Омӯзиши Паём аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ

БӮСТОН. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  қайд гардид, «Ҳукумати  мамлакат бо  дарназардошти он, ки  саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли  масъалаҳои вобаста  ба  тандурустии аҳолӣ эътидори аввалиндараҷа диҳад». Дар беморахонаи шаҳри Бӯстон  бо мақсади омӯзиши  мӯҳтаво ва  нуқтаҳои дахлдори Паёми навбатии Пешвои миллат  ба  Маҷлиси Олии кишвар ҷамъомад баргузор гардид. Дар ҷамъомад кормандон ва аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ  иштирок намуда,  оид ба  ислоҳоти бомароми  соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоӣ дар назди кормандони соҳаи тибби шаҳр ҳарф заданд. Раиси кумиҷрои шаҳрӣ дар баромад қайд намуд, ки дар Паёми соли гузашта  Сарвари давлат доир ба масъалаи пастсифат будани маводи доруворӣ ва пеш нарафтани саноати дорусозӣ изҳори нигаронӣ карда, дар назди сохторҳои   дахлдор вазифаву супоришҳои муфассал гузошта буданд. Соли сипарӣ дар  миқёси шаҳри Бӯстон  бо  дастгирӣ ва иштироки  Пешвои миллат кушода ба истифода додани корхонаи истеҳсолии  дорубарории «Фарм Суғд»  иҷрои яке аз  самтҳои ин супоришро таъмин менамояд. Аз ҷониби  кормандони соҳаи тандурустии шаҳр нуқтаҳои дигари Паёми навбатии Пешвои миллат  мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>