Аёдати афроди ниёзманд

МАСТЧОҲ.  Дар нахустин рӯзҳои соли нави мелодии 2018 кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ фаъолияти худро аз аёдати собиқадорони меҳнат ва афроди ниёзманд оғоз намуданд. Зимни ин иқдоми хайру савоб раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ Дилшод Зокиров доир дастгирии ҳамешагии собиқадорони меҳнат ва оилаҳи ниёзманд сухан гуфта, таъкид намуд, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ҳамеша намунаи ибрат барои ҳамаи мо ҳастанд. Зикр гардид, ки сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат барои беҳтар намудани шароити зисти шаҳрвандони кишвар нигаронида шуда, дар  ин самт дар давоми беш аз 25 соли Истиқлолияти давлатӣ садҳо барномаҳои сатҳи давлатӣ қабул ва иҷро гардидаанд. Ҳамасола баланд бардоштани музди маош, нафақа ва стипендияи донишҷӯён аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз далоили собити татбиқи сиёсати дурусти иҷтимоӣ мебошад. Ҳамаи аёдашудагон бо шукргузорӣ аз фазои амну субот ва демократии кишвар дар ҳаққи роҳбарияти олии ҲХДТ дуои нек намуда, изҳор доштанд, ки ҳамеша ҷонибдорӣ аз ин ҳизби созандаву пешсаф менамоянд. Дар маҷмуъ зимни ин иқдоми хайру савоб ба беш аз 10 оилаҳои ниёзманд кӯмакҳои яквақтаи моддӣ чун орду равған, макарон, сабзию картошка ва қанду чойи хушк расонида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>