Вохӯрии ҳизбиён бо директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАСТЧОҲ. Чанде пеш дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии судманди директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Файзулло Баротзода бо сокинони ноҳия баргузор гардид. Нахуст раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода мақсаду тартиби ҷаласаи вобастаро шарҳ дода, иброз намуд, вазъи ҷаҳони муосир, махсусан минтақаи Ховари Миёна ҳамоно ноором боқӣ монда, муҷиби  нигаронии ҳар шахси сулҳхоҳу инсондӯст гардидааст. Таъкид гардид, ки вазъи минтақаи Ховари Миёна метавонад аз чанд самти мухталиф ба давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсир расонад ва афкори сокинони минтақаи охирро мағшуш намояд. Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни маърӯзаи пурмуҳтаво дар мавзӯи «Таъсири вазъи геополитикии минтақаи Ховари Миёна ба кишварҳои Осиёи Марказӣ» доир ба аҳдофи «бозиҳои хавфноки абарқудратҳо» сухан гуфта, изҳор дошт, ки вобаста ба манофеи сиёсию иқтисодӣ мавқеи кишварҳои абарқудрат дар ҳалли масоили мухталифи глобалӣ тағйирёбанда буда, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо фоҷиаофар низ мешавад. Дар идома Ф. Баротзода оид ба роҳҳои таъсиррасонии вазъи геополитикии Ховари Миёна ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, хатари гуруҳҳои ифротию терористии ДИИШ ва ҲНИТ ва чораҳои дифои идеологӣ аз афкори экстремистӣ ибрози андеша намуда, ҳамдилӣ, иттиҳод ва дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро асоси рушди мамлакат ва осудагии шаҳрвандон донист. Дар тақвияти суханони Ф. Баротзода,  Садриддин Эшонзода – сархатиби ноҳия ва Мирзолатиф Ҳомидов ҳамчун намояндаи ҷавонони ноҳия низ ибрози назар карда, сокинони ноҳияро ба ҳамбастагию созандагӣ даъват намуданд. Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони ҳамаи сохтору ташкилоти ноҳиявӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, уламои дин, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, зиёиён, намояндагони ВАО, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар маҷмуъ беш аз 400 нафар иштирок доштанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>