2017 аз фанни технологияи иттиллоотӣ Нуриддини М, Роҳбари  ТҶҶ “Созандагони  Ватан”  Қобилов  Солеҳ  ва кормандони шуъбаи маорифу роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ иштирок доштанд.   Директори литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Т. Рӯзибоев  ба иштирокчиён оиди самтҳои омода намудани хонандагон,  барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, маводҳои зарурии таълимӣ барои омодагардонӣ, таҷҳизонидани лабораторияҳои таълимии физика, химия, биология бо таҷҳизотҳои навин, беҳдошти базаи техникӣ, ҳуҷраҳои технологияи иттилоотӣ, ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба  барои таълим додани шогирдон  ва роҳҳои дуруст интихоб намудани  хонандагони лаёқатманд барои омӯзиши фанҳои дақиқ ва табии, ҷорӣ намудани маҳфилҳои илмӣ, дуруст ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ, ташкил ва гузаронидани  озмунҳои ихтироъкорон, ташкили вохӯрӣ бо донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои олӣ ва ҳавасмандгардонии ғолибон аз тарафи Ҳукумати вилоят  муфассал баромад намуд. Сипас, муовини директори  литсей Ҳ.Саидзод дар бораи намудҳои олимпиадаҳои байналмилалии минтақавӣ, фаннӣ, фосилавӣ, мавқеъ ва муҳлати баргузории онҳо сухан ронда, навовариҳои олимпиадаҳои гузаронидшударо  намоиш дод.  Асосан фанҳои математика, физика, химия, биология ва технологияи иттилоотӣ, забони англисӣ баргузор мегарданд.  Ҳамзамон, ёдовар шуд, ки шогирдони литсей дар соли 2017 ҳангоми иштирок  дар олимпиадҳои байналмилалӣ ва ҷумҳурӣ 65 медал: 12 адад тилло, 24 адад нуқра ва 28 адад биринҷӣ ба даст овардаанд. Ба 15 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ аз тарафи Раиси вилоят аз 5000 то 15000 сомонӣ туҳфаҳои яквақта дода шудааст. Ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ соли 2017 М.Нуриддинов аз таасурот ва дастовардҳои худ дар олимпидаҳаои даврӣ суханронӣ намуда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушххас дод. Сармутахассиси шуъбаи маориф Ф.Баҳриддинов ҷамъомадро ҷамъбаст намуда, аз ҳозирин, хусусан устодони соҳибтаҷриба даъват ба амал овард, ки минбаъд хонандагони болаёқатро баҳри иштирок дар олимпиадаҳо тайёр намоянд. Ҳамзамон  Роҳбари  ТҶҶ “Созандагони  Ватан”  Қобилов  Солеҳ  баромад  намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>