Шарҳи мӯҳтавои Паём

БӯСТОН. Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ғояҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Мактаби Санъатӣ» — и шаҳри Бӯстон мулоқот баргузор гардид. Зимни суханронии худ мудири бахши кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳр Юсупова М. оиди мазмуну мӯҳтавои Паёми имсолаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаҳои асосии он ибрози назар кард.  Ҳамчунин, дар рафти суханронӣ оиди таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат нисбати ҳунарҳои миллӣ, ҷалб намудани занҳои хонанишин ба касбу ҳунарҳои дастӣ ибрози андеша карда шуд. Зимнан, оиди мақсаду мароми ҳизби созандаву бунёдкор, ҳизби пешбарандаи ҷомеа – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ғояҳои ватанпарваронаи он қайд карда шуд. Иштирокчиён изҳор доштанд, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан барояшон ифтихор аст ва баҳри боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи ҳизб дар ҷомеа, таҳкими сулҳу ваҳдат ва оромиву осудагии кишвар бо Пешвои миллиамон, Раиси муаззами ҲХДТ, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамқадам хоҳанд гашт.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>